Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ истиқлолияти сиёсӣ ба даст оварда, тадриҷан аз сохтори сотсиалистӣ ба сохтори сармоядорӣ ворид гардид. Дар ин раванд идеологияи коммунистӣ мавқеи роҳбарикунандаи худро аз даст дода, идеологияи давлатдории миллӣ бо унсурҳои либералӣ ҷойгузини он шуд. Дар шароити давлатдории навин дар амалияи ҷамъиятӣ ҷорӣ кардани принсипҳои демократӣ, дунявӣ ва иқтисоди бозаргонӣ таҷрибаи нав буд. Зеро мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони гузашта ҳеҷ гоҳ дар шароити давлати демократӣ, дунявӣ ва сармоядорӣ кору фаъолият накарда буданд. Аз ин рӯ, дарки моҳияти сохтори нави ҷамъиятӣ барои мардум чандон осон набуд. Ин буд, ки аҳолии мамлакат, бахусус насли калонсол, ки солҳои тӯлонӣ дар фазои идеологияи коммунистӣ кору фаъолият намудаанд, арзишҳои идеологияи нави сохтори ҷамъиятиро ба пуррагӣ дарк намекарданд. Маҳз дар чунин шароит дар як муддати кӯтоҳ радикалистони исломӣ тавонистанд, ки аз минтақаҳои гуногуни кишвар рӯҳониён ва қисме аз шаҳрвандони эътиқодмандро ба ҷониби худ ҷалб созанд. Фаъолони ин гуна ҳаракатҳои сиёсӣ ба осонӣ зери таъсир ва идораи субъектҳои хориҷӣ қарор гирифта буданд. Онҳо мақсад доштанд, ки сохтори ҷамъиятии теократӣ ташкил намоянд. Аммо дар дохили мамлакат, бахусус дар сатҳи роҳбарияти давлат аксари одамон ҷонибдори ғояҳои теократӣ набуданд. Чунин парокандагии идеологӣ боис гардид, ки дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ сар занад. Ҳукумати мамлакат кӯшиш менамуд, ки дурнамои рушди кишвар дар асоси ғояҳои дунявият, демократия, сармоядорӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ муайян карда шавад. Аммо радикалистони исломӣ барои амалишавии ин гуна барномаҳои сиёсӣ ба таври сунъӣ монеа эҷод мекарданд ва ғояҳои худро дар миқёси мамлакат тарғибу ташвиқ менамуданд. Онҳо низ дастгоҳи идеологӣ ва минбарҳои тарғиботии худро доштанд. Мутаассифона, дар мамлакат солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият аз замони Шуравӣ дастгоҳи идеологие ба мерос монда буд, ки дар шароити навин корношям менамуд, ва дастгоҳи идеологии мувофиқ ба сохтори нави ҷамъиятӣ ҳанӯз шакл нагирифта буд. Чунин вазъро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Уфуқҳои истиқлол» хеле бамаврид таъкид кардаанд. Президенти мамлакат қайд намудаанд, ки: «Баъзе неруҳои сиёсӣ талош намуданд, ки сохти дунявии давлатдориро ҳамчун давлати динситез маънидод карда, ба ин восита мардуми мусулмони Тоҷикистонро дар муқобили давлат қарор диҳанд, ки он мавқеи сирф сиёсии онҳо буд. Хусусан тайи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ масъалаи аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бардоштани мафҳуми «дунявӣ» яке аз муҳимтарин ва тӯлонитарин баҳсҳои ҷонибҳо буд. Ҳудуди 30 ҷаласаи кории ин ниҳод танҳо дар атрофи ҳамин масъала доир шуд. Вале мо исрор доштем, ки интихоби таърихии мардуми Тоҷикистон бояд дар Конститутсияи кишвар боқӣ монад, зеро сохти давлатдории дунявӣ ҳаргиз моҳияти зиддидинӣ надошта, баръакс, ҷиҳати рушди озодонаи дин ва татбиқи дурусти асли озодии виҷдон барои ҳамаи шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам меорад».
Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳилаи ниҳодикунонии сохтори ҷамъиятии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ тақвият ёфт.
Гуфтан мумкин аст, ки тахминан то солҳои 2010 раванди либерализатсияи қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ то сатҳи зарурӣ анҷом ёфт. Дар заминаи арзишҳо ва меъёрҳои сохтори нави ҷамъиятӣ таҳия ва қабули санадҳои зарурии соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷамъиятӣ анҷом дода шуд. Аммо аз нуқтаи назари таъмини амнияти идеологӣ ва дар самти бештар намудани ҷонибдорони арзишҳои сохтори нави ҷамъиятӣ дар ин давра мушкилиҳои навбатӣ пеш омаданд. Дар ин муддат агарчанде масъалаи камранг гардидани арзишҳои идеологияи коммунистӣ бо иваз шудани наслҳо ба таври объективӣ ҳалли худро пайдо карда бошад ҳам, мутаассифона, зери таъсири паҳншавии терроризми байналмилалӣ тарғибу ташвиқи ғояҳои идеологияи радикалистӣ доман паҳн намуд. Авҷгирии радикализми исломиро, пеш аз ҳама, дар мисоли воқеаҳои кишварҳои Ховари Миёна ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон асоснок кардан мумкин аст.
Айни замон рушди василаҳои иттилоотию иртиботӣ ба радикалистони исломӣ имконият дода истодаанд, ки онҳо ғояҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористии худро дар муқобили сохти конститутсионии давлат равона кунанд. Онҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ғояҳои мазкурро дар самтҳои гуногун тарғибу ташвиқ намуда, ҷонибдорони идеологияи худро бештар созанд. Мушоҳидаҳо ва оморҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки тарғиби ғояҳои экстремистӣ ва радикалистӣ ба зеҳну шуури аҳолии мамлакат таъсири ҷиддӣ расонида, боиси ба сафи онҳо пайвастани ҷавонон гардидаанд. Идома пайдо кардани ин тамоюлот барои кишвар оқибатҳои нохуб дошта метавонад. Замоне, ки ҷонибдорон ва пайравони идеологияи радикалистӣ бештар мешавад, хавфи аз давлати дунявӣ ба давлати теократӣ табдил ёфтани кишвар ба амал меояд. Дар чунин шароит эҳтимоли бештар гардидани ячейкаҳои хуфтаи террористӣ низ ба амал меояд. Ҳукмрон гардидани идеологияи радикалистие, ки хусусияти архаистӣ дорад ва ҷомеаи кишварро аз равандҳои мутамаддин канда месозад, метавонад мавҷудияти миллати тоҷикро зери суол барад. Имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки ҳукмрон гардидани идеологияи радикалистӣ дар Афғонистон чи гуна мардуми ин кишварро паҳну парешон ва сарсону саргардон намудааст.
Ин ва дигар ҳолатҳои бо ин масъалаҳо алоқаманд имконият медиҳанд, ки идеализатсияи арзишҳои сохти конститутсионӣ ва сохти ҷамъиятиро дар марҳилаи кунунии давлатдории миллӣ шарти асосии таъмини амнияти идеологии кишвар ва омили муҳимтарини таъмини суботи сиёсӣ муаррифӣ намоем. Бояд гуфт, ки идеализатсияи арзишҳои идеологӣ, ё худ мафкурасозӣ ва бештар кардани ҷонибдорони онҳо имкон медиҳад, ки сатҳи истифодаи арзишҳои сохти пешинаи ҷамъиятӣ ва ҷонибдории ғояҳои радикалистӣ коҳиш дода шавад.
Пеш аз оне, ки мафкурасозӣ ҳамчун марҳилаи навбатии рушди сохтори ҷамъиятӣ ва шарти муҳимтарини таъмини амнияти идеологӣ эътироф шавад, аввал идеологияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд муайян гардад. Пас, дар чунин маврид саволе пайдо мешавад, ки идеологияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро кадом арзишҳо ташкил медиҳанд? Дар заминаи омӯзиш, таҳлилу баррасӣ ва ба инобат гирифтани нишонаҳои асосии идеологияҳои сиёсии замони муосир гуфтан мумкин аст, ки идеологияи Тоҷикистони муосирро идеологияи «миллӣ-либералӣ» ташкил медиҳад. Зеро ҳамаи нишонаҳои идеологияи либерализм дар сатҳи санадҳои меъёрию ҳуқуқии давлат дарҷ ёфтаанд. Хусусияти миллӣ доштани идеологияи Тоҷикистон дар ҳифзи хотираи таърихӣ, ташаккули ҳувияти миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ, бедор кардани худшиносии миллӣ, ташаккули давлатдории миллӣ ифода меёбад. Аз ин рӯ, соҳаи сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт хусусияти либералӣ ва соҳаи фарҳангу маънавиёт хусусияти миллӣ (консервативӣ) дорад.
Яке аз нишонаҳои идеологияи либералӣ дар соҳаи сиёсат ин мавҷудияти рақобати сиёсӣ мебошад, ки идеяҳои плюрализми сиёсӣ ва бисёрҳизбӣ барои татбиқи он пешбинӣ шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ тибқи муқаррароти Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» иҷозат дода шудааст. Гузашта аз ин, дар ҳаёти сиёсии кишвар айни замон ҳафт ҳизби сиёсӣ фаъолият менамоянд. Ҳанӯз, 4-уми декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маҷлиси ғайринавбатии Шурои ҷамъиятӣ иброз дошта буданд, ки «бисёрҳизбӣ воқеияти ҳаёти имрӯзаи мо буда, барои ташаккулёбии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мусоидат мекунад. Бисёрҳизбӣ, ки талаботи ҷомеаи имрӯзаи шаҳрвандӣ мебошад, бештар ба арзишҳои умумимиллӣ ва равандҳои демократии ҷаҳони муосир такя намуда, воситаи муҳимми пешгирӣ аз зуҳуроти авторитаризм ва волюнтаризм маҳсуб меёбад».
Ба ҳамин монанд, тақсими ҳокимияти давлатӣ ба се шоха, баргузор гардидани раъйпурсиҳои умумихалқӣ, гузаронидани интихоботи парлумонию президентӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пеш аз ҳама, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, озодии сухан, озодии виҷдон низ арзишҳои идеологияи либералӣ мебошанд, ки ҳамаи онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, кафолат дода шудаанд. Дар моддаи 1 Конститутсияи кишвар ба таври умумӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ низ эълон гардидааст, ки онҳо низ арзишҳои идеологияи либералиро ташкил медиҳанд. Инчунин дар моддаи 1 Конститутсияи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, ягона ва иҷтимоӣ низ эълон гардидааст. Соҳибихтиёрӣ ҳамчун ифодаи истиқлолият ва мустақилият рамзи давлатдории миллист. Ягонагии давлат ҳамчун рамзи миллати воҳид, соҳибфарҳанг, соҳибтамаддун, дорои хотираи таърихӣ ва арзишҳои миллӣ мебошад. Давлати иҷтимоӣ бар пояи арзишҳои инсондӯстӣ, ғамхорӣ ба ниёзмандон, дастгирии қишрҳои осебпазир ва дӯстию бародарӣ, аз ҳама муҳим бо амалишавии ормонҳои миллӣ ва манфиатҳои ҷамъиятӣ асос ёфта, дар таърихи ниёгони тоҷикон шоҳкориҳои беназир дорад. Чунин воқеиятро сиёсатшиноси ватанӣ С.С. Ятимов хеле бамаврид таъкид намудааст. Ба андешаи ӯ, «шаш рукни сохти давлатдорӣ, ки дар боби якум, моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд, дар баробари эълони воқеияти ҳуқуқӣ, муайянкунандаи самтҳои идеологии давлат мебошанд».
Дар соҳаи иқтисодиёт бошад кафолат додани ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ ва ҳаққи пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ нишонаи либерализм мебошад, ки онро ҳамчун капитализм, ё сармоядорӣ низ мешиносанд. Сармоядорӣ ҳамчун унсури иқтисодии либерализм, идеяе мебошад, ки рушди он аз татбиқи рақобат ва ташкили механизмҳои он вобаста аст ва дар пояи иқтисоди бозоргонӣ ба амал бароварда мешавад.
Аз ин рӯ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти идеологӣ, пеш аз ҳама, хусусияти миллӣ-либералӣ доштани соҳаҳои мушаххас, дар заминаи арзишҳо ва меъёрҳои миллатгароӣ ва либерализм ба амал баровардани рушди онҳо ва безарар гардонидани таҳдиду хатарҳои дар ин самт мавҷуда бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Дар маҷмуъ, гуфтан мумкин аст, ки идеологияи давлатӣ дар хизмати миллат, давлатдории миллӣ ва манфиатҳои миллӣ қарор дода мешавад. Дар самти эъмори давлатдорӣ роҳи интихобнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки принсипҳои асосии онҳо ба таври ниҳодӣ дар Конститутсияи кишвар дарҷ ёфтаанд, ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои мамлакат, ба ҳаёти байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва мутамаддин ворид шудани Тоҷикистон ва ҳамқадами замона будани мардум мантиқан дуруст мебошанд.
Сафарализода Х.Қ. – номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон