Кафедраи психология

Таърихи таъсиси кафедра

Дар ибтидо таълими фанни психология дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз ҷониби кафедраи муттаҳидаи «Педагогика ва психология» ба роҳ монда шуд, ки роҳбарии онро Б.А. Киановский, профессор Д.И. Фелдштейн ва минбаъд дотсент Н. Парпиев ба ӯҳда доштанд. Дар он давра А. Исомов, Э.А. Мазитова, Л.И. Разборова, М.Т. Давлатов, Х.Юсуфова ва дигар устодони кафедраи мазкур аз асосҳои ин фан ба донишчуён дарс мегуфтанд.

Соли 1982 кафедраи «Педагогика ва психология » барҳам дода шуд ва дар ҷои он кафедраҳои алоҳидаи «Педагогика ва «Психология» ташкил ёфтанд. Ҳамин тавр, таълими фанни психология аз соли 1982 сар карда, аз ҷониби кафедраи мустақили «Психология» ба роҳ монда шуд, ки аз замони таъсисёбӣ то соли 1997 сарварии онро профессор, доктори илмҳои психологӣ Разиюлло Атохонов ба ӯҳда дошт.

Дар маркази тадқиқотҳои илмии аъзоёни кафедра масъалаи муайян намудани хусусиятхои психологии инкишофи тафаккур дар ҷараёни таълиму тарбия меистад. Дар таҳлилу тадқиқи ин масъала муаллимони кафедра ба комёбиҳои намоён ноил гашта, рисолаҳои илмӣ ва китобу мақолаҳо ба табъ расонидаанд.

Р. Атахонов соли 1994 дар Шурои диссертатсионии Иститути психологии Академияи маорифи Россия рисолаи докториро дар мавзӯи

«Психологияи инкишофи тафаккури математикии хонандагон» ҳимоя намуд. Ба Р. Атахонов муяссар гардид, ки бори аввал мавҷудияти дараҷаҳои инкишофи тафаккури хонандагонро муайян карда, хусусиятҳои зоҳир гардидани онҳоро дар ҷараёни таълим ошкор намояд.

Соли 1993 дар зери роҳбарии Р. Атохонов аспирант Амонов Нодир Қодирович, ки ҳамзамон дар кафедра кор мекард, рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Хусусиятҳои психологии инкишофи тафаккури хонандагони синфҳои 5-9» дар шаҳри Москва бомуваффақият ҳимоя кард.

Соли 1982 кафедраи педагогика ва психология барҳам дода шуд ва ба ҷойи он кафедраҳои алоҳидаи педагогика ва психология ташкил ёфтанд. Ҳамин тавр, таълими фанни психология аз соли 1982 сар карда, аз ҷониби кафедраи мустақили психология ба роҳ монда шуд, ки аз замони таъсисёбӣ то соли 1997 сарварии онро профессор Разиюлло Атахонов ба  зима дошт. Сипас, ба ҳайси мудири кафедра солҳои 1997-2009 дотсент Амонов Н. Қ, солҳои 2009-2012 дотсент Юнусова Н.М., солҳои 2012- 2017 дотсент Расулов С.Х., солҳои 2017-2021 дотсент Амонов Н.Қ., фаъолият намуданд ва феълан роҳбарии кафедра бар дӯши дотсент Саидзода Б.Х. вогузор карда шудааст.

Солҳои 1994 бо ташаббуси профессор Р. Атахонов дар назди кафедра шуъбаи психология  таъсис ефт.

Муаллимони кафедра норасогии маводи таълимиро ба эътибор гирифта, дар рафти фаъолияти илмию методии худ мекушиданд, ки дастурҳои гуногуни методиро ба табъ расонанд. То имруз зиёда аз 50  дастуру воситахои таълимӣ ва китоби дарсӣ нашр карда шуд.

Дастовардҳои илмию-методии кафедраи психологияи факултаи фалсафаи ДМТ дар давоми шаш соли охир

Фаъолияти илмию-методии кафедраи психология мувофиқ ба қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, инчунин супоришҳои Раёсати ДМТ ба роҳ монда шудааст.

Дар давоми соли хониши 2013-2014 дар кафедраи психология бо  иштироки бевоситаии устодони кафедра як адад монография, 2 адад воситаҳои таълимӣ ва 20 адад барномаҳои таълимӣ ба нашр расонида шуданд. Инчунин аз тарафи устодони кафедра 27 мақолаҳои илмӣ ба табъ расонида шуданд. Дар кафедра ду нафар унвонҷӯён ва аспирантон кори илмӣ менамуданд, ки аз онҳо як нафараш дар шаҳри Санкт-Петербург рисолаи номзадии худро дифоъ кард.

Дар давоми соли хониши 2014-2015 дар кафедраи психология бо  иштироки бевоситаии устодони кафедра 3 адад воситаҳои таълимӣ ва 29 мақолаҳои илмӣ ба табъ расонида шуданд. Дар кафедра 2 нафар унвонҷӯён ва як нафар доктаранти РнD кори илмӣ менамуданд.

Дар давоми соли хониши 2015-2016 дар кафедраи психология бо  иштироки бевоситаии устодони кафедра як китоби дарсӣ, 4 адад воситаҳои таълимӣ ва 32 мақолаҳои илмӣ ба табъ расонида шуданд. Дар кафедра 2 нафар унвонҷӯён ва 3 нафар доктарантҳои РнD кори илмӣ менамуданд.

Дар давоми соли хониши 2016-2017 дар кафедраи психология бо  иштироки бевоситаии устодони кафедра як адад монография, 4 адад воситаҳои таълимӣ ва 33  мақолаҳои илмӣ ба табъ расонида шуданд. Дар кафедра 2 нафар унвонҷӯён ва 5 нафар доктарантҳои РнD кори илмӣ менамуданд.

Дар давоми соли хониши 2017-2018 дар кафедраи психология бо  иштироки бевоситаи устодони кафедра як адад воситаҳои таълимӣ, 4 барномаи таълимӣ, 18 силлабусҳо ва 30 мақолаҳои илмӣ қисман омода ва қисман ба табъ расонида шуданд. Дар кафедра 2 нафар унвонҷӯён ва 3 нафар доктарантҳои РнD кори илмӣ менамоянд, ки аз онҳо як нафараш бомуваффақият рисолаи номзадии худро дифоъ кард.

Дар маҷмӯъ дар кафедра дар тӯли 6 соли фаъолият як адад китоби дарсӣ, 14 воситаи таълимӣ, 2 монография, 24 адад барномаҳои таълимӣ, 151 адад мақолаҳои илмӣ ба табъ расонида шудаанд. 2 нафар устодони кафедра рисолаи номзадии худро ҳимоя карданд ва 3 нафар унвонҷӯён ва доктарантони РнD дар арафаи ҳимояи рисолаҳои худ мебошанд.

Аз устодони кафедра дар соли 2015 дотсент Амонов Н.Қ. ва муаллими калон Раҷабов Н.Х., дар соли 2016 дотсент Расулов С. ва дар соли 2018 дотсент Алиев М. барои гирифтани унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушарраф гаштанд.

ҲАЙАТИ УСТОДОНИ КАФЕДРА

Саидзода Баҳрулло Хол
  • Вазифа: мудири кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои психология
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2
  • Телефон: +(992) 987-95-70-70
  • E-mail: bahrullo_90@ mail.ru

     Номбурда солҳои 2019-2021 ба ҳайси ассистент, 2021-2022 ба ҳайси муаллими калон ва ҳамзамон муовини декан оид ба илм  ва робитаҳои байналмилалии факултети фалсафаро ба уҳда дошт.  Аз моҳи феврали соли 2022 ба ҳайси мудири кафедраи психологияи ДМТ фаъолият менамояд. Мавсуф соли 2020 рисолаи илмиашро дар мавзӯи «Тадқиқи хусусиятҳои психологии шахсияти наврасону навҷавонони майл ба худкушидошта (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» бомуваффақият дифоъ намудааст.

Бо қалами Саидзода Б.Х. 1 монография: «Тадқиқи хусусиятҳои психологии шахсияти наврасону навҷавонони ба худкушӣ майлдошта (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» (2022), 2 дастури методӣ: «Маҷмӯаи методҳои лоиҳавии психологӣ қисми 1» (2021), «Модули таълимии курси такмили ихтисоси психологони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» (2017) ва бештар аз 25 мақолаи илмӣ рӯйи чоп омадааст. Мавсуф барои хизматҳои арзанда дар соҳаи маориф ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо мукофотҳои «Дипломи дараҷаи 1 Вазорати маориф ва илм» (2014); «Сипосномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2017); «Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм» (2018); «Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» (2019); нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (2020) сарфароз гардонида шудааст.

Мавсуф барои хизматҳои арзанда дар соҳаи маориф ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо мукофотҳои «Дипломи дараҷаи 1 Вазорати маориф ва илм» (2014); «Сипосномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2017); «Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм» (2018); «Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» (2019); нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (2020) сарфароз гардонида шудааст.

Амонов Нодир Қодирович
  • Вазифа: дотсенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои психология
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2
  • Телефон: +(992) 93-502-73-27
  • -mail: –

Амонов Нодир Қодирович (тав. 16. 02. 1963, шаҳри Душанбе) – дотсент, номзади илми психологӣ. Хатмкунандаи факултети механико-математикаи ДДТ (1986) ва факултети ҳуқуқшиносии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (2005) . Аз соли 1986 то соли 2020 ҳамчун устоди кафедраи психологияи ДМТ фаъолияти илмию педагогӣ мебарад.  Ӯ дар мавзӯи: «Хусусиятҳои психологии инкишофи тафаккури наврасон» кори илмӣ намуда, соли 1993 дар Донишкадаи Психологияи шаҳри Москва рисолаи номзадии худро ҳизв намудааст. Солҳои  1997-2009  ва 2017 то соли 2021 вазифаи мудири кафедраи психологияи ДМТ-ро ба ӯҳда дошт.

Амонов Н. муаллифи зиёда аз 46 асару мақолаи илмию методӣ мебошад. Дар рафти фаъолияти илмӣ – тадқиқотӣ Амонов Н. зиёда аз 30 методикаҳои ташхиси зинаҳои инкишофи тафаккурро ба мисли «Ҷамъкунӣ», «Квадратҳо», «Кубик» ва ғайраро коркард намудааст. Асарҳо:

  • Асосҳои психологии муоширати педагогӣ. – Душанбе, 2003. – 112с. (Воситаи таълимӣ).
  • Тафаккур: ташхис ва инкишоф. –  Душанбе, 2014. – 176с. (Монография).
  • Хусусиятҳои психологии инкишофи қобилияти ақлӣ. –  Душанбе, 2015. – 178с. (Монография).
Расулов Сайфидин Худоиевич
  • Вазифа: дотсенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои психология
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2
  • Телефон:+(992) 918-80-68-07
  • E-mail:sayf76@mail.ru

Расулов Сайфидин Худоиевич (20.02.1976 Ҷумҳурии Тоҷикистон)   – хатмкардаи шуъбаи психологияи ДМТ (1999), номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, муовини директор,мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва дақиқи Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ, ҳамзамон дотсенти кафедраи психологияи ДМТ. Аз соли 1999 омӯзгори ҳамин донишгоҳ. Аз соли 1999 то соли 2007 ба ҳайси ассистент, аз соли 2007 то соли 2012 ба сифати муаллими калон ва аз соли 2012 инҷониб ба ҳайси дотсенти кафедраи психологияи ДМТ фаъолият намуда истодааст. Аз соли 2012 то соли 2017 мудири кафедраи психологияи факултети фалсафаи ДМТ ва аз соли 2017 муовини директор, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва дақиқи Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ.

Соли 2010 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Нақши муоширати сиёсӣ дар раванди дигаргуншавии ҷомеа (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 65 асарҳо, барномаҳо ва мақолаҳои илмӣ мебошад. Аз ҷумла:

  • Вожаномаи тафсирии истилоҳоти психологӣ ва педагогӣ (дар ҳаммуаллифӣ)- Душанбе: Ирфон, 2008, – 192с  (Воситаи таълимӣ).
  • Политическое общение и лидерство (опыт социально-политического анализа) (дар ҳаммуаллифӣ)- Душанбе: Ирфон, 2009, – 35с  (Воситаи таълимӣ).
  • Психология. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муасссисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (дар ҳаммуаллифӣ)- Душанбе: Собириён, 2010, – 336с.  
  • Роҳнамомои таҷрибаомӯз. Қисми 1. Дастури таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ихтисосои равияи омӯзгорӣ. –Душанбе, 2012. -43с.
  • Психология дар саволу ҷавоб. Воситаи таълимӣ- Душанбе: Ирфон, 2008, – 192с  (дар ҳаммуаллифӣ).
  • Пешгирии сирояти ВНМО дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ Воситаи таълимӣ- Душанбе, 2014, – 388с  (дар ҳаммуаллифӣ).
  • Психологияи мактаби олӣ. Китоби дарсӣ- Душанбе, 2019, – 288с  (дар ҳаммуаллифӣ).
  • Психология: шарҳи нақшавӣ ва тафсири кутоҳ. Воситаи таълимӣ- Душанбе, 2014, – 274с  (дар ҳаммуаллифӣ).
Шарипова Мадина Ёдгоровна
  • Вазифа: дотсенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои психология
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2
  • Телефон:+(992) 900-17-98-89
  • E-mail: madinjash@mail.ru

Шарипова Мадина ЁдгоровнаШоев 30-юми январи соли 1983 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 2000-ум мактаби миёнаро хатм намуда худи ҳамин сол ба шӯъбаи психологияи факултаи таърихи ДДМТ дохил шуда, соли 2005-ум онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 2005-ум то 2008-ум дар кафедраи мазкур ба ҳайси ассистент кор ва фаъолият карда, соли 2009-ум гирандаи стипендияи президентии «Дурахшандагон» шуда, барои давом додани таҳсил ва навиштани рисолаи номзадӣ ба факултаи психологияи Донишгоҳ Давлатии Санкт-Петербург (ДДСП) сафарбар шудааст. Соли 2013 рисолаи номзадиаашро аз рӯи ихтисоси «Психологияи шахс» дар мавзӯи «Хусусиятҳои этнофарҳангии тасвири субъективии ҳаёт» дар Шӯрои диссертатсионии факултаи психологияи ДДСП ҳимоя намудааст. Айни ҳол фаъолияташро ба сифати дотсенти кафедраи психологияи ДМТ давом дода истодааст. Зиёда аз шонздаҳ маводҳои илмӣ ва як монографияи чопшуда дорад.

Шарипова М.Ё. Хусусиятҳои этнофарҳангии тасвири субъективии ҳаёти шахс: Монография. – Душанбе: Ирфон, 2016. – 234с. (бо забони русӣ).

  • Вазифа: дотсенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафа
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2
  • Телефон:+(992) 935-33-04-02
  • E-mail: nasimjon_0402@mail.ru

Раҷабов Насим Мирзохудоиевич (17.03.1980, ноҳияи Тавилдара) – дотсент, номзади илмҳои фалсафа. Хатмкардаи факултети фалсафа ихтисоси психологияи ДМТ (2003). Аз соли 2005 то соли 2020 ҳамчун устоди кафедраи психологияи ДМТ фаъолияти илмию  педагогӣ мебарад. Ӯ дар мавзӯи: «Фаҳмиши фалсафӣ – иҷтимоии мохияти каҷрафтори дар наврасон ва  усулҳои пешгири намудани он» кори илмӣ намуда, соли 2018 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадии худро ҳимоя намудааст. Раҷабов Н.М. муаллифи зиёда аз 28 асару мақолаҳои илмию методи мебошад.

Асарҳо:

  • Психология. Китоби дарси барои донишҷуёни мактабҳои олӣ. Душанбе,-2010.
  • Маҷмуи тестҳои психологӣ. Дастури таълимӣ. Душанбе,-2015.
  • Психологияи синнусолӣ. Дастури таълимӣ. Душанбе,-2019.
Алиев Мирзоалӣ Таварович
  • Вазифа: дотсенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2
  • Телефон:+(992) 901-11-55-61
  • E-mail: mirzoali-alliev@mail.ru

Алиев Мирзоалӣ Таварович (тав.13.03.1963, н. Рӯдакӣ), н.и.пед., дотсент. Соли 1986 факултети математикаи ДДОД ба номи С. Айниро бо ихтисоси математика-физика хатм кардааст.

Дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон аз соли 1986 то соли 1996 дар мактабҳои асосии №№ 77 ва 143-и ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳайси муаллими дорандаи категорияи олӣ кору фаъолият намуда, дар кафедраи психологияи факултети фалсафаи ДМТ аз соли 1996 то моҳи марти соли 2001 ба ҳайси ассистент, аз соли 2001 то соли 2011 ба ҳайси муаллими калон (мувофиқи озмун) ва аз соли 2011 инҷониб ба ҳайси дотсент (мувофиқи озмун) кору фаъолият дорад. Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2018).

Соли 2006 дар мавзӯи «Ғояи тарбия дар осори Имом Ғазолӣ» дар шӯрои диссертатсионии Д 047.014.01-и назди Институти илмҳои педагогии АИП Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.

Муаллифи зиёда аз 46 мақолаю фишурдаҳои илмӣ, як монография, чаҳор дастури таълимию методӣ, як китоби дарсӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ (бо ҳаммуалифӣ), як китоби тарҷимаиҳолӣ (бо ҳаммуалифӣ) мебошад.

Осори илмӣ:

  • Андешаҳои тарбиявии Имом Муҳаммад Ғазолӣ. Монография. – Душанбе: «Эҷод», 2008. – 116 с.
  • Маҷмӯи тестҳои психологӣ. Қ. 1. Маводи таълимию методӣ. – Душанбе: «Эҷод», 2009. – 230 с.
  • Методҳои сотсиометрӣ. Дастури таълимию методӣ. – Душанбе: «Эҷод», 2009. – 54 с.
  • Психология. Зери таҳрири Давлатов М. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ / (бо ҳаммуалифӣ). – Душанбе: «Собириён», 2010. – 336 с.
  • Маҷмӯи тестҳои психологӣ. Қ. 2. Маводи таълимию методӣ. – Душанбе: «Эр-граф», 2016. – 134 с.
  • Роҳнамои таҷрибаомӯз. Қ.2. Дастури методӣ (бо ҳаммуалифӣ).– Душанбе, «Эр-граф», 2018. – 95 с.
  • Модари саҳнаи тоҷик – Мушаррафа Қосимова (бо ҳаммуалифӣ). – Душанбе, «Истеъдод», 2018. – 176 с.
Давлатов Маҳмадулло.
  • Вазифа: муаллими калони кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: –
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2
  • Телефон:+(992) 934-22-79-21
  • E-mail: davlatov_50@mail.ru

Давлатов Маҳмадулло зодаи ноҳияи Орҷоникидзеобод (11. 05. 1950, ҳозира шаҳри Ваҳдат). Хатмкардаи факултети шарқшиносии ДМТ (1972). Аз соли 1972 то кунун ҳамчун муаллими калони  кафедраи психологияи факултети фалсафаи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти илмию педагогӣ мебарад. Ба қалами ӯ зиёда аз 80 мақолаи илмию методӣ мутааллиқ аст. Муаллиф, мутарҷим ва мураттиби барномаҳо, китобҳои дарсӣ ва инчунин васоиту дастурҳои таълимию методӣ: «Психология» (2002), «Дастури психологияи амалӣ»(2004), «Психологияи иҷтимоӣ» (2004), «Психология зӯроварӣ дар оила» (2006), «Педагогика ва психология» (2007), «Вожаномаи тафсирии истилоҳоти психологӣ ва педагогӣ» (2008), «Психология» (2010), «Маҷмӯаи бозӣ ва машқҳои психологӣ» (2013), «Психологияи  идоракунӣ» (2017), «Машварати психологӣ: таҳлили вазъиятҳо ва тавсияҳо» (2020), «Психологияи мактаби  олӣ» ( 2020).         

Иштирокчии конференсия ва семинарҳои психологии байналхалқӣ: шаҳри Саламанкаи Испания (2000), Боку (2005), Алмаато (2006), Бишкек (2007, 2013), Кобул (2010, 2012), шаҳри Гамбурги Олмон (2017). «Аълочии  маорифи  Тоҷикистон» (2013).

Сафарова Заррина Раҷабовна
  • Вазифа: дотсенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои психология
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2
  • Телефон: +(992) 930-44-66-69
  • Email: zarina.safarova.1984@mail.ru

Сафарова Заррина Раҷабовна (тав. 22.10.1984 шаҳри Душанбе)- омўзгори калони кафедраи психологияи факултети фалсафаи ДМТ. Хатмкардаи факултаи фалсафалаи ихтисоси психологияи ДДМТ(2007). Аз соли 2012 то соли 2020 ба њайси ассистенти кафедра ва аз соли 2020 то инҷониб ҳамчун омўзгори калони кафедраи психологияи ДМТ фаъолияти илмию омӯзгорӣ менамояд.Соли 2015-2018 ба њайси раиси шурои занони факултети фалсафа фаъолият намуда, аз соли 2020 то инљониб ба њайси раиси иттифоќи касабаи факултет фаъолият менамояд. Номбурда соли 2021 кори илмии худро дар мавзӯи  «Проблемаҳои психологии системаи муносибатҳои кӯдакони синни томактабии оилаҳои нопурра» бомуваффаќият њимоя намуда, соњиби дараљаи илмии номзади илмњои психологї гардидааст.Чандин маротиба аз љониби садорат ва донишгоњ бо ифтихорнома ва сипосномањо сарфароз гардонида шудааст. З.Р. Сафарова муаллифи зиёда аз 40 мақолаҳои илмию методӣ  мебошад.

Латифзода Сомон Зариф

  • Вазифа: дотсенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои психология
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2
  • Телефон: +(992) 880-00-83-84
  • E-mail: somonzarif99@gmail.com

  Латифзода Сомон Зариф (Рузиев Сомон Зарифович) 17 июни соли 1989 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1997 ба мактаби миёнаи тахсилоти умумии №60 н. Синои ш.Душанбе ба синфи якум рафта, онро соли 2008 хатм намудааст. Соли 2008 ҳуҷҷатҳояшро ба факултети Фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ихтисоси психология супорида, соли 2012 зинаи бакалаврро бо муваффақият хатм намудааст. Аз соли 2012 то 2019 – ба ҳайси эксперт-психологи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, бо рутба: майори милитсия сарфароз  гаштааст.  Аз соли 2019 то 2021 Шунавандаи Академияи Идоракунии ВКД Русия. Аз соли 2021 то 2022 – дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият доштааст. Аз 17 октябри соли 2022 то инҷониб мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ-риёзии ДТИОМТОК назди ДМТ, ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи психологияи ДМТ мебошад. Соли 2021 рисолаи илмиашро дар мавзуи “Ташхиси коршоямии касбӣ-психологии шахс дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли довталабони самти оперативӣ-ҷустуҷўӣ)” бо муваффақият дифоъ намудааст. Муаллиф ва мураттиби воситаҳои таълимӣ-методии мазкур мебошад.

Осори илмӣ:

  • Меъёрҳои касбӣ-психологии қабули номзадҳо (кормандон) ба мақомоти корҳои  дохилӣ  ва роҳнамоии психологии онҳо.- Душанбе, 2015
  • Дастури психологияи амалӣ (барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ)”.-Душанбе, 2017
  • Маҷмўаи методҳои лоиҳавии психологӣ” (дар ҳаммуаллифӣ).-Душанбе, 2021
  • Симои психологии қотилони силсилавӣ (дар ҳаммуаллифӣ-Душанбе, 2022
  • Профайлинг” – Душанбе, 2022
  • Асосҳои ташхиси психологӣ (барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос).-Душанбе, 2023.
  • Психологияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўйӣ. Китоби дарсӣ.- Душанбе, 2023.
Ҷурабоев Ҷонибек Музаффарович
  • Вазифа: муаллими калони кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: –
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2
  • Телефон: +(992) 915-37-38-77
  • Email: juraboev.jonik@gmail.com

Ҷурабоев Ҷонибек Музаффарович (тав.14.02.1978, ноҳияи Хуросон)- ассистент. Хатмкунандаи шӯъбаи психологияи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (1995-2000). Аз соли 2000 то инҷониб ҳамчун омӯзгори кафедраи психологияи ДМТ фаъолияти илмию педагогӣ мебарад. Ӯ дар мавзӯи «Хусусиятҳои психологию маънавии омоданамоии курсантони мактаби олии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» кори илмӣ намуда истодааст. Аз соли 2001 дар кафедра то ба ҳол вазифаи роҳбари умумии таҷриба омӯзиро ба зима дорад. Ҷурабоев Ҷ.М. муаллифи зиёда аз 15 асару мақолаи илмию методӣ мебошад.

Асарҳо:

  • Роҳнамои таҷрибаомӯз. – Душанбе, 2013.- 43 с. (Қисми 1. Дастури таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ).
  • Роҳнамои таҷрибаомӯз.- Душанбе, 2018.-62с. (Қисми 2. Дастури таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ихтисоси 23010400-психология).
Ризвонова Заррина Пирумовна
  • Вазифа: ассистенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: –
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2
  • Телефон: +(992) 919-24-66-81
  • Email:zarina.rizvonova@bk.ru

Ризвонова Заррина Пирумовна  27-юми декабри  соли 1977 дар оилаи зиёи  таваллуд шудааст. Соли 1995-юм мактаби миёнаро хатм намуда худи ҳамон сол ба шӯъбаи психологияи факултаи таърихи ДДТ дохил шуда, соли 2000-ум онро хатм намудааст.  Аз соли 2000-ум инҷониб дар кафедраи психологияи факултети фалсафаи ДМТ ба ҳайси ассистенти кафедра кору фаъолият менамояд.

Дар тули фаъолияти кориаш зиёда аз 20 мақолаю тезесҳои илмӣ ва маводҳои таълимӣ ба чоп супоридааст.

Ёраҳмадов Алиҳмад Сангиҳмадович
  • Вазифа: муаллими калони кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: –
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2
  • Телефон: +(992) 909-19-59-39
  • E-mail: safarlutfullo200@mail.ru

Ёраҳмадов Алиҳмад Сангиҳмадович 09- уми августи соли 1981 дар нохияи Фархори Вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли аз соли 2003 факултети фалсафа ихтисоси психологияи ДМТ хатм кардааст. Аз соли 2003 то 2020  ассистенти кафедраи психологияи ДМТ шуда фаъолият мекунад. Номбурда аз фаннҳои «Асосҳои психотерапия», «Психологияи махсус», «Назарияи ихтилоф» «Психологияи педагогӣ», дарс медиҳад. Ёраҳмадов А.С. муаллифи зиёда аз 20 –асару мақолаҳои илмию  методӣ медошад. Асарҳои илмӣ:

  • Маҷмӯаи  тестҳои  психологӣ. Дастури методӣ барои мураббиён ва муаллимон. –Душанбе, 2009.
  • Омодагии психологии кӯдак ба мактаб: ташхис ва ислоҳнамоӣ. Дастури методӣ барои омӯзгорон ва мураббиён.  Душанбе, 2011.
  • Машварати психологӣ: таҳлили вазъият ва тавсияҳо. Дастури таълимӣ – методӣ барои донишҷӯёни ихтисоси психология. Душанбе -2019 с.
Қамчибекова Гулнора
Эшоновн
  • Вазифа: ассистенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: –
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2
  • Телефон: +(992) 900-08-44-90
  • E-mail: gulnora.qamjinbekova@inbox.ru

Қамчибекова Гулнора Эшоновна соли (тав. 03.09.1989 шаҳри Ҳисор)- ассистенти кафедраи психологияи факултети фалсафаи ДМТ. Хатмкардаи факултаи фалсафалаи ихтисоси психологияи ДМТ (2012). Аз соли 2011 то инҷониб ҳамчун устоди кафедраи психологияи ДМТ фаъолияти илмию омӯзгорӣ мебарад. Ӯ дар  мавзӯи «Маърифати педагогии волидон ҳамчун омили самарабахши тарбияи кӯдак дар оила» кори илмӣ намудааст, ки дар арафаи ҳимоя қарор дорад. Қамчибекова Г.Э. муаллифи зиёда аз 15 мақолаҳои илмию методӣ мебошад.

Ахмедзода Тавҳида
  • Вазифа: ассистенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: –
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2
  • Телефон: +(992) 935-15-25-73
  • E-mail: akhmedzoda.tavhida@mail.ru

Ахмедзода Тавҳида 16-юми июни соли 1991 дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2008-юм мактаби миёнаро хатм намуда худи ҳамон сол ба шӯъбаи психологияи факултаи фалсафаи ДДМТ дохил шуда, соли 2012-ум онро хатм намудааст.  Аз соли 2012 ҳуҷҷатҳои худро ба шӯъбаи магистри  ихтисоси психология супорида онро  соли 2014 хатм намудааст. Аз соли 2015-ум инҷониб дар кафедраи психологияи факултети фалсафаи ДМТ ба ҳайси ассистенти кафедра кору фаъолият менамояд. Дар туле фаъолияти кориаш зиёда аз 5 мақолаю тезесҳои илмӣ ва маводҳои таълимӣ ба чоп супоридааст.

  • Вазифа:  лоборанти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: –
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2
  • Телефон: +(992) 009-22-99-42
  • E-mail: maftuna.safarova.2019@bk.ru

Сафарова Мафтуна Раҷабовна 15 уми  августи  соли 2000 дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2017-ум мактаби миёнаро хатм намуда худи ҳамон сол ба шӯъбаи психологияи факултаи фалсафаи ДДМТ дохил шуда, соли 2020-ум онро хатм намудааст.    Аз соли 2018-ум инҷониб дар кафедраи психологияи факултети фалсафаи ДМТ ба ҳайси лоборанти кафедра кору фаъолият менамояд.