НАҚШИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР КОҲИШ ДОДАНИ САТҲИ КАМБИЗОАТИИ АҲОЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

8

Камбизоатӣ зуҳуроти таркибии ҳар як ҷомеа ба ҳисоб рафта, сатҳи он ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат вобастагӣ дорад, бо вуҷуди муваффақиятҳои илмию техникӣ ва истеҳсолии инсоният он ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Масъалаи камбизоатӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлат, Ҳукумат ва махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Сарвари давлатамон дар ҳама баромадҳо ва суханрониҳои худ ба камбизоатӣ ҳамчун масъалаи мубрами ҷомеа таваҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ҳама Паёмҳо, суханрониҳо ва мулоқотҳои хеш аз он ёдовар мешаванд. Масъалан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа, дар суханронии Нишасти сеюми муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони “Дипломатияи варзишӣ”, мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, суханронӣ дар Саммити Оянда, суханронӣ дар Ҳамоиши Оянда дар шаҳри Ню-Йорк, Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш, инчунин дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи камбизоатиро баррасӣ намуданд. Маҳз бо кӯшишу талошҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон камбизоатӣ коҳиш ёфтана, некуаҳволии шаҳрвандон беҳтар гардид.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ зиндагии мардум дар сатҳи хеле паст қарор дошт, аксарияти аҳолӣ аз вазъи зиндагии ногувор азият мекашидан, аз панҷ чаҳор ҳиссаи аҳолӣ (83%) дар соли 1999 камбизоат буданд. Барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Масалан, барои коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар амал татбиқ гардидани “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва барномаҳои “Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи давлатии сармоягузориҳо”, “Барномаи давлатии соҳаи тандурустӣ ва ҳафзи иҷтимоии аҳолии”, “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон”, “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон” мусоидат намуданд.

Амалӣ шудани стратегия, барнома ва консепсияҳо боиси он шуд, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83,0%-и соли 1999 то ба 21,2%-и соли 2023 коҳиш ёбад. Тамоюли коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатии ҷомеаи Тоҷикистон ҳайратовар аст, зеро аз нигоҳи таърихи дар муддати кутоҳи вақт Тоҷикистон тавонист камбизоатии сартосарии аҳолиро паси сар намуда, рӯ ба рушду тараққиёт оварад. Ҳатто дар соли 2023 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ба рўйхати 10 кишвари пешсафи ҷаҳон дохил шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2023 марбут ба паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон чунин изҳори назар намуда буданд: «Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023» коҳиш дода шуд. Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаҳои сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд. Бо мақсади идома додани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххастро амалӣ намояд».

Мо, боварӣ дорем, ки амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии шоистаю сазовори мардуми кишварамон мусоидат менамояд.

Аҳрорӣ Адиба Муҳиддинҷон – ассистенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон