АРТИШИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ СУЛҲУ СУБОТ

57

Имрӯз (19.02.2025) дар толори Шурои олимони факултети фалсафа бо иштироки декани факултети фалсафа, дотсент Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ, муовини сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Абдураҳмонзода Раҷабмад Ашур ва дотсенти кафедраи диншиносӣ Қаландарзода Мустафо бахшида ба 32 – юмин солгарди рӯзи Артиши миллӣ вохӯрии судманд бо донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Дар нишасти мазкур декани факултети фалсафа ва меҳмонон суханронӣ намуданд

Дар нишаст гуфта шуд, ки Артиши миллӣ пояи асосии бунёди давлат, кафили сулҳу субот, оромӣ ва такягоҳи боэътимоди он маҳсуб меёбад. Бунёду таъсиси Артиши миллӣ, мустақилияти давлатро мукаммал сохта, боварии шаҳрвандонро ба давлат меафзояд. Аз мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки аксарияти давалатҳои пуриқтидоре, ки дар тули таърих арзи ҳастӣ намудаанд, аз таъсиси артиши худ пуриқтидор гардидаанд.

Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, раванди таъсис ва ташакулли он ба марҳалаи ниҳоят мураккаби ибтидои давлатдории миллиамон рост омадааст».

Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бори аввал паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии зерсохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори хосса зоҳир намуда, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ низ шурӯъ намуд.

Дар ҳоли ҳозир Артиши миллии кишвар, таҳти роҳнамоиву ҳидоят ва дастгирии муҳтарам Пешвои муаззами миллат, дар татбиқи сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарфармондеҳи олии худ, пос доштани рисолати ҳомии Ватан, таъмини сулҳу субот, ҳифзи мулки аҷдодӣ ва шарафу номуси миллати тоҷик бо омодагии тамом, сарбаландона хизмат доранд.