КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН

277

Таърихи тамаддуни инсонӣ собит менамояд, ки омӯзиши афкори насли ҷавон, фароҳам овардани имконоти ташаккулёби ва муҳайё намудани омилҳое, ки ба нерӯҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо замина мегузорад, асоси рушду пешрафти ҳар кишвар ба ҳисоб меравад. Бинобар ҳамин ҳам мо вазифадор ҳастем, ки ба љавонон имкониятњои бештари иштирок дар корҳои азнавсозии ҷомеа ва баландбардории сатҳи маърифати сиёсию ҳуқуқии онҳоро фароҳам орем. Ин имкон медиҳад, ки нерўи созандаи онҳо ҳарчи бештар ба манфиату пешрафти ватани азизамон истифода бурда шавад. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, таваҷҷӯҳи ҷомеаи тоҷикистонӣ ба ин масъала беш аз пештар зиёдтар гардид. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалишавии ин масъалаҳо нақши муҳим бозид. Воќеан, Конститутсия ҳуҷҷати ҳуқуқии муҷаррад набуда, хислати иҷтимоӣ дошта маҳсули давраи муайяни таърихии ин ё он ҷомеа ва давлат мебошад. Агар ба таври умуми гирем матни тағйироту иловаҳо бештар барои дастгирии ҷавонони даврони истиқлолият равона карда шудааст.

Тағйиру иловаҳое, ки дар моддаҳои чилу нуҳум ва шасту панҷуми Конститутсия ворид карда шудаанд, танҳо ҷавононеро дар назар доранд, ки синнашон аз 30 сола кам набошанд. Агар шумораи ҷавонони синнашон ба 30 сола расидаро дар даврони истиқлолият ба назар гирем, пас метавон хулоса кард, ки дар соли 1991 ҷавонони сини 14-30 сола 30,8% ташкил дода, дар соли 2009 он 35,1% -ро ташкил додааст. Дар давоми 32 соли истиқлолият бошад миќдори љавонон ба 58,4% расидааст. Аз ин лиҳоз тағйиру иловаҳо мазмуни ҳақиқӣ дошта, аз таҷрибаи муқаррарӣ гирифта шуда, вазъи имрузаи ҳаёти ҷомеаи тоҷикистониро инъикос мекунад. Зеро, ки мавзўъ ва хусусияти ҳар як Конститутсия ифодагари шуури ҷамъиятӣ низ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳарии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пайёми соли гузаштаи худ қайд намуда буданд, ки “ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст”. Агар мӯҳтавои ин Паёмро таҳлил намоем, маълум мегардад, ки дастгирӣ ва парвариши истеъдодҳои ҷавонон яке аз бахшҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар ин соҳа буда, то имрӯз аз тарафи давлат дар ин самт корҳои мушаххас иҷро шудаанд. Яке аз намунаҳои беҳтарини чунин дастгириҳо ин ворид намудани тағйиру иловаҳо дар баъзе моддаҳои Конститутсия мебошад, ки аз аҳамият додани сарвари давлат ба ояндаи ҷавонон гувоҳи медиҳад.

Аз мӯҳтавои матни ин тағйиру иловаҳо бармеояд, ки он масъалаҳоеро, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ пешниҳод намуда буданд, давра ба давра амалӣ гардида истодаанд. Ҷомеаи тоҷикистонӣ дарк намуд, ки дар марҳилаи имрузаи пешрафти илму техника саҳми љавонон дар ташаккулёбии ҳуввияти миллї беандоза баланд буда, ҷавонон ҳамчун унсури таркибии ҳастии миллат, ҳамчун рукни бунёдии ҳуввияти миллии мо баромад мекунанд. Аз ин лиҳоз, дар тағйиру иловаҳо ин масъалаҳо таҳлил гардида, зарурияти ҷори намудани он низ нишон дода шудаанд. Се тағйироте, ки дар моддаи чилу нуҳум, як тағйироти моддаи шасту панҷум ва як тағйироте, ки дар ҳаштоду чорум оварда шудааст, ифодагари он мебошад, ки дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад. Дар ин моддаҳо қайд гардидааст, ки синну соли нафароне, ки ба вазифаҳои узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, судяҳои вилоятҳо,Судяҳои ВМКБ ва шаҳри Душанбе интихоб ё таъин мегарданд, якхела, яъне синни 30 сола пешбинӣ шудаанд. Албатта, ин илова ва пешниҳодҳо тасодуфӣ набуда, аз таҷрибаи ҳаёти инсонӣ гирифта шудаанд, зеро ин вазифаҳо хело муҳим буда, масъулияти баландро талаб мекунанд. Қайд гардидааст, ки ин талаботҳо тақозо менамояд, ки шаҳрванд дорои таҷрибаи бештари зиндагӣ, малакаи корию касбӣ ва фаъолияти сиёсӣ бошанд.

Воқеан, ҷавонон яке аз гурўҳҳои фаъол ва аз ҷиҳати тағйирдиҳии мавқеи иҷтимоияшон серҳаракати ҳамагуна ҷамъият ба шумор мераванд. Истиқлолият барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеъи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд. Бинобар ҳамин њам таваҷҷўҳи пайвастаи Пешвои миллат ба болоравии тавоноӣ ва салоҳиятҳои сиёсии ҷавонон равона карда шудааст. Дар бисёр суханрониҳо худ низ Пешвои миллат қайд менамоянд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамаи ин тадбирҳо ба он равона карда шудааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеияти кунунии ҷаҳон ва минтақаро таҳлил намуда барои рушди сиёсии ҷавонон, таҳкими давлатдорӣ, устувор будани зираки сиёсии ҷавонон ва таъмини амнияти миллӣ тадбирҳои заруриро андешида истодаанд. Пешвои миллат ба неърӯи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷавонон эътиқоду боварии комил доранд ва ғамхорӣ дар ҳаққи ҷавонон яке аз самтҳои фаъолияти сиёсаташон мебошанд. Зимни чандин вохуриҳояшон бо ҷавонони кишвар таъкид менамуданд, ки мо ба масъалаи ҷавонон барои ин таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд ва ҳамзамон Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои кулли аҳолиаш ҷавон ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, шумо бояд дар маҷмӯъ сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошед. Аз тарафи дигар, агар раванди иштироки сиёсии ҷавонон танзими давлатӣ наёбад, пас он ҳатман аз ҷои дигар танзим мешавад. Ҳамчунин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир раванди аз сиёсати давлатӣ дур шудани ҷавонон, ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии иртиҷоӣ гаравидани ҷавонон дар кишвар ба мушоҳида мерасад. Бояд ёдовар шуд, ки тағйиротҳои пешбинишуда чунин масъалаҳоро ба танзим дароварда, ҷиҳати амалишавии ин мақсадҳо мусоидат намуда, ифодакунандаи воқеияти имруза Тоҷикистон мебошад.

Ҳар як тағйироту иловае, ки ба масъалаи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон равона карда шудааст баҳри беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст. Аз ин хотир, ҷавонони фаъоли мамалакат, бояд ташаббус ва нерӯи созандаи худро беш аз пеш ба манфиати рушди миллат ва давлат равона созанд, кушиш намоянд, ки дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гарданд, нерӯи эҷодиву илмӣ ва тафаккури созандаву бунёдкори худро пайваста густариш диҳанд.

Тағйиру иловаҳои зикргардида тақозо менамояд, то ки ҷомеа ва давлати Тоҷикистон боз ҳам таҳкиму такмил ёбад, пеш равад ва мардуми заҳматкашӣ тоҷик ба мақсадҳои олии худ ноил гарданд.

Ҳаитов Фирдавс Қаюмович, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ