Муовини декан оид ба илм ва муносибатҳои байналхалқӣ

Гадоев Н. З.

Гадоев Нусратулло Зувайдуллоевич 14 августи соли 1968 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро соли 1986 хатм намудааст. Баъди хатми мактаби миёна дар мактаби миёнаи № 18 ба номи Рудакии н. Рудакӣ ҳамчун сарпеонервожатӣ (сарпешоҳанг) шуда кор карда ва солҳои 1987 – 89 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС (дар қисми ҳарбии РВСН) хизмати ҳарбӣ намудааст. Баъд аз хизмати ҳарбӣ солҳои 1990 – 92 дар селхозтехника (н. Рӯдакӣ) таъмирчӣ шуда кор карда, баъди пошхӯрдани ИҶШС ба соҳибкории хурд рӯ оварда, дар шаклҳои гуногун фаъолият намудааст.

Соли 2005 ба факултети фалсафаи ДМТ дохил шуда ва онро соли 2010 бо ихтисоси Сиёсатшинос: муаллими илмҳои сиёсӣ, маъмур бо дипломи аъло хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ ба сифати ассистенти кафедраи Ҳуқуқи тиҷорати – ДДТТ ( 2010 – 2012 ) шуда коркардааст. Ҳамзамон, аспиранти кафедраи равандҳои сиёсӣ (2011-2015) ва аз сентябри соли 2012 чун ассистенти ҳамин кафедра ва ҳоло ба сифати муаллими калони кафедраи равандҳои сиёсӣ ифои вазифа менамояд.

Соли 2014 – 2018 раиси Шӯрои кураторони факултет ва аз соли 2018 то ҳол муовини декан оид ба илм ва муносибатҳои байналхалқӣ, ҳамзамон котиби Шӯрои олимони факултети фалсафа мебошад. Н.З. Гадоев муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ ва барномаҳои таълимӣ мебошад.