ВАРЗИШ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ

19

Субҳи имрӯз (19.10.2024) дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллӣ машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардид.

Дар он намояндагони Шуъбаи кор бо ҷавонон, устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва факултети фалсафа иштирок доштанд.

Машқҳои пагоҳирӯзӣ дар доираи дастуру супориши роҳбарияти Донишгоҳ ва нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи кор бо ҷавонон ҳар ҳафта рӯзи шанбе бо иштироки устодону донишҷӯён ва кормандони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ гузаронида мешавад.