НИГОҲ БА ОЯНДА: ШАРҲИ МАСЪАЛАҲОИ СОТСИОЛОГӢ ДАР ПАЁМ

160

Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастовардҳо ва мушкилоти соли сипаришудаи кишварамон, вазъи кунунии давлат ва ҷомеа, дурнамои рушд ва вазифаҳо барои соли минбаъдаро инъикос менамояд. Ҳамзамон, Паём ба сифати қутбнамо, роҳнамо ва дастурамали фаъолияти ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, шахсони ваколатдори алоҳида ва умуман, шаҳрвандон хизмат менамояд. Баъдан, Паём хазинаи маълумоти расмию дақиқ ва илмӣ буда, дар таҳқиқотҳои сотсиологӣ васеъ истифода бурда мешавад.

Предмети таҳлили сотсиологӣ дар Паём, пеш аз ҳама, масъалаҳои иҷтимоӣ мебошанд, ки мустақиман ба зиндагии шоистаю сазовори шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамбастагӣ доранд. Ба бахши иҷтимоии Паём масъалаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, занон ва ҷавононро шомил намудан мумкин аст. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ аст ва аз ин рӯ, дар Паём ба масъалаҳои иҷтимоӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад Бесабаб нест, ки соли 2023 ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ 18,5 миллиард сомонӣ (қариб нисфи хароҷоти буҷети давлатӣ) баробар гардида, дар се соли минбаъда он ба 61 миллиард сомонӣ афзоиш меёбад ва мутаносибан дар ҳафт соли минбаъда сатҳи камбизоатӣ то ба 10 фоиз коҳиш дода мешавад.

ИЛМ ВА МАОРИФ

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ диққати махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки сармояи инсонӣ ва илму маориф ҳамбастагӣ доранд, маблағгузории таҳқиқотҳои илмӣ ва ба роҳ мондании ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот ба рушди ҷомеа заминагузорӣ менамоянд. Сарвари давлат низоми маорифи ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа, омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, баланд бардоштани сифати таълим, роҳандозии барномаҳои таълимии муосир, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳоитаълимӣ, таълифи китобҳои дарсии насли навва эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷиро масъалаҳои ҳалталаби Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулони соҳаи маориф даъват ба амал оварданд, ки ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Саросар соҳибкасб намудани шаҳрвандони Тоҷикистон низ аз вазифаҳои муҳими маорифи замони муосир номида шуд.

ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзандаю сазовор ва рушди озодонаи шахсию касбиро фароҳам меорад. Сарвари давлат дар ҳар як суханронии худ махсус қайд менамоянд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон мебошад.

Дар Паёми имсола ташкили ҷойҳои кории нав бо музди меҳнати муносиб, ҳарчи бештар дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон, ҳифзи солимӣ ва тандурустии аҳолӣ, коҳиш додани сатҳи фавти аҳолӣ, боло бардоштани дарозумрии миёнаи аҳолӣ (дар соли 2023 ба 76,3 сол), барқарорсозии қобилияти меҳнатии шахсони маъюб ва таъминоти онҳо бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва дигар масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат номида шуданд. Таъкид гардид, ки ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, махсусан ятимону шахсони маъюбидошта доимо зери назорати бевоситаи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли оянда нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ бо назардошти индексатсия, дар ҳаҷми 30 фоиз зиёд карда мешаванд. Ҳамчунин маоши кормандони муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз меафзояд ва ҳадди ақалли музди меҳнат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар мегардад. Боварӣ дорем, ки дар натиҷаи татбиқ гардидани супоришҳои Сарвари давлат соли 2024 сатҳи зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон боз ҳам ташаккул меёбад.

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Ташаккул додани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз масъалаҳои меҳварии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мерафт. Сарвари давлат раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарварро ба сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими қонуният, фаъолияти шаффофи судҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд алоқаманд донистанд. Зикр гардид, ки маҳз амалӣ гардидани меъёрҳои Конститутсия моро ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бурда расонид, иқтисодиёти кишвар рушд намуд ва барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам омад. Бо назардошти нақши калидӣ доштани ҳуқуқ дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ ва рушди ҷомеа аз ҷониби Роҳбари давлатамон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид.

Дар анҷоми Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамватанони азиз даъват ба амал оварданд, ки софдилона, содиқона, бо иқдому ташаббусҳои созанда, дилу нияти пок ва ҳисси баланди масъулият ба Ватан ва халқ хизмат намоянд, барои таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон, рушди давлат ва ободии Ватан бо эҳсоси баланди миллӣ ва ватандӯстӣ саҳми назарраси хешро гузоранд.

Умуман, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» як қатор пешниҳодҳо, супоришҳо ва вазифаҳо ба миён гузошта шуданд, ки барои рушди устувори ҷомеа, беҳтар гаштани шароитҳои зиндагии арзандаю сазовори мардум, инкишофи илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду шаҳрвандӣ шароити заруриро фароҳам оварда метавонанд.

Миров Фирӯз Сафаралиевич – номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.