Дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ (1939-1945) тақрибан 70-85 миллион нафар одамон ҳалок шуданд. Аз онҳо тақрибан 27 миллион нафарашон шаҳрвандони Иттифоқи Шуравӣ буданд. Ин талафоти ҳам низомӣ ва ҳам талафоти ғайринизомиёнро дар бар мегирад. Талафоти ҷанг бо назардошти талафоте, ки дар натиҷаи Ҳолокост, амалиёти низомӣ, репрессия, гуруснагӣ ва беморӣ ба амал омаданд, ҳисобида шудааст. Дар маҷмуъ, ҷанг дар ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ ба талафоти зиёди инсонӣ оварда расонд.
Пас аз парокандашавии Иттифоқи Шуравӣ ва тавлиди нави зиддиятҳои ҷаҳонӣ байни кишварҳои абарқудрат, масоили таърихӣ низ ба худ таваҷҷуҳи зиёдро талаб мекард. Имрӯз иттифоқчиёни давраи ҷангии ИҶШС ИМА ва Британияи Кабир ва кишварҳои дигар аврупоӣ дар асоси гӯё далелҳои нави таърихӣ муносибати худро ба Россия тағйир дода, мақоми Иттифоқи Шуравиро бар ғалаба бар фашизм эътироф кардан намехоҳанд. Ба ақидаи онҳо гӯё танҳо кумаки ҳарбии ИМА ва Британияи Кабир ба ИҶШС имконият дод, ки дар ҷанги ҷаҳонӣ ғалаба кунад. Чунин андешаҳо ва нуктаҳои назари ба онҳо монанд вақтҳои охир дар фазои иттилоотии кишварҳои мухталиф, махсусан аврупоӣ боло гирифтанд. Мақсади онҳо паст задани обрӯю эътибори ҷаҳонии Россия ва дар ин асос бунёд кардани тасвири таҷовускоронаи он мебошад. Масхсусан ин амал пас аз забти Қрим ё ҳамроҳшавии он ба Россия авҷ гирифт. Аз ин рӯ, ҳодисаҳои бисёри замони ҷангӣ ба тафсири такрорӣ, тафсир ва баъзан рӯйрост сохтакорӣ карда мешуданд. Дар ин бобат махсусан баъзе аз сиёсатмадорон ва муҳаққиқони Ғарб муваффақ шуданд.
Масалан, ҳуҷуми хоинонаи Олмонро баъзе муаррихони Ғарб ҳамчун зарбаи пешгирикунанда ба муқобили таҷовузи ба нақшагирифтаи Иттифоқи Шуравӣ нишон додан мехоҳанд. Лекин дар бораи мавҷудияти нақшаҳои таҷовускоронаи фашистӣ ба монанди нақшаҳои «Барбарос» ва «Ост» ҳеҷ сухане намегӯянд. Агарчӣ ин нақшаи ҳуҷуми Олмон ба ИҶСШ бо дастури гитлерӣ таҳти № 21-и моҳи декабри соли 1940 тасдиқ карда шудааст. Дар он муддати итмоми ҷанг оварда шуда буд, лекин «муаррихони нав» онро ба инобат намегиранд.
Бояд иқрор шуд, ки бемаънӣ будани чунин даъворо, ки гуё ИҶШС истилогар буд, танҳо бо як фармони Сталин инкор кардан мумкин аст. Сталин ба фронтҳо дастур дод, ки гурӯҳҳои душмани истилогарро торумор кунанд, вале аз сарҳади давлатӣ нагузаранд. Пас, чӣ гуна мо метавонем Иттифоқи Шуравиро дар оғоз намудани ҷанги ҷаҳонӣ айбдор кунем?
Андешаи дигар, ки ба он диққати махсуси муаррихони Ғарб равона мешавад, ин асотир дар бораи таъқиботи оммавӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад. Гӯё русҳо халқҳои дигари ИҶШС-ро ба ҷанг ба муқобили фашистон истифода намудаанд. Тоторҳои Крим, чеченҳо ва ингушҳо ба таври оммавӣ ба фронт маҷбуран сафарбар мешуданд. Вале агар аз асотир ба амал, ба далелҳо гузарем, пас дар натиҷаи таҳлили рақамҳо ва нишондодҳо тамоман чизи дигар ошкор мешавад. Ҳатто, аз рӯйи ҳисоби доктори амрикоии илмҳои фалсафа Гровер Фурр маълум мешавад, ки дар рафти ҷанг дар давлати шуроҳо ягон таъсиррасонӣ барои ҷалби аҳолии ғайрирус мавҷуд набудааст. Фурр қайд мекунад, ки дар соли 1939 шумораи тоторҳои Крим 218 ҳазор нафар буд, яъне кариб 22 ҳазор нафар ё худ 10 фоизи аҳолии мардони синни даъватшавандаро ташкил медиҳад. Дар соли 1941 аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС 20 ҳазор нафар аз Қрим даъватшудагон фирор карданд, то соли 1944 ҳамон 20 ҳазор нафар тоторҳои Қрим ба тарафи Олмон гузашта, бо яроқ дар даст ба муқобили Иттифоқи Шуравӣ меҷангиданд. Ҳамин тариқ, ҳамкорӣ бо фашистон воқеан бузург буд.
Андешаи дигаре, ки гӯё ҳавои сарди зимистон, набудани либоси гарми мувофиқи зимистони Россия ва дар натиҷаи хунукӣ аз кор баромадани таҷҳизоти ҳарбии фашистон барои шикасти онҳо сабаб шуда бошад, мутлақан хато аст. Бояд тазаккур намуд, ки сарбозони советӣ ҳам либоси гарм надоштанд, ки барои хунукӣ тобовар бошад. Пас, барои чӣ фашистон тобистон ғалаба накарданд, агарчӣ бештари муҳорибаҳои бузурги замони ҷанг ба тобистон рост меомад. Масалан, муҳорибаи назди Курск (июл-августи 1943).
Яке аз масъалаҳое, ки барои таҳлили рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назари муҳаққиқон ҷолибовар менамояд, ин барои чӣ қӯшунҳои шуравӣ дар аввали ҷанг ба дастовардҳои муфит ноил нашуданд ва қисмати зиёди ҳудуди кишварро аз даст доданд? Дар ин бобат муҳаққиқони ҳарбӣ оид ба паст будани дараҷаи тайёрии сарфармондеҳҳо ва сарбозони шуравӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қайд мекунанд. Бо вуҷуди ин, ба хотир овардан бамаврид аст, ки Геббелс, ки комиссари мудофиаи Берлин буд, дар рӯзномаи худ дар санаи 18 марти соли 1945 навишта буд: «Штаби генералӣ ба ман ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кард, ки бо тарҷумаи ҳол ва симоҳои генералҳо ва маршалҳои шуравӣ шинос шавам… Ин маршалҳо ва генералҳо қариб ҳамаашон аз 50 сола боло нестанд, ғайр аз он, ки онҳо одамоне ҳастанд, ки таҷрибаи бойи инқилобиву сиёсиро паси сар карданд ва чеҳраҳояшон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо дар асл аз решаҳои халқ ҳастанд. Ба ибораи дигар, муқаррар намудан мумкин аст, ки роҳбарияти ҳарбии Иттифоқи Шуравӣ аз сафҳои мо беҳтар, аз синфҳои мо хубтар аст…». Ё вақте ки фелдмаршал Паулюс ба сифати шоҳид дар мурофиаи Нюрнберг гувоҳӣ додааст, вакили дифо Геринг кӯшиш кард, ки ӯро ба он айбдор кунад, ки гуё ҳангоми дар асорат буданаш ӯ дар академияи ҳарбии шуравӣ дарс додааст. Дар ҷавоб Паулус чунин посух дод: «Стратегияи ҳарбии шӯравӣ аз стратегияи мо он қадар бартарӣ дошт, ки русҳо ба ман ҳатто дар мактаби афсарони қаторӣ дарс додан ҳам намехостанд. Беҳтарин далели ин, натиҷаи ҷанги Волга аст, ки ман асир шудам, инчунин натиҷаи он аст, ки ҳамаи ин ҷанобон дар ин ҷо, дар курсии айбдорон нишастаанд».
Имрӯзҳо дар ИМА ва Британияи Кабир чунин ақида мавҷуд аст, ки дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон на танҳо ИҶШС, балки кишварҳои дигар нақши ҳалкунандаро бозида бошанд. Таҳлили худи рақамҳо дар бораи нақши халкунандаи Иттифоқи Шуравӣ дар торумор кардани Олмони фашистӣ сухан меронанд. Дар фронти шуравӣ ва Олмон, Қувваҳои Мусаллаҳи Олмон 13,6 миллион нафар ҳалок гардиданд. Қисми асосии таҷҳизоти низомии Вермахт дар ин ҷо нобуд карда шуд: зиёда аз 70 ҳазор ҳавопаймо (беш аз 75%), тақрибан 50 ҳазор танк ва яроқҳои ҳамлавӣ (то 75%), 167 ҳазор яроқ (74%), зиёда аз 2,5 ҳазор киштиҳои ҳарбӣ, нақлиёт ва киштиҳои ёрирасон. Қувваҳои Мусаллаҳи шуравӣ 507 дивизияи Олмон ва 100 дивизияи иттифоқчиёни онро торумор карданд, ки ин назар ба ҳамаи фронтҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон қариб 3,5 баробар зиёд аст.
Имрӯзҳо боз ҳам дар бораи эҳтимоли пирӯзии Гитлер андешаҳои зиёд ҷой доранд. Баъзе нависандагон ва рӯзноманигорон аз он менависанд, ки агар Гитлер ғалаба мекард, беҳтар мешуд, он гоҳ ҳаёт хубтар, озодтар мешуд. Лекин бояд изҳор намуд, ки дар баробари ҷой доштани андешаҳои гуногун оид ба ғалабаи фашизм ва пурӯзии он доштани хаёлот, хом аст.
Нақшаи Гитлер нисбати ояндаи олам дар ҳолати ғалабаи фашизм тамоман дигар буд. Гитлер нақша дошт, ки халқҳои Шарқро аз «шакли ташкили давлатӣ» маҳрум гардонад ва мувофиқи он онҳоро дар дараҷаи пасттарини маданият нигоҳ дорад. «Принсипи роҳбарии мо, – гуфта буд ӯ, – бояд аз он иборат бошад, ки ин халқҳо оид ба мавҷудияти худ танҳо як далел дошта бошанд…, барои мо бошад аз ҷиҳати иқтисодӣ фоиданок бошанд». Аллакай, то оғози чанг нақшаҳои гитлерӣ оид ба асорат ва несту нобуд кардани «халқҳои Шарқ» дар нақшаи генералии «Ост», ки онро Саридораи Амнияти Рейх тартиб додааст, муайян карда шуда буд.
Дар нақшаи генералии «Ост» бадарға кардани қариб 31 миллион нафар одамон аз қаламрави ишғолшудаи Полша ва қисми ғарбии Иттифоқи Шуравӣ ва дар ин заминҳо ҷойгир кардани миллионхо нафар одамон пешбинй карда шуда буд. 80-85% аҳолии Полша ва Украинаи Ғарбӣ, 75% аҳолии Белоруссия, кисми зиёди ахолии Литва, Латвия, Эстония бояд бадарға мешуданд. Пешбинӣ шуда буд, ки мардуми Дания, Норвегия, Голландия ва Англия ба Балтика кӯчонида шаванд. Ҳамаи ин тадбирҳо хусусияти махсусан оштинопазир ва ваҳшиёнаи ҷангро пешакӣ муайян карда буданд. Ба ин муносибат даъвои беҳтар будани ғалабаи Олмон беасос ва беъмаъно аст, гӯё ки он халқҳоро аз сталинизм озод мекард ва ба инкишофи демократия дар Аврупо хисса мегузошт.
Дар иртибот бо гуфтаҳои боло зарурати қайд аст, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун яке аз давраҳои пурэҳсос ва вазнини таърихи халқҳои шуравӣ боқӣ мемонад. Воқеъияти он дар асоси далелҳои зиёди таърихиву оморӣ, сиёсиву иҷтимоӣ навишта шудааст ва аз қаҳрамониҳои халқҳои гуногуни кишвари паҳновар ҳидоят мекунад. Масалан, аз Тоҷикистон ба фронт зиёда аз 300 ҳазор нафар одамон сафарбар шуданд. 100 ҳазор тоҷикон бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ меҳнаткашони Тоҷикистони шуравӣ ба фронт зиёда аз 700 тонна ғалла, 36 ҳазор тонна гӯшт ва ҳазорҳо метр матои абрешимӣ фиристониданд. Ба фронт зиёда аз 150 вагон туҳфаҳо фиристода шуд, ки танҳо ба Ленингради муҳосирашуда 50 вагон рост меомад.
Ҳамин тариқ, дар замони муосир воқеаҳои таърихӣ, махсусан таърихи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ва таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби баъзе аз сиёсатмадорон, муҳаққиқон ва рӯзноманигорон барои дигаргун кардани мақоми кишварҳои ғолиб, тағйир додани мавқеи ғоявии аҳолии кишварҳои гуногун ва ба вуҷуд овардани хусумату бадбинӣ нисбат ба қаҳрамонҳои асил истифода карда мешаванд. Албатта, ин амали беасос ва бофтаи онҳо муқобили далелҳои таърихӣ ҳеҷ аст ва танҳо таърих худ гувоҳ аст.
Муродова Н.С., доктори илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДМТ