Дар замони муосир, хусусан дар давраи гузариш ба ҷомеаи иттилоотӣ, дар соҳаи забон ва забоншиносӣ тамоюлҳои манфӣ, ба монанди соддасозии баён, бемаънигӯӣ, беарзишии сухан ва нобудшавии гуфтори фасеҳ мушоҳида мешавад, дар ҳоле ки забон яке аз унсурҳои муҳимтарини фарҳанг ва муайянкунандаи ҳастии ҳар як миллат аст. Илова бар ин, забон, на танҳо ифода ва ба воқеият табдил ёфтани фикр, балки баёни дурусти андеша буда, дар рушди тафаккур метавонад саҳми назаррас дошта бошад. Имрӯз, ки мо дар рӯёрӯи таҳдидираванди глобализатсионӣ қарор дорем ва ҳар лаҳза таҷовузҳои фарҳангиро эҳсос менамоем, зарурати рӯй овардан ва таҷдиди назар намудани масоили фарҳангӣ, дар асоси сарчашмаҳои ватаниву хориҷӣ муҳиму зарурӣ мебошад. Забони тоҷикӣ ҳамчун унсури муҳимми фарҳангӣ дар тули таърихи чандҳазорсолаи хеш тавонистааст, ки ҳувияти миллатро нигоҳ дошта, онро аз нестшавӣ эмин дорад. Ба истилоҳи устод Бозор Собир:
Оҷ гум карду забонро гум накард,
Тоҷ гум карду забонро гум накард.
Воқеан, дар муддати асрҳои зиёд дар ҳаёти мардуми мо дигаргуниҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ рух додаанд, ки бузургтарин ва пурарзиштарин рӯйдоди ин даврони сарнавиштсози таърихи миллати бостонии мо ба даст овардан ва эҳёи дубораи забони давлатӣ аст. Забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлатдории мо ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи забон (21.07.2007) таъкид карда буд: “Забони миллӣ яке аз унсурҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад”.
Комилан дуруст аст, ки забон воситаи истиқлоли нодиртарини арзишҳои фарҳангии миллат ва нишонаи соҳибтамаддунист. Боре аз бузурге шунида будем, ки: “Забон ёдгории таърихӣ ва олоти сиёсасту давлатдорӣ дар ҳама давру замон будааст. Ин хотираи таърихӣ, нишонаи худшиносиву худогоҳӣ, лафзи модар ва оҳанги ишқ аст, аммо онро шамшери сиёсату ёдгории таърихии миллатҳо низ гӯянд”.
Бояд қайд кард, ки ин ва дигар андешаҳои зиёд касро ба дарки дунёи худшиносиву худогоҳӣ, бедорӣ ва дӯстдории забони модарии хеш раҳсипор менамояд. Забони модарӣ мафҳумест, ки сарчашма аз шири модар ва амалҳои ӯ мегирад. Аз ҳамин лиҳоз барои ҳар шахс азизу муътабар мебошад. Забони ҳозираи тоҷикӣ забони зиндаи як халқи ранҷпарваридаву мусибаткашида, вале зотан хуштолеъ аст, бо вуҷуди онҳама парокандагии таърихие, ки дар асрҳои зиёд ба сараш омадааст ва он ҳама гарду ғуборе, ки бо мурури замон ба рӯяш нишастааст, решаи шаҷараи ин халқ хушк нашудааст ва ҳам боғи маданияти бостониаш хазон надидааст.
Забон дар ҳама давру замонҳои таърихӣ яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлолхоҳии миллатҳо ва омили муҳими ташаккули давлатдории миллӣ гардидааст.
Ҳамин тариқ таъкид кардан ба маврид аст, ки забон ин унсури муҳимтарини фарҳанг, шиносномаи миллат ва воситаи муҳимтарини ба наслҳои оянда расонидани арзишҳои олии маданияти ҳар халқияту миллат мебошад. Таърихи башар гувоҳ аст, ки халқҳо, миллатҳо ва давлатҳо танҳо бо доштани забони миллии худ устувору пойдор мемонанд. Яъне забони ҳар миллат шарти муҳимтарини пойдории он дониста мешавад. Забони адабии мо ки дар аҳди Сомониён дар мақоми забони давлатӣ ташаккул ёфтааст, имрӯз, дар замони давлатдории навин низ, ба ҳайси забони давлатӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, мо ва наслҳои оянда ин забонро бояд ҳамчун муқаддасоти миллӣ ҳифз намоем. Чунки забони модарии мо ба ҳама пастию баландиҳои тақдир нигоҳ накарда, дар канори кӯҳҳои сар ба фалак афрохта боз рӯ ба эҳёгарӣ ниҳод. Пайванди асрҳо, марзҳо ва қалбҳоро аз нав дид.
Абубакри М.Г.,Каримов К.Д.,омӯзгорони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ