ШУҲРАТИ ҶАҲОНИИ МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ

97

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ба унвони шоир, мутафаккир ва орифи бузурги тоҷику форс бо эҷоди осори арзишманди худ, натанҳо маҳбуби миллати тоҷику форс, балки маҳбуби аксари миллатҳои ҷаҳон гардидааст. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст: “Орифи бузург Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар тамоми Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андарзҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо шавқу завқи беандоза чӣ пиру ҷавон, чӣ марду чӣ зан новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд”.

Сабаби шуҳрати ҷаҳонии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар чист? Чаро имрӯз мардуми ҷаҳон шефтаи осори ин абармард гаштаанд? Имрӯз мо мебинем, ки ашъори Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро миллатҳои гуногун, аз ҷумла арабу аҷам, турку ҳинду ва ҳатто миллатҳои аврупоию амрикорӣ ба забонҳои худ тарҷума карда истифода мекунанд. Инчунин ба хотири бузургдошти ин абармарди бузурги тоҷик созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО соли 2007-ро “Соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ” эълон кард ва ба ин муносибат дар марказҳои илмию фарҳангии кишварҳои гуногуни олам бо баргузор гардидани маҳфилҳои илмию фарҳангӣ бузургдошти ин орифи тавоно таҷлил карда шуд.

Ба назари мо омилҳои гуногуне ҳастанд, ки боис шудаанд шахсияти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз дигар шоирону орифон ва донишмандону мутафаккирони тоҷику форс фарқ карда шавад, ва маҳз ҳамин омилҳо сабаби шуҳрати ҷаҳонии вай гаштааст.

Ин ҷо чанде аз омилҳои фарқкунандаи шахсияти нотакрори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва сабабҳои маҳбубияти ҷаҳонӣ доштани вайро зикр менамоем:

1. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ яке аз шахсиятҳои ҷаҳондида буданд ва аз Балх то Рум ба кишварҳои гуногун сафар карда, дар миёни миллатҳои гуногун зиндагӣ карда, вазъияти иҷтимоию сиёсӣ ва эътиқодии онҳоро хуб дарк карда, моҳияти онро дар осораш моҳирона инъикос намудааст.

2. Мавлоно ҳамчун шоиру ориф ва мутафаккири тавоно донандаи чандин забонҳои маъруфи замони худ, аз қабили арабӣ, туркӣ ва юнонӣ буда, ин омил ба вусъати тафаккуру ҷаҳонбиниаш мусоидат кардааст.

3. Осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бештар фарогири масъалаҳои инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстию ваҳдати одамон буда, аз ин ҷиҳат тадбиқи амалии ин андешаҳои вай, ки мутобиқ ба ормонҳои умумибашарӣ аст ба ташаккули ваҳдату ҳамдилии мардумони ҷаҳон мусоидат мекунад.

Чунончӣ мегӯяд:

Ҳамзабонӣ хешию пайвандӣ аст,

Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.

Ай басо ҳиндуву турки ҳамзабон,

Ай басо ду турк чун бегонагон.

Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Мавлоно ҳамеша мардуми оламро ба дӯстию рафоқат ва кумак бо якдигар даъват карда, мегӯяд:

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.

Инчунин мутафаккир дар осораш бештар арзишҳои ахлоқиро тараннум карда, дар амал тадбиқ намудани ин меъёрҳои ахлоқиро таъкид намудааст. Вай чунин меъёрҳои ахлоқӣ ба монанди “покизагӣ” ва “ростӣ”-ро аз илмомӯзӣ муқаддам дониста таъкид кардааст, ки:

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,

Ҳар ҷо, ки равӣ азизу маҳрам бошӣ.

Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,

То тоҷи наберагони одам бошӣ!

Ин андарзҳои Мавлоно мутобиқ ба фитрати поки инсонӣ буда, барои тарбияи инсони комил мусоидат менамояд.

4. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар осораш таълимоти нобу таҳаммулгароёнаю муътадили исломро ба тарзи соддаю фаҳмо барои умуми мардум баён карда, бо зикри қиссаҳои ибратбахшу пандомез дар осори арзишмандаш, ки бештар ба забони ширини модариаш аст, мардумро таълиму тарбият намудааст.

Аз ин хотир аст, ки дар васфи “Маснавӣ”-и вай гуфтаанд:

Маснавии маънавии Мавлавӣ,

Ҳаст Қуръон бо забони паҳлавӣ.

Мавлоно ҳамеша муқобили сахтгирию таассуби динӣ баромада, ин падидаҳои номатлубро сахт мазаммат намудааст.

Чунончӣ мегӯяд:

Сахтгирию таассуб хомӣ аст,

То ҷанинӣ кор хуношомӣ аст.

Яъне назари Мавлоно чунин аст, ки шахси мутаассиб ҳанӯз аз назари инсонӣ ва арзишӣ комил нагардида, мисли ҷанин хом, нопура ва вобаста ба дигарон буда, кораш хуношомӣ ва зарару зиён ба дигарон аст. Чуноне, ки тифл дар батни модар то пухтаву комил нашавад, вобастаи модар аст ва аз хуни у истифода мекунад, аз ин ҷиҳат шахси мутаассиб ҳамеша вобастаи тафаккури содаву ғайримантиқии худ ва ё гуруҳи худ буда, ҳамеша зарару зиён ба дигарон ва ҷомеа меорад. Ин аст, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ сахтгирию таассубро нишонаи хомию бехирадӣ дониста, мазаммат кардааст.

Имрӯз мебинем, ки яке аз нишонаҳои асосии афкори гуруҳҳои ифротӣ маҳз дар сахтгирию тундравии онҳо зоҳир шуда, ин омил ба рушди ифротгароии динӣ оварда расонидааст.

Аз ин сабаб андешаҳои Мавлоно барои ҳар як инсон қобили дарку фаҳм буда, дорои арзишҳои умумибашарӣ мебошанд ва дар роҳи камолоти маънавӣ ва худогоҳию худшиносии мардум ҳамеша хидмат хоҳанд кард.

Тағоймуродзода Муҳаммад,доктори фалсафа PhD, дотсент, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети фалсафаи ДМТ