Кафедраи сотсиология

Мудири кафедраи сотсиология,

номзади илмҳои фалсафа, дотсент         Миров Ф.С.

Кафедраи сотсиология зодаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Омилҳои асосии ташкили кафедра – ин талаботҳои наве буданд, ки ҷомеаи гузарандаи Тоҷикистон дар марҳилаи азнавсозӣ пеши макотиби олӣ ва муассисаҳои илмӣ гузоштааст. Фаъолияти кафедра, ки ба тадриси сотсиология ба ҳайси фанни ҳатми дар ҳамаи ихтисосҳо ва омода намудани мутахассисони соҳави аз соли 2001-ум оғоз мешавад. Вобаста ба махсусиятҳои илмӣ кафедра корҳои тадқиқотӣ мебарад. Фаъолияти илмӣ–тадқиқотӣ ва таълимии кафедра аз талаботи ҷомеаи навини Тоҷикистон вобастагӣ дорад. Тараққиёти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иҷтимоӣ-мадании ҷомеаи Тоҷикистонро бидуни омӯзиш ва таҳлили ҳаматарафаи равандҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи гузаранда ва вобаста ба шароити имрӯзаи Тоҷикистон тассавур кардан ғайриимкон аст. Хусусан, муайян намудан ва омӯхтани тараққиёти иҷтитмоӣ- сиёсӣ ва иҷтимоӣ -мадании ҷомеаи Тоҷикистон таҳлили назариявӣ – илмии амиқро талаб менамояд.

Ҳанӯз соли 1997 тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон тадриси сотсиология ба ҳайси фанни ҳатмӣ дар ҳамаи макотиби оли ҷорӣ гардид. Минбаъд соли 2001 бо назардошти аҳамияти илмӣ-таълимии он дар асоси қарори Шӯрои олимони донишгоҳ дар назди кафедраи таърихи фалсафа ихтисоси сотсиология таъсис дода шуд. Чун то ин вақт ҷомеашиносии тоҷик ба як андоза пеш рафт, аз соли 2005-ум кафедраи таърихи фалсафа ба кафедраҳои фарҳангшиносӣ, фалсафа ва сотсиология ҷудо карда шуд. Роҳбарии кафедраи сотсиология ва ихтисос ба зиммаи доктори илми сотсиология, профессор Шоисматуллоев Шоназар вогузор гардид. Воқеан ҳам дар имрӯз Шоисматуллоев Ш. ягона доктор, профессор ва узви вобастаи АИ ҶТ мебошад.

Айни ҳол дар кафедра 15 нафар устодону кормандон ба фаъолияти таълимӣ ва илмӣ–тадқиқотӣ машғуланд. Аз ҷумла устодон Баҳромбеков В.А., Миров Ф.С., Насурова Б.С., Комилова М.Д. ва Таваллоев М. корҳои илмии худро бо муваффақият ҳимоя намуданд. Устодони дигар, аз ҷумла муаллимони калон Абдуллоева М., Барфиев А., ассистентон Бобохонова Н., Шоев Н., Муҳаммадқодири Н., Марамов Р. ва Салимова Ш., ки аксарияташон ихтисоси базавии сотсиологӣ ва фалсафӣ доранд, таҳти роҳбарии профессор Шоисматуллоев Ш. пурсамар фаъолият мекунанд. Ғайр аз ин, барои баланд бардоштани савияи илмию тахассусии донишҷӯён кафедра бо маркази Стратегии назди Президенти ҶТ, Институти фалсафа, сиёстшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А.М. Баҳовиддинови АИ ҶТ, факултети сотсиологияи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломонсов, Институти сотсиологии АИ Россия, Марказҳои таҳқиқоти сотсиологии «Зеркало», «Панорама» ва «Афкор»-и шаҳри Душанбе ва муассисаҳои байналхалқии ЮНИСЕФ, Бунёди ҷамъияти кушода, барномаҳои тоҷикистонии СММ ҳамкориҳо дорад.

Аксарияти устодони кафедра маълумоти соҳавӣ дошта, таҷрибаи бойи педагогӣ ва мутахассиси соҳаи худ маҳсуб мешаванд. Дар як муддати кӯтоҳ бо роҳбарии Шоисматуллоев Ш. барномаҳои корӣ барои фанҳои ихтисосӣ ва фанни ғайритахассусии сотсиология тартиб дода шуданд. Устодон ба фаъолияти методию педагогӣ аҳамияти бештар дода, бо дастрас намудани адабиёт ба омӯзиш ва         тадрис машғуланд.

 Бахши илмӣ дар кафедра низ дар ҳолати хуби пешравӣ қарор дорад. Марбут ба масъалаҳои асрии ҷомеа устодони кафедра корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, тадқиқотҳои сотсиологӣ мебаранд. Китобу рисолаҳо ва мақолаю фишурдаҳои устодон зуд-зуд аз чоп мебароянд. Устодони кафедра дар конфронсу нишастҳо, барномаҳои телевизионӣ, баҳсу мунозираҳои илмию назариявӣ, радиошунавонӣ фаъолона ширкат меварзанд, дар тадқиқотҳои сотсиологӣ иштирок менамоянд ва дар пешбурди корҳои илмию методӣ, таълимию тарбиявии факултет нақши бузург доранд. Дар назди кафедра маҳфили илмию назариявии «Сотсиолог» ва маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Клуби сотсиологони ҷавон” амал мекунад.

Сотсиология хамчун ихтисос ва касб барои муайян намудани масъалаҳои иҷтимоӣ, ошкор намудани омилҳои пайдоиши мушкилоти иҷтимоӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо мусоидат менамояд. Мутахассисони соҳаи сотсиология дар оянда барои муайян намудани сиёсати иҷтимоии давлат ва дурнамои рушди Тоҷикистон кӯмак мерасонанд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар оянда ҳар як муассисаю ташкилотҳо дар назди худ марказҳои тадқиқотӣ мекушоянд ва мутахассисони сотсиология дар пешбурди кори ин марказҳо нақши асосиро мебозанд. Ҳамасола талабот ба гузаронидани тадқиқотҳо зиёд мешаванд ва дар ин самт сотсиологҳо саҳми калон мегузоранд.

Фанни сотсиология дар ҳамаи ихтисосҳо дарс дода мешавад ва донишҷӯён ба донишҳои сотсиологӣ ниёз доранд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рӯйдодҳои ногувори ҷаҳонӣ (ифротгароӣ терроризм) донишҳои сотсиологӣ ҷаҳонбинии илмӣ ва арзишҳои одамон, махсусан, ҷавононро ташаккул дода метавонад. Аз ин рӯ, оянда таълими фанни сотсиология аз аҳмият бештар бархурдор мегардаду ва барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандӯсти ҷавонон мусоидат мекунад. Тамоми мушкилоти ҷомеаи муосирро сотсиолог тавассути гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ ошкор нашуда, роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод намуда метавонад.

Кафедраи сотсиология кафедраи тахассусӣ буда, мутахассисони бакалавр (23010500), магистр (23010510) ва докторантони PhD (6D050100)-и соҳаи сотсиологияро омода месозад. Баъд аз хатми зинаи бакалаври ихтисоси сотсиология донишҷӯён дар магистратура ва докторантура PhD таҳсилашонро идома дода метавонанд. Мутахассисоне, ки ихтисоси мазкурро хатм менамояд, дар оянда дар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ, вазорату идораҳо, марказҳои таҳқиқоти сотсиологӣ ва маркетингӣ, макотиби олӣ ва миёнаи махсус кору фаъолият карда метавонанд. Ихтисосмандони соҳаи сотсиология барои рушди ҷомеаи, хусусан барои ба нақша даровардани дурнамои инкишофи соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, маънавӣ, ҳуқуқӣ, ва монанди инҳо саҳми назаррас расонида метавонад. Дар раванди глобализатсия бе дониши сотсиологӣ дар сохторҳои давлатӣ кор кардан ғайри имкон аст, зеро тамоми мақомотҳои давлатӣ ба гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ ва назари сотсиологӣ ниёз доранд.

Айни замон вазифаи мудири кафедраи сотсиологияро номзади илмҳои фалсафа, дотсент Миров Фирӯз Сафаралиевич ба ӯҳда дорад.

Ҳайати устодону кормандони кафедра:

  1. Миров Ф.С. – номзади илмҳои фалсафа, дотсент;
  2. Баҳромбеков Д. – номзади илмҳои фалсафа, дотсент
  3. Шоисматуллоев Ш. – доктори илмҳои сотсиологӣ. профессор, узви вобастаи АИ ҶТ;
  4. Насурова Б. – номзади илмҳои фалсафа, муаллими калон;
  5. Комилова М. – номзади илмҳои фалсафа, муаллими калон;
  6. Абдуллоева М. – муаллими калон;
  7. Барфиев А. – муаллими калон;
  8. Бобохонова Н. – ассистент;
  9. Шоев Н. – ассистент;
  10. Таваллоев М. – ассистент;
  11. Ахмедова У. – ассистент;
  12. Муҳаммадқодири Н. – ассистент;
  13. Марамов Р. – ассистент;
  14. Умаров Т. – ассистент;
  15. Салимова Ш. – лаборанти кафедра.

Ҳайати устодони кафедраи сотсиология

Миров Фирӯз Сафаралиевич (соли таваллудаш 12.09.1979) – номзади илмҳои фалсафа, дотсент (2017), мудири кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2018). Соли 2003 факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси файласуф хатм намудааст. Аз соли 2003 то 2005 дар кафедраи таърихи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси ассистенти кафедра кор кардааст. Ҳамзамон соли 2003 ба аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2007 онро хатм намудаааст. Аз соли 2005 ба ҳайси ассистенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон фаъолияти худро давом додааст.  

Соли 2016 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Вазифаҳои иҷтимоии ҳуқуқ ҳамчун институти иҷтимоӣ дар шароити ташаккулёбии ҷомеаи демократӣ” (роҳбарони илмӣ Шоисматуллоев Ш. ва В. Баҳромбеков) ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои фалсафа (аз рӯи ихтисоси фалсафаи иҷтимоӣ) гардидааст. Соли 2016 ба вазифаи муаллими калон ва аз соли 2018 ба вазифаи дотсенти кафедраи сотсиологияи  интихоб гардидааст. Солҳои 2016-2018 ба вазифаи муовини декани факултети фалсафаи ДМТ оид ба илм ва муносибатҳои байналхалқӣ ва котиби Шӯрои олимони факултети фалсафа фаъолият намудааст. Аз соли 2018 то инҷониб ба вазифаи мудири кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва котиби илмии Шӯрои диссертатсионии дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос бо ихтисоси 6D050300-Психологияи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад. Миров Ф.С. муаллифи 8 монография ва китобу воситаҳои таълимӣ ва зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ мебошад. Аз фанҳои «Сотсиологияи умумӣ», «Методология ва техникаи гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ», «Коркард ва таҳлили ахбор» ва «Сотсиологияи ҳуқуқ» дарс мегӯяд.

Шоисматуллоев Шоназар – профессори кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сотсиология, профессор

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: хатмиДонишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко соли 1968 бо ихтисоси муаллими фанҳои забон ва адабиёти рус. Солҳои 1970-1971 таҷрибаомӯзи Институти таҳқиқотҳои мушаххаси иҷтимоии АИ ИҶСС; 1971 – 1974 аспиранти Институти таҳқиқотҳои сотсиологии АИ ИҶСС; 1988 – 1989 курси такмили ихтисоси Институти сотсиологияи АИ ИҶСС; 1993 – 1997 докторанти Институти сотсиологияи АИ Федератсияи Россия.Соли 1977 ҳимояи диссертатсия дар мавзӯи «Омилҳои иҷтимоии интихоби касб» дар шурои диссертатсионии назди Институти таҳқиқотҳои сотсиологии АИ ИҶСС барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа аз рӯи ихтисоси 09.00.09. – Сотсиологияи таҷрибавӣ. Соли 2000 ҳимояи диссертатсия дар мавзӯи «Ҷойивазкунии иҷтимои байни наслӣ ва таҳавуллоти рафтори иҷтимоии ҷавонон дар ҷомеаи буҳронӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои сотсиолгия аз рӯи ихтисоси 22.00.04 – сохтори иҷтимоӣ, институтҳо ва равандҳои иҷтимоӣ. Соли 2003 дотсент аз рӯи ихтисос, соли 2005 профессор аз рӯи ихтисос, соли 2008 узви вобастаи АИ ҶТ. Масълаҳои асосии таҳқиқотҳои илмии Ш. Шоисматуллоев омӯзиши худмуайянкунии касбӣ ва иҷтимоии насли наврас, системаи таълимоти ҳамагонӣ ва касбӣ, инкишоф ва тағйирёбии сохтори иҷтимоӣ, табақабандии иҷтимоӣ ва ҷойивазкунии иҷтимоӣ, нобаробарии гендерӣ ва ғайра мебошанд. Шоисматуллоев Ш. муаллифи зиёда аз 180 асари илмӣ аст.

Насурова Беҳрӯ Асадуллоевна 9-ми ноябри соли 1982 дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Солҳои таҳсил дар мактаби миёна (1989-2000). Хатмкардаи факултаи фалсафаи ихтисоси психологияи ДДМТ (ҳоло бошад Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), ш. Душанбе (2005). Муҳаққиқ–коромӯзи кафедраи сотсиологияи факултаи фалсафаи ДМТ (2005-2006). Аспиранти кафедраи сотсиологияи факултаи фалсафаи ДМТ (2006-2009). Ассистенти кафедраи сотсиологияи факултаи фалсафаи ДМТ (аз соли 2009 то 2012). Муаллими калони кафедраи сотсиологияи факултаи фалсафаи ДМТ (аз соли 2012 то имрӯз).

Таваллоев Музаффар Тавакалшоевич, 7 декабри соли 1983 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1991 ба мактаби миёнаи №23 ноҳияи Роҳи-Оҳан имрӯза Шоҳмансури ш. Душанбе ба синфи 1-ум рафта, соли 2001 синфи 11-уми мактаби мазкурро хатм намуда, ба шӯъбаи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шудаст. 

Соли 2006 соҳиби маълумоти олӣ бо ихтисоси сотсиолог гаштааст. Аз соли 2006 то 2007 коромӯзи кафедраи сотсиологияи факултети фалсафа. Аз соли 2007 фаъолияти педагогии худро дар кафедраи мазкур оғоз намуда, то ҳол идома медиҳад. 

Соли 2008 ба шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи Акдемияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (шӯъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов) дохил шуда, соли 2012 онро хатм намудааст. 8 – октябри соли 2019 дар назди Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ 6D.КОА-018 дар заминаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ дар мавзӯи «Мушкилот ва дурнамои рушди синфи миёна дар ҶТ» рисолаи номзадиро аз рӯи ихтисоси 22.00.04 –  сохтори иҷтимоӣ, институтҳои иҷтимоӣ ва равандҳо ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои сотсиологӣ гаштааст. Муаллифи 17 мақолаҳои илмӣ мебошад. Аз фанҳои “Сотсиологияи умумӣ”, “Сотсиологияи сиёсӣ” ва “Табақабандии иҷтимоӣ” дарс медиҳад.

Ман, Абдуллоева Мунаввар соли 1952 дар шаҳри Душанбе дар оилаи санъаткор таваллуд шудааст. Соли 1959 таҳсилро дар мактаби миёнаи рақами  №11 оғоз намуда, соли 1969 мактаби миёнаи рақами 53-и ш. Душанберо хатм намуд. Ҳамон сол ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи  давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуд. Аз курси сеюм дар факултаи филологияи рус таҳсили худро давом дод. Соли 1976 донишгоҳро хатм намуд ва барои кор ба мактаби миёнаи № 11 ш. Душанбе роҳхат гирифта аз забони русӣ ва адабиёти рус дарс дод. Аз соли 1983 дар мактаби №6, ш. Қурғон-Теппа  фаъолияти педагогии худро давом дод. То соли 1993 дар ин мактаб муаллимаи забони русӣ шуда кор кард. Соли 1992 бо унвони «Муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маорифи халқ» сарфароз гардид. Аз соли 1998 то ин ҷониб, аввал дар кафедраи таърихи фалсафа ва баъдан дар кафедраи сотсиологияи факултети фаласафаи Донишгоҳи милллии Тоҷикистон фаъолияти педагогии худро давом дода истодааст. Аз фанҳои ихтисосии «Сотсиологияи дин ва маданият», «Сотсиолдогияи гендерӣ» дар ихтисосӣ сотсиология, таърихи дин, фарҳангшиносӣ, сотсиология дар факултетҳои ғайриихтисосӣ дар гўруҳои русӣ дарс медиҳад. Дар муддати фаъолияти бештар аз 20 солаи худ ба ғайр аз корҳои методӣ бо навиштани тезисҳо, мақолаҳои илмӣ машғул аст. Бештар аз 15 тезис ва 5 мақолаи илмӣ навиштааcт.

Барфиев Абдурахмон Мирзоевич, 29.06.1979 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1996 ба Донишгохи миллии Точикистон дохил шуда соли 2001 бо дипломи аъло хатм намуда,  худи хамон сол хуччатхои худро ба шуъбаи магистратураи факултаи фалсафа супорид ва соли 2003 бо дипломи аъло хатм намуд. Ва соли 2004 ба шуъбаи таърихи фалсафа ба хайси ассисент ба кор шуруъ намуд ва то хол ба хайси муаллими калон кор карда истодааст.  Соли 2006 соҳиби маълумоти олӣ бо ихтисоси сотсиолог гаштааст. Аз соли 2006 то 2007 коромўзи кафедраи сотсиологияи факултети фалсафа буд. Аз соли 2007  фаъолияти педагогии худро дар кафедраи мазкур оғоз намуда, то ҳол идома медиҳад.  Дар гуруҳҳои тахассуси фаннҳои “Сотсиологияи оила”, “Сотсиологияи низоъ” ва “Сотсиологияи умуми” дарс медиҳад. Дар тули фаъолияти педогогии худ 3 мақолаҳои илмиро чоп кардааст.

Шоев Неъматҷон  Султонович, 21 январи соли 1987 дар н. Рудаки  таваллуд шудааст. Соли 1994 ба мактаби миёнаи №70 ноҳияи Рудаки  ба синфи 1-ум рафта, соли 2003 синфи 9-уми мактаби мазкурро хатм намуда, ба  Колеҷи   Фарҳнаги Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба  номи Буйдоқов  П. Ҷ. шӯъбаи рузноманигори  дохил  шуд. Соли  2006 колеҷи  мазкурро  хатм  кард.  Соли 2006 Ҳуҷатҳоямро ба шуъбаи  сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон супорид. Соли 2011 донишгоҳро бо  дипломи  аъло  хатм  намуд. Аз соли 2011 то ҳол ба  ҳайси ассистенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафа  фаъолият  дорад.  Мавзӯи  кори  илми «Маргиналият  ва  зухуроти  он  дар   ҷомеаи  муосири   Тоҷикистон» . Муаллифи 5 мақолаи илмӣ мебошад.

Муҳаммадқодири Наҷмиддин22-юми апрели соли 1990 дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Солҳои таҳсил дар мактаби миёна (1997-2008). Хатмкардаи факултаи фалсафаи ихтисоси сотсиологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), ш. Душанбе (2013). Ассистенти кафедраи сотсиологияи факултаи фалсафаи ДМТ (аз соли 2013 то инҷониб). Унвонҷӯи кафедраи сотсиологияи факултаи фалсафаи ДМТ (2019). Аз фанҳои “Сотсиологияи дин ва маданият”, “Таълимотҳои иҷтимоии мутафаккирони шарқ”, “Афкори умум” , “Сотсиологияи умуми”  дарс мегуяд ва инчунин аз ин фаннҳо силлабусҳо ва барномаҳои таълимӣ тайёр намудааст. Ба сифати ҳамкор ва тадқиқотчӣ дар шӯъбаи сотсиологияи АИҶТ ва Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» фаъолият менамояд. корҳои илмӣ-тадқиқотии худро аз чоп баровардааст.

Ахмедова Умедахон Бақоевна 2-юми майи соли 1990 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Солҳои таҳсил дар мактаби миёна (1996-2007). Хатмкардаи ихтисоси сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ, (2012).  Аспиранти шӯбаи сотсиологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯбаи ғоибона (2013-2016). Ассистенти кафедраи сотсиологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз соли 2013- то инҷониб. Дар давоми солҳое, ки дар кафедра фаъолият мекунад аз фанҳои «Сотсиологияи ташкилот», «Этносотсиология», «Ояндабинии иҷтимоӣ» дарс медиҳад, инчунин аз фанҳои зерин барномаҳои таълимӣ ва силлабусҳо омода намудааст. Дар тули фаъолияти педагогии худ 5 мақоллаи илмиро чоп намудааст.

Марамов Рамеш Давлатбекович, 29 августи соли 1993 дар н. Шуғнони ВМКБ таввалуд шудааст. Соли 2000 ба мактаби миёнаи №11 ноҳияи Шуғнон ба синфи 1-ум рафта, соли 2011 синфи 11- уми мактаби мазкурро хатм намудам. Соли 2011  ба факултети “Таърих ва Ҳуқуқ”-и Донишгоҳи Давлатии Хоруғ дохил шуда, соли 2015 онро хатм намудам. Соли 2015 ба шуъбаи магистиратураи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2017 онро хатм намудааст. Аз соли 2018 то ҳозир аспиранти институти Фалсафа, Сиёсатшиносӣ ва Ҳуқуқи Академяи Илмҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2017 фаъолияти педагогии худро дар кафедраи Сотсиологияи Донишгоҳии Милли Тоҷикистон шуруъ кард. Дар гурӯҳҳои тахассуси фанҳои “Каҷрафтории иҷтимоӣ”, “Ташкилоти иҷтимоӣ”, “Сотсиологияи умумӣ”, “Сотсиология шахс” ва дар гурӯҳҳои ғайритахассуси аз фанни “Сотсиологияи умумӣ ”  бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дарс медиҳад. Дар тули фаъолияти педогогиаш 5 мақолаҳои илмиро чоп кардааст. Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ озодона муошират менамояд.

Умаров Тоҳирҷон Ҳасанович, 2 марти соли 1994 дар н. Вахши вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2001 ба мактаби миёнаи №2 ноњияи Вахш ба синфи 1-ум рафта, соли 2012 синфи 11-уми мактаби мазкурро хатм намуда, ба шӯъбаи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон дохил шудааст. 

Соли 2016 соҳиби маълумоти олӣ бо ихтисоси сотсиолог гаштааст. Аз соли 2019 фаъолияти педагогии худро дар кафедраи мазкур оғоз намуда, то ҳол идома медиҳад. 

Соли 2016 ба шӯъбаи магистратураи  Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон (шўъбаи омори факултети баҳисобгирию иқтисодӣ) дохил шуда, соли 2018 онро хатм намудааст. 15 январи соли 2020 таҳти №10 – 05, ба ҳайси унвонҷӯи кафедраи сотсиологияи факултети фалсафа (барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, супоридани имтиҳонҳои номзадӣ ва омода намудани рисолаи номзадӣ) дар гурӯҳи бӯҷави қабул карда шудааст. Дар маҷмӯъ 3 мақола чоп кардааст.

Салимова Шаҳноза Толибовна (соли таваллудаш 24.06.1984) соли 2008 Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айниро аз рӯйи ихтисоси филолог хатм намудааст. Баъди хатми мактаби олӣ аз соли 2008 то соли 2010 дар мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Муминобод ба ҳайси муаллимаи забони хориҷӣ (англисӣ) кор кардааст. Аз соли 2011 инҷониб дар кафедраи сотсиологияи факултети фалсафа Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси лаборанти кафедра фаъолият мекунад. Солҳои 2017-2019 ба сифати аспиранти шӯъбаи рӯзонаи кафедраи умумидонишгоҳии забони англисии ДМТ таҳсил намудааст.