НАҚШИ ИНСТИТУТИ МАОРИФ ДАР ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ СИҲАИ МАОРИФИ КИШВАР

330

Низоми маориф дар ҳама давру замонҳои таърихӣ интиқолдиҳандаи илму дониш, фарҳангу тамаддун ва ахлоқи гузаштагону аҷодони инсонӣ ба насли оянда буд. Системаи таълимот ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ насли одамизодро аз ҷиҳати зеҳнию ақлонӣ ва дараҷаи шуурнокӣ ташаккул дода, ӯро ба ҳаёти мустақил омода месозад. Беҳуда нест, ки таҳсилот соҳаи афзалиятноки ҷамъият ба ҳисоб рафта, рушди дигар соҳаҳои иҷтимоӣ маҳз аз ин ниҳод сарчашма мегирад. Бар замми ин ояндаи ҳар халқу миллат ва пойдории кишвар ба рушди соҳаи маориф вобаста аст. Инкишофи ҳаматарафаи ҷамъият ба соҳаи илм ва маориф иртибот дорад. Барои ҳамин таъмини мутахассисони касбиро дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ институти маориф таъмин мекунад.

Соҳаи маориф дар ҳар як мамлакат барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ хизмат мерасонад. Махсусан, нақши маориф дар баланд бардоштани дониш ва маълумотнокии одамон ва шаҳрвандони ин ва ё он давлат хеле назаррас аст. Бинобар ин, саводнокӣ ва маълумотнокии одамон низ аз соҳаи маориф вобаста мебошад. Маҳз маориф шаҳрвандони давлатро соҳиби маълумоти миёна, касбӣ ва олӣ мегардонад, ки касбияти онҳо дар ин раванд таъмин карда мешавад.

Рушду инкишофи бонизоми соҳаи маориф ва ташаккули низоми маълумот тайи ду даҳсолаи охир онро ҳамчун омили асосии рушди инсон ва ҷомеа гардонидааст. Муассисаҳои таълимии сатҳашон гуногун дар шароити муосир мероси фарҳангии ҷомеаро аз як насл ба насли дигар интиқол медиҳанд ва ба воситаи онҳо одамон дониш ва малакаҳои касбиро аз худ намуда, мавқеи иҷтимоӣ ва иқтисодии худро муайян месозанд. Дар раванди таълим ва таҳсил кӯдакон ва ҷавонон на танҳо барои иҷроиши нақшҳои муайян омода карда мешаванд, балки онҳо идеалҳои ахлоқӣ, меъёрҳои рафтор ва тарзи муносибат бо муҳитро аз худ менамоянд.

Маориф ҳамчун институти иҷтимоӣ дар худ идеяҳо ва мақсадҳоро дар бар мегирад. Дар баробари аҳамияти мавҷудияти дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ аз он ҷумла иқтисод, сиёсат, ҳуқуқ, дин, оила ва соҳаи маориф дар якҷоягӣ предмети махсусгардонидашудаи таҳқиқоти сотсиологӣ ба шумор меравад. Таҳсилот барои инкишофи шахсият ва худвоқеъгардонии ӯ ёрӣ мерасонад ва то ин замон аҳамияти муҳимми таъмини вазифаҳои зарурии ҷомеаро ба дӯши худ дорад. Ҳамчунин, инкишофи муътадили тамоми ҷомеаи муосир бе соҳаи маориф пеш намеравад ва он омили аввалиндараҷаи ташаккули сиёсати давлат маҳсуб меёбад.

Ташкили таълим дар миқёси ҷаҳонӣ ва минтақавӣ имконияти гузаштан аз эъломияи идеологияи давлати иҷтимоӣ ба идоракунии захираҳои инсонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ тавассути касб, таълими рақобатпазирро таъмин мекунад

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро бо мақсади таҳкими ҳадафҳои аслии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – бунёди ҷомеаи мутамаддини демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, дорои иқтисоди пешрафта, тарбияи худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандии хонандагону донишҷӯён, ташаккули шахсияти онҳо, амнияти иттилоотӣ ва рушди зеҳнии ҷавонон ба роҳ монда, баҳри ташкил ва танзими низоми таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, ба манбаи асосии таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони баландсавияи дар бозори меҳнат рақобатпазир табдил додани муассисаҳои таълимию илмии кишвар ҷаҳду талош намуда истодааст. Илова бар ин, барои пешрафти ин соҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дараҷаи лозимӣ мутобиқгардонии раванди таълиму тарбияи насли наврас ба меъёрҳои байналмилалӣ, ҳамчунин мутобиқ сохтани муассисаҳои таълимӣ ва муҷаҳазонии онҳо бо техника ва технологияи навин саъю кӯшиш намуда истодааст.

Дар солҳои охир пайдоиши кабинетҳои таълимии дорои технологияи иттилоотӣ ва тахтаҳои электронӣ, кабинетҳои фаннӣ нишонаи мактабҳои замонавӣ аст, ки рӯз то рӯз афзун гардида истодааст.

Омода намудани мутахассисон ва талабот ба кадрҳои баландихтисос берун аз системаи маориф ташаккул намеёбад. Чунин раванд аз ҳадафҳои умумии иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат вобаста мебошад. Дараҷаи маълумоти умумӣ ва махсус бо талаботи соҳаи истеҳсолот, ҳолати илм, техника ва маданият, инчунин, бо муносибатҳои иҷтимоию ҷамъиятӣ асоснок карда мешавад.

Ҳамин тариқ, соҳаи маориф яке аз ниҳодҳои муҳимми ҷамъиятӣ буда, иҷтимоишавии инсонро таъмин намуда, мушкилиҳои инсонро бароварда карда, орзуҳои ӯро ба воқеияти иҷтимоӣ табдил медиҳад. Дар замони кунунӣ асоси ташаккули ҷомеа ва фардҳои алоҳида рӯ ба раванди таҳсилот овардани онҳо, инчунин аз худ намудани мероси ниёгон ҳамроҳ бо донишҳои навини ҷомеаи мутаммадин ба шумор меравад. Соҳаи маориф барои инкишофи шахсият ва худвоқеъгардонии ӯ ёрӣ мерасонад ва то ин замон аҳамияти муҳими таъмини вазифаҳои зарурии ҷомеаро ба дӯши худ дорад. Ҳамчунин инкишофи муътадили тамоми ҷомеаи муосир бе соҳаи маориф пеш намеравад.

Гулов Раҳмоналӣ,ассистенти кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ