МАҲФИЛИ ДОНИШҶӮЁН

166

Имрӯз кафедраи сиёсатшиносии ДМТ бо донишҷӯёни ихтисосҳои сиёсат ва идораи давлат ва менеҷменти сиёсӣ мувофиқи нақшаи маҳфили донишҷӯён “Сиёсат”, бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Конститутсионализм: ташаккул ва инкишофи он” ҳамоиши илмӣ барпо намуд. Кори маҳфилро устоди кафедра У.Исоев кушода эълон намуда, оид ба моҳият ва мазмуни конститутсия суҳбат кард. Пасон, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси менеҷменти сиёсӣ Кенҷаев Умед маърӯза намуд.

Дар ҳамоиши илмии донишҷуён қайд гардид, ки конститутсияин қонуни асосии давлат аст, ки қувваи олии ҳуқуқиро оид ба системаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ дошта системаи сиёсиро ба таври барҷаста ифода менамояд. Конститутсия принсинҳои ташкилӣ, фаъолият ва ҳисоботдиҳии мақомоти қонунбарор, иҷроия ва судӣ, ҳуқуқ ва озодҳои инсон ва масъулияти шаҳрвандонро муайян менамояд. Дотсенти кафедра Исоев Умед оид ба раванди ташаккули конститутсионализм маълумот доданд.

КОНСТИТУТСИЯ – ТАҶАССУМГАРИ НИЗОМИ СИЁСИИ ҶОМЕА

Конститутсия қоидаҳо, меъёрҳо ва принсипҳои хосаи ташаккул ва инкишофро соҳиб аст. Яке аз принсипхои асосии конститутсия тасдиқи волоияти қонун ва таҳкими он мебошад. Конститутсия ҳуҷҷати расмии дороӣ аҳдмияти барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, дар он масъалаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва масъалаҳои дигари ҳаётан муҳими ҷомеа таҷассуми ҳуқуқӣ меёбанд. Қабули конститутсияро омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа муайян менамоянд. Яъне, шакли моликият ва ташкили фаъолияти иқтисодӣ, муносибати шахс бо давлат ва муҳимтарин вазифаҳои онҳо, таносуби қувваҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоиро дар низоми сиёсӣ аниқ сохта, таъинот, вазифаҳо, таркиби дохилӣ ва сохтори макомоти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллиро инъикос менамояд. Конститутсия вазифаҳои муассисӣ, ташкилӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҳуқуқиро иҷро менамояд.

Конститутсия ҳуҷҷати содаю фаҳмо ва дар як вақт мураккабтарини ҳаёти ҷамъиятӣ буда, масъалаҳои муҳимтарин ва бунёдгарро ба таври мушахас ифода менамояд. Гузориши масъала, имконият, заминаҳо ва роҳу воситаҳои ҳалли онҳо бояд хосияти канораю радикалиро нагиранд. Онҳо бояд дар маънои меҳварӣифода гарданд. Зеро ҳар замон зарурат ба тавсифи он ба миён меояд.

Дар чунин сатҳ мақомоти ҳифзи қонун ва сиёсатмадорони бузург тавонанд вобаста ба макон ва замон, вобаста ба талаботу манфиатҳои фардию дастаҷамъии одамон онро тавсиф намоянд. Маънидоднамоӣтарзе сурат гирад, ки адолати иҷтимоӣ вайрон нагардад.

Конститутсияҳои мамлакатҳои мутамаддин дар заминаи идеологияи либерализм таҳия гардидаанд. Махсусан, таълимоти «ҳуқуқи табиӣ», иринсипи «тақсими ҳокимият», приисипи «плюрализми сиёсӣ», назарияи «манбаи ҳар гуна ҳокимият донистани мардум», принсипи «афзалияти гуногуншаклии моликият», принсипи «афзалияти ҳуқуқу озодиҳои фардӣ нисбати ҳуқуқу озодиҳои дастаҷамъӣ» ва ғайра дар ташаккулу инкишофи конститутсионализм ва демократизм мақоми муассир доранд.

Ғояҳои конститутсионализм аз конститутсия ва санадҳои конститутсионӣ манша мегирад. Идеологияи либерализм мазмуни конститутсияҳои кишварҳои мутамаддинро ифода менамояд. Дар саромади он Конститутсияи ИМА қарор дорад.Конститутсияи ИМА бори аввал 17-уми сентябри соли 1787 қабул гардидааст. Ҳар сол 4 июл мардуми Амрико рӯзи истиқлоли кишварро бо салют ва сайругашти анъанавӣпешвоз мегиранд. Баробари ҷашни аввалини истиқлолият аҳли пешкадами ҷомеа дар пайи таҳкими он гардиданд. Онҳо ҷангҳои инқилобиро паси cap намуда, 13 давлатӣ мустақилро муттаҳид намуда, давлатӣ ягонаро ташкил доданд.

Баъди 11 сол меъморони истиқлолият дар Филоделфия гирд омада, аз номи Конвенти конститутсионӣ низоми миллии ҳукуматро мавриди муҳокима қарор доданд. Вакилони Конвент қарор до­данд, ки моддаҳои Конфедератсияро барҳам дода, Конститутсияи нави федералиро пешниҳод намоянд. Он ба се манбаи асосӣ ва неруманд такя менамуд: ғояҳои маорифпарварони асри XVIII (Волтер, Руссо, Монтескё); анъанаи парламентаризми британӣ, волоияти қонун, озодии шахсият, ки ба таълимоти Т.Гоббс ва Ҷ.Локк асос ёфтаанд; таҷрибаи таърихии мустамлика ва штатҳои амрикоӣ, ки дар андешаҳои Ҷефферсон, Мэдисон, Гамилтон ва дигарон таҷассум ёфтаанд.

Новобаста аз оне ки Конститутсияи ИМА заминаи бузурги назариявиро соҳиб буд, он ҳуҷҷати муҷарраде нест, ки фақат ба доираи пешкадами одамон фаҳмо бошад. Баръакс, сода ва равону фаҳмо будани он дастрасиро барои тамоми мардум таъмин намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди эълони истиқлолияти давлатӣ конститутсияи амалкунандаро қабул намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994, тариқи раъйпурсӣ, ки дар он 2 млн. 685 ҳазору 724 нафар иштирок варзиданд ва 2 млн. 535 ҳазору 437 нафар ва ё 94,4%-и шаҳрвандон овоз додаанд, қабул гардид ва эътибор пайдо намуд. Ба он тағйироту иловаҳо аз 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд. Он аз дебоча, 10 боб ва 100 модда таркиб ёфтааст.

Исоев У.У., номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДМТ