КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА РУШДИ ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН

26

Имрӯз, 29 апрели соли 2025, дар факултети фалсафаи ДМТ Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии кафедраи сотсиология таҳти унвони «Таҳлили омилҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии рушди ҷомеаи пасошуравии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар рафти конференсия муҳаққиқон ва олимон равандҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии марбут ба марҳилаи пасошуравии ҷомеаи тоҷикро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани Истиқлол, Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди як марҳилаи гузариши душвор гардид, ки онро ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 шадидан мураккаб кард. Ин ҷанг боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва зарари бузурги иқтисодӣ гардид, ки раванди рушди кишварро даҳсолаҳо боздошт.

Иштирокчиёни конференсия нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвар муҳокима намуданд. Таъкид шуд, ки маҳз дар натиҷаи баргузории ин иҷлосия ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатдории миллӣ эҳё ва хатари парокандашавии кишвар бартараф гардид.

Дар доираи мавзуи конференсия, ҳамчунин, ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири он ба ҷомеа ва фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Тибқи натиҷагирии иштирокчиён, муҳоҷират аз як ҷониб ба беҳбуди шароити иқтисодии шаҳрвандон мусоидат мекунад, вале аз ҷониби дигар, ба ҳувияти миллӣ ва ниҳоди оила таъсири манфӣ мерасонад.

Дар анҷоми конференсия зарурати эҳёи фарҳанг ва таърихи миллӣ, аз ҷумла таваҷҷуҳи махсус ба забон, анъанаҳо ва шахсиятҳои бузурги таърихӣ, ҳамчун омили таҳкими худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ зикр гардид.

Мақсад аз баргузории конференсия таҳкими таҳқиқоти илмӣ дар самти равандҳои иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистони муосир ва ҷалби таваҷҷуҳи бештари муҳаққиқон ба омӯзиши ҷомеаи пасошуравӣ арзёбӣ гардид.