МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ ТАВАССУТИ НИҲОДҲОИ ТАЪЛИМӢ

193

Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун василаи расидан ба ҳадафҳои муайян истифода мешаванд, ки воқеияти имрӯза онро нишон медиҳад. Терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир хусусияти миллӣ ва байналмиллалиро касб намудааст. Ин падидаи замони муосири мо хатари тағйирёбии меъёрҳои муқарраршудаи муносибатҳои байналмилалӣ, ​​таҳдиди ҷомеа ва шахсиятро дорад. Имрӯзҳо дар ҳар як давлат низоми муайянеро барои муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм ба вуҷуд овардааст ва он амал мекунад. Пешгири намудани паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ ва терроризм барои ҳар як давлат сиёсати афзалиятнок маҳсуб меёбад. Дар ин раванд ниҳодҳои гуногуни давлати ва ҷамъиятӣ метавонанд нақши фаъол дошта бошанд. Дар самти муқовимат ба зуҳуроти мазкур ва пешгири намудани онҳо ниҳодҳои таълимӣ нақши калидӣ доранд. Баррасии имкониятҳои асосии ниҳодҳои таълимӣ дар ҳалли мушкилоти мубориза бо терроризм зарур мебошад. Ташкилотҳои маориф наметавонанд аз ҳалли мушкилоти терроризм дар канор бимонанд. Таҳлили заминаи меъёриву ҳуқуқии вобаста ба муқовимат ба терроризм дар соҳаи маориф тақозо менамояд, ки тамоми тадбирҳо ҷиҳати пешгирии терроризм ва ифротгароӣ дар ташкилотҳои таълимӣ бояд ба роҳ монда шаванд. Дар баробари ин, пайдо кардани равишҳое, ки дар барномаҳои таълимӣ татбиқ шудааст ва вазифаҳои дар ҳуҷҷатҳо муайяншударо, ки заминаи ҳуқуқии системаи мубориза бо терроризмро ташкил медиҳанд, таъмин карда шаванд. Гузашта аз ин, таҳлили мутобиқати салоҳиятҳои асосии стандартҳои таълимӣ, сатҳ ва намудҳои гуногуни таҳсилоти давлатҳои гуногун, принсипҳои таълим, талаботи ҷомеа ва шахсро ба гирифтани дониш ва малакаи муайян пурра бояд таҳлил намуд.

Ба андешаи Бедарев К.В ҳар ниҳоде, ки муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм машғул аст, талабот оид ба риояи принсипҳои умумӣ пешниҳод карда мешавад:

– риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

– қонуният- афзалияти таъмини амнияти кишвар;

– афзалияти тадбирҳои пешгирикунанда нисбат ба экстремизм ва терроризм;

– ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар мубориза бар зидди фаъолияти экстремистӣ;

– муҷозот барои фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ .

Консепсияи муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ вазифаҳои асосии муқовиматро муайян мекунад:

а) ошкор ва бартараф намудани сабабҳо ва шароитҳое, ки ба пайдоиш ва паҳншавии терроризм ва ифротгароӣ мусоидат мекунанд;

б) ошкор, пешгирӣ ва рафъи амалҳои шахсон ва ташкилотҳо, ки ба тайёрӣ, содир намудани амалҳои террористӣ ва дигар ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва ифротгароӣ нигаронида шудаанд;

в) мутобиқи қонунгузории давлат ба ҷавобгарӣ кашидани субъектҳои фаъолияти террористӣ ва ифротгароӣ;

г) дар ҳолати омодагии доимӣ барои истифодаи самараноки қувваҳо ва воситаҳое, ки барои ошкор, пешгирӣ, рафъи фаъолияти террористиву ифротгароӣ ё рафъи оқибатҳои ин зуҳуроти пешбинӣ шудаанд;

д) таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи зиддитеррористии ҳадафҳои эҳтимолии амалҳои террористӣ, аз ҷумла объектҳои инфрасохтори муҳим ва таъмини ҳаёт, инчунин ҷойҳои истиқомати оммавии одамон;

е) муқовимат ба паҳншавии идеологияи терроризму ифротгароӣ ва пурзӯр намудани кор оид ба дастгирии иттилоотию таблиғотии тадбирҳои зиддитеррористӣ.

Дар шароити имрӯза маориф босуръат рушд ёфтааст. Яке аз сабабҳои асосии паҳншавии терроризм ин таваҷҷӯҳи нокифоя ба мушкилоти паҳншавии терроризм ва ифротгароӣ дар муассисаҳои маориф мебошад. Ҳама гуна тадбирҳо имрӯз аксаран ба татбиқи тадбирҳои пешбинишуда оид ба пешгирии терроризму ифротгароӣ бахшида шудаанд, ки бештар барои гузориш пешбинӣ шудаанд. Вақтҳои охир бештар ҳолатҳои шомил шудани ҷавонон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ мушоҳида мешаванд.

Системаи маориф бояд таваҷҷуҳи ҷавононро ба ҷаҳонбинии васеи дониш ҷалб намояд, мафкураи инсонпарварӣ ва ахлоқиро талқин намояд, ҳаёти одамонро бо ҳадафҳои солим ва маънии ахлоқӣ пур кунад. Инчунин барои тарбияи муътадил ва пурмаҳсул шароит фароҳам оварад. Ҳаёти эҷодӣ, кобилияти тафаккури танкидӣ, тафаккури илмӣ ва мантиқиро дар онҳо инкишоф диҳад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқиро дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ қабул намудааст.

Давлатҳои миллӣ низ дар қонунгузории хеш барои содир намудани амали террористӣ чораҳои қатъӣ андешидаанд.

Шаклҳои нави зоҳиршавии амалҳои террористӣ ҷомеа ва давлатро водор менамояд, ки тадбирҳои муассирро дар самти мубориза бо ин падидаи номатлуб андешанд. Аз ин рӯ, давлатҳо, ҳукуматҳо, ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ ва хусусан муҳаққиқони илмҳои иҷтимоӣ кӯшиш бар он намуда истодаанд, ки механизмҳои самараноки пешгирӣ ва рафъи мушкилоти терроризм ва ифротгароиро пайдо намоянд. Махсусан дар самти пешгирӣ ва муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои таълимӣ муҳим дониста мешавад. Зеро, фаъолияти ниҳодҳои ниҳодҳои таълимӣ устувории сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаро таъмин менамоянд. Чун таҷриба нишон медиҳад, ки давлатҳои абарқудрати ҷаҳон низ дар шароити имрӯза бо дастгоҳи пурқударати иктишофӣ, ҳарбӣ ва техникии худ дар назди зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ оҷиз мондаанд.

Муҳаққиқ Бармес А. Г. қайд менамояд, ки мақсад ва вазифаҳои фаъолияти ниҳодҳои таълимӣ оид ба пешгирии ифротгароӣ ва терроризм дар байни ҷавонон бояд аз инҳо иборат бошанд:

– фароҳам овардани шароит барои паст кардани агрессия, ташаннуҷ ва фаъолияти ифротгароӣ дар байни ҷавонон;

– фароҳам овардани шароит барои тарбияи шахсияти муваффақ, муассир, таҳаммулпазир ва ватандӯстӣ дорои масъулияти иҷтимоӣ;

– фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани имконияти зиндагии ҷавононе, ки дар вазъияти душвори зиндагӣ қарор доранд;

– инкишоф додани фаъолияти созандаи иҷтимоии донишҷӯён;

– ташаккули иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, ҳаракатҳо ва гурӯҳҳо.

Афзоиши имкониятҳои ҷавонон барои гирифтани таҳсилоти шоиста, дарки бо кор таъмин намудани онҳо, ки ин ҷузъи муҳими сиёсати давлатӣ мебошад. Ҳамаи ин барои пешгирии шомилшавии шумораи зиёди ҷавонон ба амалҳои ифротгароӣ ва терроризм мусоидат мекунад. Дар давоми даҳсолаи охир ҳайати сифатӣ ва миқдорӣ аз ташкилотҳои экстремистӣ хеле тағйир ёфт.

Имрузҳо дар байни аъзоёни ин гуна ташкилотҳо ҷавонони на танҳо аз ҷиҳати ичтимоӣ, балки аз ҷиҳати иқтисодӣ низ вуҷуд доранд. Илова бар ин, чунин мепиндоштанд, ки ҷавонони каммаълумот ва ё умуман маълумот надоранд, ба созмонҳои ифротӣ шомил мешаванд, вале амалия нишон медиҳад, ки имрӯз ҷавонони дорои маълумоти олӣ дар созмонҳои ифротӣ ва аз қишрҳои гуногун ҷомеа низ мавҷуд ҳастанд.

Бояд қайд намуд, ки Шхагапсоев М.Х. вобаста ба таҳлилҳои илмии худ вазифаҳои аввалиндараҷаи ниҳодҳои таълимиро дар самти муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ чунин муайян намудааст:

– баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон ҳамчун асоси шуур ва рафтори таҳаммулпазир;

– ташаккули принсипҳои эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон дар байни ҷавонон;

– мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ тамоми имкониятҳоро доранд, ки дар қаламрави давлат оромиву осоишро таъмин намоянд ва танҳо давлат метавонад аз тамоми усулҳои ҳуқуқии мубориза бо ифротгароӣ ва пешгирии терроризм истифода намояд.

Ҳамин тариқ, ташкилотҳои таълимӣ дар муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ нақши бузург доранд. Ташкилотҳои таълимӣ усулҳои нави идеологияи зиддитеррористиро бояд таҳия намоянд. Бо дарназардошти таҳдидҳои мавҷудаи терроризм ба мазмуни таълим аз рӯи стандартҳои нави барномаҳо ва нақшаҳои таълимӣ тағйирот ворид кардан лозим аст. Системаи маориф ва назорати зиддитеррористиро зарур аст, ки ҳамкориро дар ҳалли проблемаҳои пешгирии терроризм ва гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ дар ҳудуди ташкилотҳои таълимӣ такмил диҳанд. Инчунин самти муҳими пешгирии ифротгароӣ ва терроризм низ ин такмили ихтисоси омӯзгорон мебошад. Нақши ташкилотҳои таълимӣ дар мубориза бо терроризм бояд аз нав баррасӣ карда шавад. Зарурати заминаи ҳуқуқии системаи умумимиллии мубориза бо терроризм бо назардошти нақши ташкилотҳои таълимӣ дар мубориза бар зидди терроризм такмил дода шавад. Ташкилотҳои маорифро зарур аст, ки шаклу усулҳои муосири муқовимат бо терроризм ва ифротгароиро таҳия намоянд.

Абилов Собирҷон Абдураҳимович- номзади илмҳои сиёсӣ, муаллими калони кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони факултети фалсафаи ДМТ