Кафедраи кори иҷтимоӣ

Мудири кафедраи кори иҷтимои, номзади илмҳои фалсафа, дотсет Муллобоева Д.А.

Кафедраи кори иҷтимоӣ дар факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нисбатан ҷавон буда, аз соли 2012 фаъолияти худро оғоз намудааст.

Гуруҳи тахассусии «кори иҷтимоӣ» ё худ ихтисоси 1-86010102 кори иҷтимоӣ (фаъолияти иҷтимоӣ, тиббӣ, психологӣ) дар соли 2008 бо ташаббусу дастгирии моддию техникии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 2009 ба таркиби факултети фалсафа ворид карда шудааст.

Дар ҷумҳурӣ то таъсис ёфтани ихтисоси мазкур дар ягон муассисаи таълимӣ тайёр кардани  мутахассисони кори иҷтимоӣ ба роҳ монда нашуда буд. Дар хадамоти иҷтимоӣ кормандони бетахассус, аз қабили омӯзгорон, муҳандисон ва табибон машғули кори иҷтимоӣ буданд. 

Бо мақсади омода намудани муаллимони соҳаи кори иҷтимоӣҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолииҶумҳурии Тоҷикистон,   бо дастгирии молиявии  ЮНИСЕФ барои ҷалби устодони кафедраи кори иҷтимоӣ  Донишгоҳи Стокгольм солҳои 2004 – 2006 як гурӯҳ олимони ҷавонро омӯзонид, ки дар таҷрибаи давлатҳои ИДМ бори аввал ба чашм мерасад.

Дар давраҳои аввали ташаккул ёфтани кафедраи мазкур барои ба роҳ мондани таълим, профессори Донишгоҳи Украина ба номи Б.Гриченко, Зверева И.Д. даъват гардида буд, ки саҳми беандозаи худро гузоштааст. Саҳми ӯ дар таҳия намудани барномаҳои таълимӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  зиёд аст.   

Ихтисоси «кори иҷтимоӣ» ба «Классификатори умумиҷумҳуриявии касбҳои коргарӣ, вазифаҳои хизматчиён ва дараҷаҳои тарифӣ» ҳамчун як касби алоҳидаву мустақил соли 2003 ворид гардидааст. 

Аз моҳи сентябри соли 2012 то моҳи майи соли  2018 роҳбарии кафедраи кори иҷтиморо дотсент Гиёев Қ.Ҳ. дар ӯҳда дошт, аз моҳи апрели соли 2018 бошад, кафедраи мазкур зери роҳбарии н.и.ф., дотсент Муллобоева Д.А. қарор дорад. Муаллимони пешбарандаи соҳа: дотсент Ашрапова С.Т.(соҳиби дипломи Донишгоҳи иҷтимоии Стокгольм), д.и.с., профессор Қаҳҳоров Ғ.Ғ.,дотсент Гиёев Қ.Ҳ., муаллими калон Зеваров Х., ассистентон: Мирсаидова Ш., Расулов О., Назаров М., Сатторов С. ва лаборант Ғафурова Б. фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ – методии худро давом дода истодаанд.

Дар марҳалаи дуюми тайёр намудани кормандони соҳаи  кори иҷтимоӣ  мутахассисони Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳо, маҳаллаҳои шаҳрӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо ё корхонаҳо шахсони ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ёрии иҷтимоӣ ниёздоштаро муайян намуда, ба онҳо ҳуқуқ ва вазифаҳояшонро мефаҳмониданд.

ҲукуматиҶумҳурииТоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тайи солҳоиохирбаомода ва тайёр  кардани кадрҳои соҳави таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Барои  беҳбудӣ  дар ин соҳа, Ҳукуматикишварбарномаҳоидавлатӣватадбирҳоииловагироамалӣнамуда, имрӯз ба дастовардҳоиназаррасноилгаштааст.

Қобили ёдоварист, ки касби мутахассиси кори иҷтимоӣ ихтисоси хеле  башардӯстона маҳсуб ёфта, аз соҳибкасб меҳру муҳаббати хоса доштанро нисбати ниёзмандон тақозо менамояд. Боиси зикр аст, ки имрӯз факултети фалсафаи ДМТ дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси “кори иҷтимоӣ” корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодааст. Аз соли хониши 2015 – 2016 таълим дар асоси барномаҳои бакалавр ва магистр ва аз соли хониши 2017 – 2018 таҳсили фосилавӣ ба роҳ монда шуд.

Ташаккули (инкишоф) соҳаи иҷтимоиро дар ҷомеа зихираҳои кадрӣ ба роҳ мемонанд. Самаранокии фаъолияти амалӣ дар кори иҷтимоӣ аз кадрҳои фаъол ва баландихтисос вобаста аст. Аз ин лиҳоз, кафедраи кори иҷтимоӣ тасмим гирифт, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар баробари омӯзиши назариявии мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ, мақсад гузошт, ки дар заминаи марказҳои кумаки иҷтимоӣ ба маъюбон, пиронсолон, ношунавоён, мактаб интернатҳо, муассисаҳои давлатӣ, марказҳои бӯҳронӣ ва ғайра омӯзиши амалиявиро низ роҳандозӣ намояд.

Имрӯз донишҷӯёни ихтисоси кори иҷтимоӣ таҷрибаомӯзии худро дар дастгоҳҳои марказии ВТҲИ ҶТ, ВМША ҶТ, агентиҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ҳифзи иҷтимоӣ, муҳоҷират, раёсат ва хадамот, шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мегузаронанд. Дар баробари ин ҳамкорони доимии кафедраи кори иҷтимоӣ: Маркази таълимии калонсолони назди вазорати меҳнати ҶТ, маркази миллии офиятбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ”, Ташкилотҳои ғайридавлатии “Фароштурук” ва ғайра мебошанд.

Бо кӯшишу ғайрати устодони кафедраи номбурда ва ҳамчунин бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ бори аввал ба забони тоҷикӣ китоб, дастуру маводи таълимии “Муқаддимаи кори иҷтимоӣ”, “Кори иҷтимоӣ бо маъюбон”, “Кори иҷтимоӣ бо шахсони гирифтори ВНМО”, “Ташкили кори иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Кори иҷтимоӣ бо оила”, “Асосҳои кори иҷтимоӣ”, “Усулҳо ва техникаи тадқиқоти сотсиологӣ”, “Фалсафаи иҷтимоӣ”, “Рушди кори иҷтимоӣ дар давлатҳои пасошуравӣ”, “Луғати мухтасари энсиклопедияи тоҷикӣ ба русии кори иҷтимоӣ” нашр шуданд.

Фаъолияти илмию тадқиқотии устодони кафедраи кори иҷтимоӣ  дар аксар самтҳо аз қабили нашри маводи илмӣ, ширкат ва маърӯза дар нишастҳои гуногунсатҳаи илмӣ, ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илм, тайёр кардани кадрҳои илмӣ, корҳои илмӣ ва мустақилонаи донишҷӯён, фаъолияти маҳфилҳои илмӣ ва ғайра сол то сол инкишоф дода мешавад. Чунки кори иҷтимоӣ ҳамчун касб бо тақозои ҷомеаи навтаъсисёфта, бояд ҷавобгӯ ҳамин ҷомеа бошад. Кафедра бо мақсади омӯзиши равандҳои ташаккулёбии институтсионалии кори иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Хусусиятҳои раванди ташаккулёбии ниҳоди кори иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои илмӣ – тадқиқотӣ мебарад.

Ҳайати устодони кафедраи кори иҷтимои

Муллобоева Дилфуза Абдусамадовна 29 – уми декабри соли 1977 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1994 мактаби миёнаро хатм намуд. Соли 2002 ба факултети филологияи ДДХ ба номи академик Бобочон Ғафуров дохил шуда, соли 2007- ум онро бо дипломи “аъло” хатм намудааст. Аз соли 2007 то соли 2016 дар кафедраи умумидонишгоҳии  “фалсафа” –и ҳамин Донишгоҳ дар вазифањои лаборант ва омўзгор кор ва фаъолият бурдааст.

         Аз соли 2016 то 2018 дар кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии ДМТ ба ҳайси дотсенти кафедра фаъолият намудааст.

Аз соли 2018 то ин ҷониб дар ҳамчун мудири кафедраи кори иҷтимоӣ фаъолият дорад. Муллобоева Д.А. муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ, як қатор барномаҳо, воситаҳои таълимӣ ва як монография мебошад.

Гиеёв Қурбон Ҳилолович – (н.и.ф., дотсент- “ихтисоси фалсафаи иҷтимоӣ”) 19 уми майи соли 1963 дар ноҳияи М. С. Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Соли 1990 Филиали  Донишкадаи омӯзгории Душанбе дар шаҳри Қурғонтеппа ба номи Т. Г. Шевченко бо мувафакона хатм намудаад. Аз соли 1990 то 1994    омузгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи Давлатии Омузгории ш. Қурғонтеппа ба номи    Н. Хусрав 1995-1998   аспиранти Пажуҳишгоҳи Фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ, ба номи А.  Баҳоваддинов   1999 –2000  ходими  хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмии  Пажуҳишгоҳи Фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба номи А. М.    Баҳоуддинов.  Аз соли 2001 то  2012 дар вазифаи мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти Фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ ба номи А. Баҳоввадинови АИ ҶТ кору фаъолият намуданд.

Аз августи соли 2012 то майи 2018 вазифаи мудири  кафедраи кори иҷтимоии факултаи  фалсафа  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ишғол кардаанд. Айнӣ ҳол дар вазифаи дотсенти кафедраи кори иҷтимоии факултаи фалсафа Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Муаллифи зиеда 40 мақолаи илми- услуби ва 5 китоби дарси. Зери роҳбариашон 15 нафар рисолаи номзади ҳимоя намудаанд. Собиқаи 15-соли  фаъолият(роҳбар) дар коркард ва амалисози лоиҳаҳои илмӣ  (ҷумҳуриявӣ, байналмилли) мебошад.

Ашрапова Сайёра Турсуновна, 04 июни соли 1973 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1990 мактаби миёнаи №76 ш.Душанберо хатм намуда, ба факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1995 донишгоҳро хатм намуда, ҳамон сол ба ҳайси муҳаққиқ-коромӯз дар кафедраи Назария ва таърихи журналистика фаъолияти кории худро оғоз намудааст. Дертар соли 1999 то 2004 унвонҷӯи кафедраи Таърихи Тоҷикистон гашта, рисолаи номзадии худро соли 2004 дар мавзӯи: “Инъикоси саҳми занони Тоҷикистон дар ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар саҳифаҳои матбуот” ҳимоя кардааст.

Соли 2006 Донишгоҳи Стокголмро бо ихтисоси Кори иҷтимоӣ хатм намудааст.

Ашрапова С.Т. то ин дам дар соҳаҳои гуногун фаъолият намудааст:

Солҳои 1996-1997 Сарнозири Роҳи Оҳани Тоҷикистон;

Солҳои 1997-1999 Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони н. Фирдавсии (пештара Марказии) ш. Душанбе;

Солҳои 1999-2000 Сарнозири Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2000-2002  Менеҷери ташкилоти ғайридавлатии ”Зан ва Замин”;

Солҳои 2002-2004 Сармутахассиси шуъбаи тандурустӣ, оид ба масъалаи занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2004-2007 Директори иҷроиявии Фонди Ҷамъиятии ”Панорама”;

Солҳои 2007-2010 Муовини ректор оид ба тарбия дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ;

Солҳои 2010-2012 Мудири шуъбаи махзани маълумот ва тестии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2012-2013 Директори иҷроиявии Фонди Ҷамъиятии ”Панорама”;

Солҳои 2014-2018 Директори китобхонаи илмии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон;

Аз соли 2013-то ҳол Дотсенти кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи  ДМТ мебошад.

Солҳои 2015 то 2020 вакили мардумии н.Шоҳмансури ш.Душанбе даъвати панҷум ва соли 2020 вакили мардумии н.Шоҳмансур даъвати шашум интихоб гардидааст.

Ашрапова С.Т. муаллифи як қатор мақолаҳои илмӣ, барномаҳо, воситаҳои таълимӣ мебошад. Барои хизматҳояш дар соҳаи маориф соли 2015 бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.

Зеваров Хушачин 7 апрели соли 1951 дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Солҳои 1958-1968 дар мактаби миёнаи рақами 9-и ноҳияи Рӯшон таҳсил карда, онро бо медали нуқра хатм кардааст. Солҳои 1968-1969 ҳамчун лаборант ва муаллими математика дар ин мактаб кор кардааст. Солҳои 1969-1971 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат карда вазифаи сардори шӯъбаи радиотелеграфистҳоро иҷро кард. Солҳои 1971-1976 ӯ донишҷӯи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Саратов ба номи Н.Г.Чернишевский буд. Пас аз хатми таҳсилоти олӣ, Вазорати маориф ӯро ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб фиристод, ки дар он ҷо солҳои 1976-1978 ҳамчун муаллими адабиёти рус дар кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ кор кард. Солҳои 1978-1979 ҳамчун муаллими адабиёти рус дар филиали Қӯрғонтеппаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе кор кардааст. Солҳои 1979-1985 ба ҳайси нотиќ дар шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи вилоятии Қӯрғонтеппа ҲКТ кор кардааст. Солҳои 1985-1991 ба ҳайси дастурдеҳи шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи ноҳияи Ленинии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1991-1994 ӯ ба ҳайси директори мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони камшунаво ва деркаршуда дар ноҳияи Ленин кор кардааст.

Солҳои 1994-1997 ба ҳайси мудири шӯъбаи иҷтимоӣ – фарҳангии ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 1998 – 1999 хабарнигори рӯзномаи “Сокибкор” буд. Солҳои 1999-2012 ҳамчун мутахассис, муовини сардори шуъба ва сардори шӯъбаи корҳои ташкилӣ ва робитаҳои байналмилалии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хидмат кардааст. Аз моҳи сентябри 2012 то имрӯз, муаллими калони кафедраи кори иҷтимоии факултаи фалсафаи ДМТ мебошад.

Зиёда аз 10 курсҳои гуногуни омӯзиши кори иҷтимоиро гузаштааст. Бо И​фтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 мукофотонида шудааст. Ӯ узви кумитаи иттифоқҳои касабаи факултети фалсафа мебошад. Вай муаллифи 50 мақолаи илмӣ, 12 барномаи таълимӣ, 8 дастури таълимӣ ва китобҳои дарсӣ оид ба корҳои иҷтимоӣ мебошад. Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Расулов  Оромшоҳ Раззоқович 29 – уми январи соли 1993 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 2010 мактаби миёнаро хатм намуд. Соли 2010 ба ихтисоси кори иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2015 онро бо хатм намудааст. Аз соли 2015 то инҷониб дар кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайти омӯзгор кор карда истодааст. Расулов О. Р. муаллифи зиёда аз 15 мақолаҳои илмӣ, як қатор барнома ва воситаҳои таълимӣ мебошад.

Назаров Маъруфҷон Қарахонович 25-уми сентябри соли 1993 дар оилаи коргарба дунё омадааст.Соли 2011 мактаби миёнаро хатм намуда, худи ҳамон сол ба шӯъбаи кори иҷтимоии факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2016-ум онро хатм намуд. Аз соли 2016-ум инҷониб дар кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафа ДМТ ба ҳайси ассистенти кафедра кору фаъолият менамояд.

Сатторов Субҳидин Наҷмудинович 20 – уми январи соли 1992 дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2010 мактаби миёнаро хатм намуд. Соли 2012 ба ихтисоси кори иљтимоии факултети фалсафаи Донишгоњи миллии Тољикистон дохил шуда, соли 2017 онро хатм намудааст. Аз соли 2017 то инљониб дар кафедраи кори иљтимоии факултети фалсафаи Донишгоњи миллии Тољикистон ба њайси омўзгор кор карда истодааст. Сатторов С. Н. муаллифи зиёда аз 6 мақолаҳои илмӣ, як қатор барномаҳои таълимӣ мебошад.

Ҳакимова Мунира Оймаҳмадовна 07-уминоябри соли 1998 дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 2016-ум мактаби миёнаро хатм намуда,худи ҳамон сол ба шӯъбаи рӯзонаи ихтисоси психологияи факултети фалсафаи ДМТ дохил шуда, соли 2020-ум сол онро хатм намудааст.Соли 2019 ҳамчун равоншинос дар муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии 58 кор ва фаъолият намудааст. Айни  ҳол ба ҳайси лабарант дар кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ фаъолият менамояд.