Кафедраи онтология ва назарияи маърифат

Мудири кафедра – номзади илмҳои фалсафа

Худойдодзода Фаррух Бегиҷон

Кафедраи онтология ва назарияи маърифат  дар зиминаи кафедраи фалсафа соли 2010 ташкил  ёфтааст. Роҳбарии кафедраро аз соли 2010 то соли 2012 профессор Комилов Рустам бар уҳда дошт. Дар ин давра бо кӯшиши устодони кафедра силсила барномаҳои намунавии таълимӣ барои фанҳои таълимӣ,  матни лексияҳо, силлабусҳо омода карда шуданд. Инчунин, устодони кафедра дар таҳия  ва нашри китобҳои дарсии  «Таърихи фалсафа»  ва  «Фалсафа» саҳм гузоштанд. Ҳамзамон китоби дарсӣ бо номи  «Фалсафаи тоҷик аз аҳди қадим то ба имрӯз» бо қалами профессор Комилов Р.С.  ба таъб расид.

Аз моҳи октябри соли 2012 роҳбарии кафедра ба уҳдаи доктори илмҳои фалсафа, профессор Аҳмадов С.А. гузошта шуд. Дар давраи мудирии ӯ силлабусҳо ва барномаҳои фанҳои таълимии кафедра таҷдиди назар ва такмил дода шуданд. Дар ин давра ба тасҳеҳи барномаҳои таълимӣ ва корҳои илмии устодон, навиштани китобҳои дарсӣ, силсила барномаҳо, маърӯзаҳои илмӣ эътибори ҷиддӣ дода шуда, муҳокима ва баррасии онҳо  дар ҷаласаҳои кафедра сурат гирифт.

Соли 2012 дотсент Маҳмадова Меҳрӣ иҷрокунандаи мудири кафедра буданд. Аз соли 2012 то соли 2018 профессор Зиёев Идибек Ғозиеваич роҳбарии кафедраро бар уҳда дошт.

Аз моҳи апрели соли 2018 то имрӯз роҳбарии кафедра ба уҳдаи доктори илмҳои фалсафа Худойдодзода Фаррух Бегиҷон вогузор карда шудааст. Дар ин давра, ҳамаи барномаҳои таълимии кафедра аз нав мувофиқи стандартҳои низоми кредитӣ таҳия шуданд. Дар ҳамин давра устодони кафедра инчунин дар навиштани китобҳои дарсӣ хизмати шоиста кардаанд. Бо кӯшиши Аҳмадов С.А., Нурулҳақов Қ. ва ҳамкории Саид Н.С. ва Назаров Р. китоби «Диншиносӣ» барои мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷониби устодони кафедра Аҳмадов С.А., Худойдодзода Ф.Б. ва бо ҳамкории Саид Н.С. ва Назаров М. китоби «Мантиқ» барои мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ инчунин аз ҷониби профессори кафедра Зиёев И.Ғ. китоби дарсӣ аз фанни «Этика ва эстетика» барои мактабҳои олӣ ва барномаҳои ин фанҳо навишта шуданд.

         Устодони кафедра: профессорон Зиёев И.Ғ.,  Аҳмадов С.А,  Қурбонов А.Ш., Маҳмадова М.Ф., дотсентон н.и.ф., Нурулҳақов Қ., д.и.ф. Худойдодзода Ф.Б. ва н.и.ф. Маҳмадизода Н.Д.,  м/к  н.и.ф. Қаландаров М.И., Назаров С.Т. ва ассистентон Калонзода Ф.И. ва Амирбекова И.Ҷ. ба таълиму тадриси фанҳои тахассусии умумии фалсафӣ, аз ҷумла назарияи умумии фалсафа, мантиқ, диншиносӣ, онтология, назарияи маърифат ва масоили  фалсафаи табиатшиносӣ машғул ҳастанд.

         Инчунин, устодони кафедра дар гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ ва тарбиявии сохторҳои давлатӣ низ иштироки фаъол доранд.

Ҳайати устодону кормандони кафедра:

1.    Худойдодзода Ф.Б. – доктори илмҳои фалсафа, мудири кафедра;

2.    Зиёев И.Ғ. – доктори илмҳои фалсафа, профессор;

3.    Қурбонов А.Ш. – доктори илмҳои фалсафа, профессор;

4.    Маҳмадова М.Ф. – доктори илмҳои фалсафа, профессор;

5.    Ахмедов С. – доктори илмҳои фалсафа, профессор;

6.    Маҳмадизода Н.Д. – доктори илмҳои фалсафа, профессор;

7.    Нурулҳақов Қ. – номзади илмҳои фалсафа, дотсент;

8.    Қаландаров М.И. – номзади илмҳои фалсафа, м/к;

9.    Назаров С.Т. – м/к;

10.  Калонзода Ф.И. – ассистент;

11.  Амирбекова И.Ҷ. – ассистент;

12.  Маҳмадизода Н.А. лаборант

Ҳайати устодони кафедраи онтология ва назарияи маърифат

ХУДОЙДОДЗОДА ФАРРУХ БЕГИҶОН

Худойдодзода Фаррух Бегиҷон – мудири кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафа, доктори илмҳои фалсафа, профессор. 1-уми январи соли 1984 таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: соли 2000-2005 – Донишҷӯи шӯъбаи арабии факултети Шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ). Солҳои 2005-2011 – ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ ва ходими калони илмии Институти фалсафаи ба номи  А.М.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;  солҳои 2006-2009 – аспиранти институти Фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (шӯъбаи ғоибона); солҳои 2010-2011 – коромӯзи кафедраи мантиқи факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносова (бо дастгирии стипендияи байнламиллалии президентӣ «Дурахшандагон»); соли 2011 – ҳимоя рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Таҳлили татбиқии назарияи қазияи Арасту ва Ибни Сино» аз рӯи ихтисоси 09.00.07 – мантиқ. (дар шӯрои дифои назди факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов; солҳои 2011-2013 – муаллими калони кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ; солҳои 2013-2016 – докторанти кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ; солҳои 2016-2018 – дотсенти кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ; аз соли 2018 то ҳол мудири кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ. Соли 2020 – ҳимояи рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Рушди назарияи қиёси Арасту аз ҷониби Ибни Сино» дар шӯрои якдафъаинаи назди ДМТ аз рӯи ихтисоси 09.00.07 – мантиқ.          Масъалаи асосии таҳқиқотҳои илмии профессор Худойдодзода Ф.Б.-ро масъалаҳои мантиқӣ (дар мисоли мантиқи арастуӣ ва асрҳои миёнаи Шарқ) ташкил медиҳад. Дар баробари ин, мавсуф дар навиштани чандин монографияҳо,китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ аз фанҳои «Мантиқ», «Назарияи истидлол» саҳм дорад. Номбурда муаллифи2 монография:Сопоставительный анализ теории суждений Аристотеля и Ибн Сины. Душанбе 2015; Сравнительный анализ теории силлогистики Аристотеля и Ибн Сины. Душанбе 2017, як китоби дарсӣ аз фанни «Мантиқ» дар ҳаммуаллифӣ бо Саид Н.С. ва Аҳмадов С., як дастури таълимӣ аз фанни «Мантиқ» 5 барномаи таълимӣ ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ аст.

Аҳмадов Саид Аҳмадович – профессори кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафа, доктори илмҳои фалсафа, профессор. 18-уми декабри соли 1945 таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: соли 1962-1967 –  Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин; Солҳои 1967-1969 – Корманди редаксияи шӯъбаи хориҷии радио; солҳои 1969-1974 – Аспиранти Шӯъбаи фалсафаи АФРСС Тоxикистон; солҳои 1982-1983 – Мудири Шӯъбаи исломшиносии институти шарқшиносии АФРСС; солҳои 1995-2004 – Раиси кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҶТ; солҳои 2004-2007 – Мушовири Президенти ҶТ; солҳои 2007-2012 – Проректори Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат; аз соли 2012 то ҳол профессори кафедраи онтология ва назарияи маърифат. Масъалаи асосии таҳқиқоти илмии профессор Аҳмадов С.-ро осори динию фалсафии халқи тоҷик ва таълимоти калом ташкил медиҳад. Дар баробари ин мавсуф чандин китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ мисли «Диншиносӣ», «Мантиқ», «Фалсафа» навиштааст. Ба навиштани барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ аз фанҳои «Назарияи далеловарӣ», «Назария ва методологияи диншиносӣ» ва «Назария ва амалии далеловарӣ» машғул мебошад. Номбурда муаллифи зиёда аз 150 китобҳои дарсӣ ва мақолаҳои илмӣ аст.

Зиёев Идибек Ғозиевич – профессори кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафа, доктори илмҳои фалсафа, профессор. 21-уми июли соли 1955 таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби шаш фарзанд.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: соли 1977– факултети  филологияи шӯъбаи шарқшиносии Донишгоҳи  давлатии Тоҷикистон, ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст. Солҳои 1977-1980 – тарҷумони забони арабӣ дар ҷумҳурии Ироқ, сафари хидматӣ аз ҷониби Вазорати об ва меллиоратсияи СССР;  солҳои 1980-1986 – муҳаррири редаксияи фалсафа ва ҳуқуқи Сарредаксияи Энсиклопедияи Шӯравии тоҷик; солҳои 1986-1989 – хизмат дар қувваҳои мусаллаҳи СССР, тарҷумони арабӣ дар Ҷумҳурияи Сурияи Араб; солҳои 1989-1992 – лаборанти калони кафедраи фалсафаи АИ ҶТ; солҳои 1992-1995 – Аспиранти Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ; соли 1995 – ҳимояи рисолаи номзади дар мавзӯи «Нақши инсон дар фалсафаи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ»; солҳои 1995-1997 – дотсенти кафедраи Таърихи фалсафаи шӯъбаи фалсафаи Факултети таъхрихи ДМТ; солҳои 1998-2006 – хизмат дар ВА ҶТ; соли 2006 – Ҳимояи рисолаи докторӣ; солҳои 2006-2010 – Сардори Сарраёсат оид ба корҳои дини ВФ Ҷт;  солҳои 2010-2012 – Ноиби Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон оид ба илм; солҳои 2012- 2018 – мудири кафедраи онтология ва назарияи факултети фалсафаи ДМТ; аз соли 2018 то ҳол профессори кафедраи онтология ва назарияи маърифат. Масъалаи асосии таҳқиқотҳои илмии профессор Зиёев И. Ғ. осори фалсафӣ, динӣ, ирфонӣ, ичтимоӣ ва ахлоқии Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро ташкил медиҳад. Дар баробари ин мавсуф дар навиштани чандин китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ аз фанҳои «Диншиносӣ», «Ахлоқ ва зебоишиносӣ», «Фалсафаи тасаввуф», «Онтология ва назарияи маърифат» машғул мебошад. Номбурда муаллифи зиёда аз 95 мақолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва монографияҳои алоҳидаи илмӣ мебошад.

 МАҲМАДОВА МЕҲРИНИСО ФАЙЗАЛИЕВНА– дотсенти кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафа, доктори илмҳои фалсафа. 15-уми майи соли 1960 таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: соли 1977-1981 – Донишҷӯи факултети филологияи  Иниститути  омӯзгории  бо номи Тарас Григориев Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ). Солҳои 1981-1982 – Муаллими забон  ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №15-и н.Ёвон;  солҳои 1983-1989 – Аспиранти Иниститути омӯзгории  бо номи Тарас Григориев Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ); солҳои 1989-1993 – Муаллими забон ва адабиёти тоҷики матаби миёнаи №1- и н.Ёвон; солҳои 1994-1996 – Муҳарирри маҷаллаи Ахбори АИ ҶТ: силсилаи иқтисодиёт; солҳои 1996-2000 – Ассистент ва баъдтар муаллимаи калони кафедраи таърихи фалсафаи  ДДТ (ҳоло ДМТ); солҳои 2001-2005 – Декани факултети фалсафаи ДМТ;  аз соли 2005 то ҳол дотсенти кафедраи фалсафа ( ҳоло онтология ва назарияи маърифат)-и факултети фалсафаи ДМТ.  Масъалаи асосии таҳқиқоти илмии дотсент Маҳмадова М. Ф.-ро осори фалсафӣ, динӣ, ирфонӣ ва ахлоқии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ташкил медиҳад. Дар баробари ин мавсуф дар навиштани чандин китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ аз фанҳои «Ахлоқи касбӣ», «Методикаи таълими фалсафа», «Этика ва эстетика» машғул мебошад. Номбурда муаллифи зиёда аз 43 мақолаҳои илмӣ ва китобҳои дарсӣ аст.

Нурулҳақов Қамар – дотсенти кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафа, номзади илмҳои фалсафа, дотсент. 15-уми феврали соли 1945 таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби нӯҳ фарзанд.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: соли 1964-1968 – Донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории ба номи С.Айнӣ. Солҳои 1968-1969 – Ординатори кафедраи фалсафаи донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино;  солҳои 1969-1970 – Хизмат дар сафи артиши Шӯравӣ; солҳои 1970-1972 – ассистети кафедраи фалсафаи донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино.; солҳои 1972-1975 – аспиранти шӯъбаи фалсафаи АИ РСС Тоҷикистон; солҳои 1975-1987 – Ходими илмии шӯъбаи фалсафаи АИ РСС Тоҷикистон; солҳои 1987-1993 – муаллими калон ва баъд дотсенти кафедраи фалсафаи донишгоҳи омӯзгории ба номи С.Айнӣ; солҳои 1993-1999 –  Дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии донишгоҳи озоди Тоҷикистон; солҳои 1999-2005 – Ёрдамчии раиси суди шаҳри Панҷакент; солҳои 2005-2011 –  дотсенти кафедраи фалсафаи донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик А.Осимӣ; солҳои 2011-2016 – дотсенти кафедаи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии ДМТ  аз соли 2016 то ҳол дотсенти кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ.  Масъалаи асосии таҳқиқотҳои илмии дотсент Нурулҳақ Қ-ро масъалаҳои динӣ-фалсафии ислом ва равияҳои тундгароёнаи исломӣ ташкил медиҳад. Дар баробари ин мавсуф дар навиштани чандин китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ аз фанҳои «Диншиносӣ», «Фалсафа», «Назария ва таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ» ва «Назарияи маърифат» машғул мебошад.Номбурда муаллифи зиёда аз 73 китобҳои дарсӣ ва мақолаҳои илмӣ аст.

МАҲМАДИЗОДА НОЗИМ ДАВЛАТМУРОД

Маҳмадизода Н.Д. – декани факултети фалсафа,

профессори кафедраи онтология ва назарияи маърифати

факултети фалсафа, доктори илмҳои фалсафа, профессор

29-уми январи соли 1985 таваллуд шудааст.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

Дастовардҳои муҳими илмӣ: соли 2002-2007 – Донишҷуӣ факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Солҳои 2007-2008 – Муҳақиқ – коромӯзи кафедраи фарҳангшиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;  солҳои 2009-2012 – Аспиранти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; солҳои 2012-2013 – Муаллими калони кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; солҳои 2013-2015 – Дотсенти  кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷонишини декан оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ; солҳои 2015-2016 – Мудири кафедраи идоракунии давлатии Донишкадаи идоракунии давлатӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 2016-2018 –  Директори Инистути конфутсияи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; 2018-2021 дотсенти кафедраи онтология ва назарияи маърифат, аз соли 2021 то ҳол профессори кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ. Соли 2020 ҳимояи рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Зоҳиршавии ифротгароии динӣ-сиёсӣ дар шароити инкишофи ҷомеаи тоҷик ва роҳҳои пешгирии он: таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ» дар шӯрои диссертатсионии назди ДМТ аз рӯи ихтисоси 09.00.11 – фалсафаи иҷтимоӣ  Самти асосии таҳқиқоти илмии профессор Маҳмадизода Н. Д.-ро масъалаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ–сиёсӣ, фарҳангии ифротгароии динӣ-сиёсӣ ташкил медиҳад. Дар баробари ин мавсуф дар навиштани чандин дастурҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимӣ аз фанҳои «Фалсафаи табиат», «Фалсафаи сиёсат» машғул мебошад. Номбурда муаллифи 2 монография, 2 китоби дарсӣ ва зиёда аз 49 мақолаҳои илмӣ аст.

ҚАЛАНДАРОВ МУСТАФО ИСКАНДАРШОЕВИЧ – номзади имлҳои фалсафа, муаллими калони кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафа. 1-уми июни соли 1990 таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: соли 2008-2013 – Донишҷуӣ факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Солҳои 2013-2016 – Аспиранти кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ;  аз соли 2016 то ҳол ассестент, баъдан муаллими калони кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ. Соли 2018 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Таълимоти фалсафаи каломи Фахриддини Розӣ» дифоъ намудааст.  Масъалаи асосии таҳқиқоти илмии Қаландаров М. И.– ро масъалаи диншиносии илмӣ ва фалсафаи дин ташкил медиҳад Номбурда муаллифи як барномаи таълимӣ «Назарияи умумии фалсафа» ва беш аз 45 мақолаи илмӣ-оммавӣ аст. Корҳои илмӣ-тадқиқотии ӯ доир ба паҳлӯҳои гуногуни таълимоти Фахриддини Розӣ ва таърихи фалсафа равона гардидааст.

НАЗАРОВ САЪДУЛЛО ТУРАХОНОВИЧ – муовини декан оид ба таълими факултети фалсафа, муаллими калони кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафа. 26-уми октябри соли 1988 таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: соли 2006-2011 – Донишҷуӣ факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Солҳои 2011-2018 – Ассистенти кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ;  аз соли 2018 то ҳол муовини декан оид ба таълими факултети фалсафаи ДМТ.  Масъалаи асосии таҳқиқоти илмии Назаров С. Т.-ро «Афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Ибни Боҷа» ташкил медиҳад. Дар баробари ин мавсуф дар навиштани чандин барномаи таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ аз фанни «Мафҳумҳои бунёдии фалсафа», машғул мебошад. Номбурда муаллифи зиёда аз 9 мақолаҳои илмӣ ва 1 барномаи таълимӣ (дастнавис) аст.

АМИРБЕКОВА ИҚЛИМА ҶАББОРОВНА – ассистенти кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафа. 1-уми апрели соли 1967 таваллуд шудааст. Соҳиби се фарзанд.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: соли 2004-2009 – Донишҷӯи факултети филологияи  шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва муаллимаи мактаби таҳсилоти умумии №65. Солҳои 2016-2017 – лаборанти калони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ;  солҳои 2017-2019 – лаборанти калони  кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ; аз соли 2019 то ба ҳол ассистенти кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ.  Масъалаи асосии таҳқиқотҳои илмии Амирбекова И.Ҷ.-ро мақоми зан дар ҷомеаи суннатии тоҷик ташкил медиҳад. Мавсуф якчанд мақолаҳои илмӣ навиштааст. Ҳоло рисолаи номзадии худро барои ҳимоя омода сохта истодааст.

КАЛОНЗОДА ФАРИДУН ИБРОҲИМПУР – ассистени кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафа. 3-уми декабри соли 1991 таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби як фарзанд.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: соли 2009-2014 – Донишҷуӣ факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Солҳои 2014-2017 – аспиранти кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ;  аз соли 2018 то ҳол ассестенти кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ. Масъалаи асосии таҳқиқоти илмии Калонзода Ф. И.– ро таълимоти фалсафии ҳаракат, макон ва замон (дар асоси таълимоти Арасту ва Ибни Сино) ташкил медиҳад. Дар баробари ин мавсуф дар навиштани барномаи таълимӣ аз фанни «Онтология» машғул мебошад. Номбурда муаллифи зиёда аз 8 мақолаҳои илмӣ аст.