«Дӯст доштани ватан ҷузъе аз имон мебошад» – омада аст дар яке аз ҳадисҳои паёмбари ислом. Яъне, новобаста аз он ки исломро дини ҷаҳонӣ медонанд, мақому ҷойгоҳи ватан барои ҳар як шахс дар ин дин низ хос ва муҳим мебошад. Дӯст доштан, ҳифзу ободонии ватан, талошу пайкор барои рушду пешрафти он дар дини гузаштагони мо – зардуштия низ зиёд таъкид шудааст.
Ватандӯстӣ дар адабиёти илмии муосир бо истилоҳи «патриотизм», (аз калимаи юнонии патрио – ватан, падарият гирифта шудааст) ифода меёбад, ки нишондиҳандаи асли сиёсӣ ва эҳсоси иҷтимоӣ, алоқамандӣ ба Ватан, сарсупурдагӣ ба он ва омода будан барои қурбон кардани худ дар роҳи озодии ватан, муҳаббати огоҳона ба халқи худ ва анъанаҳои он мебошад.
Ватандӯстӣ ифтихор аз дастовардҳо ва фарҳанги ватани худ, майли ҳифзи хусусият ва вижагиҳои фарҳангии онро ифода карда, шахс худро бо намояндагони дигари халқи худ дар шарик будан ба шаҳрвандии кишвар, забону анъана дарк менамояд ва аз он ифтихор намуда, барои ҳифзи манфиатҳои ватан ва халқи худ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Бо назардошти аҳамияти хоссаи ватандӯстӣ, махсусан, дар даврони истиқлол, чанде пеш, дақиқан 24 декабри соли 2022 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ба имзо расид.
Тавре ки дар муқаддимаи ин қонун мехонем, «Қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд». Қонун аз 5 боб ва 21 модда иборат буда, дар қисмати муқаррароти умумӣ мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашаванда ба таври возеҳу равшан шарҳ дода шудаанд. Дар бобҳои минбаъда сиёсати давлатӣ дар ин самт, таъмини фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар ин соҳа ва муқаррароти хотимавӣ оварда шудаанд.
Ҳамин тавр, мувофиқи муқаррароти ин қонун «тарбияи ватандӯстӣ – фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронда шудааст» мебошад. Барои амалӣ сохтани ин ҳадаф мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон бояд дар ҳамкории судманд якҷоя фаъолият намоянд. Маҳз дар ҳамин сурат ҳадафҳои волои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ ба даст меоянд. Тавре ки Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад». Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон воқеан аз ин пас ҳамчун сармашқи ҳамаи иқдомҳо дар самти тарбияи ватандӯстӣ тавассути баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни маърифатию варзишӣ, фарҳангию сиёсӣ ва ғ. хизмат мекунад. Татбиқи бандҳои гуногуни он тавассути омӯхтан ва ташвиқу тарғиби ҳамаҷониба дар байни мардум яке аз чораҳои зарурӣ дониста мешавад.
Дӯст доштани ватан ҳамчун арзиши муқаддас бояд қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад, ки дар баробари унсури муҳими тарбия будан он дар мафҳумҳои зодгоҳ, диёр, кишвар, сарзамин, Ватан ифода мегардад. Ҳамчун шахси ватандӯст ва дорои ҳисси баланди миллӣ тарбия намудани афроди ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи маориф ва созмонҳои идеологӣ ба шумор меравад. Ин ҳадафҳо аз ибтидо яке аз самтҳои асосии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд: «Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад».
Умедворем, ки ин қонун ҳамчун намуна барои татбиқи ҳадафҳои дар боло зикргардида тӯли солиёни зиёд хизматҳои шоистаеро ба анҷом хоҳад расонд.
Виркани Музаффар Абдулло, муаллими калони кафедраи диншиносии факултети фалсафаи ДМТ