Кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон

Мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон,

номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент                                   Шаъбонов Н.Н.

Кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони факултети фалсафа моҳи сентябри соли 2005 таъсис ёфт. Таъсисёбии кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон талаби замон ва васеъшавии доираи илмии факултети фалсафа буда, баъд аз таъсис ёфтани он ба вазифаи мудири кафедра, доктори илмҳои сиёсӣ Нуриддинов Р.Ш. интихоб гардид. Дар вазифаи мазкур Нуриддинов Р.Ш., то моҳи феврали соли 2006 адои вазифа намуд. Аз моҳи марти соли 2006 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра, дотсент Муҳабатов А. таъйин гардида, ВА моҳи апрели соли 2007 ба тариҷи озмун ба вазифаи мудири кафедра мазкур интихоб шуд. Муҳабатов А. дар вазифаи мазкур то 30-уми декабри соли 2012 адои вазифа намуда, аз 31-уми декабри соли 2012 то 12-уми апрели соли 2013 номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Ҳукмишоев З. ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра ва аз 12-уми апрели 2013 дар вазифаи мудири кафедра фаъолият намудааст. Аз 18-уми моҳи  апрели соли 2018 дар вазифаи мудири кафедра дотсент Шаъбонов Н.Н. то имрӯз ифои вазифа намуда истодааст.

         Кафедра аз оғози фаъолияташ устодони зеринро дар ҳалҷаи худ фаро гирифтааст: дотсентон: А. Муҳабатов, З. Мирзоев (ёдашон ба хайр), А. Аҳадов (ёдашон ба хайр), ассистентон: З. Ҳукмишоев, С. Абилов, Б. Солиев, С. Ниёзов, муаллими калон Шаъбонов Н. аз соли 2005 то октябри соли 2012 ба ҳайси ҳамкор ва аз моҳи октябри соли 2012 ҳамчун корманди штатӣ адои вазифа намудаанд ва менамоянд.

         Аз моҳи апрели соли 2007 доктори илмҳои сиёсӣ, профессор А.Н. Маҳмадов дар кафедраи мазкур ба фаъолият шурӯъ намуда, ҳамзамон дар ҳамин давра то соли 2012  вазифаи декании факултети фалсафаро ба ӯҳда дошт. Ҷудусов Х. аз соли 2013 баъд аз ҳимояи рисолаи номзадӣ ба ҳайси ассистенти кафедра ба фаъолият шурӯъ намуд. Баъдтар Гадоев Н., Ҷаландаров К., ва Саидов Ш., дар кафедра ба ҳайси ассистент пазируфта шуданд. Феълан, Саидов Шӯҳрат ба сифати мудири кафедраи сиёсат-шиносии Донишгоҳи давлатии ҳуҷуҷ ва бизнеси шаҳри Хӯҷанд фаъолият менамояд.

         Устодони кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон бо роҳбарии дотсент А. Муҳабатов дар марҳилаҳои аввали таъсисёбии кафедра ҷиҳати омода намудани маводҳои илмӣ – таълимӣ, аз ҷумла: китобҳои дарсӣ, барномаҳо ва воситаҳои таълимӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода, дар ин самт ба комёбиҳои хело назаррас ноил шуданд. Дар кафедраи мазкур ба ғайр аз таълими фанни сиёсатшиносӣ, инчунин 15 номгӯйи фан ва курсҳои махсус дар гурӯҳҳои «сиёсат ва идораи давлатӣ» ва «менеҷменти сиёсӣ» – и факултети фалсафа таълим дода мешаванд. Ҳамзамон, фаъолияти устодони кафедра ба ғайр аз факултети фалсафа дар таълими фанни сиёсатшиносӣ дар факултетҳои иҷтисодӣ, табии ва факултети якҷояи Тоҷикистону Беларус дар донишгоҳ низ ба роҳ монда шудааст.

         Устодони кафедра дар мавзӯи «Масъалаҳои муҳими равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон» корҳои илмию тадҷиҷотӣ мебаранд. Устодони кафедра аз руи натиҷаҳои корҳои илмию тадҷиҷотии худ китобҳои дарсӣ ва маҷолаҳои илмӣ – тадҷиҷотиро анҷом додаанд ва онро идома дода истодаанд. Аъзоёни кафедра дар навиштани китобҳои дарсӣ ва васоити таълимию методӣ наҷши муассир доранд. Ба ҷалами профессорони кафедра Муҳабатов А. ва Нуриддинов Р., китоби дарсии «Асосҳои сиёсатшиносӣ» тааллуҷ дорад, ки дар соли 2006 бори аввал баъд аз таъсисёбии кафедра рӯи чоп омад. Китоби дарсии «Сиёсатшиносӣ» соли 2014 ва «Ҳизбҳои сиёсӣ: воҷеъият ва дурнамо» соли 2011бо ташаббуси профессор А. Муҳабатов аз чоп баромаданд. Минбаъд китобҳои дарсии «Сиёсатшиносӣ», «Риторика ва баҳси сиёсӣ», «Методҳои таълими сиёсатшиносӣ», «Методикаи таълим ва таҳҷиҷи сиёсатшиносӣ» ва «Назарияи сиёсии муосир» бо ҷалами профессор А. Маҳмадов ва дотсент Х. Ҷудусов ба дасти хонандагон расид. Китобҳои «Диншиносӣ» соли 2010 ва «Дин ва ирфон» соли 2014 бо ҷалами дотсент Ҳукмишоев З. рӯи чоп омаданд. Китоби дарсии «Сиёсатшиносӣ» – ро Муҳаммад Абдураҳмон, Хидирзода Махфират ва Сафарализода Х., дар соли 2018 аз чоп бароварданд ва дастраси донишҷӯёни макотиби олии кишвар гардонида шуд. Дар соли 2017 бо ташаббуси дотсенти кафедра Шаъбонов Н.Н., дар ҳамкорӣ бо устодони кафедра, проф., Мухабатов А. ва Ҳукмишоев З. воситаи таълимии «Психологияи сиёсӣ» барои донишҷӯёни сиёсат ва идораи давлатӣ ва менеҷменти сиёсӣ аз чоп баровада шуд. Дар тӯли солҳои 2015-2019 дар кафедра 5 монография, 6 китоби дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ ба табъ расонида шуд ва зиёда 148 маҷолаҳои илмӣ ва фишурдаҳои илмӣ низ рӯйи чопро диданд.  Дар соли таҳсил ва фаъолияти илмӣ профессор Муҳаммад Абдураҳмон ва дотсент Х. Сафарализода воситаи таълимии «Амнияти Тоҷикистон» – ро ба табъ расониданд ва дастраси донишҷӯён гардонида шуд. Феълан, аҳли коллективи кафедра барои навиштани воситаҳои таълимии «Минтаҷашиносии сиёсӣ» ва «Маданияти сиёсӣ» кӯшишҳо ба харҷ дода истодаанд ва дар наздиктарин муҳлат онҳо низ ба табъ хоҳанд расид.

Устодони кафедра дар якҷоягӣ нашрияҳои № аз 1 то 7-уми китоби «Масъалаҳои актуалии равандҳои сиёсии  Тоҷикистон» -ро аз чоп бароварданд. Фаъолияти кафедра дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ хело назаррас мебошад. Устодони кафедра Ҳукмишоев З. соли 2007 таҳти роҳбарии профессор Муҳабатов А., ва профессор Нуриддинов Р. дар мавзӯи «Наҷши ислом дар раванди сиёсии ҷомеа», Ниёзов С. соли 2008 таҳти  роҳбарии профессор Маҳмадов А.Н. дар мавзӯи “Моҷарои сиёсӣ ва оппозитсия дар шароити муосир (дар мисоли Тоҷикистон)”, Сафарализода Х. Ҷ. соли 2011 таҳти роҳбарии профессор Маҳмадов А.Н. дар мавзӯи «Идеяи миллӣ ва хусусиятҳои муҳими он дар шароити ба даст овардани истиҷлолият», Шаъбонов Н.Н. соли 2015 таҳти роҳбарии профессор Муҳабатов А. дар мавзӯи “Хусусиятҳои ташаккули маданияти сиёсии ҷавонони донишҷӯ дар раванди дигаргуншавии ҷомеаи муосир (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)” рисолаи намзадӣ дифоъ намуданд. Муаллими калони кафедра Абилов С., 30 августи соли 2019 дар назди Шӯрои диссертатсионии АИ ҶТ дар мавзӯи «Низоъҳо» рисолаи номзадии худро бомуваффаҷият дифоъ намуд. 

         Дар як марҳилаи кутоҳ дар назди Шӯрои дисертатсионии назди кафедра теъдоди зиёди аспирантон ва унвонҷӯён корҳои илмӣ дифоъ намуданд ва соҳиби унвони илмӣ гардиданд, ки дар байни онҳо унвонҷӯён аз давлатҳои ҳамсояи Афғонистон ва Эрон низ мебошанд. Худ ин шаҳодат аз он медиҳад, ки ҳамкории кафедра танҳо бо кафедраҳои сиёстшиносӣ ва унвонҷӯёни дохилии кишвар маҳдуд нагашта, дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ барои кишварҳои ҳамсоя низ саҳмгузор аст. Феълан, дар кафедра 2 профессор, 4 дотсент, 1 муаллими калон, 3 ассистенту 1 мудири кабинет ва 10 нафар аспирантону унвонҷӯён фаъолият менамоянд.

         Дар Шӯрои диссертатсионии назди кафедра дар давоми солҳои 2012 то соли 2015 як рисолаи докторӣ ва 26 рисолаи номзадӣ дифоъ гардидааст. Дар тайёр намудани корҳои илмии аспирантон ва унвонҷӯён наҷши устодони кафедра, аз ҷумла профессор Муҳаммад А.Н., ва Муҳабатов А., дотсентон Ҳукмишоев З.Д., ва Сафарализода Ҷ. Х., арзанда мебошад. Танҳо дар соли 2014 бо роҳбарии профессор Маҳмадов А.Н., се нафар, профессор Муҳабатов А., ду нафар, дотсент Ҳукмишоев З.Д., ду нафар ва Ҷудусов Х.С., ду нафар рисолаҳои номзадии хешро дифоъ намуданд. Кафедраи мазкур маркази омода намудани кадрҳои илмию педагогӣ дар бахши илмҳои сиёсӣ мебошад. Мутаассифона Шӯрои диссертатсионии назди кафедра имрӯзҳо фаъолият надорад ва имконияти кушодани он то ба имрӯз ба кафедра даст надодаистодааст

         Дар кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон се маҳфили илмӣ фаъолият менамояд. Яке маҳфили инфиродии профессор Маҳмадов А.Н. бо номи «Ҳикмати озодагон» ва дигаре маҳфили инфиродии назди профессор Муҳабатов А. “Хиради сиёсӣ” фаъолият менамояд, ҳамзамон маҳфили донишҷӯён бо номи «Дунёи сиёсат»  амал намуда, дар он донишҷӯёни фаъол фаро гирифта шудаанд. Дар кафедра ҳамасола бахшида ба рӯзи илм дар моҳи апрел конференсияи илмӣ баргузор мегардад ва дар он устодону донишҷӯён бо маърӯзаҳои худ баромад мекунанд ва беҳтарин маърӯза аз ҷониби Раёсати Донишгоҳ ҷадр карда мешавад. Дар баробари ин, бо ташаббуси устодони кафедра конференсияҳои байналхалҷӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, дар он масъалаҳои мухталифи раванди ҳаёти сиёсии ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ ҷарор мегиранд. Ҳамасола донишҷӯён дар мазӯъҳои гуногун корҳои курсӣ ва рисолаҳои дипломӣ менависанд, ки ба он устодони кафедра роҳбарӣ менамоянд. Умуман, фаъолияти таълимию методӣ ва илмию тадҷиҷотии кафедра мувофиҷи матлаб мебошад.

         Феълан, дар кафедра 8 нафар устодон фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва тадҷиҷотҳои илмӣ мебаранд, ки онҳо: д.и.с. профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Муҳаммад Абдураҳмон; н.и.с., профессор Муҳаббатов А.М., н.и.с., Шаъбонов Н.Н., дотсент; Ҳукмишоев З.Д., н.и.с.,дотсент; Сафарализода Х.Ҷ., н.и.с., дотсент; Абилов С., муаллими калон; ассистентон: Гадоев Н., Ҷаландаров К., ва Шаъбонов Ф. – ассистенти кафедра мебошанд. Рисолаҳои номзадии ассистент Гадоев Нусратулло дар арафаи ҳимоя мебошад. Дар кафедра ду аспиранти рӯзона фаъолият мебаранд, ки дар соли 2019 муҳлати аспирантияшон анҷо меёбад. Ва шаш нафар унвонҷӯён барои навиштани рисолаҳои илмӣ дар мавзӯъҳои мухталиф кору фаъолият ва тадҷиҷотҳои илмӣ мебаранд. Дар раванди соли таҳсили 2019-2020 дар кафедра аллакай 3 нафар дар курси аввали PhD кабул гардиданд ва онҳо таҳти роҳбарии устодони кафедра ба корҳои илмӣ машғул мебошанд. Ҳамзамон дар курси якуми магистратура 4 нафар ва дар курси 2-юм 4 наффар дар маҷмуъ 8 нафар магистрҳо тааҳсили илм менамоянд. 

         Имрӯзҳо аҳли коллективи кафедра тасмим доранд, ки баъд аз ба табъ расонидани воситаҳои таълимии «Минтаҷашиносии сиёсӣ» ва «Маданияти сиёсӣ» барои навиштани рисолаҳои «Масъалаҳои глобалии сиёсии муосир» ва «Маркетинги сиёсӣ» шуруъ намоянд.

         Ҳамасола дар кафедра, тибҷи наҷшаи кории кафедра конференсияҳо ва мизҳои мудаввар ва семинарҳо ба наҷша гирифта мешавад ва дар соли таҳсили 2018 як конференсияи ҷумҳуриявӣ ва дар соли 2019 як мизи мудаввар гузаронида шуд. Як семинари ҷумҳуриявӣ дар соли 2020 низ ба наҷша гирифта шудааст.          Устодони кафедра ҷиҳати татбиҷи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воситаҳои ахбори умум: радио, телевизион ва минбарҳо дар семинару конференсияҳои илмию амалӣ маърӯзаҳо ва суханрониҳо намуда, самтҳои афзалиятноки онро барои аҳли бинанда ва шунавада пешкаш менамоянд.

Ҳайати устодони кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон

Шаъбонов Норалӣ Нормирзоевич (тав. 10.01.1958) – номзади илмҳои сиёсӣ (2015), дотсент (2015 – 23 сентябр), аз моҳи апрели соли 2018 дар вазифаи мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиҷадори Афғонистон буда, бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст. Соли 1981 факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси муаррих хатм намудааст. Солҳои 1981- 1982 муаллими таърих ва ҷамъиятшиносии мактаби миёнаи №4 ноҳияи Гузар,  солҳои 1982 – 1983 ассистенти кафедраи коммунизми илмии УДТ ба номи В.И.Ленин, аз моҳи сентябри соли 1983 то моҳи сентябри соли 1985 дар сафи ҷувваҳои мусаллаҳи маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон, аз 25 августи соли 1985 то июли соли 1988 ассистенти кафедраи коммунизми илмӣ, аз моҳи августи соли 1988 то моҳи феврали соли 1990 муаллими таърих ва ҷамъиятшиносии техникуми полититехникӣ ва аз моҳи феврали соли 1990 то соли 2004 ассистент, муаллими калони кафедраи коммунизми илмӣ, кафедраи назарияи сотсиализм, кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон, муовини декани факултети фалсафа оид ба таълим, аз моҳи июли соли 2004 то 12 августи соли 2012 мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе фаъолият намудааст. Аз 18 августи соли 2012 то  23 сентябри соли 2015 муаллими калон, дотсенти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ва аз 26 апрели соли 2018 то имрӯз – мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ  дар Тоҷикистони факултети фалсафа фаъолият менамояд. Рисолаи номзадии худро соли 2015 дар мавзӯи «Хусусиятҳои ташаккулёбии маданияти сиёсии ҷавонони донишҷӯ дар шароити тағйирёбии ҷомеа» ҳимоя намудааст. То имрӯз дар зери роҳбарии ӯ ду нафар аспирантон рисолаҳои илмии худро омода намудаанд ва ду нафар унвонҷӯ ва 1 нафар докторанти PhD фаъолияти илмӣ мебаранд. Муаллифи 2 монография, ҳаммуаллиф дар 3 воситаи таълимӣ, ҳаммуаллиф дар 2 китоби дарсӣ, 6 барномаи таълимӣ, 17 фишурдаи маҷолаҳо, 30 маҷолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмии таҷризшаванда ва 12 маърӯзаи илмӣ ва 43 маҷолаҳо дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ дар маҷмӯъ 115 маводҳои таълимӣ, таълимию методӣ ва илмӣ – оммавӣ мебошад. Аз фанҳои «Сиёсатшиносӣ», «Психологияи сиёсӣ», «Маданияти сиёсӣ» ва «Асосҳои идеологияи сиёсии ҶТ ва ҶБ» ба донишҷӯён дарс мегӯяд. Дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ иштироки фаъол дорад. Пайваста дар шабакаҳои телевизонӣ ва радио дар атрофи масъалаҳои актуалии равандҳои сиёсии Тоҷикистон суҳбат менамояд.

Муҳаббатов Абдусалом, 10. 02. соли 1941 дар ноҳияи Қалъаи  Хумби РСС Тоҷикистон дар оилаи коргар таввалуд ёфтааст. Номзади илмҳои фалсафа. Рисолаи номзадиро зери унвони “Омилҳои мустаҳкамшавии  иттифоқи синфи коргару деҳқон дар давраи сотсиализми мутараққӣ” ҳимоя намудааст. Аз 17 июни соли 1976 н.и.ф.,ва аз соли 1979 дотсент ва аз соли 2012 профессори кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон мебошад. Бо ордени «Шараф дараҷаи 11» ва «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

 Соли 1967 ДДТ ба номи В. И. Ленинро бо ихтисоси таърихшинос хатм кардааст. Аз соли 1967-68 корманди омӯзишгоҳи тадқиқоти иҷтимоии кафедраи комунизми илмии  ДДТ ба номи В. И. Ленин. Аз соли 1968 то соли 1982 ассистент, муаллими калон, дотсент дар донишгоҳи номбурда. 1982-1991 лектор, мудири гурӯҳи лекторон, мушовири идеологии шӯъбаи тарғиботу ташвиқоти Комитети Марказии Партияи  Комунистии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз соли 1991 -2000 проректор, 2000- 2004 аввалин декани факултети фалсафа,  2005  то 2013 дотсент, мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони факултети фалсафаи ДМТ фаъолият намудааст. Муаллифи  103 кори илмӣ таълимӣ аз ҷумла, китобҳои дарсии: «Асосҳои сиёсатшиносӣ» (с. 2006), «Сиёсатшиносӣ»  (2014), рисолаи «Ҳизбҳои сиёсӣ: воҷеъият ва дурнамо» – ро навиштааст. Муҳаббатов Абдусалом, дар ҷодаи илми сиёсатшиносӣ ва тайёр кардани мутахассисони ҷавон саҳми арзанда гузоштааст. Зери роҳбарии ӯ  9 нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанд. Дар корҳои ҷамъиятии ДМТ яке аз устодони пешқадам мебошад.

Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз (тав. 25.06.1958) – доктори илмҳои сиёсӣ (1993), профессор (1996), узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018), профессори кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии Кӯлоб (1984), ассистенти кафедраи коммунизми илмии Донишкадаи давлатии Кӯлоб (1984-1986), муҳаққиқ-коромӯзи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1987-1988). Аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Белоруссия (1989-1992). Сармутахассиси шуъбаи илми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (1992-1997), муаллими калони Коллеҷи ҳарбии Вазорати мудофиа (1997). Сармутахассиси шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997-2001). Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2001-2006). Декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2006-2012). Машваратчии калон- Сардори шӯъбаи амнияти иттилоотии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012-2015). Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015-2019). Аз соли 2019 то инҷониб ноиби президенти академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи 6 китоби дарсӣ, 4 воситаи таълимӣ, 8 монографияи илмӣ, 6 барномаи таълимӣ, 150 мақолаи илмӣ, 50 маърӯзаи илмӣ, 50 маҷолаи илмию оммавӣ мебошад. Таҳти мушовирӣ ва роҳбарии ӯ 5 нафар рисолаҳои докторӣ ва 30 нафар рисолаҳои номзадӣ таҳия ва дифоъ намудаанд. Дар айни ҳол мушовири илмии 2 докторант, роҳбари  илмии 4 унвонҷӯ ва 3 аспирант мебошад.  Аз соли  2007 то инҷониб раиси шӯроҳои диссертатсионии илмҳои сиёсии назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия мебошад.  Соли 2011 бо мукофоти давлатии «Хизмати шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст. Соли 2019 бо ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино қадрдонӣ шудааст.

Ҳукмишоев Зафаршо Диловаршоевич 14.01.1968 дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 2000 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ соли 2000 ба вазифаи ассистенти кафедраи сиёсатшиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон қабул карда шуда, ба фаъолият шурӯъ намудааст. Солҳои 2004-2005 дар вазифаи муовини декан оид ба тарбия ва солҳои 2005-2006 дар вазифаи муовини декан оид ба таълими факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.Соли 2007 рисолаи номзади ҳимоя кардааст. Соли 2008 ба вазифаи муаллими калон ва соли 2010 ба вазифаи дотсенти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Солҳои 2013-2018 дар вазифаи мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Феълан, дар вазифаи дотсенти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Маводҳои илмию методии аз ҷониби устод нашр гардида ба тариқи зайл мебошанд: 2 монография, 2 воситаи таълимӣ, 23 мақолаи илмӣ, 8 маводи конференсия ва як автореферат мебошад. Предметҳои таълимии “Сиёсатшиносӣ” “Динҳои ҷаҳонӣ ва сиёсат”- ро дарс медиҳад. Дар ҳаёт ва фаъолияти илмию методӣ ва меҳнатии факултет ва Донишгоҳ фаъолона иштирок менамояд.

Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ (тав. 25.06.1985) – номзади илмҳои сиёсӣ (2011), дотсент (2017). Соли 2007 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакиро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 2007-2010 аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2011-2014 ассистенти ҳамин кафедра, солҳои 2014 то кунун дотсенти ҳамин кафедра, солҳои 2017-2019 директори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Аз моҳи сентябри соли 2019 докторанти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони ДМТ мебошад. Рисолаи номзадии худро соли 2011 дар мавзӯи «Идеяи миллӣ ва хусусиятҳои муҳимми он дар шароити ба даст овардани истиҷлолият (таҷрибаи Тоҷикистон)» ҳимоя намудааст. Дар зери роҳбарии ӯ чаҳор нафар аспирантон рисолаҳои илмӣ ҳимоя намудаанд ва айни замон роҳбари илмии 1 нафар докторанти PhD, 1 нафар унвонҷӯ ва 1 нафар аспирант мебошад. Солҳои 2011-2016 котиби техникии Шӯрои диссертатсионии соҳаи илмҳои сиёсӣ ва аз соли 2016 то кунун котиби илмии Шӯрои диссертатсионии Д 047.019.03 мебошад. Муаллифи 3 китоби дарсӣ, 3 воситаи таълимӣ, 5 барномаи таълимӣ, 20 маҷолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмии таҷризшаванда ва 30 маърӯзаи илмӣ мебошад. Аз фанҳои «Амнияти миллӣ», «Антропологияи сиёсӣ» ва «Сиёсатшиносӣ» дарс мегуяд. Дорандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (2017) ва аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018).

Абилов Собирҷон Абдураҳимович (тав. 22.06.1981)-номзади илмҳои сиёсӣ (2020), муаллими калони кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон (2018). Соли 2003 факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси сиёсатшиносӣ хатм намудааст. Аз соли 2003 то 2005 дар кафедраи сиёсатшиносии факултети фалсафа ба сифати лаборанти калони кафедра кор кардааст. Пас аз ин аз соли 2005 то 2009 дар кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони факултети фалсафа вазифаи лаборанти калонро ба ӯҳда дошт. Аз соли 2009 то соли 2018 ассистенти ҳамин кафедра, солҳои 2018 то кунун дар вазифаи муалими калони кафедра кору фаъолият менамояд. Рисолаи номзадии худро соли 2019  дар мавзӯи « Низоҳои минтақавӣ ва хусусиятҳои онҳо дар раванди дигаргуниҳои ҷомеа (Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳимоя намудааст. Муаллифи 3 мақолаҳои илмӣ дар маҷалаҳои илмии тақризшаванда  ва 10 научных докладов. Аз фанҳои «Сиёсатшиносӣ», «Равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон», «Идораи раванди сиёсӣ» ва «Амнияти байналхалқӣ» дарс мегӯяд. Дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ иштироки фаъолона дорад.  Муаллифи 1 воситаи таълимӣ, 4 маҷолаи илмии таҷризшаванда, 5 маҷолаи илмӣ ва 4 маърӯзаҳо дар конференсия ба табъ расонидааст.

Гадоев Нусратулло Зувайдуллоевич (соли тав. 14.08. 1968.) соли 2010 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – факултети фалсафаро бо ихтисоси сиёсатшинос бо дипломи аъло хатм намудааст. Аспиранти кафедраи равандҳои сиёсӣ (2011-2015), ассистенти ҳамин кафедра (2012) то кунун дар ҳамин кафедра фаъолият намуда истодааст. Соли 2014 – 2018 раиси Шӯрои кураторони факултет ва аз соли 2018 то ҳол муовини декан оид ба илм ва муносибатҳои байналхалҷӣ ва ҳамзамон котиби Шӯрои олимони факултети фалсафа мебошад. Ҳимояи рисолаи илмиааш дар мавзӯи «Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (таҳлили сиёсию иҷтимоӣ)» дар ҳолати иҷро ҷарор дорад. Муаллифи 3 барномаи таълимӣ – аз фанҳои «Маркетинги сиёсӣ», «Минтаҷашиносии сиёсӣ» ва Этнополитологияи сиёсӣ» мебошад. Аз фанҳои «Сиёсатшиносӣ», «Маркетинги сиёсӣ», «Минтаҷашиносии сиёсӣ» ва «Этнополитологияи сиёсӣ» дарс мегӯяд. Ҳамзамон дар китоби «Равандҳои сиёсӣ» ҳам муаллиф буда, 10 маҷолаи илмӣ дар маҷалаҳои илмии таҷризшаванда ва 20 маҷолаҳои дигар ба чоп расонидааст. Дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона иштирок менамояд ва пайваста дар ВАО ба хусуси масъалаҳои сиёсӣ баромад менамояд.

Қаландаров Кароматулло Қаландарович (соли тав.12 .01. 1987.) соли 2011 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – факултети фалсафаро бо ихтисоси сиёсатшинос бо дипломи хубу аъло хатм намудааст. Унвонҷӯи  кафедраи равандҳои сиёсӣ (2013-2017), ассистенти ҳамин кафедра (2013) то кунун дар ҳамин кафедра фаъолият намуда истодааст. Рисолаи илмиааш дар мавзӯи «Раванди инкишофи системаи сиёсӣ  дар шароити дигаргуншавии ҷомеа (ба хусус Тоҷикистон)» дар ҳолати анҷомёбӣ ҷарор дорад. Муаллифи ду барномаи таълимӣ – аз фанҳои «Системаҳои сиёсии муосир» ва «Таҳлили сиёсӣ ва равандҳои иҷтимоӣ»  мебошад. Аз фанҳои «Сиёсатшиносӣ», «Системаҳои сиёсии муосир» ва «Муқаддимаи идеяи миллӣ»   дарс мегӯяд. Ҳамзамон  6 маҷолаи илмӣ дар маҷалаҳои илмии таҷризшаванда ва 10 маҷолаҳои дигар дар шакли маърӯзаҳо ва фишурдаҳо ба чоп расонидааст. Дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона иштирок менамояд.

Шаъбонов Фирдавс Норалиевич (тав. 02.04.1990) – аз моҳи сентябри соли 2019 ба ҳайси ассистенти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон фаъолият менамояд. Соли 2013 факултети ҳуҷуҷшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо тахассуси ҳуҷуҷшинос хатм кардааст. Аз соли 2014 то соли 2015 мутахассиси пешбари Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисос ва бозомузии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» – и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва аз 2015 то охири соли 2016 дар прокуратураи шаҳри Душанбе ба ҳайси мутахассис – коргузори шӯъбаи назорати тафтишоти пешакӣ дар Маҷомоти прокуратураи шаҳри Душанбе дар асоси шартнома кору фаъолият намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2019 то ҳол ба ҳайси ассистенти кафедраи равандҳои сиёсии факултети фалсафаи ДМТ фаъолият менамояд. Муаллифи 3 маҷолаи илмӣ ва 2 фишурдаи илмӣ мебошад. Аз фанҳои «Сиёсатшиносӣ» (Политология) дар гуруҳҳои русӣ дарс мегӯяд. Мавзӯи кори номзидияш зери унвони «Муҷовимат бо терроризм ва экстремизм тавассути системаи маориф дар шароити тағйирёбии ҷомеаи муосир» (Таҷрибаи Тоҷикистон) ва роҳбари илмияш профессор Муҳаббатов А.М. мебошад. Дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ иштироки фаъол дорад.