ИНЪИКОСИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТОҶИКИСТОН

40

Кафолати ҳимояшавандагии ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандон яке аз принсипҳои бунёдии мавҷудият ва таҳкими давлати думократву ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Муқаддас шуморидани озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон миссияи конститутсионии давлати демократии Тоҷикистон мебошад.

Инъикоси конститутсионии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон қафолати адолат, қонуният, гарави ҳимояи шаъну шарафи инсон дар Тоҷикистони демократист. Моҳияти инъикоси конститутсионии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро мустаҳкам будан, ҳифз ва эътироф гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар сатҳи Конститутсияи Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Дар шароити Тоҷикистони демокративу ҳуқуқбунёд Конститутсия ҳуҷҷати бунёдие мебошад, ки тамоми таркиботи сохтории ҳокимияти давлатӣ, шаклгирӣ ва бавуҷуд омадани раванду муносибатҳо, инчунин, механизму принсипҳоро дар заминаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, муайян мекунад. Конститутсияи Тоҷикистон дар ташаккули фазои ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун, ки барои ҳимояи инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ замина фароҳам меоваранд, нақши калидӣ дорад.

Конститутсияи Тоҷикистон ба инсон, мақом, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ додааст.

Муқаддас шуморидан ва эътироф намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон оғози Конститутияест, ки онро халқи Тоҷикистон бо масъул ва вазифадор донистани худ дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда, дарк намудани таъмини соҳибихтиёрӣ ва рушду камоли Тоҷикистон, эътироф кардани баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳо, вазифаи худ қарор додани бунёди ҷомеаи адолатпарвар қабул ва эълон доштааст.

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон моҳияти пурраи Конститутсияи демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандон дар боби 2 – юм инъикос ва кафолат дода шудааст. Ин маънои онро надорад, ки дигар қисматҳо ва бахшҳои Конститутсияи Тоҷикистон ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон рабт надорад. Конститутсияи Тоҷикистон мавҷудияти давлати Тоҷикистонро танҳо барои ҳаёти хуррам ва осишта, ҳимояи ҳуқук ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, таъмини адолат ва баробарии иҷтимоӣ таъкид доштааст, ки дар сароғози он инсон шаъну шараф ва ҳаёти ӯ қарор дорад. Конституисия Тоҷикистон фаъолият ва мавҷудияти тамоми таркиботи институтсионалии давлат ва ҷомеаро баҳри таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон муайян намудааст. Аз мақомоти қонунбарор сар карда, то ба судиву таркиботи ҷузъии ҳокимияти давлатӣ яке аз салоҳиятҳои асосиашон ҳимояи ҳуқук ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд… …мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд». Бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз дошта буданд: «Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд».

Дар Конститутсияи Тоҷикистон исон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон шуда, ҳаёт, қадр номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон андозаи шаклгирии тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ, фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ва таркиботи институтсионалии ҷомеа шинохта мешавад.

Моддаи 5 – уми Конститутсия чунин арзишнокӣ ва дахлнопазирии ҳуқуқ ва озодиҳои аосии инсонро таъкид мекунад. “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд”. “Инсон дар Тоҷикистон арзиши олӣ эълон шуда, шинохти тамоми арзишҳои дигарро дар доираи манфиат ва манзалати он имконпазир мегардонад. Ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда наметавонад”. Давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд кафолати ҳимояшавандагӣ, эътироф ва риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ба зиммаи худ гирифтааст, ки инъикоси конститутсионӣайдо намудааст. Ғайр аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон механизми ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро муайян кардааст: “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд”.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуи ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии инсон ва шаҳрвандон ба таври системавӣ ифодаи худро пайдо намуда, новобаста аз ҳар навъ мансубиятҳо барои инсон ва шаҳрванд кафолат дода шудааст.

Муқаррароти моддаи 17 – уми Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд эълон дошта, давлатро кафили ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар инсон ва шаҳрванд, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк муқаррар кардааст.

Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқи инсонро ба ҳаёт, махсусан ҳаёти осоишта ҳимояшаванда эълон доштааст. Давлатро кафили таъмини дахлнопазирӣ инсон муқаррар намдуда, дар нисбати инсон шиканҷа, ҷазо, муносибати ғайриинсонӣ, мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани ӯро раво надониста, манъ намудааст.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси принсипи “фарзияи бегуноҳӣ” – и инсон мақоми сазовор дорад: “Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад”.

Дар шароити рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва ҳузури сартосари одамон дар равандҳои коммуникатсияи иттилоотӣ ва муоширати фосилавӣ аҳаммияти амнияти иттилоотии инсон ва шаҳрвандон муҳим арзёбӣ мегардад. Иттилоот имрӯз ба қисми муҳимми таркибии ҳаёти инсон мубадал гаштаву ҳифзи он барои нигоҳ доштани обрӯ, эътибор, шаъну шарафи инсон афзалият дорад. Конститутсияи Тоҷикистон вобаста ба хосияти ҳарзамониаш кафолати ҳолати ҳимояшавандагии амнияти иттилоотии инсонро низ додааст. Муқаррароти моддаи 23 – юм маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахсро таъмишуда эълон кардааст ва ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумотро дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ манъшуда меҳисобад.

Яке аз принсипҳои давлат ва ҷомеаи демократиро ҳамбастагӣ, алоқа, масъулиятпазирии давлат ва ҷомеа, таркиботи институтсионалии онҳо дар назди инсон ва шаҳрвандон ташкил медиҳад. Тоҷикистон ба сифати як давлати муваффақи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҳар инсон ва шаҳрванд имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд додааст ва дар ин росто мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадор гардонидааст. Ҳолати мазкур, асосан, инъикоси конститутсионӣ пайдо намуда мазмуни муқаррароти моддаи 25 – уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон ба сифати давлати иҷтимоӣ инкишофи худро таъмин карда истодааст ва таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро барои ҳар як сокини кишвар вазифаи муҳимми конститутсионии худ эълон доштааст. Бодарназардошти ин, баҳри таъмини зиндагии шоиста ва инкишофи озодонаи инсон ва шаҳрвандон низоми ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоии инсон: ҳуқуқ ва озодии хар кас ба ташкили оила ва ҳимояти оила ба сифати асоси бунёдии ҷомеаи миллии тоҷикистонӣ, ҳуқуқ ва озодии ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ, манъи давлатии меҳнати маҷбурӣ, ҳуқуқи ҳар кас ба манзил ва интихоби озодонаи роҳи сохтумони манзил, ҳуқуқи инсон ба истироҳат, ҳуқуқи инсон ва ҳифзи саломатӣ, ҳаққи инсон барои талаби кафолатҳои давлатии таъмини иҷтимоӣ ҳангоми пиронсолӣ, беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти корӣ, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигар, озодии ҳар кас ба таҳсил ва ғайра инъикоси конститутсионӣ пайдо намудаан.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун конститутсияе, ки ифодакунандаи принсипҳо ва арзишҳои олитарини демокративу ҳуқуқбунёдии ҷомеа, арзишҳои инсонпарваронаву инсондӯстона, инъикоскунанда ва ҳимоякунандаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ ба ҳисоб меравад.

Асламзода Некрӯз,муаллими кафедраси сиёсатшиносии ДМТ