Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумуи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Маврид ба ёдоварист, ки Рӯзи Парчами миллӣ 3-юми ноябри соли 2009 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” пешниҳод гардид ва фармон ба тасвиб расид, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Ин сана ҳамасола ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Мақсад аз таҷлили санаи мазкур эҳтиром ба ин рамзи давлатӣ, бедор намудани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносии шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла насли ҷавон мебошад.
Дар воқеъ, парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин, дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳарӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеи муҳимро иҷро менамояд.
Дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёкон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзиву хурамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора, ки ба қавли Фирдавсӣ “ниёкони мо тоҷдорони даҳр, ки аз додашон офарин буд баҳр” буда, барҳақ, нахӯстин хусравони соҳибтоҷи олам буданд, ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд. Аз ин ҷост, ки парчами давлатӣ ба сифати рамзи музффарият ва гузаштаи рурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафта озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.
Бархе муаррихон нахӯстин парчами миллии мо, яъне дирафши ковиёниро марбут ба парчами чармии Коваи оҳангар донистаанд, ки бо он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархост ва пешдомани чармии оҳангарии худро ба найзае овехта, онро парчами муборизаи дод бар бедод қарор дод
Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлоли ватанамон буда, дар баробари Кониститутсия, забони давлатӣ, Нишон, Суруди Миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд. Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ин парчам бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст. Рахи болои парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёни сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз ин раҳҳои ранга аст;
-Рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст;
-Ранги сурхи парчам рамзи мубориза ва ҷонисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият;
-Ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқи кишвар;
-Ранги сабзи парчам рамзи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишвар сарсабзу хуррам мегардад, маънӣ мешавад.
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.
Ҳамчунон қабули рамзҳои давлатӣ аз зинаҳои барқарорсозии давлатдории миллӣ маҳсуб мешаванд. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: “Мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдоди худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем”.
Ҳамзамон, зикр намудан ба маврид аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баландтарин парчам, ки дарозии сутуни он 165 метр аст, рӯзи 24-уми майи соли 2011 дар шаҳри Душанбе барафрохта шуд.
Хулоса, имрӯзҳо бо шарофати илму дониш, ҳунару маҳорат, истеъдоду пирӯзиҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла ҷавонпаҳлавонони тоҷик Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ парафшон мегардад. Яқин аст, ки бо парафшон гардидани Парчами давлатӣ ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ эҳсоси ватандорӣ дар қалби ҳар соҳибватан бедор мешавад. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар баробари парчамҳои давлатии кишварҳои абарқудрати олам дар созмону ташкилотҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мебошад.
Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул ва вазифадор аст, ки Парчами давлатии кишваро эҳтиром намояд. Ба ин муқддасот арҷ гузорад, зеро арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ин эҳтиром ба миллат ва давлати хеш мебошад.
Саидзода Далер Муҳибулло доктори фалсафа PhD, муаллими калони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии ДМТ