ҶАНБАҲОИ ПСИХОЛОГИИ ХУДАМАЛИНАМОӢ

196

(Дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28.12.2023)

Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои муҳими сиёсати дохиливу хориҷии кишварро таҷассум намуда, он барои ҳар як тоҷику тоҷикистонии берунмарзӣ як ҳуввияти бузурги миллиро мебахшад. Дар ин росто, дар Паём масъалаҳои муҳимми иҷтимоиву равониву сиёсӣ ва дигар масъалаҳои ниёз ва талаботи мардум ба таври аъло ҳис гардид. Масалан, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳияи аҳолиро ба таври аъло инъикос намуда, дар бобати ҷанбаҳои равонии мардум, яъне худамалинамоӣ ишора ва таъкидҳои муҳимро пешниҳод намуданд.

Дар воқеъ, худамалинамоӣ барои ҳар як фард новобаста аз касбу вазифаҳои ишғолнамудааш мухим арзёбӣ мегардад ва зарурати он пеш омадааст, ки ҳар як шахс масъалаи худамалинамоиро дуруст дарк кунад ва ба ин васила шахсияти худро рушд ва такомул диҳад.

Бо ибораи дигар, маънои худамалинамоӣ – ин шууррона дарк намудани мақсадҳои худ ва ноил гардидан ба он мебошад.

Тавассути худамалинамоӣ шахс олами ботинӣ, иқтидор ва имконоти хешро дарк намуда, вобаста ба он ба рушди шахсияти худ шурӯъ мекунад.

Одатан, ҳар як шахс ниёз ба худамалинамоиро дорад. Аммо на ҳама дақиқ дарк мекунанд, ки чи гуна ба ҳадафҳои худ расида метавонанд. Дар натиҷаи надонистан ва худамалинамоиро хуб дарк карда натавонистан шахс маромнокиро аз даст дода, ба ҳадафҳои ниҳоии худ нарасида, дар нимароҳ аз мақсадҳои худ дасткашӣ менамояд.

Дар илми психология худамалинамоӣ чунин таъриф ёфтааст: худамалинамоӣ – ин рушди ҳамаҷонибаи шахс буда, дар раванди он одам сифатҳои шахсӣ, истеъдод ва қобилиятҳои эҷодии худро дарёфт менамояд ва онро татбиқ мекунад.

Худамалинамоӣ аз нигоҳи илми психология чунин давраҳои синнусолиро дар мегирад:

1. Давраи кӯдакӣ. Кӯдак бо олами атроф шинос мешавад, муоширатро бо аъзоёни оила ва ҳамсолон меомӯзад, робитаи байни амалҳо ва оқибатҳоро мефаҳмад, ҳамзамон, ҳисси масъулиятшиносӣ ташаккул меёбад.

2. Давраи наврасӣ. Дар ин давраи синнусолӣ дар наврас чунин фикрҳо сар мезананд: ба чӣ бовар дорад, бо чӣ розӣ нест, чиро дӯст медорад ва ба ӯ чӣ нописанд аст. Ҳамзамон, дар ин давраи синнусолӣ муайян кардани арзишҳо, шавқу ҳавасҳо ва ҷанбаҳои қавии наврас муҳим арзёбӣ мегардад.

3. Давраи ҷавонӣ. Пас аз хатми мактаб одамон худро беҳтар мешиносанд. Онҳо касб меомӯзанд, бархе дур аз падару модар ба таҳсили илм мераванд ва аввалин муносибатҳои ҷиддии хешро роҳандозӣ мекунанд.

4. Давраи миёнасолӣ. То 40 солагӣ бархе шахсон тавонистанд худро амалӣ намоянд, дар касби худ муваффақият ба даст оварда, оила барпо намудаанд. Тарбияи фарзандон, сайқал додани салоҳиятҳои касбӣ ва дарёфти шавқу ҳавасҳои нав дар миёнасолӣ ҷойи марказиро ишғол мекунад.

5. Калонсолӣ. Одамони солхӯрда аксар вақт ба бӯҳрони ноумедӣ дучор мешаванд, аммо онҳо набояд таслим шаванд. Дар ин давраи синнусолӣ фикр кардан лозим аст, ки чӣ тавр солҳои боқимондаро бо хушнудии бештар ва роҳат гузаронид ва дар бораи тансиҳатию беҳбудии шахсӣ мебояд ғамхорӣ намуд.

Хулоса, дар суханҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи худамалинамоӣ маънои аҷибе нуҳуфтааст – яъне дарёфти иқтидори ботинии худ, рушди ҳамаҷонибаи хеш ва ба ҳамин васила новобаста аз касб ва вазифаи ишғолнамуда хушбахтона умр ба сар бурдан мебошад. Зеро маънои дигари худамалинамоӣ ин хушбахт зистан аст.

Сомон Латифзода,мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣва табиӣ-риёзии ДТИОМТОК назди ДМТ,ҳамзамон, дотсенти кафедраи психологияифакултети фалсафаи ДМТ