КОНСТИТУТСИЯИ ИНСОНМЕҲВАР

29

Миллати тоҷик ва қавмҳои ҳамтабори он, ки дар таърих бо номи ориёиҳо шуҳратёр гардидаанд, аз зумраи мардумони тамаддунофар маҳсуб меёбанд. Шукуҳи тафаккур ва қобилияти эҷодии ин мардумро аксари муҳаққиқону донишмандони ҳақиқатнигар тавсиф намудаву эътироф кардаанд.

Мутафаккири машҳури олмонӣ Г.В. Гегел дар нисбати тавони фикрӣ ва қобилияти андешаи ин мардум менависад, ки «Методи диалектика нахустин бор дар тамаддуни ориёиҳо мушоҳида мешавад ва аз ин рў гуфтан мумкин аст, ки таърихи умумиҷаҳонӣ аз таърихи онҳо шуруъ мешавад…». Манзури мутафаккир пайдоиши тамаддун ва шинохтани моҳияти инсон дар шакли инфиродӣ ва иҷтимоӣ буда, дар саргаҳи тамаддуни олам ҷой доштани он мебошад, ки яке аз чунин фазилатҳо руҷуъ ба шинохти инсон дар шакли дарки моҳияти зиндагӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва масъулиятҳо мебошад. Дар ин фарҳанг инсон ҳамчун мавҷуди олитарини кайҳони моддӣ гиромӣ дониста мешавад.Ҳамин аст, ки шуруъ аз ҳикмати Хусравонӣ то ба дигар макотиби фикрии фалсафӣ, осору эҷоди гармояи бузургони миллат мақом ва манзалати инсон ба таври густурда сутуда шуда, арҷгузорӣ шудааст. Бо назардошти хусусияти инсонсолорӣ ва инсонмарказӣ доштан фарҳанги бостонии тоҷикро бо унвонҳои ҳикмати Пешдодиён ва Қонунпешагон ёд мекунанд. Сабаби чунин унвон гирифтани фарҳанги тоавастоии ориёӣ дар он аст, ки аз нахустинҳо шуда, дар ин тамаддун масъалаи додгустарӣ ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон матраҳ шуда, ба хотири таъмини ҳаёти осоишта, ташкили ҷомеаи адолатпеша ва инсонмеҳвар назариёти ҷолиб арза шудааст. Дар марҳилаҳои баъдӣ низ ҳамин хусусият, на танҳо ҳифз, балки тақвият дода мешавад. Оини зардуштӣ сартосар хусусияти инсонгароӣ ва бузургманишии инсонро дорад. Инсони оқилу ҳушманд, хушахлоқ ва бомаърифат беҳтарин пайрави оини зардуштӣ дониста мешуд.

Далели дигари хусусияти гуманистии тамаддуни ориёӣ таҳияи “Устувонаи Куруши Кабир”, ки бо номи «Эъломияи ҳуқуқи башар» низ маъруф аст, мебошад, ки дар таърих назир надорад. Арзиши Эъломияи мазкур дар он зоҳир мегардад, ки ИНСОН, новобаста аз мансубияти қавмию нажодӣ ва мазҳабию динӣ гиромӣ дониста шуда, ҳамчун субъекти бошуур ва дорои қадру манзалат эътироф карда мешавад.

Бо таъсирпазирӣ аз фарҳангу маънавиёти хусусияти инсонгароидошта, дар солҳои аввали соҳибдавлатӣ (06.11.1994) Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи худро, ки дар он идеологияи давлатӣ ва рўзномаи давлатдорӣ инъикос ёфтааст, тариқи раъйпурсии умумхалқӣ қабул намуд. Дар ин санади олитарини сиёсию ҳуқуқӣ ИНСОНмавқеи марказӣ дорад. Бо назардошти ҳамин мавқеият, Конститутяи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гуманистӣ, инсонмеҳвар ва инсонгаро ҳисобидан мумкин аст. Ҳаёт, қадр, номус, виҷдон, озодӣ, адолат мақулаҳои фалсафию ахлоқие ҳастанд, ки ҳамагӣ ба шинохти моҳияти инсон ва маънии зиндагӣ тааллуқ дошта, аз арзиши баланди маънавии Конститутсия дарак медиҳанд.

Аз 100 моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 38 моддаи онро ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои инсон ташкил менамояд. Боби дуюм пурра ба масъалаи мазкур бахшида шуда, моҳиятан аз моддаи 5-ум сарчашма мегирад: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Воқеан, ҷомеае, ки дар он бузургманишии инсон, новобаста аз мансубиятҳои диниву эътиқодӣ ва миллию нажодӣ таъмин мегардад, ҷомеаи адолатпеша, таҳаммулгаро ва гуманистӣ аст. Ин ҷомеаест, ки аз Маздак сар карда, то мутафаккирони асримиёнагии тоҷик (Форобӣ, А.Ҷомӣ) онро тавсиф карда, аз фазилатҳои он ситоиш намудаанд.

Хушбахтона, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон андеша ва ормони мутафаккирони гузаштаи миллатро дар хусуси соҳибэҳтиромӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон амалӣ намуда, моҳиятан бар он нигаронида шудааст, ки миллати тоҷик ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунофар дар арсаи ҷаҳонӣ бо хислатҳои олитарини худ муаррифӣ мешавад. Кафолати таъмини ҳаёти осоишта барои ҳар як шаҳрванд, озодии ирода ва интихоб, эҳтироми арзишҳои умумбашарӣ ва монанди инҳо муқаддасоте ҳастанд, ки тариқи ҳуҷҷати олитарин – Конститутсия собит шудаанд. Шаҳрвандони кишвар дар интихоби дин, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ мустақиланд ва озодона метавонанд аз онҳо пайравӣ кунанд.

Аммо, «Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад». Чунин тарзи масъалагузорӣ хоси давлати демократӣ ва дунявӣ буда, шаҳрвандон ҳуқуқи интихобе доранд, ки ба манфиати оммаи мардум мухолифат накунад.

Хулоса, моро зарур аст, ки моҳият ва мазмуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, дар шуури ҳар фарди ҷомеа онро ҷой намоем. Ба ин васила метавонем муқаддас будан ва эҳтиром қоил шудан ба онро оммавӣ ва ҳисси худшиносии милливу арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиро баланд гардонем.

Амирхон Ш.Т. – доктори илмҳои фалсафа, мудири кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ