Бахши кор бо духтарон занон

НАҚШАИ КОРИИ РАИСИ ШӮРОИ ЗАНОНИ ФАКУЛТЕТИ ФАЛСАФАИ

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2022-2023

р/т Номгуи масъалаҳо, чорабиниҳо Мӯхлати иҷро Мутасаддӣ Шакли иҷро Эзоҳ
1. Гузаронидани вохӯри бо духтарон ва занони факултети фалсафа Сентябр Бахши кор бо духтарон ва занони донишгоҳ, Раиси шӯрои занони факултети фалсафа, Садорати факултет Гузориш  
2. Гузарнидани чорабинии таблиғолӣ-иттилоотӣ дар мавзӯи «Саҳми занон дар замони соҳибистиқлолӣ» Сентябр Раиси шӯрои занони факултет Гузориш  
3. Бурдани назорати доимӣ дар факултет оид ба риоя намудани талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сентябр Садорати факултет, Раиси шӯрои занони факултет Гузориш      
4. Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳи ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдошт (Covid-19) миёни донишҷӯдухтарони факултети фалсафа Сентябр Раиси шӯрои занони факултет ва сарпарастони гуруҳҳои академӣ Гузориш      
5. Дар хобгоҳи №6 гузаронидани суҳбат ба донишҷӯдухтарони факултети фалсафа Сентябр Раиси шӯрои занони факултет Гузориш  
6. Бахшида ба «Рӯзи забони давлатӣ» дар мавзуи “Саҳми занон дар ҳифзи асолати забони давлатӣ” ташкил намудани вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарон Октябр Раиси шӯрои занони факултет ва сарпарастони гуруҳҳои академӣ Гузориш  
7. Ташкил намудани суҳбат бо донишҷӯдухтарони тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилкунанда Октябр Раиси шӯрои занони факултет Гузориш  
8. Гузаронидани вохӯри хусусияти тарбиявӣ дошта бо донишҷӯдухтарони оид ба фарҳанги либоспӯшӣ Октябр Раиси шӯрои занони факултет Гузориш  
9. Ба руйхат гирифтани донишҷӯёни боистеъдод ба Ансамбли халқии “Наврӯз” Октябр Раиси шӯрои занони факултет ва сарпарастони гуруҳҳои академӣ    
10. Ташкил намудани базаи маълумотии донишҷӯдухтарони факултети фалсафа Октябр Раиси шӯрои занони факултет ва сарпарастони гуруҳҳои академӣ Гузориш  
11. Доир ба шарҳи бобу моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқҳои занон ташкил намудани вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарон Ноябр Раиси шӯрои занони факултет ва сарпарастони гуруҳҳои академӣ Гузориш  
12. Вобаста ба “Рӯзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва рӯзҳои Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани ҷорабини Ноябр Садорати факултет, Раиси шӯрои занони факултет ва сарпарастони гуруҳҳои академӣ Гузориш  
13. Баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба роия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ноябр Раиси шӯрои занони факултет ва сарпарастони гуруҳҳои академӣ Гузориш  
14. Сафарбар намудани донишҷӯдухтарон ба курси “Сарварони сиёсӣ” аз рӯи барномаи “Зан-Роҳбар” ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Декабр Бахши кор бо духтарон ва занони донишгоҳ, Садорати факултет, Раиси шӯрои занони факултет Гузориш  
15. Гузаронидани чорабинӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди СПИД” Декабр Раиси шӯрои занони факултет Гузориш  
16. Баргузор намудани чорабинии маърифатӣ бо ҷалби донишҷӯдухтарони ятим, маъюб, тибқи квота таҳсилкунанда ва волонтерон Январ Садорати факултет,  Раиси шӯрои занони факултет ва сарпарастони гуруҳҳои академӣ Гузориш  
17. Дар саҳифаи фейсбукии донишгоҳ ва факултети фалсафа чоп намудани мақоллаҳои омӯзгорон ва донишҷӯдухтарони факултети фалсафа Январ Садорати факултет,  Раиси шӯрои занони факултет ва сарпарастони гуруҳҳои академӣ Гузориш  
18. Баргузории чорабиниҳо дар доираи “Саҳми занон дар ҳифзи марзу буми кишвар” Феврал Раиси шӯрои занони факултет ва сарпарастони гуруҳҳои академӣ Гузориш  
19. Бурдани назорати дар факултети фалсафа оид ба риоя намудани талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Феврал Садорати факултет, Раиси шӯрои занони факултет Гузориш      
20. Дар байни занон ва духтарони факултет ташкил кардан ва гузаронидани чорабини бахшида ба “Рӯзи Модар”ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Март Садорати факултет,  Раиси шӯрои занони факултет Гузориш  
21. Ҷалб намудани занон ва донишҷӯдухтарони факултети фалсафа ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ Март Раиси шӯрои занони факултет ва сарпарастони гуруҳҳои академӣ Гузориш  
22. Гузаронидани мизи муддавар бо донишҷӯдухтарон дар мавзӯи “Биҳишт зери қадами модарон аст” Март Раиси шӯрои занони факултет Гузориш  
23. Дар мавзӯи “Наврӯз-ҷашни аҷдодии тоҷикон аст” гузаронидани чорабинии тарбиявӣ бо донишҷӯдухтарони факултети фалсафа Март Раиси шӯрои занони факултет Гузориш  
24. Баргузор намудани суҳбатҳо бо донишҷӯдухтарони тибқи квота таҳсилкунанда Аперл Раиси шӯрои занони факултет Гузориш  
25. Ҷалб намудани донишҷӯдухтурон ба иштироки фаъолона дар конференсияи апрелӣ Аперл Раиси шӯрои занони факултет Гузориш  
26. Сафарбар намудани донишҷӯдухтарон ба иштироки фаъолона дар чорабиниҳо бахшида ба “Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ” Май Раиси шӯрои занони факултет ва сарпарастони гуруҳҳои академӣ Гузориш  
27. Ташкил намудани ҷамъомад бахшида ба “Рӯзи байналмилалии оила” дар мавзӯи “Нақши оила дар бунёди ҷомеаи солим” Май Раиси шӯрои занони факултет Гузориш  
28. Бахшида ба “Рӯзи Ваҳдаи миллӣ” баргузории чорабинии маърифатӣ дар мавзӯи “Нақши занон дар таҳкими ваҳдати миллӣ” Июн Раиси шӯрои занони факултет Гузориш  
29. Гузаронидани корҳои иттилооти -таблиғоти баҳри фаъолона иштирок намудани донишҷӯдухтарон дар озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фуруғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани азизи ман”, “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” Июн Садорати факултет, Раиси шӯрои занони факултет ва сарпарастони гуруҳҳои академӣ Гузориш  
30. Пешниҳод намудани ҳисоботҳо ба Раёсати тарбияи Донишгоҳ Июн Раиси шӯрои занони факултет Гузориш  

Раиси Бахши кор бо занон ва духтарони факултети фалсафаи ДМТ                                  Нурматова А.М. 

Протоколи №1

12.09.2022                                                                            ш. Душанбе

Иштирок доштанд: раиси Шӯрои занон ва духтарони факултети фалсафа Нурматова А. ва 67 нафар донишҷӯдухтурони факултет

РӮЗНОМАИ МАҶЛИС

  1. Оид ба саҳми занон дар замони соҳибистиқлолӣ
  2. Масъалаҳои ҷорӣ

Ҷаласа аз ҷониби раиси Шӯрои занон ва духтарони факултети фалсафа Нурматова А. оғоз шуда, дар рафти суханрониашон қайд намуданд, ки воқеан ҳам  дар ҷомеаи пешрафта, мутамаддин ва бар пояи ахлоқу маънавиёти баланд, қонун ва фармон бунёдёфта ба зан – модар эҳтирому арҷгузории шоиста  вуҷуд дошта, яке аз дастовардҳои бузург маҳсуб меёбад. Ба туфайли Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ҳамчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  соли 2010 зери унвони «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар бунёди ҷомеаи деморатӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Даврони соҳибистиқлолӣ дар назди занону бонувон рисолати пурмасъулияти  ватандорию  ватансозиро пеш гузошт. Ин рисолати муҳими таърихӣ тақозо менамояд, ки онҳо бо тарбияи насли худогоҳу худшинос қарзи фарзандии худро дар назди Ватан содиқона адо намоянд. Боиси хушнудист, ки дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол  ба маърифати занону бонувон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир када мешавад.

Қарор карда шуд:

  1. Аз ҷониби донишҷӯдухтарон омӯхтани фаъолияти кории заноне, ки дар рушди кишвар саҳм гузоштаанд.
  2. Фаъол гаштани донишҷӯдухтарон дар корҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ.

Раиси Шӯрои кор бо занон ва духтарони

факултети фалсафа                                                                     Нурматова А.

Протоколи №2

05.10.2022                                                                            ш. Душанбе

Иштирок доштанд: раиси Шӯрои занон ва духтарони факултети фалсафа Нурматова А. ва 30 нафар донишҷӯдухтурони факултет

РӮЗНОМАИ МАҶЛИС

  1. «Рӯзи забони давлатӣ»
  2. Масъалаҳои ҷорӣ

Вохӯриро раиси Шӯрои занон ва духтарони факултети фалсафа Нурматова А. оғоз намуда, дар рафти суханрониашон оид ба муҳиммияти аз худ кардани забони давлатӣ, донистани таърих ва сухан рондан бо забони модарии худ қайд намуданд. Зеро забони давлатӣ яке аз падидаҳои таърихии замони истиқлол буда рушду ташаккули пайвастаи он муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Маҳз истиқлолияти забонӣ, пояи истиқлолҳои кишварамонро зина ба зина вусъат медиҳад. Баъдан, сухан ба донишҷӯи курси 4-и ихтисоси фалсафа Давлатова Ш. Дода шуд. Донишҷӯ дар мавзуи «Забони модарӣ» маърӯза омода намуда, дар назди донишҷӯдухтарони дигар ихтисосҳо баромад намуд. Донишҷӯ оид ба зарурати аз худ кардани забони тоҷикии адабӣ сухан гуфта, доир ба тағйиротҳои дар забони тоҷикӣ пайдошуда маълумот дод. Забони тоҷикӣ сарнавишти зиёда аз 3-ҳазорсола дошта дар таърихи худ давра ба давра тагйиротхои сиёсию фархангиро таҷдид кардааст. Забони тоҷикӣ яке аз гуруҳи забонхои ҳинду аврупоӣ буда ватанаш кишвархои Осиёи марказӣ ва бахусус Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон мебошад. Забони тоҷикиро то ташкил шудани Ҷумхурии Тоҷикистон дар замони пеш бо номи забони дарӣ ё худ хамҷун шевахои забони форсӣ номгирӣ менамуданд. Забони тоҷикӣ тибки конуни Ҷумхурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 тахти раками №150 «Дар бораи забон» муайян   кардааст, ки хамасола то соли 2009- ум таҷлили он расман баргузор мегардид ва ба тавсиб расонидани конуни нав аз 5 – октябри соли 2009 тахти раками №553 ба забони тоҷикӣ макоми давлатӣ дода шуд, ки ин кадамхои ҷиддӣ барои баланд кардани устувории забони тоҷикӣ асоси конуни пайдо кард. Инчунин, дар суханрониҳо дар  баробари пурра аз худ кардани забонӣ модарӣ, оид ба зарурати омӯхтани забонҳои хориҷӣ низ гуфта шуд. Ба донишҷӯдухтарон оид ба шароитҳои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мавҷуд аст маълумот дода шуд.

Қарор карда шуд:

  1. Аз ҷониби донишҷӯдухтарон мутолиа намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
  2. Омӯхтани забонҳои хориҷӣ аз тарафи донишҷӯён.

Раиси Шӯрои кор бо занон ва духтарони

факултети фалсафа                                                                     Нурматова А.

Протоколи №3

15.10.2022                                                                            ш. Душанбе

Иштирок доштанд: раиси Шӯрои занон ва духтарони факултети фалсафа Нурматова А. муовини декан оид ба тарбиявӣ Раҳимов Д. ва донишҷӯдухтурони факултет.

РӮЗНОМАИ МАҶЛИС

  1. Оид ба пӯшидани сару либоси миллии тавсияшуда
  2. Риоя намудани тартиботи дохилии донишгоҳ.
  3. Масъалаҳои ҷорӣ

Дар маҷлисӣ мазкур донишҷӯдухтарони ҳама курсҳо 1 ва 2 – и ҳама ихтисосҳои факултети фалсафа ширкат варзиданд. Дар маҷмӯҳ бо 84 нафар донишҷӯдухтар сӯуҳбат гузаронида шуд. Маҷлис бо шиносоии донишҷӯдухтарони курсҳои 1 бо Раиси шурои кор бо занон ва духтарони факултет Нурматова А., раиси духтарони факултети фалсафа Раҳимова Судоба, донишҷуи курси 3-и ихтисоси психология ва муовини раиси духтарон Ибодова Гулрӯ, донишҷӯи курси 2-и ихтисоси кори иҷтимоӣ оғоз гардид. Баъдан, Раиси шурои кор бо занон ва духтарони факултети фалсафа баромад намуда, муҳиммияти ба бар намудани сару либоси миллиро қайд намуд. Инчунин, дар раванди маҷлис оид ба масъалаҳои риоя намудани тартиботи дохилии донишгоҳ аз тарафи донишҷӯдухтарони факултети фалсафа сухан ронда шуд.

Баъдан, муовини декан оид ба тарбия Раҳимов Д, баромад намуда оид ба зарурати иштирок намудани донишҷӯдухтарони факултети фалсафа дар чорабиниҳои дохилӣ ва берунии донишгоҳ таъкид намуд.

Ҳамкории Раиси бахши занон ва духтарони факултети фалсафа бо донишҷӯдухтарони факултет дар маҷлис баррасӣ гардида, аз духтарон даъват ба амал оварда шуд, ки дар раванди таълим фаъол бошанд, ахлоқу интизоми намунавӣ дошта бошанд ва дар чорабиниҳои факултет ва донишгоҳ фаъолона садорати факултетро дастгирӣ намоянд.

Қарор карда шуд:

  1. Пушидани либоси миллӣ аз тарафи духтарони факултети фалсафа пешниҳод карда шуд.
  2. Пешниҳоди раиси бахши занон ҷиҳати фаъолнокии донишҷӯдухтарон дар чорабиниҳои донишгоҳӣ ба инобат гирифта шаванд.

Раиси Шӯрои кор бо занон ва духтарони

факултети фалсафа                                                                     Нурматова А.

Протоколи №4

16.11.2022                                                                            ш. Душанбе

Иштирок доштанд: раиси Шӯрои занон ва духтарони факултети фалсафа Нурматова А. муовини декан оид ба тарбиявӣ Раҳимов Д., сарпарасти гуруҳҳои академикӣ Сатторов С. ва донишҷӯдухтурони факултет.

РӮЗНОМАИ МАҶЛИС

  1. “Рӯзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”
  2. Масъалаҳои ҷорӣ

Ҷаласа бо суханронии раиси Шӯрои занон ва духтарони факултети фалсафа Нурматова А. оғоз гардида, қайд када шуд, ки баробари истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима дод. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.

Ғамхорӣ барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки вазъияти пурхатари баамаломада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, иҷтимоиёти аҳолӣ ӯро сазовори маҳбубияти халқи кишвар гардонида, билохира дар лаҳзаи тақдирсози Ватан дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардид ва бо ҳамин тақдирашро як умр ба тақдири халқу ватани хеш пайваст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳама шукр гӯем, ки дар рӯзҳои бениҳоят вазнин Худованд ба халқи мо марду сарвареро насиб гардонид, ки хизмати Ватанро барояш арзиши олӣ ҳисобида, бо меҳру садоқат халқу оламро огаҳ сохт, ки баҳри хизмати Ватан омода аст ҷонашро нисор кунад.

Қарор карда шуд:

  1. Иштироки донишҷӯдухтарон дар ҷорабиниҳо бахшида ба “Рӯзи президент”
  2. Омода шудани донишҷӯдухтарон ба корҳои ҷамъиятӣ бахшида ба Рӯри Парчами миллӣ.

Раиси Шӯрои кор бо занон ва духтарони

факултети фалсафа                                                                     Нурматова А.

Протоколи №5

07.12.2022                                                                            ш. Душанбе

Иштирок доштанд: раиси Шӯрои занон ва духтарони факултети фалсафа Нурматова А. ва донишҷӯдухтурони факултети фалсафа

РӮЗНОМАИ МАҶЛИС

  1. Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди СПИД
  2. Масъалаҳои ҷорӣ

Вохӯриро раиси Шӯрои занон ва духтарони факултет оғоз намуда, оид ба мақсади ҷамъоварӣ суханронӣ намуданд. Раиси Шӯрои занон ва духтарони факултети фалсафа қайд намуданд, ки аз саннаи 1 декабр “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди СПИД” эълон гардида, аз 25 ноябр то 10 декабр 16 рӯз алайҳи зӯроварӣ нисбати занон” ташкил карда шудааст. Баъдан, донишҷӯи курси 2-и ихтисоси кори иҷтимоӣ Ибодова Қ. дар мавзуи “Таърихи пайдоиши ВНМО/ БНМО” маълумот дод. Пас, аз баромади Ибодова Қ. донишҷӯёни курси 3 ва 4-и ихтисосҳои психология ва кори иҷтимоӣ ба сухангӯ саволҳо пешниҳод намуданд. Дигар донишҷӯдухтарони ихтисоси кори иҷтимоӣ доир ба мавзуҳои “Роҳҳои сироятёбии ВНМО/БНМО”–Бутаева Зуҳра,  “Ҳуқуқҳои шахсони сироятёфта бо ВНМО/БНМО”- Давлатова Наҷиба “Роҳҳои пешгирии сироятёбӣ аз ВНМО/БНМО”-Маҳмудова Фотима, “Муассисаҳои дастгирикунандаи шахсон бо бемории ВНМО/БНМО”-Расулова Ойша презентатсия омода намуда, баромад карданд.

Қарор карда шуд:

  1. Ба ҳама донишҷӯдухтарон паҳн кардани иттилоот оид ба ВНМО/БНМО
  2. Аз тарафи донишҷӯдухтарон риоя шудани қоидаҳои ҳатмии санитарӣ-гигиенӣ

Раиси Шӯрои кор бо занон ва духтарони

факултети фалсафа                                                                     Нурматова А.