Таҳаиммулпазирӣ яке аз ҷузъҳои муҳим ва махсуси ташаккули шахсият мебошад. Аз эҳтимол дур аст, ки фард ҳамчун як шахс ташаккул ёбад, агар вай нисбат ба одамони дорои урфу одат ва фарҳанги гуногун таҳаммулпазир набошад. Гузашта аз ин, дар маҷмӯъ, агар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳама чизи бегона таҳаммул накунанд, ҷомеа (хусусан ҷомеаи сермиллат), наметавонад ба таври муътадил пеш равад. Тарбияи таҳаммулпазирӣ дар ҳар як фард зарурати объективии рушди босуръати ҳар як фард ва ҷомеа дар маҷмӯъ мебошад.
Мушкилоти таҳаммулпазирӣ, муносибати таҳаммулпазирона ба намуди гуногуни ақидаҳо, анъанаҳо, ахлоқ – айни замон ба яке аз самтҳои муҳимтарин ва мубрами таҳлили илмӣ табдил ёфта истодааст. Таҳаммулпазирӣ ҳама гуна шаклҳои таҳаммулнопазирии миллӣ, мазҳабиро нисбати одамони дигар ва зулми иҷтимоии онҳоро истисно мекунад. Муносибати хайрхоҳона ва эҳтиромонаи шахс ба афкори сиёсии одамони дигар аз сатҳи маданияти ӯ, тарбияи хуби ӯ шаҳодат медиҳад.
Агар таҳҳамулпазириро аз мавқеи низоъ омӯзем, он гоҳ системаи муносибати байниҳамдигарии одам дар заминаи принсипҳои гуманистӣ ва умумибашарӣ ба вуҷуд меояд. Мувофиқи андешаҳои дар боло зикршуда дар ҷомеа бо назардошти муаммоҳои байнишахсӣ низоъҳои гуногун ба амал меоянд ва яке аз сабабҳои он набудани сабру таҳҳамул дар ин ё он аъзои ҷомеа мебошад.
Таҳҳаммул – ин сифати рушдёфтаи шахс аст, ки ба дараҷаи баланди рефлексия ва қобиляти дар амал тадбиқшаванда ба худ муайянкунӣ тавсиф дода мешавад. Маҳз таҳҳамулпазирӣ муваффақияти одоби рафтор, гуфтор ва кирдори дурусти шахсро ба муҳити иҷтимоӣ ва хосатан дар ҷомеа таъмин менамояд.
Дар заминаи таҳдидҳои ифротгароӣ дар марҳилаи кунунии рушди ҷаҳон, ба масъалаи фарҳанги таҳаммулпазирӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Ташаккул ва рушди таҳаммулпазирии иҷтимоӣ-фарҳангӣ яке аз шартҳои муҳимтарини муколамаи фарҳангҳо ва муоширати байни тамаддунҳо мебошад. Таҳаммулпазирӣ яке аз принсипҳо ё рукнҳои фарҳанги давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, зеро кишвари мо дар тӯли таърихи ҳазорсолаи худ ҳамчун як давлати сермиллат ва бисёрмазҳаб таҳаввул кардааст.
Фарҳанги сабру тањаммулпазирӣ дар ҷомеаи тоҷик собиқа таърихӣ дорад. Миллати мо аз рӯи анъана ба одобу ахлоқи ниёгонамон, ки дар таърихи афкори фалсафӣ мақоми хоса дорад тамаркуз карда, принсипи «таҳаммулпазирӣ бо тамоми ҷаҳон», -ро дар ҳаёти иҷтимоӣ риоя мекунанд. Принсипи «камбағалона, аммо софдилона бизӣ» дар адабиёти қадимаю ҷаҳоншумули мо арзиши хос дошта, дар фарҳанги мо ба яке аз меъёрҳои ахлоқӣ дохил шудааст.
Тарафдорони равиши иҷтимоиву фарҳангӣ, таҳаммулпазириро ба маънои васеъ – ҳамчун муносибати сабурона ва эҳтиром ба ҳама чизи «мухталиф» – дарк мекунанд ва шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Онҳо таҳаммулпазириро бо зарурати тарбияи ҷомеа дар рўҳияи арљгузорӣ ва эҳтиром, бартараф кардани монеаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва психологие, ки ба пайдоиши ифротгароӣ, тундгароӣ, кинаю адоват ва бадбинӣ мусоидат мекунанд, пайваст мекунанд.Инсон табиатан бисёр чизҳо, падидаҳои олами атрофро таҳаммул намекунад. Таҳаммулпазирӣ ҳамчун усули ҳамдигарфаҳмӣ назорати доимии таассуб ва стереотипҳои хоси ҳар як шахсро дар назар дорад. Ташаккули таҳаммулпазирии иҷтимоиву фарҳангӣ бо татбиқи механизми фаҳмиш дар робита ва муколамаи байни фарҳангҳо алоқаманд аст. Падидаи таҳаммулпазирӣ ҳамчун як масъалаи аз лиҳози назариявӣ-методӣ мустақил ва аз лиҳози амалӣ мушаххас баррасӣ мешавад.
Дар ҷомеаҳои тағйирёбанда, ки ҷомеаи муосири тоҷик аз ҷумлаи онҳо мебошад, арзишҳо нақши махсус доранд. Ҷомеаи нав бе системаи нави арзишҳо буда наметавонад. Аммо, муносибати одамон ба онҳо метавонад гуногун ва интихобӣ бошад: хайрхоҳона ва таҳаммулпазирона ё душманона ва бадхоҳона.
Муносибати хайрхоҳона ба арзишҳои нав, ки ба тағйиротҳо нигаронида шудаанд ва ислоҳотро дар бар мегиранд, танҳо барои қисми муайяни аҳолӣ хос аст. Аз як тараф, арзишҳои нав ҳамчун арзишҳои аз ҷиҳати назариявӣ асоснок, ташвиқ ва қабул карда мешаванд, аз тарафи дигар нисбат ба арзишҳои нав муносибати хашмгшинона ва бадхоњона зоҳир карда мешавад, ки он дар шакли инкор ва танќиди пурраи онҳо ифода меёбад. Чунин муносибати бадбинона ба арзишҳои нав барои онҳое хос аст, ки ба ислоҳот муқобилат мекунанд, низоми қаблӣ ё марҳилаи қаблии рушди ҷомеаро идеализатсия мекунанд ва навовариро дарк карда наметавонанд.
Мушкилоти ҷиддӣ он аст, ки имрӯз миллат ва арзишҳою муқаддасоти миллӣ дигар хайри мутлақ нестанд, гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки фарҳанги миллӣ, худшиносӣ ва анъанаҳою маросимҳои миллии ҷомеаи тоҷикро зери суол гузошта, онҳоро бо идеологияи динию ифротӣ ва одамситезӣ иваз намоянд. Бештари вақт ифротгароӣ ба мазҳабситезӣ ва динситезӣ мубаддал шуда, шаклҳои ғайриинсониро ба худ мегирад, ба воқеияти иҷтимоӣ тамоюлҳои хатарнокеро ҷорӣ мекунад, ки онњо на танҳо ба амнияти ҷомеаҳо ва кишварҳои мушаххас, балки ба тамоми ҷаҳон сироят ва таҳдид мекунанд. Барои кишвари мо мушкилоти ҳалношудаи ваҳдати миллӣ-ҳудудӣ ва ҳувияти миллӣ, бинобар гуногунрангии қавмии ҷомеаи тоҷик, хеле хатарноканд.
Хулоса, қайд кардан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати гуногунфарҳанг ва сермиллат аст, аз ин рӯ рушди фарҳанги таҳаммулпазирӣ як амри ногузир ва таъхирнопазир мебошад. Муносибати таҳаммулпазирона бо бегонагон талаботи замон аст.
Фарҳанги таҳаммулпазирӣ на танҳо эҳтиром ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои дигаронро, новобаста аз нажод, эътиқод ва мансубияти миллии онҳо, балки дастгирии ислоҳот ва навовариҳои имрӯзаро низ ифода мекунад.
Назаров С.Т., н.и.ф., муовини декан оид ба таълим дар факултети фалсафаи ДМТ