Кафедраи сиёсатшиносӣ

Мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Абдулҳақов М.М.

Кафедра бо ташаббус ва кӯшишҳои собиқ ректори донишгоҳ академик Раҷабов С. А. бо фармони Вазири маорифи халқи РСС Тоҷикистон Р. Юсуфбеков аз 31 августи соли 1963 таҳти рақами 192 ташкил гардидааст. Тавассути фармони мазкур ҳайати аввалини он низ муқаррар шудааст: Раҷабов С.А. (мудири кафедра), Шарипов Я. (дотсенти кафедра), Гончарова О.П. (дотсенти кафедра), Ахунов И.Н. (муаллими калон), Азамқулов Х. ва Зайниев Н. омӯзгорони кафедра). 

Дар давоми 50  сол дар кафедра устодону кормандони зиёдеро фаъолият намудаанд. Дар давраҳои аввали устодон С.А.Раҷабов, О.П.Литвиненко, Ӯ.С.Собиров, С.Г.Каспаров, И.Охунов ва дигарон ба таълими илмҳои иҷтимоию сиёсӣ машғул гаштанд. Аввалин мудири кабинет И.Г.Дастурӣ буд.

Дар давраҳои гуногун дар кафедра устодони зиёде меҳнат кардаанд: Абдушукурова Татяна Рашидовна, Авезбаева Раиса Гадайбаевна, Охунов Ирид Исмоилович, Беляков Гелий Евгеневич, Валитов Комил Мирмуллоевич, Дастурӣ Исмоил Ғуломович, Зайченко Вадим Моисеевич, Каримов Туйғун Боҳирович, Каспаров Сергей Григоревич, Литвиненко Олга Петровна, Маликов Маҳмуд Ҳакимович, Матқулов Неъматулло Тошкентович, Одинаев Асрор, Расулов Қурбон Расулович, Раҷабов Солӣ Ашӯрович, Саидов Ҳомид, Сатторов Имомудддин, Собиров Қодир Собирович, Соҳибназаров Ҳақназар, Усова Алла Федоровна, Фалилеев Михаил Николаевич, Шарипов Бобо Шарипович, Шарипов Яҳьё Шарипович, Шоймардонов Ҳаким, Ҳасанова Шарафниссо Ҷаборовна, Ҷамолов Қаюм Насимҷонович, Аҳадов Ҷалил, Мирзоев Зокир Мирзоевич, Муминҷонов Ҳамдам Ҳомидович, Муҳаббатов Абдусалом, Ҷононов Сайдамир, Юсуфалиев Ҳамроалӣ Абдувалиевич, Шовкопляс Марина Алексеевна, Ашуралиев Муродалӣ Эмомалиевич, Шаъбонов Норалӣ Нормирзоевич, Амонова Сабоҳат, Асоев Алишер, Ҳакимова Маҳфуза ва ғайраҳо аз зумраи онҳо буданд. Ин гурӯҳи азими устодон, ки дар давраҳои гуногун дар  кафедра машғули фаъолияти илмию таълимӣ ва тарбиявӣ буданд, дар айни замон дар кафедраи сиёсатшиносии ДМТ фаъолият надоранд.

Зумрае  аз устодони собиқи кафедра фаъолияти пурсамари хешро дар риштаҳо ва макони гуногун, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷи он идома медиҳанд. Онҳо вазифаҳои масъулро ба дӯш доранд ва донишу маҳорати худро баҳри ободии сарзамини маҳбубашон дареғ намедоранд.

Кафедра дар муддати мавҷудияташ 3 маротиба тағйири ном  намудааст. Аз соли ташаккул (с.1963) то соли 1990  кафедра номи «коммунизми илмӣ» – ро дошт. Аз соли таҳсили 1991–92 дар мактабҳои олии Тоҷикистон таълими фанни сиёсатшиносӣ оғоз шуд, ки ДМТ пешоҳанги он гардид.

Мудирони кафедра

С.А.Раҷабов – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Лауреати Мукофоти Давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино буд. ( 1971).

Қ.С. Собиров – доктори илмҳои фалсафа, профессор (с.1971 то с. 1974).

Я.Ш. Шарипов – доктори илмҳои таърих, профессор (с.1974 то с. 1980)

Қ.Н. Ҷамолов –  номзади илмҳои таърих, дотсент (с. 1980 то с. 1997).

Г.Н. Зокиров – доктори илмҳои сиёсӣ, профессор (аз соли 1977 то с. 2017).

М.М. Абдулҳақов- номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент (аз соли 2017 то ҳоло)

Самтҳои асосии фаъолияти кафедра

Дар тамоми солҳои мавҷудият кормандони кафедра ба рушди корҳои таъмилӣ, илмию таҳқиқотӣ, методӣ ва тарбиявӣ диққати асосӣ медоданд. Устодон мекӯшиданд, ки дарсҳои лексионӣ ва машғулиятҳои амалиро дар сатҳи баланди илмию назариявӣ ва методӣ гузаронанд. Онҳо мунтазам дар пайи такмили донишҳои хеш буданд. Масъалаҳои такмили раванди таълим мунтазам дар маҷлисҳои кафедра, шӯрои методӣ муҳокима мегардиданд ва хулосаҳои зарурӣ бароварда мешуданд. Баҳри тақвияту такмили санъати омӯзгорӣ мунтазам дарсҳои кӯшод, таҷрибаивазнамоӣ, муҳокимаи матни лексияҳо, корҳои методӣ ва муҳокимаи маърӯзаҳо ба амали зарурӣ табдил ёфта буданд.

Дар баробари донишҳои назариявӣ устодон мекӯшанд, ки ба донишҷӯён дар бораи амалияи ҷамъиятӣ, раванду ҳодисаҳои ҳаёти сиёсии муосир, сабабҳо, оқибатҳо ва самтҳои инкишофи онҳо маълумот дода, тарзи таҳлил ва хулосабарорию пешбининамоии онҳоро омӯзонанд.

Дар фаъолияти кафедра таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, воситаҳои гуногуни таълимӣ, барномаҳо, нақшаҳои машғулиятҳои амалӣ, маводҳои ёрирасон барои донишҷӯён ва ғ. аҳамияти хоса доранд. Дар самти мазкур корҳои назаррас ба сомон расидаанд. Соли 1965 ва 1969 воситаи таълимии «Коммунизми илмӣ» таҳти назари Академик С.А. Раҷабов аз чоп баромад. Ӯ ду асари дигар –  «Коммунизми илмӣ – қисми таркибии марксизм – ленинизм» ва «Карл Маркс – асосгузори коммунизми илмӣ» – ро таълиф намуд. Соли 1977 таҳти назари профессор Қ.С.Собиров барои ёрӣ ба устодон маҷмӯаи «Масъалаҳои методикаи омӯзиши коммунизмӣ илмӣ» аз чоп баромад. Маҷмӯаи мазкур дар бораи корҳои мустақилона оид ба сарчашмаҳо, методикаи машғулиятҳои амалӣ, пайвасти назарияи коммунизмӣ илмӣ бо амалия, тавсияҳо ҳангоми тайёр намудани курси лексияҳо ва машғулиятҳои амалӣ маълумот дода, ба масъалаҳои мухталифи инкишофи ҷомеа рушанӣ меандохт.

Соли 1973 воситаҳои таълимию методии «Коммунизми илмӣ» ва солҳои 1978 ва 1980 «Тавсияҳои методӣ оид ба омӯзиши курси коммунизми илмӣ барои донишҷӯёни шабона ва ғоибона» – ро чоп намуданд. Борҳо барномаҳои таълимӣ ва нақшаи машғулияҳои амалӣ нашр гардидаанд.

Дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ бо тағйири сохти сиёсии ҷомеа раванди таълими ҷомеашиносӣ низ тағйир ёфт. Аҳли кафедра тавонист, ки мазмун ва моҳияти замонро амиқ дарк карда, аз пайи такмил ва таҳкими фаъолияти кафедра ва предмети сифатан нави таълимӣ дар бораи ҳаёти сиёсии ҷомеа – сиёсатшиносӣ гарданд. Илми сиёсӣ ба соҳаи мустақили илм ва предмети таълимӣ табдил ёфт. Дар раванди мазкур кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хизмати арзанда ва назаррас намудааст. Дар як муддати кӯтоҳ шаш нашри барномаи таълимӣ (ҳам бо забони тоҷикӣ ва ҳам бо забони русӣ) дастраси хонандагон гардид. Соли 1991 бо кӯшишҳои пайгиронаи мудири кафедра дотсент Ҷамолов Қ.Н.  реферати китоби А.Бондар «Асосҳои сиёсатшиносӣ»- ро нусхабардорӣ намудаанд.

Воситаи таълимии «Политология»-ро (бо таҳрири Қ.Н.Ҷамолов ва В.М.Зайченко) соли 1992 нашриёти «Сино» ба табъ расонид. Ин аввалин воситаи таълимии сиёсатшиносӣ дар кишвар буд.

Г.Н.Зокиров китоби дарсии «Сиёсатшиносӣ»-ро соли 1995 омодаи чоп гардонид. Китоби мазкур дар воқеъ воситаи асосию ягонаи омӯзиши донишҷӯёну устодон гашта, ба бисёр масъалаҳои ҳаёти сиёсии ҷомеаи муосир ҷавоб медод. Ҳангоми таълифи он таҷрибаи марказҳои сиёсатшиносии ИДМ ва кишварҳои Аврупои Ғарбӣ, махсусан Федератсияи Русия ва Полша ба инобат гирифта шудааст. Китоби мазкур солҳои 2003, 2010 дар таҳрири нав нашр гардид. Онро сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон соли 2013 бо алифбои форсӣ дарстраси хонандагон гардонид.

Зокиров Г.Н. соли 1993 рисолаеро ба номи «Илм дар бораи сиёсат» чоп намуд. Абдушукурова Т.Р., Зайченко В.М ва Зокиров Г.Н. Луғати мухтасари «сиёсатшиносӣ»-ро бо  забонҳои русӣ ва тоҷикӣ соли 1995 омода сохтанд. Зайченко В.М. ва Ковал Л.В. «Саволҳо ва ҷавобҳо оид ба сиёсатшиносӣ»-ро барои толибилмон пешкаш намуданд. Соли 2000 кормандони кафедра таҳри назари профессор Зокиров Г.Н. луғати «сиёсатшиносӣ» -ро дар таҳрири нав аз чоп бароварданд.

Дар инкишофи илмҳои сиёсӣ, таҳлил ва тадриси донишҳои назариявӣ ва амалии илмҳои сиёсии Тоҷикистон мақоми арзандаро луғати энсиклопедии «Донишномаи сиёсӣ» (мураттиб-муаллиф Зокиров Г.Н., 2007) касб намудааст.

Фаъолияти кафедра, бахусус баъди  ташкили шӯъбаи сиёсатшиносӣ (1998) ва омода намудани мутахассисони сиёсатшиносу маъмур рангин гардид. Дар муддати на чандон тӯлонӣ ба кормандони кафедра муяссар гардид, ки воситаҳои таълимии зиёдро таҳия намуда, ба ихтиёри донишҷӯён супоранд:  профессор Зокиров Г.Н рисолаҳои  Интихобот ва системаҳои интихоботӣ. Д., 2000; Истиқлолияти сиёсӣ. Д., 2001, 2006; Ҷомеаи шаҳрвандӣ., 2001; Раванди сиёсӣ. Д., 2001; Моҷарошиносӣ. Д., 2002, (китоби дарсӣ); Терроризм. Д., 2004; Коррупсия. Д., 2005; Идеологияи сиёсӣ. Д., 2008; Манфиатҳои миллӣ-омили меҳварии рушди давлатдорӣ. Д., 2008, (ҳаммуаллиф); Геополитика. Д., 2009, (китоби дарсӣ); Таърихи таълимоти сиёсӣ. Д., 2010 (китоби дарсӣ)-ро ба ихтиёри хонандагон гузошт. Ӯ дар ҳамкорӣ бо муаллифони дигар барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ китоби дарсии «Инсон ва ҷомеа»-ро таълиф намудааст, солҳои 2000 ва 2004 нашр гардидааст.

Зокиров Г.Н., Солиҳов Қ. ва Тауров Т. воситаи таълимии «Сиёсатшиносӣ дар нақшаҳо ва тасвирҳо» -ро соли 1999 аз чоп бароварданд. Солеҳов Қ. ва Тауров Т. «Сиёсатшиносӣ» (Курси мухтасари лексияҳо) – ро соли 2003 иншо намуданд.

Солҳои охир барномаҳои зиёди таълимӣ аз илмҳои сиёсӣ барои ихтисоси сиёсатшиносӣ таҳия гардидаанд. Соли 2005 қисми аввал ва соли 2006 қисми дуюми он зери таҳрири проф. Зокиров Г.Н. аз чоп баромад, ки зиёда аз 20 барномаи таълимиро дарбар мегирифт. Соли 2011 нашри дуюми барномаҳои намунавии таълимӣ барои ихтисоси сиёсатшиносӣ (21 барнома) ва соли 2013 барномаҳои намунавии таълими курсҳои махсус ва фанҳои интихобӣ барои ихтисосҳои илмҳои сиёсӣ (14 барнома) аз чоп баромад.

Дар кафедра аз оғози фаъолият то имрӯз ба корҳои илмию таҳқиқотӣ диққати махсус дода мешавад. Натиҷаҳои таҳқиқот дар 4 маҷмӯа: Некоторые вопросы теории научного коммунизма (Отв.ред С.А.Раҷабов) – Душанбе, 1971); Некоторые актуальные социально–политические проблемы современности (Отв. ред. Г.С.Беляков и К.С.Собиров) Душанбе. 1973; Некоторые проблемы научного коммунизма (Отв.ред Я.Ш.Шарипов В.М.Зайченко) – Душанбе, 1976; Теория и практика научного коммунизма (Под. ред. Я.Ш.Шарипов) – Душанбе, 1978 гирд омадаанд.

 Я.Ш.Шарипов асарҳои хешро ба таҳқиқи равади ташаккули отряди миллии синфи коргари ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна бахшидааст.  Ӯ масъалаҳои мухталифи ҷомеаи сотсиалистӣ, такмили таркиби иҷтимоӣ, ташаккули якхелагии иҷтимоии ҷомеаи сотсиалистиро мавриди омӯзиш қарор додааст.

Академик С.А.Раҷабов диққатро ба масъалаҳои давлатдории миллӣ ҷалб намуда, сиёсати миллию лениниро дар маркази диққат қарор додааст. Масъалаи тақсимоти ҳудудии Осиёи Миёна, нақши В.И.Ленин дар ташаккули СССР, инкишофи ҷаҳишмонанди сиёсӣ ва мадании Тоҷикистон ва ғ. мавриди омӯзиш буданд.

Проф. Қ.С.Собиров фаъолияти илмию тадқиқотии хешро ба масъалаи муттаҳидгардии миллату халқиятҳои СССР бахшидааст. Асарҳои ӯ мақоми хешро дар инкишофи назарияи миллат ва муносибатҳои миллӣ дар Тоҷикистон пайдо намуданд. Андешаҳояш, махсусан дар бораи ҳолат ва пешомади муносибатҳои миллӣ диққатҷалбкунанда буданд. Ӯ инчунин дар бораи пайдоиши муносибатҳои капиталистӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ибрози ақида намуда, «миллат»-ро ба таври хоса маънидод намудааст. Асарҳои асосии Қ.С.Собиров «Ташаккул ва инкишофи миллатҳои сотсиалистии Шарқи Советӣ» ва «Миллати сотсиалистии тоҷик-зодаи октябр» ном гирифтаанд.

Дар бораи масъалаҳои мухталифи муносибатҳои миллӣ Қ.Н. Ҷамолов, Р.Г.Авезбоева ва В.М.Зайченко низ таҳқиқот мебурданд. Соли 1975 В.М.Зайченко дар мавзӯи «Масъалаҳои иҷтимоию психологии назарияи миллат» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Дар таҳқиқоти Қ.Н.Ҷамолов дӯстии халқи тоҷик бо халқҳои дигари кишвар, аҳамияти мероси назариявии ленинӣ, нақши дӯстии халқҳо чун қувваи муттаҳарики ҷомеа, ҳамчун омили инкишофи ҳамаҷониба ва баҳамназдикшавии миллату халқиятҳои сотсиалистӣ мақоми хоса пайдо намудаанд.

Масъалаҳои тарбияи интернатсионалии ҷавонони донишҷӯ бошад асоси фаъолияти илмию таҳқиқотии Ш.Ҷ.Ҳасановаро ташкил медоданд. Ӯ солҳои охир рӯ ба сотсиологияи амалӣ оварда, лабораторияи сотсиологии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро, ки аҳамияти умумииттифоқӣ дошт, сарварӣ менамуд.

Дастурӣ И.Г., Каримов Т.Б., Солиҳов Қ. ва Валитов К.М. ба омӯзиши масъалаҳои инқилоби озодихоҳии миллӣ машғул гаштаанд. Шоймардонов Х. масъалаҳо ва роҳҳои гузариш ба сотсиализм дар шароити инкишофи ғайрикапиталистиро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Ӯ рисолае бо номи «Шаклҳо ва роҳҳои гузариш ба социализм» (1975) ба дасти хонандагон расонид. О.П. Литвиненко рисолаҳоро таҳти унвони «Диалектикаи инкишоф» ва «Ташаккули давлати советии сотсиалистӣ» аз чоп баровард. Ҷононов С. рисолаи «Хосиятҳои умумӣ ва махсус дар ташаккул ва инкишофи муносибатҳои миллии социалистӣ»-ро омода гардонид. Абдушукурова Т.Р. ба пажӯҳиши масъалаҳои мухталифи маданияти сиёсии ҷомеа, низоми ҳизбӣ ва бисёрҳизбӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ машғул гардид. 

Мавзӯи асосии таҳқиқоти Г.Н. Зокировро масъалаҳои ҳокимияти сиёсӣ, инкишофи назария ва амалияи давлат, масъалаҳои сиёсии муҳоҷирати аҳолӣ, инкишофи муносибатҳои умумиятҳои миллию этнополитикӣ, сохтор ва муносибатҳои давлатдорӣ, масъалаҳои ҷомеаи демократӣ, ваҳдат, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, масъалаҳои сиёсии инкишофи олами муосир, бахусус таҳдидҳо ва дарёфти роҳу воситаҳои ҳалли онҳо ташкил медиҳанд. Ӯ рисолаҳои «Масъалаҳои миллию сиёсии муҳоҷирати аҳолӣ дар Тоҷикистон» (1995); «Ҳунари роҳбарӣ ва суннатҳои давлатдорӣ» (бо ҳаммуаллифӣ) (1994); «Демократия ва ҷомеаи демократӣ» (1995); «Бозсозӣ ва масъалаҳои сиёсии инкишофи муносибатҳои миллӣ» (1991); «Терроризм» (2004); «Коррупсия» (2005); «Истиқлолияти сиёсӣ» (2007); Системаи сиёсӣ: масъалаҳои рӯз ва дурнамои инкишоф. (2011); Давлат. Қисми I. (2012); Ҳокимияти сиёсӣ: тавоноӣ, тақсимот ва самаранокии он (2013) ва ғ. нашр гардонидааст.  

Дар кафедраи сиёсатшиносӣ ба масъалаи баргузор намудани ҳамоишҳо ва конференсияҳои илмӣ диққати махсус дода мешавад. Солҳои охир дар заминаи кафедра конференсияҳои ҷумҳуриявӣ: Мақоми Тоҷикистон дар сиёсати ҷаҳонӣ. 14-15 сентябри соли 2005; Тоҷикистон: масъалаҳои сиёсӣ ва пешомади рушди онҳо. 17-18-уми октябри соли 2007; Истиқлолияти сиёсӣ: масъалаҳо, зиддиятҳо ва ҳалли онҳо. 20-21 майи соли 2011; Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои муҳимтарини инкишофи сиёсии кишвар. 25 октябри соли 2012 барпо гардидаанд.

Ба масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмию омӯзгорӣ диққати зарурӣ дода мешавад. Даҳҳо нафар аспирантураро хатм намуда, соҳиби унвонҳои илмӣ гаштанд. Устодони зерин рисолаҳои номзадиро дар кафедра омода намуданд ва ё тавассути он ба Шӯрои ҳимояи рисолаҳои илмӣ баромадаанд: Абдушукурова Т.Р., Бозрикова Т., Зайченко В.М., Зокиров Г.Н., Каримов Х., Матқулов Н., Мирзоев З.М., Назаршоева Н., Одинаев А, Одинаев Абдусаттор, Равшанова Д., Решетников В., Саидов Н., Саидов Х., Сатторов И., Солиҳов Қ., Соҳибназаров Х., Турсунов Х., Шарипов Б.Ш., Шоймардонов Х., Ҷононов С. ва ғ.

Дар солҳои охир як зумра аспирантон ва унвонҷӯёни кафедра рисолаҳои илмиро анҷом дода, онҳоро бомуваффақият дифоъ намудаанд. Абдулҳақов М.М., Асоев А., Шарипов Ҷ., Раҷабов И.Ш., Раҷабов Б.Т., Ҳомидов Ҷ.Т., Ҳаким Абдуллои Раҳнамо, Холов Х.Қ., Исроилов И.Н., Нуруллоев И., Исоев У.  шаҳрвандони хориҷӣ Мукрӣ, Нуриён Абдулҳасан, Сафоверди Таг Сусан Аббас, Шабобӣ Меҳршод, Фардин Боғирӣ, Ҷалоли Файзулло, Масуъд Терешвол аз зумраи онҳоянд.

Барои тайёр намудани докторҳои илм низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Бевосита дар кафедра ба сифати ходими калони илмӣ шуғл варзида, устодон Шарипов Я.Ш., Собиров Қ.С. ва Зокиров Г.Н.  рисолаҳои докториро тайёр намуда, ба дифоаш расиданд.

Дар кафедраи сиёсатшиносӣ ба фаъолияти илмию таҳқиқотии донишҷӯён диққати махсус дода мешавад. Маҳфили илмии донишҷӯён яке аз марказҳои асосии изҳори андешаҳо ва озодбаёнӣ ба шумор меравад. Дар корҳои илмию таҳқиқотӣ донишҷӯён низ фаъолона иштирок менамоянд. Дар кафедра ду маҳфил фаъолият дорад. Яке маҳфили инфиродӣ буда, бо номи «Шабафрӯз» амал менамуд ва ба он проф. Зокиров Г.Н. роҳбарӣ менамуданд. Он муаллимони ҷавон, аспирантон ва донишҷӯёнро фаро мегирафт. Маҳфили мазкур аз моҳи сентябри соли 2012 то соли 2018 фаъолият намудааст. Маҳфил фаъолона амал намуда, маводҳои таҳлилӣ ва омӯзиширо мавриди чоп қарор медод.

Маҳфили дигар бо номи «Сиёсат» фаъолият дорад, ки донишҷӯёни ихтисоси сиёсатшиносӣ ва ихтисосҳои дигарро фаро мегирад. Ҳар соле 12 -15 маҷлиси маҳфил гузаронида мешавад, ки дар ҳар кадом 2-3 маърӯза ва гузоришҳои илмии донишҷӯён мавриди муҳокима қарор мегиранд. Донишҷӯёни дигар низ ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ҷалб мешаванд. Ҳар сол 300-340 маърӯза ва то 800 реферати донишҷӯён муҳокима мешавад. Солҳои зиёде донишҷӯёни ДМТ иштирокчии фаъоли конференсияҳои илмию назариявӣ дар шаҳрҳои Москва, Тошканд, Алма – Ато буданд. Дар озмунҳои Умимииттифоқӣ фаъолона иштирок менамуданд. Мукофотҳои гуногуне, ки донишҷӯён аз ин конференсияҳо соҳибӣ намудаанд, аз сатҳи баланди маърӯзаю ахбороти онҳо дарак медиҳанд. Донишҷӯён инчунин дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз фанни сиёсатшиносӣ иштирок намуда, эътибори донишгоҳро дар сатҳи баланд нигоҳ медоранд. Донишҷӯён Ҳакимова Маҳфуза, Холиқов Бахтиёр, Турдиназаров Абдумумин, Муҳаммадҷони Искандар, Саидова Фазилатмоҳ, Ашуров Алиназар (ихтисоси сиёсатшиносӣ), Мавлонназаров Одилбек ва Қаҳҳоров Давлаталӣ (ихтисоси ҳуқуқшиносӣ) ғолибони даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни сиёсатшиносӣ мебошанд. 

Робитаҳои кафедра

Солҳои пешин амали ҷолибе мавҷуд буд, ки устодон савияи дониш ва сатҳи касбиятро дар марказҳои калони илмию таълимии мамлакат, аз ҷумла дар шаҳрҳои Москва, Ленинград, Киев, Алма – Ато ва Минск баланд мебардоштанд. Муассисаҳои такмили ихтисос мактаби хубе буданд. Устодон аз комёбиҳои охирини илм ва раванди таълим огоҳ гашта, таҷрибаи якдигарро омӯхта, мавриди истифода қарор медоданд. Робитаҳо дар сатҳи гуногун ва ба нафъи тарафайн пайдо гашта, инкишоф меёфтанд. Устодон оламу одам дида, аз чорчӯбаи ақлонӣ ва касбияти хеш берун мегаштанд. Оламро мешинохтанд ва худро муаррифӣ мекарданд.

Дар фаъолияти кафедра ҳамкорӣ ва пайвастагиҳо бо муассисаҳои гуногуни илмию таълимӣ ва тарғиботию иттилоотӣ мақоми сазовор дорад. Махсусан, ҳамкорӣ бо ҳамаи кафедраҳои ҳамтои мактабҳои олии кишвар барҷаста зоҳир мегарданд. Таҷрибаивазнамоӣ, машваратҳои илмию таълимӣ,  гузаронидани семинару конференсияҳои илмию амалӣ, ёрии беғаразона ҳангоми таълифи воситаҳои таълим, барномаю нақшаҳои машғулиятҳои амалӣ, алоқаҳои шахсии устодону муҳаққиқон бо ҷумлаи пайвастагиҳои ногусастании ҷомеашиносон марбутанд. Ҳамкориҳои кафедраи сиёсатшиносии ДМТ чӣ дар гузашта ва чӣ дар рӯзҳои мо, махсусан, бо кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ, бо кафедраи фалсафаю сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи А.И.Сино, бо кафедараи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон, бо кафедраи таърих ва сиёсатшиносии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва бо Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва ба таври муттасил зоҳир мегардад. Алоқаҳо бо марказҳои дигари илмию таълимӣ низ доимо дар инкишофанд. Махсусан, ҳамкорию пайвастагиҳо бо Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов аҳамияти муҳимро касб менамояд. Чӣ  дар гузашта ва чӣ дар давраи ҳозира саҳми ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои ДМТ назаррас аст. Устодоне, ки аз ин мактаби бузург таълим гирифтаанд, кам нестанд. Дар давраи шӯравӣ қариб ҳамаи устодон дар Институти такмили ихтисоси донишгоҳи мазкур касбияти хешро такмил доданд. Зумрае аз онҳо; Зокиров Г., Одинаев А., Одинаев Абдусаттор, Сатторов И., Матқулов Н. дар ДДМ ба номи М.В.Ломоносов рисолаҳои илмӣ дифоъ намудаанд.

Ҳайати устоди кафедраи сиёсатшиосӣ

Абдулҳақов Музаффар Мирзоевич 15-уми майи соли 1971 дар деҳаи Қирғизони-Болои ноҳияи Ваҳдат, дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст. Солҳои 1978-1988 мактаби миёнаи №7 ба номи П.И.Чайковскиро дар ҳамон ҷо хатм намудааст. Соли 1989 ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват шуда, то соли 1991 дар сарҳади Иттифоқи Шӯравӣ ҳамчун сарҳадчӣ адои хизмат намудааст. Соли 1992 ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1997 бо ихтисоси муаррих, муаллими таърих ба итмом расонид. Ҳамзамон соли 1996 ба сифати таҷрибаомӯз дар мактаби миёнаи №139 ба номи А.И. Сино аз фанни таърих ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул буд. Соли 1997 ба вазифаи ассистенти кафедраи сиёсатшиносии ДДМТ ба кор қабул гардид. Солҳои 1998-2002 ҳамчун аспиранти шуъбаи ғоибонаи ҳамин донишгоҳ фаъолияти илмӣ намуд. Баъдан, рисолаи номзадиро 7-уми октябри соли 2006 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамчун омили асосии давлатдорӣ» таҳти роҳбарии доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Зокиров Г.Н. омода ва дифоъ намуд. Аз соли 2008 то соли 2017 таҳти фармон аз 03.03.2008с. №40-6. ба сифати дотсенти кафедра фаъолият намудааст. Аз  27 апрели соли 2017 то имрӯз дар вазифаи мудири кафедраи сиёсатшиносии факултети фалсафаи ДМТ кор мекунад. Зиёда аз 20 соли фаъолияти самараноки илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методиро анҷом  медиҳад. Дар давоми фаъолияти корӣ зиёда аз 40 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 1 монография (бо ҳаммуалифӣ) ва зиёда аз 15 воситаҳо ва барномаҳои таълимиро нашр гардонидааст.

Зокиров Гулмаҳмад Нозимович  14 ноябри соли 1959 дар ноҳияи  Ленин, ҷамоати Роҳатӣ, деҳаи  Навобод таваллуд шудааст.  Дар мактаби  рақами 93, ба номи Свердлови ноҳияи  Ленин таҳсил намудааст.  Солҳои 1974-78 дар омӯзишгоҳи педагогии Ғарм таҳсил намуда бо дипломи аълочӣ хатм намудааст.  Соли 1978 ба Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ба факултети таърих дохил гардида онро соли 1983 бо дипломи  аълочӣ хатм намуда, соҳиби ихтисоси муаррих, муаллими таърих ва ҷомеашиносӣ гардидааст. Дар солҳои 1983-84 ба ҳайси  ассистенти кафедраи коммунизми илмии УДТ ба номи В.И. Ленин фаъолияти меҳнатии худро оғоз намудааст.   Солҳои 1984-87 дар шӯъбаи  аспирантураи УДТ ба номи В.И. Ленин таҳсил намудааст.  Солҳои 1987-1990 ассистент ва солҳои1990-1993 ба ҳайсии дотсенти УДТ  ба номи В.И. Ленин фаъолият мекунад. Соли 1997 мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДМТ интихоб гардид. Тавассути озмун  солҳои 2004 ва 2010 аз нав мудири кафедраи сиёсатшиносӣ интихоб гардидааст.  Аз соли 2016 профессори кафедраи сиёсатшиносии ДДМТ ба ҳисоб меравад.

Соли 1988 дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Зудҳаракатии муҳоҷирати аҳолӣ ҳамчун омили баҳамназдикшавии миллату халқиятҳо»  ва соли 1988 рисолаи докториро дар мавзӯи «Равандҳои муҳоҷиратӣ ва муносибатҳои миллӣ: масъалаҳои баҳамтаъсиррасонӣ ва махсусияти инкишоф (хосиятҳои назариявӣ ва амалию сиёсӣ)» дар Шӯрои номбурдашуда ҳимоя намудааст. Муаллифи зиёда аз 360 корҳои илмӣ, илмию оммавӣ ва таълимӣ, аз ҷумла 17 рисолаи илмӣ, 14 китоби дарсӣ, зиёда аз 100 мақолаи илмӣ, 50 воситаҳо ва барномаҳои таълимӣ мебошад. Зери роҳбарии ӯ 1 нафар рисолаи докторӣ ва 24 нафар рисолаи номзадӣ аз ихтисосҳои илмҳои сиёсӣ дифоъ намудаанд. Муҳаррири масъули 35 рисолаи илмӣ ва мавод ҳои таълимӣ мебошад. Ташаббускор ва яке аз асосгузорони ихтисосҳои илмҳои сиёсӣ (1998) ва факултети фалсафаи ДМТ (2003) мебошад.

СОЛЕҲОВ ҚУРБОНБЕК 1-уми июли соли 1940  дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Солҳои 1962-1967 донишҷӯи факултети таъриху филологияи ДДТ буда, онро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст.

Аз соли 1967 то соли 1970 ба ҳайси мудири кабинети кафедраи коммунизми илмии ДДТ кор кардааст. Солҳои 1970-1980 муаллими кафедраи мазкур будааст. Дар ин миён (1970-1973) дар Афғонистон ҳамчун тарҷумон фаъолият намудааст. Аз соли 1981 то ҳол ба сифати дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДМТ кор карда истодааст. Соли 1984 номзади илми фалсафа гардидааст.          Номбурда дар ҳаммуаллифӣ бо Г.Н. Зокиров ва Т. Тауров китоби “Сиёсатшиносӣ дар нақшаҳо ва тасвирҳо”-ро соли 1999 аз чоп бароварданд. Китоби дарсии “Сиёсатшиносӣ (Курси мухтасари лексияҳо)”-ро бо ҳаммуаллифии Т. Тауров соли 2003 ба табъ расонидааст. Маҷмӯан, ӯ муаллифи беш аз 20 маводи илмию таълимӣ мебошад.

Тауров Туғон 10 –уми апрели соли 1943 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1961 мактаби миёнаро хатм намудааст.Соли 1961 ба ба факултети таъриху филологияи шуъбаи таърихи Университети Давлатии Тоҷикистон дохил гардида, соли 1966 онро бо ихтисоси муаллими таърих ва конститутсия хатм намудааст. Аз соли 1966 то соли 1968 дар взифаи ходими калони шуъбаи метолдӣ ва ташкилии Управленияи Архивҳои назди Шурои Вазирони РСС Тоҷикистон кор кардааст.

Дар солҳои 1968-1973 ҳамчун    муаллими таърих ва иқтисоди сиёсии институти тибии ш.Душанбе ифои вазифа намудааст. Аз соли 1973 то соли 1976 аспиранти кафедраи таърихи КПСС Унмверситети Давлатии Тоҷикистон будааст. Аз соли 1976 то соли 1979 ба сифати ассистенти кафедраи таърихи КПСС факултетҳои гуманитрӣ фаъолият намудааст.  Аз соли 1979 то кунун дотсенти  кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Номзади илмҳои таърих, муаллифи зиёда аз 50 кори илмӣ маҳсуб мешавад.

Муродова Нигина Сулаймоновна 27 январи соли 1971 дар оилаи хизматчӣ дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Солҳои 1978-1988 дар мактаби миёнаи № 15 ба номи А. Фирдавсии шаҳри Панҷакент таҳсил намудааст. Соли 1988 ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил гардида соли 1993 онро бо ихтисоси таърихчӣ хатм кардааст.

        Фаъолияти меҳнатии Муродова Н.С. соли 1993 дар мактаби миёнаи №1-и шаҳри Панҷакент ба ҳайси омӯзгори фанҳои ҷамъиятӣ оғоз шудааст. Солҳои 1994-2001 ба сифати ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Донишгоҳи озоди Тоҷикистон  дар шаҳри Панҷакент фаъолият намудааст. Солҳои 1998-2002 дар шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев дар ихтисоси сиёсатшиносӣ таҳсил намудааст.  Солҳои 2001-2005 ба сифати омӯзгори фанҳои ҷамъиятӣ дар гимназияи №53 ба номи М.Маҳмудоваи шаҳри Душанбе кор кардааст. Соли 2003 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Равандҳои сиёсии даврони гузариш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дифоъ намуда, дараҷаи номзади илмҳои сиёсиро соҳиб гардидааст. Соли 2006 ба вазифаи роҳбари шӯъбаи муносибатҳои байналхалқии ДДЗТ ба номи С. Улуғзода таъин гардидааст.  Аз соли 2007 то соли 2012 вазифаи мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДДЗТ ба номи С. Улуғзода дар дӯш доштааст. Соли 2009 чун дорандаи  унвони дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ эътироф шудааст.  Солҳои 2015-2018 доктаранти ихтисоси сиёсатшиносии доктарантураи ДМТ ба ҳисоб меравад. Аз соли 2012 то айни ҳол вазифаи дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДМТ-ро дар уҳда дорад. Муаллифи 6 монография, зиёда аз 60 мақолаву дастурҳои таълимиву методӣ мебошад.

       Муродова Н.С. дорандаи ифтихорномаи шӯъбаҳои маорифи шаҳри Панҷакент ва Душанбе, Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2005  мебошад.          Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

РАҶАБОВ ИМОМИДДИН ШИРИНОВИЧ 24-уми августи соли 1977 дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Таҳсили мактаби миёнаро соли 1994 ба итмом расонида, худи ҳамон сол ба шуъбаи арабии факултети шарқшиносии ДДМТ дохил шуда, онро соли 2000-ум бомуваффақият хатм намудааст.

Аз соли 1994 то соли 2000-ум донишҷӯйи Донишгоҳи давлвтии миллии Тоҷикистон буд.

Аз соли 2001 то соли 2005 дар кафедраи сиёсатшиносии ДДМТ ба ҳайси ассистенти кафедра фаъолият бурдааст.

Аз соли 2005 то соли 2014 ба сифати муаллими калони кафедраи мазкур ифои вазифа намудааст.

Соли 2010 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Мақом ва нақши аксарият ва ақаллияти миллӣ дар сохтори давлатии Тоҷикистони муосир» бомуваффақият ҳимоя кардааст.

Аз соли 2014 то ҳол ҳамчун дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ баромад карда, ба таълим ва тарбияи донишҷӯён, инчунин фаъолияти илмию тадқиқотӣ машғул аст.

Соли 2019 ба «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

И. Ш. Раҷабов муаллифи воситаи таълимии «Риторика ва баҳси сиёсӣ», монографияи илмии «Место и роль нацбольшинства и нацменьшинства в государственном устройстве современного Таджикистана», дастури таълимӣ-методии «Идоракунии зиддибуҳронӣ (ҷиҳатҳои сиёсӣ)» ва беш аз 30 мақола ва тезисҳои илмӣ мебошад.     

Холов Хуршед Қодирқулович 29-уми феврали соли 1980 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1998 мактаби миёнаро хатм намуда, худи ҳамон сол ба шӯъбаи сиёсатшиносии факултети таърихи ДДМТ дохил шуда, соли 2003-ум онро бо «дипломи аъло»  хатм намудааст. Солҳои 2003-2005 ба сифати сардори шӯъбаи банақшагирии корҳои илмии қисми илмӣ-таҳқиқотии ДДМТ, аз соли 2005 то соли 2008 ҳамчун котиби илмии қисми илмӣ таҳқиқотии ДДМТ, аз соли 2008 то соли 2013 дар вазифаи мудири шӯъбаи корҳои тарбияи ДМТ, аз соли 2013 то соли 2017 дар вазифаи муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии ДМТ кор ва фаъолият намудааст. Аз соли 2017 то ҳол дар вазифаи дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДМТ фаъолият менамояд. Соли 2012 дар мавзӯи «Хусусиятҳои хоси амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳдид ва хатарҳои навини олам» рисолаи номзадии худро бомуваффақият дифоъ намудааст. Доир ба мавзӯи тадқиқотии худ дар якчанд конфренсия ва семенарҳои илмӣ бо маърӯзаҳо баромад намуда, фишӯрдаи маърӯзаҳояш дар маводи конференсияҳо чоп гардидаанд. Алъон номбурда  соҳиби 37 маводи илмӣ-методӣ, аз ҷумла 1 монография, 6 дастури методӣ ва 30 мақолаи илмӣ мебошад.

РАҶАБОВ Бахтиёр Табибович   22 феврали соли 1973 дар  оилаи коргар дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Соли 1980 дар мактаби миёнаи ноҳия таҳсил намуда соли 1990 онро хатм кардааст. Соли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба факултети таърих ба ихтисоси фалсафа дохил шуда  онро соли 1997 хатм намудааст. Солҳои 1998-2000 ба ҳайси ассистенти кафедри сиёсатшиносии ДДТ фаъолият намудааст.  Аз соли 2000 то 2004 аспиранти шӯъбаи ғоибона, ихтисоси сиёсатшиносии ДДМТ ба шумор меравад. Солҳои 2008 то 2015  дар вазифаи муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии ДМТ кор кардааст. Соли 2015 то ҳоло ба сифати дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДМТ фаъолияти омӯзгории хешро идома дода истодааст. РАҶАБОВ Бахтиёр Табибович   соли 2012 дар мавзӯи «Миллатгароӣ: моҳият ва хусусиятҳои зоҳиршавӣ» рисолаи номзадии худро бомуваффақият дифоъ намудааст. Номбурда  соҳиби 30 маводи илмӣ-методӣ, аз ҷумла 1 монография, 3 дастури методӣ ва 26 мақолаи илмӣ мебошад.

Фаъолияти меҳнатии Раҷабов Бахтиёр Табибович аз ҷониби маъмурияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Ифтихорнома»-ҳо қадршиносӣ гардидааст. Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

Исаев Умедҷон Убайдуллоевич 22 сентябри соли 1986 дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2004 мактаби миёнаро хатм намуда худи ҳамон сол ба шӯъбаи сиёсатшиносии факултети фалсафаи ДДМТ дохил шуда, соли 2009-ум онро хатм намудааст. Аз солҳои 2009 то 2013 аспиранти шӯъбаи рӯзонаи, кафедраи сиёсатшиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шумор меравад. Солҳои 2013-2017 ба ҳайси ассистенти кафедри сиёсатшиносии ДМТ фаъолият намудааст.  Аз соли 2017 то 2020  дар вазифаи муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии ДМТ кор кардааст. Аз мохи майи соли 2020 то ҳоло ба сифати дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДМТ фаъолияти омӯзгории хешро идома дода истодааст.

Исаев Умедҷон Убайдуллоевич соли 2014 дар мавзӯи «Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва тағйиротҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадии худро бомуваффақият дифоъ намудааст. Номбурда  соҳиби 30 маводи илмӣ-методӣ, аз ҷумла 1 монография, 3 дастури методӣ ва 26 мақолаи илмӣ мебошад.

Фаъолияти меҳнатии Исаев Умедҷон Убайдуллоевич  аз ҷониби маъмурияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Диплом»-у «Ифтихорнома»-ҳо қадршиносӣ гардидааст. Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Турдиназаров Абдулмумин Саидович 25-уми июни соли 1985 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 2002 мактаби миёнаро хатм намуда, худи ҳамон сол ба шӯъбаи сиёсатшиносии факултети фалсафаи ДДМТ дохил шуда, соли 2007-ум онро хатм намудааст. Аз соли 2008-ум то соли 2009-ум дар мактаи миёна ба сифати муаллим илмҳои ҷомеашиносӣ кору фаъолият намудааст. Аз соли 2009 то 2020 ассистент кафедраи сиёсатшиносии ДМТ кор кардааст.  Аз моҳи майи соли 2020-ум ба ҳайси муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кору фаъолият менамояд. Турдиназаров А.С. муаллифи зиёда аз 25 маводҳои илмӣ аз ҷумла, 3 барнома ва 22 мақолаи илмӣ мебошад. Оиладор соҳиби чор фарзанд.

Раҳимов Дилшод Қурбоналиевич 15-уми майи соли 1989 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 2007 мактаби миёнаро хатм намуда, соли 2008 ба шӯъбаи сиёсатшиносии факултети фалсафаи ДДМТ дохил шуда, соли 2013-ум онро хатм намудааст.

 Аз соли 2013 то ҳол ба ҳайси ассистенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳамзамон муовини декани факултети фалсафаи ДМТ оид ба корҳои тарбиявӣ кору фаъолият менамояд. Раҳимов Д. Қ. муаллифи зиёда аз 25 маводҳои илмӣ мебошад. Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Назриев Карим Қурбомадович 8-уми январи соли 1990 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 2008 мактаби миёнаро хатм намуда, худи ҳамон сол ба ба шуъбаи сиёсатшиносии факултети фалсафаи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2013-ум бо ихтисоси сиёсатшинос-маъмур онро хатм намудааст.

         Аз декабри сои 2013 то декабри соли 2014 ба сифати муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор оғоз намуд. Аз моҳи декабри соли 2014–ум то ҳол дар вазифаи ассистенти кафедраи сиёсатшиносии ДМТ кору фаъолият карда истодааст. К.Қ. Назриев муаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Оиладор соҳиби як фарзанд.

Умаров Алишер Абдуҳаётович 15-уми январи соли 1981 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1998 мактаби миёнаро хатм намудааст. Соли 2005-ум ба шӯъбаи сиёсатшиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2010-ум онро хатм намудааст. Аз соли 2012 то соли 2015-ум ба сифати аспиранти кафедраи сиёсатшиносии ДМТ ва соли 2015-ум то ҳол ба ҳайси ассистенти кафедраи сиёсатшиносии ДМТ кору фаъолият мекунад. А.А. Умаров муаллифи зиёда аз 30 мақолаи илмӣ мебошад. Оиладор соҳиби ду фарзанд.

Асламзода Некрӯз 30 – юми декабри соли 1991 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 2009 мактаби миёнаро хатм намуда, соли 2010 ба шуъбаи сиёсатшиносии факултаи фалсафаи ДМТ дохил шудааст. Соли 2015 шуъбаи номбурдаро бо ихтисоси сиёсат ва идоракунии давлатӣ хатм намудааст.

Аз моҳи сентябри соли 2015 инҷониб дар кафедраи сиёсатшиносии факултети фалсафаи ДМТ ба ҳайси ассистенти кафедра кору фаъолият менамояд. Асламзода Н. муаллифи зиёда аз 10  мақолаҳои илмӣ ва тезисҳо мебошад.