Дар бораи факултет

Факултети фалсафа моҳи сентябри соли 2002 таъсис ёфтааст ва яке аз факултетҳои ҷавони ДМТ ба шумор меравад. Таъсиси факултети фалсафа аз он хотир буд, ки дигаргунсозиҳои дар ҷомеа баамалоянда тарбияи ҷавонони дорои тафаккуру ҷаҳонбинии созандаву навро тақозо мекард.

Декани нахустини факултет номзади илмҳои фалсафа, дотсент Муҳабатов Абдусалом (2001-2004) буд, ки дар ташаккули факултет саҳми калон гузоштааст. Сипас дар ин вазифа номзади илмҳои фалсафа, дотсент Маҳмадова М.Ф. (2004-2006), доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Маҳмадов А.Н. (2007-2012), доктори илмҳои фалсафа, профессор Назаров Р. (2012-2018) ва соли 2018-2023 доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Н.Д. кор карданд. Аз моҳи июни  соли 2023 то имрӯз вазифаи декании факултетро номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ ба уҳда дорад.

Факултет дорои 8 кафедраи тахассусӣ мебошад: таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ (мудири кафедра – н.и.ф, дотсент Амирхон Ш.Т.), онтология ва назарияи маърифат (мудири кафедра – н.и.ф., дотсент Ҳаитов Ф.Қ.) сиёсатшиносӣ (мудири кафедра- д.и.с., дотсент Муродова Н.С.), сотсиология (мудири кафедра -н.и.ф., дотс. Шоев Н.С.), психология (мудири кафедра- н.и.п., дотсент Саидзода Б.Х.), равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон (мудири кафедра- н.и.с., дотсент Қаландаров К.Қ), кори иҷтимоӣ (мудири кафедра – н.и.ф., дотс. Саторзода Субҳиддин), диншиносӣ (мудири кафедра – н.и.ф, дотсент Нурулҳақ Қамар.).

Дар факултет 94 нафар омўзгорони штатӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 15 нафар докторони илм, профессор, 47 нафар номзадони илм, дотсент ва 31 нафари дигарро муаллимони калон ва асисстентон ташкил медиҳанд:Теъдоди омўзгорони дараҷа ва унвони илмидор дар факултет 66%-ро ташкил медиҳад. Аксари муаллимони ҷавони факултет хатмкардагони ихтисосҳои марбутаи он мебошанд.

Ҳоло дар факултет 1 синфхонаи компютерӣ муҷаҳҳаз бо компютерҳои навтарин, 10 синфхона бо тахтаи электронӣ ва 1 лабораторияи таълимӣ фаъолият мекунад.    Имрӯз дар факултет аз рӯйи ихтисосҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, менеҷменти сиёсӣ, сотсиология, психология ва кори иҷтимоӣ аз ҳисоби бюҷет ва дар асоси шартномаҳои инфиродӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона мутахассисони соҳибмаълумот тайёр карда мешаванд.

Семинарҳои илмию назариявӣ қисмати муҳими фаъолияти илмии 8 кафедраи марбути факултет мебошад. Дар машғулиятҳои он масъалаҳои сиёсӣ, фалсафӣ, фарҳангӣ, диншиносии илмӣ, иҷтимоию психологӣ мунтазам ба муҳокима гузошта мешаванд. Дар баробари ин, фаъолияти семинарҳои методии кафедраҳо дар ташаккули маҳорати педагогии омӯзгорони ҷавони факултет, ки аксариятро ташкил медиҳанд, нақши муҳим мебозад.

Дар факултет 8 маҳфили илмии назди кафедравии донишҷӯён ва 4 маҳфили инфиродии устодон фаъолият менамоянд. Моҳияти машғулиятҳои онҳоро баррасии масъалаҳои назариявӣ ва амалии фалсафӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва психологӣ дар бар мегирад.

Раванди таълим дар факултет дар шакли таҳсили рӯзона ва ғоибона ба роҳ монда шуда, назорати бевоситаи он ба уҳдаи муовини декан оид ба таълим Назаров С.Т. мебошад. Теъдоди донишҷӯён дар ҳарду шакли таҳсил 790 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳафт ихтисоси он (фалсафа, сиёсатшиносӣ, диншиносӣ, сотсиология, психология, кори иҷтимоӣ ва менеҷменти сиёсӣ) 20 нафар духтарон тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд.

Хатмкардаҳои ихтисосҳои марбути факултет дар Вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо,  соҳаи маориф, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ кору фаъолият мекунанд.

Тахасусуи файласуф – муҳаққиқ ва омӯзгори фанни фалсафа дар мактабҳои олӣ. Таҳсил дар ин тахассус 4 сол буда, донишҷӯёнро ду кафедра – кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ ва кафедраи онтология ва назарияи маърифат роҳнамоӣ менамоянд. Дар ин ду кафедра файласуфони шинохтаи тоҷик – академик Кароматулло Олимов, профессорон, докторони илми фалсафа,  Аҳмадов С.А., Маҳмадали Музаффар, Зиёев И., Зиёев Х., Қурбонов А.Ш,  ва даҳҳо номзадҳои илм ва устодони соҳибтаҷриба ба донишҷӯён таълим медиҳанд. Имрӯзҳо кафедраҳои тахассусӣ барои донишҷӯён тамоми шароитҳои таълимиро ва маводҳои лозимии таълимиро муҳаё намудаанд. Дар кафедраҳо маҳфилҳои илмии донишҷӯён амал карда, дар факултет ҳар рӯзи чоршанбе шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, олимони варзида дар маҳфили «Ҷаҳони андеша» дар назди донишҷӯён баромадҳои илмӣ менамоянд.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки имрўз факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кадрҳои ба бозори меҳнат ҷавобгўро омода намуда, барои пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар саҳмгузорӣ намуда истодааст.