Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ

РАҲИМОВ ДИЛШОД ҚУРБОНАЛИЕВИЧ
  • Вазифа: муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои сиёсӣ, муаллими калон
  • Кафедра: сиёсатшиносӣ
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15
  • Телефон: +(992) 93 886 61 41
  • E-mail: Dilshod-12-12@mail.ru

Маълумоти мухтасар:

Раҳимов Дилшод Қурбоналиевич 15 майи соли 1989 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 2008 ба ихтиссоси сиёсатшиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил гашта, соли 2013 онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ соли 2013 ба ҳайси ассистенти кафедраи сиёсатшиносии  факултети фалсафа фаъолият намудааст. Аз соли 2018 то ҳол ба ҳайси муовини декан оид ба тарбия фаъолият дорад. Соли 2022 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Хосиятҳои асосии давлати миллӣ дар шароити муосир (дар мисоли Тоҷикистон) дар шурои диссертатсионии назди ДМТ аз рўйи ихтисоси 23.00.02 – ниҳодҳо, равандҳо ва технологияи сиёсӣ дифоъ намудааст. Соли 2023 бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ интихоб гардидааст.

Муаллифи 3 барномаи таълимӣ аз фанҳои «Давлатшиносӣ», «Ҳукумати Тоҷикистон», «Таърихи идоракунии давлатӣ» ва 41 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ мебошад. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.