Декани факултет


САФАРАЛИЗОДА ХУҶАМУРОД ҚУДДУСӢ

  • Вазифа: декани факултети фалсафа
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент
  • Кафедра: равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15
  • Телефон: +(992) 988127383
  • E-mail: quddusov@mail.ru

Маълумоти мухтасар:

Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ 25 июни соли 1985 дар ҶШС Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ноҳияи Москва (ҳозира Ҳамадонӣ) таваллуд шудааст.

Соли 2007 Донишгоҳи давлатии Кӯлобро хатм намудааст. Солҳои 2008-2010 аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Соли 2011 диссертатсияи номзадии худро дар мавзӯи «Идеяи миллӣ ва хусусиятҳои муҳимми он дар шароити ба даст овардани истиқлолият (таҷрибаи Тоҷикистон» аз рӯйи ихтисоси 23.00.02 – ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ (илмҳои сиёсӣ) ҳимоя намудааст.

Солҳои 2011-2014 ба ҳайси ассистенти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ва солҳои 2014-2017 дотсенти ҳамин кафедра фаъолият намудааст.  Аз соли 2017 то 2019 директори Маркази табъу нашри Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шумор мерафт. Солҳои 2019-2022 докторанти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз солҳои 2022- 2023 мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Муаллифи 3 китоби дарсӣ, 3 воситаи таълимӣ, 2 монография, зиёда аз 50 мақолаи илмӣ, 30 маърӯзаи илмӣ мебошад. Аз моҳи июни  соли 2023 то имрӯз вазифаи декании факултетро ба уҳда дорад.