ВАҲДАТИ МИЛЛӢ КАФИЛ ВА БАҚОИ МИЛЛАТ

1706

“Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо, пеш аз ҳама тавонистем Истиқлолияти давлатӣ ва тамомиятарзишии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем.”

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ волотарин сайри такомули иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангию маънавии ҳар як халқу миллат ба ҳисоб рафта, дар заминаи арзишҳо ва унсурҳои муштараки фарҳангӣ ва ормонҳои ягонаи миллӣ-давлатӣ ба вуҷуд меояд. Маҳз омӯзиши чунин арзишҳои муштараки миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллиро ба вуҷуд оварда, нигоҳдорӣ ва арҷгузории онҳоро ба ояндагон талқин медиҳад. Ваҳдат ва ҳувияти миллӣ арзишҳое мебошанд, ки дар заминаи ормонҳои миллӣ ба вуҷуд омада, аз ҳар фард матиниродагиву дурандешӣ, ватандӯстию посдорӣ, қадршиносӣ ва арҷгузории арзишҳои миллиро талаб менамояд. Ин ду неъмати бебаҳо арзишҳое мебошанд, ки ҳама халқу миллат ва давлатҳо дар ҳама давру замон ба онҳо ниёз доранд.

Ваҳдати миллӣ замоне шакл мегиранд, ки дар ҳар як фарди ҷомеа ҳувияту худшиносии миллӣ ташаккул ёфта, ҳувияти диниро тобеи арзишҳои миллӣ созад ва дар ҳифзи унсурҳои фарҳанги миллӣ, якпорчагии Ватан, ҳифзи марзу буми он, умуман ҳамагуна муқаддасоти миллӣ масъул будани худро дарк намоянд. Ваҳдати миллӣ ифодакунандаи сарҷамъиву муттаҳидии фарду ҷомеа, гузаштан аз гуноҳи якдигар, саодатмандию сарфарозии миллат нисбати оянда халқи хеш аст. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳар як ҷомеа ва миллату давлат дар ҳоле худро хушбахту сарҷамъ ва ором ҳис мекунад, ки дар Ватан фазои сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ побарҷо бошад.

Касби маърифат ва баланд гардидани тафаккури афроди ҷомеа метавонад дар таҳкими пояҳои ваҳдату худшиносии миллӣ ва дарки ин арзишҳо ба бунёди тамоми сохтору ниҳодҳои давлатию асолатҳои миллӣ такони ҷиддӣ бахшад. Ваҳдати миллӣ ғояи арзишнокест, ки одамон зери мафҳуми он тамоми ормонҳои миллиро дар доираи урфу одат, анъанот, расму оин минтақавию миллӣ офарида, зери шиорҳои баробарию дӯстӣ, авфи гуноҳи якдигар ва зери фазои сулҳу субот ҳаёт ба сар бурданро ифода мекунад.

Ҷои шак нест, ки дар бунёди давлату миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ миллати тоҷик тавасути баъзе ашхоси тангназару мутаассиб ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба мушкилотҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид ва садҳо фарзандони аслу қаҳрамононашро аз даст дод, вале андешаву тафаккури созандаи фарзандонаш чунин ҳиҷронҳоро дубора васл намуданд. Зеро ин фарзандони миллат манфитаҳои миллиро аз ҳамагуна манфиатҳо болотар гузошта, баҳри якпорчагӣ ва ҳамгироии хеш гомҳои устувор намуданд.

Таърих борҳо собит намудааст, ки дар ҷомеае, ки тафаккури созандаву эҷодкор ҳимоятгари манфиатҳои ҷамъиятӣ ва миллӣ нест, зери фармони бегонагон қарор мегирад ва чунин фармонбардорӣ минбаъд ба нобудии давлату миллат оварда мерасонад. Равандҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки маҳз ба инобат нагирифтани манфиат ва арзишҳои муштараки миллӣ боиси ҷангу низоҳои дохилӣ, байнидавлатӣ ва минтақавӣ гардида, на танҳо ба давлатҳои рӯ ба инкишоф, балки давлатҳои аз лиҳози иқтисодию сиёсӣ пешрафта низ бетаъсир намемонанд. Ба қавли Пешвои миллат “Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳамагуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ болтар ва дахлнопазир бошанд, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром ва якпорча созад”.

Асри ХХ1-ро, баробари пешрафти рушди илму техника ва кашфу кашфи асрори кайҳон ва сайёраҳо, наметавон ҳамчун асри хушбативу муваффақияти инсоният ном бурд. «Асри ХХ1, на ҳамчун асри равобити ҳасанаи тамаддунҳо, сулҳу ваҳдат, васлшавии муносибатҳои дипламатию роҳи абрешим байни давлат ва фарҳангҳои гуногун аст, балки ҳамчун асри бархӯрди манфиат, маҳвкунии фарҳангҳо ва дар ниҳоят қарни фасоду мусибатборӣ башарият аст. Ба қавли ҷомеашинос Г. Спенср “ҷомеа монанди организме аст, ки аз бемории як узви он тамоми организм азият мекашад”. Чунин назарияро Саъди бузургвор ҳанӯз дар асрҳои миёна хело хуб ёдоварӣ намуда буд:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад-т рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Воқеан, ин мисраъҳои пурҳикмати Саъдӣ тамоми муносибатҳои даҳшатбори гурӯҳи террористию экстремистӣ ва давлатҳои манфиатҷӯро, ки имрӯзҳо боиси марги ҳазорон одами бегуноҳ ва нобудшавии дастовардҳои моддию маънавии фарҳангии чандинасраи инсониятант, фарогир аст. Дар воқеъ, агар ба мазмуни ин мисраъҳои Саъдӣ дуруст назар афканем, ҳар рӯз барои башарият ҳамчун рӯзи мусибату бадбахтист.

Чунин муносибат дар солҳои 90-ум асри гузашта байни миллати тоҷик рӯй дод, ки хушбахтона ин миллати тамаддунофар ва бо фарҳанги тоҷик зери роҳбари Пешвои дурбину нуктасанҷи худ чунин амали нангин ва дар назди таърих нобахшидании худро ба зудӣ дарк намуда, мардумро аз парокандагӣ ва дар зери фитнаву дасисаҳои шахсони бегонаву манфиатҷӯ наҷот дод.

Ба инобат нагирифтани муқаддасоти миллӣ, марзу бум, забону фарҳанг, суннатҳои ниёгонӣ пеш аз ҳама ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон дар Ватан ва арҷгузорию қадрдонии унсурҳои фарҳанги бегона боиси костагӣ ва дурӣ аз худшиносию худогоҳии миллӣ мегардад. Чунин муносибат дар ягон давру замон натавонист хусусияти озодихоҳӣ, истиқлолиятхоҳӣ ва бунёди давлатдории миллиро ба вуҷуд овараду дар таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини амнияти миллат ва тамомияти марзу будми Ватан шароити мусоидро фароҳам созад.

Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳилаи тақдирсози таърихӣ ҳамчун омили нерӯманду иттиҳоди ҷомеаи хизмати бузургу пурарзишро анҷом дод. Аз ин рӯ, таҳкими пояҳо ва консепсияҳои ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибию тавонбахши тафаккур ва ҷаҳонбинии миллӣ шинохта ва эътироф гардад, яъне “мафҳуми Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот чун ҷузъи таркибии тафаккури миллӣ бояд ҳимоятгари манфиатҳои миллию давлатӣ коркард ва мавриди пажуҳиши муҳаққиқони ҷомешанос қарор гирад.

Инчунин мақому ҷойгоҳи мафҳумҳои сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти сиёсӣ ҷузъи таркибии тафаккури миллӣ баҳри рушду инкишофи пояҳои давлатдории миллӣ, истиқлолияти миллӣ, иқтисоди миллӣ, фарҳангӣ миллӣ ва тафаккури созандаи миллӣ шинохта шавад.

Беҳуда нест, ки дар ташаккулёбии “Ваҳдати миллӣ” нақши тафаккури миллӣ ва идеологияи миллӣ ниҳоя муҳим буда, ҳар куҷо ки қорор дошта бошӣ бе ин ду наметавон устуворию мавҷудияти миллату давлатро устувор тасаввур намуд. Барои мисол андешаи шодравон Худоӣ Шарифзода каме пештар аз шабакаи иҷтимоии Фейсбук мутолима намудам мезоҳам зикр намоям, ки воқеан ба маврид ва таъсир бахш аст: “Шахсият метавонад дар ҳудуди давлати миллӣ арзи вуҷуд намояд. Масалан, як физикдони рус, агар ба Амрико равад ва дар он ҷо солҳо кору хидмат кунад, шахсияте нахоҳад буд, магар ин ки амрикоӣ шавад.

Бинобар ин, агар ман, масалан, касе ҳастам, аз баракати Тоҷикистон ҳастам. Ҳатто барои наздиктарин кишварҳо, ки собиқаи муштараки фарҳангӣ, динӣ ва забонӣ дорем, раҳгузаре бештар нестем. Муҳимтарин чиз барои тоҷики Тоҷикистон мавҷудияти ҳамин кишвар аст…Касе ки инро нашиносад, ҳанӯз худашро хуб нашинохтааст”.

Ҷомеае, ки ба хурофоту таассубҳои диниву мазҳабӣ дода мешавад ва аз моҳияти дину оинҳои миллӣ бехабар мемонад, ҳеҷ вақт дар ташаккулёбии тафаккури миллӣ ва ҳифзи арзишҳову муқаддасоти миллӣ нақше гузошта наметавонд. Бе ваҳдати миллӣ ягон ҷомеаро хушбахту осоишта тасаввур кардан мумкин нест.

Ваҳдат мафҳумест, ки бо садо доданаш осоиштагӣ, сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ, сарҷамъии ҷомеа ва миллату давлат фаҳмида мешавад. Беҳуда нест, ки таҳкими аркони давлатиро бе рушди фарҳанг, вусъати худоогоҳии шахсу ҷомеа дар ташккули тафаккури миллӣ ва мустаҳкамии он дар ташаккули ҷаҳонбинии инсонҳои бедору худоогоҳ ва ватанпарвару миллатдӯст номумкин донистаанд.

Дар ниҳоят метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ ба ҳайси як асолати маънавии халқ, симои дурахшони таъриху фарҳанг ва дигар арзишҳои моддиву маънавии миллати тоҷик аст, ки тӯлли ҳазоросолаҳо мавҷудияти онро нигоҳ дошт. Бинобар ин ҳар як фарди ҷомеаи моро зарур аст, ин муқаддасотро монанди чор унсури ҳаётан муҳим нигоҳ дораду аз ҳаргуна манфиатҳои шахсӣ волотар гузорад. Имрӯз мардуми моро мебояд, ки дар омӯхтани худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бештар камари ҳиммат бандад, зеро сипари ҳар як миллат, пеш аз ҳама огоҳии ӯ аз “Кӣ будан” ва “ Кӣ боқӣ мондан”-и он миллат вобастагии муҳим дорд.

Қобили тазаккур аст, ки ҳеҷ як қавму миллат таърих ва мавҷудияти хешро наметавонад бе муттаҳидӣ, ваҳдати воқеӣ, ҷонбозиҳо баҳри ба дастоварии сулҳу оромӣ ва фардои нек нигоҳ дорад. Ин аст, ки Саъдии Шерозӣ мефармояд:

Мӯрчагон гар бикунанд иттифоқ,

Шери жаёнро бидаронанд пуст.

Имрӯз ҳар яки моро мебояд ин арзиш ва асолатҳои миллиро аз ҳама гуна манфиатҳо дида, бештар ҳифз намоед. Ҳимоя накардани ин муқаддасот, боиси нобудӣ ва азбайнравии фарҳанг, ҳаёти осоишта ва ваҳдату сарҷамъӣ ва нобудии халқу миллат оварда мерасонад. Ваҳдат ва ҳувияти миллӣ арзишҳое мебошанд, ки онҳоро наметавон ба ягон чиз (молу сарват) муқоиса ва харидорӣ кард. Чун вазъи имрӯзаи ҷаҳонӣ бо вусъатёбии ифротгароию терроризми динӣ-сиёсӣ, куштори бераҳмонаи мардуми бегуноҳ, хатару таҳдиддҳои биологию кимёвӣ, фарҳангию идеологӣ ва ғайра рӯ ба рӯ асту амният ва ҳаёти осоиштаи башарро ба ташвиш рӯ ба рӯ намудааст. Бинобар ин ҳар якеи мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ва ғояи асосии давлатдории миллӣ маҳсуб намоем ва онро миёнаи ҷомеа, бахусус наслҳои ҷавон баҳри бақои амният ва сулҳу суботи давлат тарғиб созем.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ ганҷина ва сарватест, ки онро танҳо бо роҳи якдигарфаҳмӣ ва андешаи мусолиҳатомез ба даст овардан мумкин аст. Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик баракати зиёде ба бор овард ва оварда истодааст. Нишонаҳои онро метавон дар сарҷамъии халқи тоҷик аз парокандагиву дурӣ аз Ватан, гузаштан аз гуноҳи якдигар мушоҳида намуд.

Аслан вақте ки мафҳуми Ваҳдати миллӣ ба гӯш мерасад, пеш аз ҳама хизматҳои содиқонаву софдилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини ба сари давлат омаданашон, аз минбари баланд гуфтанд: “Ман ба шумо сулҳ меоварам”, сипас “Баргардонидани охирин гуреза бар ватан” ва сарҷамии миллатро ба забон оварданашон, ба хотир мерасад. Дар ин ҷо месазад як нуктаро ба хотир овард, ки ҳанӯз дар он рӯзҳои даҳшатбор, ки ҳазорон шаҳрванди тоҷик ба кишвари ҳамсоя-Афғонистон барои зинда мондаи ҷони худ фирор намуда буданд. Саравари давлат бошад барои бозгашти онҳо ҷони худро зери хатар гузошта, дар ҳамон шубу рӯзи вазнин, ки вазъи дохилии Афғонисон низ ноором буд, сафар намуд. Ҳангоми дар фурӯдгоҳи Афғонистон истиқбол намудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон Абдуллоҳ Масъуд аз номи Президенти ҳамонвақтаи Афғонистон Сайид Бурҳонидини Раббонӣ ба Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфт: Ҷаноби Оли, хуб мешуд, Шумо имрӯз ташриф намеовардед, зеро имрӯз вазъи сиёсӣ дар Афғонистан чандон хуб нест”. Пешвои миллат бошад, дар ҷавоб ба ӯ чунин гуфт: “Бигзор дар саҳифаҳои таърих монанд, ки хуни Президенти Тоҷикистон дар хоки бегона, баҳри наҷоти ҳамватанонаш рехта шуд”. Аз чунин суханони самимона ва содиқонаи Пешвои муаззами миллат нисбати мардум ва миллати тоҷик аз чашмони Абдуллоҳи Масъуд ашк ҷори шуда, бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назди Сайид Бурҳонидини Раббонӣ рафтанд ва чунин таъкид намуданд: “Имрӯз миллат тоҷик қавҳрамон ва пешвои ҳақиқии худро ёфт ва онҳоро ин марди марди наҷиб бо ҳам муттаҳид ва сарҷамъ хоҳад намуд ”.

Чунин баёнияҳои Абдуллоҳи Масъудро миллати тоҷик аз ибтидо то имрӯз дар сиёсати оқилонаву дурандешонаи Эмомалӣ пайваста мушоҳида менамояд.

Бигузор Ваҳдату Истиқлолияти давлатии Тоҷиикистони азиз бегазанд ва дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ садои ширини тифлакон, фазои сулҳу субот ва амнияту осоиштагии сартосарӣ пойбарҷо бошад.

Омӯзгорони факултети фалсафаи

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Муовини декан оид ба таълим Назаров С.Т,

муаллими кафедраи диншиносӣ Қаландарзода М. И.