ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ВАҲДАТОФАР

9

Дар шароити таҳдидҳои замони муосир ва хатари паҳн гардидани низоъҳои мусаллаҳонаи минтақавӣ ваҳдати миллӣ омили муттаҳидшавии миллат ва таъмини амнияти шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Рушди устувори давлат ва зиндагонии шоистаю сазовори мардум ба ваҳдати миллӣ ҳамбастагӣ дорад. Маҳз дар шароити ваҳдати миллӣ шаҳрвандон осуда ва беизтироб зиндагӣ мекунанд, барои расидан ба мақсадҳои ҳаётии хеш саъю талош менамоянд. Бо шарофати ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи сиёсӣ шаҳрвандон озодона фаъолият намуда, аз маҳорату қобилияти худ истифода бурда, дар рушди ҷомеа саҳм гузошта метавонанд.

Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромӣ орзую ормони ҳамешагии ҳар як миллат аст ва дар шароити ҷаҳони имрӯза ҳамчун арзиши муқаддаси иҷтимоӣ ва сиёсӣ шинохта шудааст. Хушбахтона, дар Тоҷикистон ваҳдати миллӣ устувор буда, муҳимтарин муқаддасот ва ифтихори миллӣ маҳсуб мешавад. Ҳамзамон, боиси ифтихор аст, ки мувофиқи таҳқиқоти сотсиологии Институти амрикоии омӯзиши афкори умуми “Гэллап” (2023) Тоҷикистон дар байни 142 давлат амнтарин кишвари ҷаҳон дониста шудааст. Инчунин, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ду маротиба (солҳои 2004 ва 2016) ба ҷоизаҳои байналмиллалии «Шаҳри сулҳ» сазовор дониста гардидааст. “Имрӯзҳо фарҳанги сулҳофаринӣ ва таҳаммулгароии миллати моро, ки дар натиҷаи ба даст овардани ваҳдати миллӣ эътибори ҷаҳонӣ ёфт, марказҳои таҳқиқотии дунё мавриди омӯзиш қарор дода, сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд” (Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ, аз 26.06.2024 [манбаи электронӣ]. URL: https://www.president.tj/event/speeches/37824 (санаи истифодабарӣ: 15.06.2024))

Далелҳои мазкур аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки давлату ҳукумати Тоҷикистон рисолати меҳварии хеш, яъне таъмину таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва Ваҳдати миллиро пурра ба анҷом расонида, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳофар ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мебошанд. Бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат дар кишварамон барои ҳаёту фаъолияти шаҳрвандон фазои мусоиди орому осуда фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат дар ҳар як суханрониҳои хеш аз ҳамаи мо – шаҳрвандони Тоҷикистон даъват ба амал меоранд, ки сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем, барои ободӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон талош кунем, дар таҳкими сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон саҳми назарраси хешро гузорем.

Хулоса, ваҳдати миллӣ аз табиати иҷтимоии миллати тоҷик бармеояд, миллати тоҷик табиатан ваҳдатофар ва сулҳдӯст мебошад, дар ҳамаи давру замон рушди ҳаёти иҷтимоӣ ва давлатдории тоҷикон ба сулҳу суботи сиёсӣ ҳамбастагии қавӣ доштааст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳад, ваҳдати миллиро ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва арзиши нодиртарини иҷтимоӣ ҳифз намояд, пос ва гиромӣ дорад.

Мирзода Фирӯз Сафаралӣ – н.и.ф., дотсенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон