Имрӯзҳо мо дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии ҲХДТ қарор дошта, дар тамоми кумитаҳои иҷроияву ташкилотҳои ибтидои ҳамоишҳои гуногун дар доираи барномаву нақша-чорабиниҳои ҲХДТ гузаронида шуда истодааст. Барномаву дурнамоҳои ҲХДТ тавре, ки медонем, имрӯз яке аз барномаҳои беҳтарин дар кишвар шинохта шуда, дар пешрафти кишвари азизамон нақши муассир гузошта истодаанд.
Чунин нишаст дар факултети фалсафаи ДМТ бо иштироки устодону кормандони факултет доир гардид, ки дар кори он мудири кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ, д.и.ф., профессор Амирхон Ш.Т. ва мудири кафедраи раванҳои сиёсӣ, н.и.с., дотсент Қаландаров К.Қ. суханронӣ намуданд.
Зимнан гуфта шуд, ки Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, дар харитаи сиёсии ҷаҳон кишваре бо номи Тоҷикистан арзи ҳастӣ намояд. Ин воқеаи фараҳафзо барои мардуми мамлакат як ҳодисаи нодири таърихӣ маҳсуб меёфт. Зеро дар масири таърих бори дигар миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон ба соҳибихтиёрии комил дастёб гардиданд.
Мутаассифона, нигоҳдошти ин арзиши муқаддас дар марҳилаи аввали давлатдорӣ душвориро ба вуҷуд оварда, аз ин мураккабии вақт истифода бурда, қисмате аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ кишвар ва мардумро ба гирдоби фитнаҳои бузурги сиёсӣ раҳсипор намуданд.Дар чунин шароити басо мураккаби сиёсӣ зарурияти таъсиси як ҳизби ояндасоз гузошта шуд.
Ҳизбе, ки дар татбиқ ва амалишавии ормонҳои миллӣ – расидан ба сулҳу суботи сартосарӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди иқтисод ва расидан ба зиндагии шоистаи мардум, ба миён омадани мафкураи миллӣ ва дар ин замина, эҳёи арзишҳои фарҳангию таърихӣ, муаррифии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ нақши беназир дорад.
Вобаста ба зарурати таъсиси ҲХДТ Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории Анҷумани 9-уми ҳизб иброз намуданд: «Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта буда, дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба дӯши худ гирифт».
Таҷрибаи таърихӣ дар муддати зиёда аз 30 сол нишон дод, ки ин ҳизб ба мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат табдил ёфта, ба ҳайси заминаи асосии омода намудани мутахассисони донишманд баромад карда, дар пайравӣ аз Сарвари давлат барои ояндаи дурахшони кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Маҳз ба хотири чунин мақсаду маромҳои ҳадафноку ояндасоз бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Воқеан, агар ба таърихи бунёди ҲХДТ назар афканем, аъён мегардад, ки дар шароити басо мураккаби миллӣ таъсис дода шудааст. Новобаста аз мушкилии замон, Пешвои миллат дар андешаи бунёди ҳизби халқие буданд, ки тавонад мардуми мамлакат, яъне аз шаҳрванди қаторӣ то олимону донишмандон, коршиносону сиёсатмадоронро муттаҳид сохта, барои ояндаи дурахшони кишвар саҳму талош варзанд.
30-соли пурсамари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шаҳодати мактаби сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ин муддат миллати тоҷик дар роҳи бунёди давлати мутамддин гомҳои устуворе гузошт. Имрӯз ҲХДТ ба макбати омода намудани кадрҳои барои миллату давлат содиқ табдил ёфта, саҳми худро дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ гузоштаистодааст.