Кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ

Мудири кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимои, номзади илмҳои фалсафа, дотсент  Амирхон Ш.Т.

Кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафа соли 2010 дар заминаи кафедраи фарҳаншиносӣ, ки он низ дар заминаи кафедраи таърихи фалсафа ташкил шуда буд, таъсис ёфтааст. Таърихи таъсисёбии кафедраи таърихи фалсафа ба солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон рост меояд. Мусаллам аст, ки таъсисёбии ихтисоси фалсафа дар ҷумҳурӣ ба кафедраи таърихи фалсафа иртиботи қавӣ дорад, зеро нахуст шуъбаи фалсафаи факултети таърихи ДМТ дар заминаи ҳамин кафедра таъсис шудаву, нахустин довталабон ба ин ихтисос соли 1992 дохил шуда буданд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 дар ДМТ факултети фалсафа таъсис ёфт, ки яке аз кафедраҳои тахассусии он кафедраи таърихи фалсафа маҳсуб мешуд. Бо таъсис ёфтани факултети фалсафа ва боназардошти талаботи ҷамъиятию давру замон дар назди кафедраи таърихи фалсафа, илова ба ихтисоси фалсафа, ихтисоси сотсиология низ таъсис дода шуд. Танзиму тадрис ва корбурди ихтисосҳои фалсафа ва сотсиология то соли 2005 аз ҷониби устодони ин кафедра ба роҳ монда мешуданд.

Дар асоси қарори Шӯрои олимони донишгоҳ моҳи феврали соли 2005 кафедраи таърихи фалсафа ба се кафедра – фалсафа, фарҳангшиносӣ ва сотсиология тақсим карда шуд. Таълими фанҳои тадрисии ихтисоси фалсафа ва кафедраи фалсафа, ихтисоси сотсиология ва кафедраи сотсиология ва фанҳои фарҳангшиносиву этика ва эстетика ба кафедраи фарҳангшиносӣ вогузор карда шуд.

Соли 2010 кафедраи фарҳангшиносӣ ба кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ тағйири ном кард ва ҳамчун кафедраи тахассусӣ шинохта шуд.  

Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ фанҳои тахассусии ихтисоси фалсафа ба кафедраҳои таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ, онтология ва назарияи маърифат тақсим карда шуд.

Устодони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ ба тадриси бахшҳои мухталифи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ дар ихтисоси фалсафа ва фанҳои фарҳангшиносиву этика ва эстетика дар ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳ машғул гардидаанд.  

Дар давоми солҳои зикршуда кафедраро устодони зерин роҳбарӣ намуданд: профессор Ғоибов М.Д. (солҳои 1992-2014), профессор Комилов Р.С. (солҳои 2012-2014), дотсент Умедов М.Ҳ. (и.в. солҳои 2014-2016), дотсент Амирхонов Ш.Т. (аз соли 2016 то инҷониб).

Дар кафедра устодони соҳибмактаб ва соҳибунвони риштаи фалсафа давоми солҳои мавҷудияташ фаъолият кардаанд. Аз ҷумла: профессорон М. Ғоибов, Н. Сайфуллоев, Р. Комилов, Р. Назаров, дотсентон Ҷ. Шамсиддинов, Ф. Турсунзода, М. Ҳазратқулов, Н. Арабзода (Қулматов), В.А. Анушенко, Ш. Ҷумъаев, Д. Баҳромбеков, Қ. Нурулҳақов, М. Элназаров, М. Умедов, Ш. Амирхонов, П. Давлатов П., Муминов А.И. муаллимони калон, номзади илмҳои фалсафа Б. Амондуллоев, номзади илмҳои таърих Ф. Давлатёров, номзади илмҳои фалсафа А. Холова ва ассистентон Г. Нодирхонов, Ш. Қиматшоев, Таҳминаи Т., Грезода А.М. ва дигарон дар тарбияи мутахассисон ва муаррифии ихтисоси мазкур дар ҷомеаи соҳибистиқлол саҳми хешро гузоштаанд ва мегузоранд.

Устодони кафедраи таърихи фалсафа  ва фалсафаи иҷтимоӣ ба ҷуз аз фанҳои тахассусии ихтисоси фалсафа, ҳамзамон, аз фанҳои фарҳангшиносӣ ва этика ва эстетика ба таълиму тадрис машул ҳастанд. Ба тариқи ҳамкор устодони шинохта, аз қабили профессор С. Наврӯзов, академик М.Диноршоев, профессорон А. Муҳаммадхоҷаев, А. Шамолов, Зиёӣ Х.М., дотсентон К. Бекзода, Ш. Абдуллозода, Манучеҳри Деҳқон (Эрон), Н. Ковиш (Афғонистон) ва дигарон низ фаъолият менамуданд.

Устодони кафедра ба мақсади бо китобҳои дарсӣ, дастурҳову васоити таълимӣ ва барномаҳои фаннӣ таъмин намудани донишҷӯён пайваста азму талош мекунанд, чунки корҳои илмию методӣ як бахши муҳим ва таркибии фаъолияти таълимии ҳайати профессорону муаллимони кафедра ба ҳисоб мераванд. Аз рӯзҳои нахуст то ба имрӯз кафедра дар мавзӯъҳои муҳими арзишманди фалсафию ахлоқӣ, фарҳангию иҷтимоӣ ва динию зебоишиносӣ аз қабили «Фалсафа дар ҳаёти маънавии инсоният», «Таҳаввули динӣ-фалсафии фарҳанг», «Махсусияти ташаккулёбии арзишҳои маданӣ, ахлоқӣ ва зебошиносӣ дар Шарқ», «Таҳқиқи масоили мубрами фалсафӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ва нақши онҳо дар инкишофи ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон» корҳои илмию тадқиқотӣ мебарад. Самараи ин корҳо нашри чандин монографияҳои илмӣ, китобҳо, дастурҳои методӣ, барномаҳои таълимӣ ва мақолоти илмию оммавӣ аз тарафи устодони кафедра мебошанд.

Устодони кафедра ҳамасола дар конфронсҳои байналмиллаливу ҷумҳуриявӣ ва дохилидонишгоҳӣ бо маърӯзаву гузоришҳои илмӣ ҳамчунин дар садовву симо дар мазӯоти гуногуни фалсафӣ, ахлоқӣ ва худшиносию худогоҳӣ баромад менамоянд.   Айни замон дар назди кафедра донишҷӯён, магистрантон ва докторантони PhD ба иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ фаро гирифта шудаанд.

Ҳайати устодони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ

Амирхон Шоҳҳусайн Талбонӣ (26.01.1981с.т.) аз соли 2004 инҷониб дар факултети фалсафа кор мекунад. Солҳои 2004-2005 ассистенти кафедраи  фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2005-2010 ассистенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2010-2012 муаллими калони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафи иҷтимоӣ ва ҳамзамон муовини декан оид ба илми факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2012-2016 муаллими калон, дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ ва муовини декан оид ба таълими факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуданд.

Аз моҳи июни соли 2016 то ҳол мудири кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият менамояд.

   Соли 2011 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Таълимоти фалсафиву ахлоқӣ дар ирфони Аҳмади Ғазолӣ) дифоъ кардааст.

Муаллифи 1 монографияи илмӣ (Философско-этические воззрения в мистицизме Ахмада Газали); 1 китоби дарсӣ (Фарҳангшиносӣ – дар ҳаммуаллифӣ); 1 воситаи таълимӣ (Фалсафаи худшиносии миллӣ – дар ҳаммуаллифӣ) ва зиёда аз 25 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Муминов Аҳмад Исматович (20-уми апрели соли 1961с.т.) соли 1983 ДДОТ ба номи С. Айниро хатм намуда, ба кафедраи педагогика ва психологияи Филиали Донишгоҳи мазкур дар шаҳри Қуронтеппа ба ҳайси ассистенти кафедра ба кор шуруъ намуд. Аз моҳи майи соли 1985 то моҳи ноябри соли 1986 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Аз моҳи сентябри соли 1988 то моҳи августи соли 1990 дар вазифаи омӯзгори фанни таърих ва ҷомеашиносии мактаби миёнаи №8 ноҳияи Ҳамадонӣ фаъолият намуд. Аз соли 1990 то соли 1993 омӯзгори фанни фалсафаи кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ шуда, дар Филиали Донишгоҳи омӯзгории Душанбе дар шаҳри Қуронтеппа фаъолият намудааст. Солҳои 1993-1994 сардори Отряди ЯС 3/1 шуда хизмат намудааст. Солҳои 1995-1996  ходими хурди илмии Институти Фалсафа ва ҳуқуқи АИҶТ шуда фаъолият намудааст.

Аз сентябри соли 1996 то соли 2001 омӯзгори сикли ҳарбӣ-иқтисодии кафедраи фанҳои ҷамъиятии Коллеҷи олии ВМҶТ шуда ҳамчун афсар хизмат намудааст. Моҳи августи соли 2001 тосоли 2003 ба Донишгоҳи ҳарбии шаҳри Москва дохилшуда, баъди хатм дар кафедраи ҷамъиятии Донишкадаи ҳарбии ВМҶТ ба сифати муовини сардори кафедра хизмат намуд. Аз моҳи сентябри соли 2004 дар адюнктураи Донишгоҳи ҳарбии шаҳри Москва дохилшуда, 2 ноябри соли 2007 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Экстремизми динӣ ҳамчун таҳдид ба ҷомеаи муосир” ҳимоя намуд. Аз соли 2008 то соли 2014 ба сифати сардори кафедраи гуманитарӣ дар ДҲБМ хизмат намуд ва бо расидани синни ниҳоӣ бо рутбаи полковник ба нафақа баромад. Аз 5 майи соли 2014 то 7 феврали соли 2015 сармутахассиси раёсати илм ва иновтсияи Вазорати маориф ва илми ҶТ шуда фаъолият намудааст. Аз 7 феврали соли 2015 то 30 августи соли 2017 мудири кафедраи гуманитарии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомузии кадрҳои соҳаи маориф шуда фаъолият намудам. Аз моҳи сентябри соли 2017 дар кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа ва аз моҳи сентябри соли 2018 то ҳоло дар кафедраи таърихи фальсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ ба сифати дотсент фаъолият дорад.

Муминов А.И. 2 феврали соли 2018 рисолаи доктори илми фалсафаро дар мавзӯи “Экстремизми дини дар доираи тағйироти иҷтимоӣ” бомувафақият ҳимоя намуд. То имрӯз беш аз сад асару мақолаҳои илмию оммавӣ, монография ва воситаҳои таълимиро чоп намудааст. Аъзои Шӯроҳои диссертатсионӣ дар назди донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад.

Давлатов Пулодҷон Нуралиевич (26.09.1976с.т.) аз соли 2005 инҷониб дар факултети фалсафа кор мекунад. Солҳои 2005-2010 ассистенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2010-2016 ассистенти кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2016-2017 муаллими калони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафи иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2017 то 2019 дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ ва аз моҳи сентябри соли 2019 докторанти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуданд.

Аз соли 2009 то соли 2014 муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст.

Соли 2014 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Андешаҳои ахлоқии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ»  дифо кардааст. Муаллифи 1 монографияи илмӣ (Этические воззрения Мир Саида Али Хамадани); 1 китоби дарсӣ (Фарҳангшиносӣ – дар ҳаммуаллифӣ); 1 востаи таълимӣ (Фалсафаи худшиносии миллӣ – дар ҳаммуаллифӣ) ва зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Элназаров Мирзоҳусайн Бадалиевич (Мирзоҳусайни Бадалипур) (19.07.1963) аз соли 1996 то инҷониб дар факултети фалсафа кор ва фаъолият дорад.

       Солҳои 1998 -2004 муаллими калони кафедраи таърихи фалсафаи ДДТ, солҳои 2007-2010 муаллими калони кафедраи фалсафаи факултети фалсафаи ДДМТ, солҳои  2010-2017  муаллими калони кафедраи таърихи  фалсафа ва фалсафи иҷтимоии  факултети фалсафаи ДДМТ  ва аз моҳи ноябри соли 2017 ба сифати дотсенти кафедраи мазкур  фаъолият дорад. Дар ин муддат солҳои 2004-2007 ба ҳайси ҷониши ни декан оид ба тарбия низ дар факултети фалсафа кору фаъолият доштааст.

   Соли 2015 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Проблема жизнь и смерти в монотеистических религиях: филососко-религиоведческих анализ» (Масъалаи ҳаёту марг дар динҳои монотеистӣ: таҳлили фалсафӣ-динӣ) дифоъ кардааст.

            Муаллифи 4 монографияи илмӣ (Кашф-ул-асрор (Ҳаёт ва фаъолияти Шайх Абдурраҳими Давлат); Зиндагиномаи Эшони Абдураҳмонҷон ибни Порсохоҷа; Муқаддимаи қуръоншиносӣ; Ҷилои оинаҳо. Тариқати нақшбандия ва пешвоёни он дар замони мо); 1Эссеи фалсафӣ (Модарамро ёд кардам); 1 китоби дарсӣ (Фарҳангшиносӣ – дар ҳаммуаллифӣ); 1 воситаи таълимӣ (Фалсафаи худшиносии миллӣ – дар ҳаммуаллифӣ) ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ мебошад.      Бо Ифтихорномаҳои ДМТ (2009, 20150) мукофотонида шудааст. Аълочии маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Холова Алоҳида Амоновна (10.10.1966 с.т.) Фаъолияти педагогии худро  аз соли 1987 дар мактаби миёнаи №132-и н.Ҳисор оғоз намуда, солҳои 2004-2007 дар шуъбаи ғоибонаи аспирантураи ДДОТ таҳсил намуда, дар кафедраи забони тоҷикӣ ҳамчун ассистенти кафедра, баъдан муаллими калони кафедра то соли 2012 фаъолият намудааст. Солҳои 2012- 2015 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедра дар ДАТ фаъолият намуда, солҳои 2015-2018 ҳамчун мудири кафедраи ҷомеашиносииДТҶТ фаъолият доштааст.

Ҳоло бошад, аз соли 2018 инҷониб дар кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии  факултети фалсафаи ДМТ ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедра фаъолият дорад. 30-юми марти соли 2012 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Ваҳдати иҷтимоӣ ҳамчун омили инкишофи бонизоми ҷомеаи муосири тоҷикистонӣ» дифоъ намудааст. Муаллифи як монографияи илмӣ (Ташаккули ваҳдати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон); як китоби дарсӣ (Фалсафаи варзиш-дар ҳаммуаллифӣ);  як воситаи таълимӣ (Дастури таълимию методӣ барои иҷрои корҳои мустақилона аз фанни фалсафа барои низоми кредитии таҳсилот-дар ҳаммуаллифӣ) ва зиёда аз 20 мақолаи илмӣ мебошад.

Давлатёров Файзиддин Нуридинович (27.12.1974) аз соли 2000 инҷониб дар факултети фалсафаи ДМТ кор мекунад.  Солҳои 2001-2005 ассистенти кафедраи таърихи фалсафаи факултети фалсафаи ДДМТ, солҳои 2005-2008 ассистенти кафедраи фарҳангшиносии факултаи фалсафа ДМТ. Соли 2008-ум муаллими калони кафедраи фарҳангшиносӣ. Аз соли 2010 то ҳол муаллими калони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ фаъолият дорад. 

Соли 2018 рисолаи илмиашро зери унвони «Саҳми Мир Ғулом Муҳаммад Ғубор дар  омӯзиши  таърихи нав ва навтарини кишвари Афғонистон» ҳимоя намудааст. Муаллифи 2 китоби дарсӣ (Эстетика- дар ҳаммуаллифӣ; Фарҳангшиносӣ- дар ҳаммуаллифӣ) ва зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Амондуллоев Бегмурод Саломатуллоевич (05.06.1979) аз соли 2008 дар факултаи фалсафа кор мекунад. Соли 2009 унвонҷӯ-муҳаққиқ дар кафедраи фарҳангшиносии факултети фалсафаи ДМТ, солҳои 2010-2012 аспиранти рӯзонаи факултети фалсафаи ДМТ, солҳои 2012-2017 ассистенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ, аз соли 2017 то ҳол муаллими калони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ кор карда истодааст.          Соли 2016 Рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст. Муаллифи 1 китоби дарсӣ (Фарҳангшиносӣ – дар ҳаммуаллифӣ); 1 воситаи таълимӣ (Фалсафаи маорифпарварии Шарқи Наздик, Миёна ва Ҳинд(нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX)); 4 барномаи таълимӣ (Барномаи фанни фарҳангшиносӣ (барои ихтисосҳои факултети фалсафа), Барномаи фанни фалсафаи маорифпарварии Ғарб ва Шарқ, Барномаи фанни фарҳангшиносӣ (барои ихтисосҳои ғайрифалсафӣ), Барномаи фанни фалсафаи асримиёнагии Ғарб) ва зиёда аз 25 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Таҳминаи Турахон (08.01.1990 с.т.) аз соли 2017 инҷониб дар факултети фалсафа кор мекунад. Аз моҳи январи соли 2017 ба ҳайси ассистенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз нимсолаи аввали соли 2020 ба ҳайси муаллимаи  калони кафедраи мазкур фаъолият намуда истодааст.

   Соли 2018 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Инноватсия ҳамчун парадигмаи фалсафаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифо кардааст. Муаллифи 7 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Қиматшоев Шафақ Лутфишоевич 18-уми феврали соли 1988 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони ВМКБ таваллуд шудааст. Соли 2006 мактаби миёнаи №8-и деҳаи мазкурро хатм намуда, донишҷӯи ихтисоси фалсафаи факултаи фалсафаи ДМТ мегардад. Соли 2011факултаи фалсафаро бомуваффақият хатм намудааст.

Соли 2012 дар шӯъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба ҳайси ходими хурди илмӣ фаъолиятро оғоз намудааст.

Соли 2013 ба аспирантураи АИ ҶТ дохил шуда, онро соли 2016 хатм намудааст.

Соли 2016 дар кафедраи фаннҳои ҷомеашинсии коллеҷи Омӯзгории ДДОТ ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудааст. Аз соли 2017 дар кафедраи «Таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ» ба ҳайси ассистенти кафедра фаъолият мекунад. Муаллифи 1 китоби дарсӣ (Фарҳангшиносӣ- дар ҳаммуаллифӣ) ва зиёда аз 10 мақолаи илмию оммавӣ мебошад.

Нодирхонов Гулназар Гулбозхонович 20-ум ноябри  соли 1989 дар деҳаи Вранги  ноҳияи Ишкошими ВМКБ,  дар оилаи омӯзгор  ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №8-и ноҳияи номбурда соли 2008 ба факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, Донишгоҳро соли 2013 бомуваффақият хатм кардааст.  Баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси ассистент дар кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ ба фаъолият шурӯъ намуд. Аз соли 2014 инҷониб  ҳамчун унвонҷӯи кафедра  аз рӯи ихтисоси фалсафаи  иҷтимоӣ корҳои илмӣ- тадқиқотӣ пеш бурда истодааст. Муаллифи 1 китоби дарсӣ (Фарҳангшиносӣ – дар ҳаммуаллифӣ); 1 воситаи таълимӣ (Эстетика – дар ҳаммуаллифӣ) ва зиёда аз 10 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Абубакри Мирзоаҳмади Грезода (25.09.1992с.т). Аз соли 2019 дар факултети фалсафа кор мекунад.  Аз моҳи сентябри соли 2019 то ҳол ассисенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият менамояд. Муаллифи 4 мақолаи илмӣ мебошад.