МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА: АНДЕШАҲО РОҶЕЪ БА ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР

648

Зан олиҳаи ҳусн ва зебоӣ, модар, ҷинси латифу ғамхор, поягузори оила ва насли инсоният дар ҳар давру замон мақоми хосаеро дар ҷомеа соҳиб буд. Ӯ ҳамчун зани сарвар, зани роҳбар, зани делеру ҷасур дар набардҳои мухталифи муборизаи ҳаёту марг, ватандориву диловарӣ ҳамеша дар талош баҳри осудагиву оромии оила ва ҷомеа баромад менамуд. Пас аз пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ ба дӯши кишварҳои мустақил аз он ҷумла Тоҷикистон, ҳалли масъалаи занон вогузошта шуд. Аз Паёми роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки «Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд. …дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд».

Аз рӯзҳои аввали эълони Тоҷикистони соҳибистиқлол усули идоракунии демократиро чун шакли тамаддуннок қабул намуд ва истифодаи баробари имкониятҳои ташаккули занро бо мард муҳайё сохт. Меъёри мазкури демократӣ ва муносибатҳои бозоргонӣ нақши ҳалкунандаро дар таъмини ҳуқуқҳои зан мусоидат намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардии онҳо» аз 22 августи соли 1997, рушди фаъолияти занонро таъмин сохта, нақши онро дар низоми ҷамъиятӣ мустаҳкам намуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин амалҳое, ки ба ташаккули нақши зан дар ҷомеа заминаро фароҳам овард, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» буд. Фармони мазкур дар таъмини иштироки воқеии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат нақши муҳим бозид.

Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», аз 30 апрели соли 2004, ки мақсади беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шуда буд, нақши махсуси занро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таъмин намуд.

Ҳамасола Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи мазкур дар Паёми худ баромад намуда, таъкид месозанд, ки: «Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд».

Занҳо дар замони соҳибистиқлолӣ ба субъектони фаъоли ҳаёти сиёсӣ мубаддал гардиданд. Маҳз ин давра ба зани тоҷик имкон дод, ки дар соҳои илму сиёсат ва иқтисодиёт заминаи комёбиро соҳиб шавад. Ӯ тавонист, ки ба минталитети қафомондаи асримиёнагии баъзе аз тоифаҳои ҷомеа муқобил баромада, мақоми хешро дар партави тазодҳои гуногуни маънавӣ мустаҳкам созад. Махсусан, дар солҳои шӯравӣ дар баъзе аз ноҳияҳои Тоҷикистон занҳо аз сабаби надонистани забони давлатӣ (русӣ) ва надоштани маълумоти касбӣ ба корҳои маъмурӣ ва давлатӣ ҷалб карда намешуданд. Дар корхонаҳо вазифаҳои роҳбарикунанда ва бомаъсул дар уҳдаи занҳои русзабон буданд. Пайваста бо дастгирии давлат заминаҳои зиёде барои рушди занон дар солҳои истиқлолият пайдо гардид. Дар Паёми навбатии худ Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи мазкур чунин иброз намуданд: «Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд».

Заҳмат ва кӯшишҳои давлат ва ҳукумати Тоҷикистон оид ба ташаккули мақоми зан дар ҷомеа, фароҳам овардани имкониятҳои амалигардии он ба занҳо шароитро баҳри ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда дар соҳаҳои гуногун муҳайё сохт.

Занҳо бо назардошти ҷонибдории Президенти кишвар ҳисси бовариро ба худ касб намуда, баҳри тайёр будан ба хизмати Тоҷикистони соҳибистиқлол ягонагии маънавиро изҳор намуданд.

Зан дар ин бобат аз як қисмати ғайрифаъоли ҷомеа, ки ба ғайр аз ҷаҳони оила чизеро намедонист, ба шахси обрӯманд ва роҳбари мушфиқу ғамхор ва серталаб мубаддал гардид. Албатта, ин бесабаб набуд. Пеш аз ҳама ба таҳсил ҷалб намудани духтарон, таъмин намудани квотаи президентӣ ба духтарони ноҳияҳои дурдаст ва камбизоат сафи мутахассисони заруриро дар ҷомеа зиёд намуд ва имконияти рушди ҳаёти арзандаро барои онҳо фароҳам овард. Зиёд шудани муассисаҳои томактабӣ ва ташкили ҷойҳои кории нав ба занҳо имкон дод, ки онҳо баробари мардҳо ба буҷаи оила маблағҳои моддиро ворид созанд. Бо баробари ин зан вазифаи воқеии худро аз даст надод. Ӯ чун ҳамеша модар ва нигаҳбони оила ва тарбиягари фарзандон боқӣ монд.

Имрӯз занҳо аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, дар инкишофи пурпечутоби ҷомеа саҳмгузор шуданд. Ҷаҳони маънавии зан ба воситаи дастгирии ҳукумат ва таъсиррасонии воситаҳои комуникасионӣ васеъ гардида, боварӣ ба қувваи худ бар дӯши ӯ изофа гардид. Шахсияти зан ва арзёбии комёбиҳои он аз ҷониби давлат ва ҳукумат баҳои сазоворро соҳиб шуд, ки самтҳои фаъолияти онро боз ҳам васеътар гардонид. Дар ин бобат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуданд: «Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем”.

Эълон доштани соли 2018 соли рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ ва солҳои 2019-2020 соли деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ нақши занҳоро боз ҳам афзалтар ва фаъолтар намуд. Зан тавонист, ки ҳунари худро ба фаъолияти ҷамъиятӣ мубаддал созад. Акнун чорабиниҳои ҷамъиятӣ бо иштироки занони ҳунарманд, аз ҷумлаи ҳунарҳои гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, чакандӯзӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ, кадбонугӣ ва ғайра гузаронида мешуд ва ин машғулиятҳои судманд ба фаъолияти рӯзмарраи онҳо мубаддал гардида буд. Вобаста ба инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, корҳонаҳои мушаххаси занона, марказҳои ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра дар ноҳияҳо, марказҳои маъмурӣ ва шаҳрҳо кушода шуданд, ки занҳоро ба кори ҷамъиятӣ ҷалб сохта, шумораи ҷойҳои кориро зиёд намуанд.

Дар Паёми навбатии худ роҳбари кишварамон қайд карданд: «Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад». Аз рӯи маърӯзаи Бонки Осиёгии Рушд маълум мешавад, ки дар соли 2016 дар парламенти Тоҷикистон танҳо 17,5% ҷойҳоро занон соҳиб мебошанд.

Аз Паёми роҳбари кишвар, маълум гардид, ки аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Вусъат додани таъмини ҳуқуқҳои зан, хоҳиш, заковат, дараҷаи саводнокӣ ва аҳволи иҷтимоии ӯ баҳри афзалиятнок гардидани мақоми ҷамъиятиаш бояд мусоидат намояд.

Зан дар замони соҳибистиқлолӣ пеш аз ҳама баҳри беҳтарсозии шароити оила ба бозор ва савдо худро ҷалб сохт ва ба зани босалоҳият, фаъол, корчалон ва соҳибкор мубаддал гардида, саҳми худро дар инкишофи ҷомеа гузошт. Президенти кишвар дар Паёми худ иброз доштанд: «…Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд». Албатта, ин саҳми босазои роҳбари кишвар дар ташаккули минбаъдаи фаъолияти касбии духтарон заминаҳоро муҳайё намуда, боиси боз ҳам ҷоннок шудани мақоми онҳо дар соҳаҳои гуногуни идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ мегардад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба занон муроҷиат намуда, мақоми онҳоро дар рушди давлатдории муосири Тоҷикистон қайд намуданд: «Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд».

Муродова Н.С. мудири кафедраи сиёсатшиносии ДМТ