СОЗИШНОМАИ СУЛҲ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

101

Тоҷикон пас аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ истиқлолияти давлатии хешро ба даст оварданд. Мутаассифона, дар марҳилаи аввали истиқлолият неруҳои гуногуни манфиатхоҳ, ки аз ҷиҳати дониши давлатдорӣ фарсахҳо дур буданд ,баҳри ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ амалҳои ғайриқонуниро мавриди истифода қарор доданд. Дар баробари неруҳои мазкур сабаби дигари сар задании ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваҳои беруна низ маҳсуб меёбанд. Ин ҳодиса ба миллат ва давлатдории навини тоҷикон харобиҳо ва қурбониҳои зиёдеро ба бор овард.

Тамоми системаи ҷамъиятӣ рӯ ба таназул оварда, бесарусомониҳо дар мамлакати тоҷикон оғоз гардиданд. Ҷанг талафотҳои зиёди ҷонӣ, иқтисодӣ ва психологию фарҳангиро аз худ боқӣ гузошт.

Тоҷикон кӯшишҳои зиёде намуданд то пеши роҳи бародаркушӣ гирифта шавад. Яке аз чунин кӯшишҳо ин барпо шудани Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Баҳри бартараф намудани ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор намудани сулҳу субот, асосҳои давлатдорӣ, ва таъмини қонуният, 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ҳамин Иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси нави Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Зимни суханронии худ дар иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сарвари давлат чунин суханронӣ намуда буд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард». Эмомалӣ Раҳмон раиси нави Шурои Олӣ роҳбарии мамлакатро ба даст гирифта, аввалин фармонҳо аз қабили супоридани яроқ ва таъмини озуқавориро ба тасвиб расонид.

Хушбахтона, дар таърихи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Бо имзо гардидани Созишномаи мазкур ҷанги ҳамватанӣ ба итмом расид. Аммо раванди мусолиҳаи миллӣ ва истиқрори сулҳ ба осонӣ ба даст наомада буд. Бояд қайд намуд, ки дар раванди ба даст овардани сулҳ нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург буд.

Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ имкон дод, ки тоҷикон истиқлолияти давлатии хешро таҳким бахшанд ва баҳри бунёди давлати муосир амалҳои бузургеро ба амал бароранд. Махсусан, дар асоси манфиатҳои миллӣ рушд додани давлати соҳибистиқлол яке аз дастовардҳои созишнома маҳсуб меёбад.

Давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми низоми ҷамъиятӣ пешравиҳои зиёдеро ба даст оварда истодааст ва дорои низоми муайяни давлатдории хеш мебошад. Давлати миллии тозабунёди тоҷиконро ҳамчун давлати демократӣ аксарияти давлатҳои ҷаҳон эътироф намудаанд ва ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаанд. Бояд қайд намуд, ки бисёре аз ташабусҳои роҳбарияти давлат дар арсаи байналхалқӣ ба инобат гирифта шуда, баҳри амалӣ намудани он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон дастгирӣ ёфта истодаанд. Дар баробари ин комёбиҳо давлати тозабунёди Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи чандин созмону ташкилотҳои минтақавию байналхалқист ва баҳри ҳал намудани мушкилоти глобалию геополитикӣ яке аз акторҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Давлати миллии тозабунёд муарифгари миллат ва тамаддуни он мебошад.

Ҳамин тавр, дар раванди таърих тоҷикон тавонистанд, ки боз як мушкилии дигаро пушти сар намоянд ва дар асоси якдилӣ ва якдигарфаҳмӣ ба бунёди давлати тозабунёди миллии хеш пардозанд. Аммо Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба осонӣ ба имзо нарасидааст. Он 8 давраи гуфтушунидро дарбар мегирифт. Ҳар як давра мушкилиҳои зиёдеро дар худ касб намуда буд. Бинобар ин, ҳар як фарди тоҷик ва тоҷикистонӣ бояд сулҳи ба даст омадаро қадр намояд ва баҳри таҳким ва такмили он тамоми имкониятҳои дар пешистодаро самаранок мавриди истифода қарор диҳад. Ҳар як фарди миллат бояд бидонад, ки зинда ва рушд ёфани миллат ва таъриху фарҳанги он бо пойдории давлат алоқаманд аст. Яъне, агар миллате давлатдории худро аз даст диҳад, пас таҳдиди аз байн рафтани худи ҳамон миллат ва таъриху фарҳанги он мегардад.

Алишер Умаров,омӯзгори кафедраи сиёсатшиносии ДМТ