Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ шароити мусоиде буд барои рушд ва инкишофи саривақтии ватани азизамон. Ҳадафи асосии давлату ҳукумат ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, дар марҳилаи навини бунёди давлатдорӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, таъмини суботи ҷомеа, таъмини амнияти кишвар, рушди институтҳои демократӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар барои рушди мамлакат ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат мебошад. Ба мақсади расидан ба ин ҳадафҳои мубрам, аз ҷониби роҳбари кишвар ва давлату ҳукумат тадбирҳои дурандешона ва саривақтӣ бароварда мешуд ва шуда истодааст.
Бояд зикр кард, ки чун ҳарвақта дар раванди рушд ва инкишофи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, мушкилиҳо ва падидаҳои канора монеаи ин марҳила мегарданд. Мутаассифона, ҷумҳурии мо низ дар марҳилаи бунёди давлатдории миллӣ ба чунин мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардид. Махсусан, яке аз чунин падидаҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад.
Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони муосир ба ҳисоб меравад, ки омили ба миён омадани оқибатҳои нохуш, ноороми дар ҷомеа, ба даҳшат овардан ва тарсонидани одамон, расонидани зарар ба қишрҳои осебпазири ҷомеа, тағйири сохти конститутсионӣ, ғазби ҳокимият, ба вуҷуд овардани низоъҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегарданд. Ҳарчанд, ки терроризм ва экстремизм маҳсули ин аср нест, яъне аз қарнҳои гузашта омада расидааст, дар асрҳои навин ба худ симои нав, хусусиятҳо ва тарзи зоҳиршавии мураккабтарро ба худ касб кардааст. Пеш аз ҳама рушд ва инкишофи босуръати илму техника боиси тағйир ёфтани роҳҳои таъсиррасонӣ ба афкор ва мативи одамон аз ҷониби терраристон ва экстемистон гардидааст.
Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср имрӯзҳо на танҳо падидаи сиёсии дохилидавлатӣ аст, ки ба як давлат ё гурӯҳи давлатҳо таъсир расонад, балки падидае ҳисоб мешавад, ки метавонад ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири худро расонад. Ин падидаҳои номатлуб имрӯз ба субот ва амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсир мерасонад, ки ӯро ҳамрадифи яроқи ядроӣ гуфтан мумкин аст. Аз инҷо бар меояд, ки пешгирӣ, ҳал ва аз байн бурдани терроризм ва ифротгароӣ кори як давлат набуда, балки вазифаи тамоми кишварҳои дунё ва роҳбарони онҳо ба шумор меравад. Ҳар чӣ андозае, ки роҳбарону сарварони давлатҳо дар доираи принсипи башардӯстона амал намоянд ва муносибатҳои байналмилалиро дар сатҳи зарурӣ таъмин намоянд, метавонанд ба чунин хатарҳои хусусияти байналмиллалӣ дошта (терроризм ва экстремизм, …), дар якҷоягӣ мубориза баранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки агар ба амалияи ҷамъиятӣ дар ҷодаи мубориза ва муқовимат ба мушкилиҳо ва праблемаҳои глобалӣ нигарем, маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чеҳраи намоёни арсаи сиёсати ҷаҳонӣ бо ташаббускориҳо ва сиёсати башардӯстонаи худ мақоми меҳварӣ дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар намоишҳо ва конфросҳои байналмиллалӣ иштирок варзида, аз минбари баланди созмонҳои бонуфуз суханронӣ карда, оиди ҳалли проблемаҳои гуногун, ки ба суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳони зарар мерасонад пешниҳодҳои муфид намудааст. Хушбахтона, он пешниҳодҳои башардӯстонаи сарвари давлатамон аз ҷониби созмонҳои бонуфуз ҷонибдорӣ гардиданд, ки ин боиси баланд шудани имиҷи ҳам роҳбари кишвар ва ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли проблемаҳои глобалӣ дар арсаи байналмиллалӣ мегардад.
Чӣ тавре кайд кардем, яке аз мушкилиҳои замони муосир ин мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз фаъолтарин шахсияте ба ҳисоб меравад, ки баҳри аз байн бурдани ин “вабои аср” кӯшишу талошҳои беназир анҷом додааст. Ҳоло сарвари давлатамон яке аз шахсияти пешқадам дар ҷодаи муқовимат ва аз байн бурдани амалҳои номатлуб, чун терроризму экстремизм шинохта мешавад. Воқеан ҳам ин боси сарбаландӣ ва ифтихори мо мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Саннаи 25 июни соли 2011 Иҷлосияи байналмиллалии мубориза бо терроризм ва экстремизм дар шаҳри Теҳрон доир гашт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, иброз медорад, ки “Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст”. Маҳз ин кор ва фаъолиятҳои дигари Пешвои миллатамон далели гуфтаҳои болост.
Ҳоло Тоҷикистони мо низ аз ин падидаи номатлуби аср дар канор нест. Мубориза ба терраризм ва экстремизм яке аз самтҳои асоси сиёсати дохилӣ баҳри таъмини амният ва суботи сиёсии ҷомеа ба шумор меравад, ки ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт ва дорад. Баҳри расидан ба ин мақсадҳо дар кишварамон як қатор барномаву стратегияҳо ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ қабул гардидаанд.
Аз қабили:
– Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000, №320 тасдиқ шудааст;
– Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 қабул гардидааст;
– Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 қабул гардидааст;
– Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 қабул гардидааст;
– Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2018, №1033 қабул гардидааст;
– Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2011, №313 тасдиқ шудааст;
– Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998, №574;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри соли 2021, №1808;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020, №1655 ва ҳоказо.
Терроризм ва экстремизм хусусияти байналмиллалӣ дошта, сарҳад, миллат ва дин надорад. Яке аз паҳлуҳои манфии масъала, ҳамчун ниқоб истифода бурдани дини Ислом барои ноил шудан ба мақсадҳои худ мебошад. Мутаъсифона ин хатари бисёртар дорад ба мамлаки мо, чунки қишри зиёди аҳолиро мусалмонон ташкил медиҳанд. Пас, саҳм гузоштани ҳар як фарди ҷомеа дар пайи мубориза ба терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ба самаранокии он бурда мерасонад.
Қишри дигари осебпазири ҷомеа ҷавонон ба ҳисоб меравад, ки ин хело нигаронкунанда ва боиси таасуб аст. Оморҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди шахсоне, ки ба ин гурӯҳҳо шомил шуданд маҳз ҷавонон ба ҳисоб меравад. Баланд бардоштани ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ғурури миллӣ, ҳифзи манфитҳои милли ва марзу буми давлат метавонад ягона роҳи ҳали ин масъала бошад. Бояд ҳар як ҷавон ва шаҳрванди давлатамом бо истифода аз маърифати сиёсии хеш, зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва муқобили ин падидаҳои номатлуб истода дар роҳи мубориза ба онҳо саҳми худро гузоранд. Мо мардуми шарифи тоҷикро мебояд, ки пайравони асили Пешвои миллатамон ва давомдиҳандаи сиёсати башардӯстонаву бунёдкорана ва хислатҳои накӯи сарвари давлатамон бошем.
ҶАЪФАР ШАРИФЗОДА,донишҷӯйи курси 3-юми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатии ДМТ