НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАН

25

Имрӯз модари тоҷик бо сари баланд ифтихор дорад, ки ба монанди Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имом ал-Бухорӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯнасри Форобӣ, Муҳаммад Мӯсои Хоразмӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Абӯисои Тирмизӣ, Камолиддини Беҳзод, Сайидои Насафӣ, Носири Бухороӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода садҳо фарзандони фарзона, нобиғагони бузург ва номбардорони миллати худро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати поки худ парваридааст ва онҳоро ба хизмати башарият додааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 6-уми марти соли 2025 дар толори Шурои олимони факултети фалсафа бо иштироки декани факултет, дотсент Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи факултет Сафарова З., раиси бонувони факултет Сангова С., муаллими калони кафедраи психология Давлатов М. ва муовини декан оид ба тарбия Сулаймонзода М.М. бахшида ба Рӯзи модар вохӯрии судманд бо донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Дар нишасти мазкур декани факултети фалсафа ва меҳмонон суханронӣ намуда, чунин қайд карданд, ки зан аз оғози офариниш ҳамқадами мард буда, дар таърихи инсоният нақши муассир дорад. Дар тули таърихи инсоният зан ҳамеша дар қалби мардон ҷой дошт, ҳамин усули муомила бо ҷинси латифи инсон аз насл ба насл мегузарад. Зан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро меҷунбонад. Ҳар як паҳлавон, қаҳрамон, шоҳаншоҳ, шоир, нависанда, тоҷир ва шахси омӣ дорои модар мебошад. Ҳамзамон модар аввалин мураббии фарзанд ва роҳнамои ӯ буда, аз ҳиммат, дониш, ғайрат ва садоқати ӯ фарзанд тарбият мегирад.

Омӯзгори халқи ҷаҳон ӯст аз нахуст,

Дар боғи ӯ зи нобиға садҳо ҳазор руст.

Гарчӣ фаришта нест зи покӣ сиришта аст,

Дар хулқу хуву нафс зи ҷинси фаришта аст.

Мусаллам аст, ки мафҳуми модар бо вожаи меҳан ҳаммаъно буда, дӯст дошани он, ҳифзи он ва арҷгузорӣ ба заҳматҳояшон ҳатмӣ мебошад. Дар фарҳанги куҳани халқи тоҷик эҳтироми зан – модар ва мақоми он ҷойгоҳи муайянеро соҳиб буд. Ниёгони мо бо назардошти офаранда будани зан, ӯро ҳамрадифу ҳампояи замин медонистанд.

Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан – модар дар ҷомеа тамоми имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Истиқлоли давлатӣ тавонист барои зани тоҷик озодандешӣ, зиндагонии шоиста ва имконияти баробар фароҳам оварад. Аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ мушкилоти беҳбуди шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошт. Яке аз арзишмандтарин хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занон ин ҷудо намудани квотаи Президентӣ барои духтарони ноҳияҳои дурдаст дар макатбҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад. Иқдоми мазкур барои боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва босавод гардонидани занон мусоидат намуд. Пешвои миллат 7 марти соли 2017 дар вохӯрӣ ба ифтихори Рӯзи Модар қайд намудаанд: «Баланд бардоштани сатҳи маълумоту маърифат дар миёни занону духтарон шарти муҳимтарини беҳтар гардидани дараҷаи зиндагӣ, коҳиши камбизоатӣ, ҳалли масъалаи шуғл ва рафъи бекорӣ мебошад».

Дар ин замина, ҷашни бонувонро бар ҳама модарону хоҳарон ва дӯстони арҷманд самимона шодбошу хуҷастабод гуфта, барояшон тандурустиву хубиву хушиву хонаободониро орзумандем.