СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ФАЛСАФА

21

Имрӯз (27.11.2024) дар толори Шурои олимони факултети фалсафа семинари илмӣ бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии фалсафа баргузор гардид.

Чорабинии мазкур ҷиҳати амалишавии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба даст овардани натиҷаҳои назарраси илму дониш ва иҷрои Нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мусоидати ташаббусҳои ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода ҷиҳати боло бурдани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандону омӯзгорон баргузор гардид.

Дар семинари илмӣ д.и.ф., академики АМИТ Кароматулло Олимов, д.и.ф., профессор Зоҳидов Очил Ҳоҷибоевич ва д.и.ф., узви вобастаи АМИТ Муҳаммадалӣ Музаффарӣ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳангоми дуруст ва ҳаматарафа омӯхтани илмҳои табиатшиносӣ ва иҷтимоӣ таҳкурсӣ дар ҷодаи ташаккулёбии ҷаҳонбинии илмӣ бунёд мегардад. Тақозои замон аст, ки мо таснифоти дониш ва илмиро бо усули муосир ба роҳ монем ва роҳҳои муосири корбариро ҷиҳати пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ ҷорӣ созем.

Дар идомаи семинар профессор Муҳаммадалӣ Музаффарӣ ба тафсил дар робита ба таснифоти дониш ва илм дар замони муосир пешниҳод ва тавсияҳои судманд доданд.