Имрӯз экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯзҳо авзои ҷомеаи ҷаҳониро бисёр ноорому бесубот ва торафт шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ба ташвиш овардааст, ки ба афкори ҷавонон таҳдид намуда, ба амнияти кишвар хатари ҷиддӣ мерасонад.
Терроризм ва экстремизм аз замони пайдоиши инсоният чун зуҳуроти таъсиррасон ба зиндагии осудаи мардум дар шаклҳои гуногун арзи вуҷуд дошт, вале дар солҳои охир ин падида то рафт авҷ гирифта, барои амалӣ намудани кирдорҳои зиддибашарї амали гардидаистодааст.
Дар замони муосир ин ҷараён, на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имруз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқи монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки бо суръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Барои мисол дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва эксремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кудакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тудаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.
Терроризм ва экстремизм қишрҳои гунони ҷомеа, махсусан чавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи диннию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамояд. Аз ҷумла шабакаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фрҳангӣ ва ғ. далели гуфтаҳо шуда метавонад, ки мавзӯи асосии онҳо пайвастани шаҳрвандон ба гуруҳҳои тундрав ба ҳисоб меравад. Нафаре шомили ин гурӯҳ мешавад, ки аллакай аз муҳити инсонгари баромада,мақсаду ҳадафаш ноором сохтани ватан мебошад. Ин падида (терроризм ва экстремизм) ҳамчун хатари умумиҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, танҳо бо муттаҳидии тамаддунҳои ҷаҳонӣ бар зидди он мубориза бурдан имкон дорад.
Мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Зеро беаҳмияти нисбати он ба оромию осудагӣ ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеа бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушд такомул нахоҳад кард.
То имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталифи илмӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳури ин падидаи номатлуб (терроризм ва экстремизм) -ро дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор додаанд. Қисме аз олимон пайдоиши чунин ҷанбаҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд. Қисми дигар бошад, зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.
Дар ҷомеаи имрӯза ва дар замири ҳар як шахси ба ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳо пайвастшаванда ақидаи гурӯҳи аввали олимони ҷомеашинос мувофиқ меояд, чунки маҳз ҷанбаҳои иҷтимоӣ дар зиндагӣ ва сатҳи нопурраи тафаккури маънавӣ ба ин роҳ шахсро водор месозад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Вобаста ба ин аз ҷониби ҳукумат як қатор санадҳои ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи амният, шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта, аз таҳдиди терроризм ва экстремизм, татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароитҳое, ки боиси ба миён омадан ва паҳн шудани он мегардад, равона гардидаанд.
Ҳамин тариқ, ҷавонони кишвар ташаббусҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, ҳамеша кушиш намоянд, ки дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз намоянд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлатамон боз ҳам фаъолона ширкат варзанд.
Зеро, дар шароити пуртазоди авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, сулҳу субот ва оромӣ аз арзишмандтарин дастовардҳои истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешаванд.
Ситора МИРЗОЕВА — донишҷӯйи курси 3-юми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатии факултети фалсафаи ДМТ