ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЭҲЁГАРИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ МАРДУМИ ТОҶИК ДАР АСРИ НАВИН

28

Пешвои муаззами миллат аз рўзҳои нахустини давлатдорӣ ба фарҳанг таваҷҷуҳи хос дошта, масъалаҳои марбут ба фарҳанги миллӣ доимо дар меҳвари сиёсаташон қарор дорад. Арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаю муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихию илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа аз сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Президенти мамлакат ҳанўз 8 сентябри соли 2005 зимни суханронӣ бахшида ба истиқболи истиқлолияти давлатӣ иброз дошта буданд: «Мо имрўз ифтихор дорем, ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, бо осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста кардаанд. Ба ибораи дигар, тоҷикон маҳз аз файзу баракати ҳамин арзишҳову анъанаҳои аҷдодӣ тавонистанд, ки ҳам ҳастии худро нигоҳ доранд ва ҳам дар минтақаи Осиё нақши тамаддунсозро бозида, дар радифи қадимтарин миллатҳои дунё ҷой гиранд ва худро ба оламиён ҳамчун миллати фарҳангӣ муаррифӣ намоянд».

Тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарварӣ, инсондўстӣ, омухтани фарҳанги ниёгон ва таммадуни башарӣ яке аз самтҳои сиёсати фарҳангии Сарвари давлат аст. Нақши Тарҳрезии барномаҳои азими фарҳангӣ (Бузургдошти Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, тарҷумаи китоби муқадаси дини ислом «Қуръон» ба забони тоҷикӣ ва дастрас намудани он ба оммаи мардум, бознашри китоби «Тоҷикон»-и алома Бобоҷон Ғафуров ва дастрасии он ба ҳар як оилаи тоҷик, ташкили озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ ба мисли «Фуруғи субҳи доноӣ», «Тоҷикистон ватани азизи ман», «Илм фуруғи маърифат», озмуни «Шоҳномахонӣ»ва тасмими ба нашр расонидани Шоҳномаи безаволи Фирдавсӣ ва тақдими он он ба ҳар як хонадони сокини кишвар ва ғ. аз корҳои мондагори фарҳангии Пешвои муаззами миллат мебошанд. Президенти Ҷумҳурӣ на танҳо тавассути Паёму суханронӣ ва дастуру супоришҳо, таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ арҷгузории худро нисбат ба хидмату дастовардҳои нухбагони таъриху фарҳанг ва илму адаби миллат, ҳифз ва эҳёи суннатҳои миллӣ нишон медиҳад, ҳамчунин бо таълифи мақолаву асарҳои илмӣ назари худро ба масоили гуногуни таърихию фарҳангӣ иброз намуда, дар таҳқиқи таърихи миллат нақши арзандаву сазовор мегузорад.

Пешвои миллат ба масоили таърихи куҳан ва тамаддуни бостонии аҷдоди тоҷикон ва нақши онҳо дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хосс зоҳир намуда, ҷанбаҳои гуногуни фарҳангофарии онҳоро сутудааст, ки он дар аксари мақолаву асарҳо ва мусоҳибаҳои ў возеҳ инъикоси худро ёфтаанд. Метавон асарҳои пурарзиши Ўро ба мисли «Тоҷикон дар оинаи таърих» (Душанбе, 1995, 1996, 1997, 1999), «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то Сомониён» (Иборат аз чор китоб. Китоби якум. -Лондон, 1999; Китоби дувум. -Душанбе, 2002; Китоби сеюм. -Душанбе, 2006; Китоби чорум. – Душанбе, 2009), ёдовар шуд, ки ин масъалаҳо ба таври равшан ва муассир баён шудаад.

Ҳамзамон дар мулоқоту вохўриҳо бо фаъолони иҷтимоӣ доимо масъалаҳои рушду инкишофи фарҳангро таъкид менамояд. Дар яке аз паёмҳои солона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон чунин иброз намуданд: «Ҳукумати кишвар ба инкишофи бонизоми фарҳанг ва махсусан масъалаҳои боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, рушди санъати мусиқӣ ва театр таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд».

Бояд эътироф намуд, ки тоҷикон халқи қавиирода ва устуворанд. Дар дунё чун тоҷикон кам халқе мавҷуд аст, ки зарбаҳои зиёди таърихиро аз сар гузаронида бошад. Чуноне ки худи ў дар саҳифаҳои аввали китобаш «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то Сомониён» чунин навиштааст «Ман бузургии миллати тоҷикро дар он мебинам, ки дар тўли ҳазорсолаҳо ҷабру ҷафои аҷнабиёнро бо як сабру таҳаммул ва бурдбории мардонавор паси сар намуда, тамаддуни халқиятҳои бегонаро бо дастовардҳои безаволи фарҳангиаш ҳазм намуд ва беҳтарин бозёфтҳои маънавии фотеҳони сарзамини хешро аз бар кард». Таҷрибаи таърих нишон медиҳад, ки бе инкишофи фарҳанг давлат наметавонад рушди иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии мардумро боло барад.

Аз ин хотир дар бунёди давлати мутараққӣ барои мо тоҷикон зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, ватанпарварӣ худшиносӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳанги миллӣ тарбия намоем.

Давлатёров Ф. Н. дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ.