НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

25

Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо, пеш аз ҳама тавонистем Истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзишии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Дар марҳилаи навини рушди илму техника ва воридшавии ҷомеа ба фазои иттилоотӣ, бархӯрди фарҳангу тамуддунҳо, низоҳои динӣ-мазҳабӣ, хатари терроризму экстремизм, буҳронҳои иқтисодию экологӣ, танишҳои сиёсӣ байни абарқудратҳо, манфиатҳои сиёсӣ-иқтисодӣ ва ғайра ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Муҳимтар аз ҳама ҷангҳои идеологию сиёсӣ ва ба даст овардани манфиатҳои иқтисодӣ боиси нооромсозии давлатҳои ҷаҳони дуюм ва сеюм гардида, ҳатто авзоаи сиёсии давлатҳои ҷаҳони сеюмро низ мураккабу печидатар намуда истодааст. Дар воқеъ хатару таҳдидҳои пасипардагии абарқудратҳо ба он оварда истодааст, ки ҳеҷ навъи шартномаю муносибатҳои дипломатӣ, ҳатто созишномаҳои байналмиллалӣ наметавононанд ба ин муносибатҳо таъсир расонанд. Мисоли ингуна равандҳоро метавон нисбат ба мардумон ва давлатҳои Сурия, Фаластин, Ливан, Яман, Сомалӣ, Нигерия, Афғонистон, Украина ва ғайра ном бурд. Ба қавли Кант Дронт, ки дар китоби “Ҷанги чоруми ҷаҳон” ишора менамояд: Дар замони ду раванди муносибати таърихӣ: а) ошкор, б) пасипардагӣ. Кант Дронт хатарноктарини муносибатро муносибати пасипардагӣ ном мебарад, зеро аз раванду хатарҳои таърихи ошкор ҳама огоҳанд, вале таърихи пасипардагӣ бошад, байни он давлатҳои абарақудрате сурат мегирад, ки дар дили шаб ва махфиёна таҳрезӣ мегардад ва ҳеҷ навъи муносибатҳои дипломатӣ ва наметавонад ба он монеъагӣ эҷод намояд, чун ки дар меҳвари он манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор мегиранд. Бешубҳа метавон дар ин муносибату равандҳои печидаи мантақа ва ҷаҳон мақоми роҳбар ва пешвои сиёсиро баробари истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ муҳим арзёбӣ намуд. Дар воқеъ доштани роҳбару пешвои сиёсӣ, дурандеш, таҳдидшинос ва аз ин ҳамагуна хатарҳо огоҳ иқболи баланди ҳар давлату миллат аст. Ба қавли шоир:

Ба сулҳи сарзамини тоҷикон шукрона бояд кард,

Зи бедорӣ аз ин хоби гарон шукрона бояд кард.

Паи ваҳдат бикӯшид он, ки меҳри Тоҷикистон дошт,

Зи фарзандони оқили замон шукрона бояд кард.

Хушбахтона, миллати тоҷик бо доштани ин се арзиши ҳаётан муҳими низоми давлатадорӣ тавонист худ ва давлатро аз вартаи порча-порчасозӣ ва нобудӣ наҷот диҳад. Чун сухан перомуни Ваҳдати миллӣ меравад, ҳаминро бояд таъкид намуд, ки Ваҳдати миллӣ волотарин сайри такомули сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии ҳар як халқу миллат ба ҳисоб рафта, дар заминаи арзишҳо ва унсурҳои муштараки фарҳанг ва ормонҳои ягонаи миллӣ-давлатӣ ба вуҷуд меояд.

Маҳз омӯзиши арзишҳои муштараки миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллиро ба вуҷуд оварда, нигоҳдорӣ ва арҷгузории онҳоро ба ояндагон талқин медиҳад. Ваҳдат ва ҳувияти миллӣ арзишҳое мебошанд, ки дар заминаи ормонҳои миллӣ ба вуҷуд омада, аз ҳар фард матиниродагиву дурандешӣ, ватандӯстию посдорӣ, қадршиносӣ ва арҷгузории арзишҳои миллиро талаб менамояд. Ин ду неъмати бебаҳо арзишҳое мебошанд, ки ҳама халқу миллат ва давлатҳо дар ҳама давру замон ба онҳо ниёз доштанд ва доранд. Бисёр халқу миллатҳоеро имрӯз метавон ном бурд, ки бо надоштани чунин муқаддасот, роҳбари сиёсӣ ва дурандеш ваҳдату якпорчагияшонро аз даст дода, мардумашон дар оворагию гурснагӣ қарор доранд. Воқеан, ваҳдату иттиҳод беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат ва наҷоти миллат дар ҳар давру замон аст. Ваҳдати миллиро дар роҳи худшиносии миллӣ, таърих, эҳёи оину суннатҳо, инкишофи илму маориф ва дар марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллат, рушди зеҳниятҳо ва эҷодкорӣ арзиши бузург донист.

Дар воқеъ Ваҳдати миллӣ муҳимтарин шоҳсутуни истиқлоли ҳар як кишвар аст. Ваҳдати миллӣ замоне шакл мегирад, ки дар ҳар як фарди ҷомеа ҳувияту худшиносии миллӣ ташаккул меёбад ва эътиқоди динӣ дар тобеияти арзишҳо ва унсурҳои фарҳанги миллӣ, якпорчагии Ватан, ҳифзи марзу буми он, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва арҷузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон шакл мегирад. Ваҳдати миллӣ ифодакунандаи сарҷамъиву муттаҳидии фарду ҷомеа, гузаштан аз гуноҳи якдигар, саодатмандию сарфарозии миллат нисбати ояндаи миллати хеш аст. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳар як ҷомеа, миллату давлат дар ҳоле худро хушбахту сарҷамъ ва ором эҳсос мекунад, ки дар Ватан фазои сулҳу субот, амният, истиқлоли давлатӣ ва якпорачагии он побарҷо бошад.

Касби маърифат ва баланд гардидани тафаккури афроди ҷомеа метавонад дар таҳкими пояҳои ваҳдату худшиносии миллӣ ва дарки ин арзишҳо ба бунёди тамоми сохтору ниҳодҳои давлатию асолатҳои миллӣ такони ҷиддӣ бахшад. Ваҳдати миллӣ ғояи арзишнокест, ки одамон зери мафҳуми он тамоми ормонҳои миллиро дар доираи урфу одат, анъана, расму оинҳои миллӣ офарида, зери шиорҳои баробарию дӯстӣ, авфи гуноҳи якдигар ва фазои сулҳу субот ҳаёт ба сар бурданро дар худ шиор мекунанд.

Ҷои шак нест, ки миллати тоҷик ҳанӯз аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба як қатор мушкилотҳои дохилие рӯ ба рӯ гардид, ки аз ҷониби баъзе ашхоси тангназару мутаассиб ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ садҳо фарзандони асилу қаҳрамонашро аз даст дод.

Хушбахтона, доштани андешаву тафаккури сиёсӣ ва созандаи фарзандони бонангаш чунин хатару парокандагии миллат ва порча-порчасозии давлатро эҳсос намуда, сари вақт дар садади бартарафсозии он баромаданд. Чунин кори Пешвои миллат ва фарзандони бо нанги он дар роҳи якпорчагии давлат ва Ваҳдати миллӣ барои аксар сиёсатмадорону сиёсатшиноси ҷаҳониёнӣ намунаи ибрат гардидааст. Ин фарзанди баруманди миллат манфитаҳои миллиро аз ҳамагуна манфиатҳо болотар гузошта, баҳри якпорчагии “Тоҷикистони азиз” гомҳои устувор ниҳод.

Таърих борҳо собит намудааст, ки дар ҷомеае, ки тафаккури созандаву эҷодкор ҳимоятгари манфиатҳои ҷамъиятӣ ва миллӣ нест, зери фармони бегонагон қарор мегирад ва чунин фармонбардорӣ минбаъд ба нобудии давлату миллат оварда мерасонад. Равандҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки маҳз ба инобат нагирифтани манфиат ва арзишҳои муштараки миллӣ боиси ҷангу низоҳои дохилӣ, байнидавлатӣ ва минтақавӣ гардида, на танҳо ба давлатҳои рӯ ба инкишоф, балки ба давлатҳои аз лиҳози иқтисодию сиёсӣ пешрафта низ бетаъсир намемонанд. Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳамагуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ болтар ва дахлнопазир бошанд, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром ва якпорча созад”.

Миллате, ки ба қадари таъриху фарҳанг, забону адабиёт, анъанаву арзишҳои фарҳангии худ арҷгузорӣ намекунад, гумон аст, ки истиқлолаш ва ваҳдаи миллияшро ҳифз карда тавонад.

Асри ХХ1-ро, баробари пешрафти рушди илму техника ва кашфи асрори кайҳон ва дигар сайёраҳо, наметавон ҳамчун асри хушбативу муваффақияти инсоният ном бурд. «Асри ХХ1-ро на ҳамчун асри равобити ҳасанаи тамаддунҳо, сулҳу ваҳдат, васлшавии муносибатҳои дипламатию роҳи абрешим байни давлату фарҳангҳои гуногун аст, балки ҳамчун асри бархӯрди манфиатҳо, маҳвкунии арзишҳои фарҳангӣ дар ниҳоят қарни фасоду мусибатборӣ башарият низ метавон ном бурд. Ба қавли ҷомеашинос Г. Спенсер “ҷомеа монанди организме аст, ки аз бемории як узви он тамоми организм азият мекашад”. Чунин назарияро Саъди бузургвор ҳанӯз дар асрҳои миёна хело хуб ёдоварӣ намуда буд:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад-т рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Воқеан, ин мисраъҳои пурҳикмати Саъдӣ тамоми муносибатҳои даҳшатбори гурӯҳи террористию экстремистӣ, манфиатҷӯиҳои абарқудратҳо, ки имрӯзҳо боиси марги ҳазорон одами бегуноҳ ва нобудшавии дастовардҳои моддию маънавии фарҳангии чандинасраи инсонианд, фарогир аст. Дар воқеъ, агар ба мазмуни ин мисраъҳои Саъдӣ дуруст назар афканем, ҳар рӯзи ҷаҳони муосир барои башарият ҳамчун рӯзи мусибату бадбахтист.

Чунин муносибат дар даҳаи аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ рӯё рӯи миллати тоҷик қарор гирифт, ки хушбахтона миллати тоҷик зери роҳбари Пешвои дурбину нуктасанҷи худ чунин амали нангин ва дар назди таърих нобахшидании худро ба зудӣ дарк намуда, мардумро аз парокандагӣ, давлатро аз нобудшавӣ ва фитнаву дасисаҳои шахсони бегонаву манфиатҷӯ наҷот дод.

Ба инобат нагирифтани муқаддасоти миллӣ, марзу бум, забону фарҳанг, суннатҳои ниёгонӣ пеш аз ҳама ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон дар Ватан ва арҷгузорию қадрдонии унсурҳои фарҳанги бегона боиси костагӣ ва дурӣ аз худшиносию худогоҳии миллӣ мегардад. Чунин муносибат дар ягон давру замон натавонист хусусияти озодихоҳӣ, истиқлолхоҳӣ ва бунёди давлатдории миллиро ба вуҷуд овараду дар таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини амнияти миллат ва тамомияти марзу будми Ватан шароити мусоидро фароҳам созад. Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳилаи тақдирсози таърихӣ ҳамчун омили нерӯманду иттиҳоди ҷомеа хизмати бузургу пурарзишро анҷом дод. Аз ин рӯ, таҳкими пояҳо ва консепсияҳои ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибию тавонбахши тафаккур ва ҷаҳонбинии миллӣ шинохта ва эътироф гардад, яъне “мафҳуми Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот чун ҷузъи таркибии тафаккури миллӣ бояд ҳимоятгари манфиатҳои миллию давлатӣ коркард ва мавриди пажуҳиши муҳаққиқони ҷомешаносон қарор гирад. Инчунин мақому ҷойгоҳи мафҳумҳои сулҳу ваҳдат ва истиқлоли сиёсӣ ҷузъи таркибии тафаккури миллӣ баҳри рушду инкишофи пояҳои давлатдории миллӣ, истиқлоли миллӣ, иқтисоди миллӣ, фарҳангӣ миллӣ ва тафаккури созандаи миллӣ шинохта шаванд.

Беҳуда нест, ки дар ташаккулёбии “Ваҳдати миллӣ” нақши тафаккури миллӣ ва идеологияи миллӣ ниҳоят муҳим буда, бе ин ду наметавон устуворию мавҷудияти миллату давлатро устувор тасаввур намуд. Ба андешаи шодравон Худоӣ Шарифзода: “Шахсият метавонад дар ҳудуди давлати миллӣ арзи вуҷуд намояд. Масалан, як физикдони рус, агар ба Амрико равад ва дар он ҷо солҳо кору хидмат кунад, шахсияте нахоҳад буд, магар ин ки амрикоӣ шавад. Бинобар ин, агар ман, масалан, касе ҳастам, аз баракати Тоҷикистон ҳастам. Ҳатто барои наздиктарин кишварҳо, ки собиқаи муштараки фарҳангӣ, динӣ ва забонӣ дорем, раҳгузаре бештар нестем. Муҳимтарин чиз барои тоҷики Тоҷикистон мавҷудияти ҳамин кишвар аст…Касе, ки инро нашиносад, ҳанӯз худашро хуб нашинохтааст”.

Ҷомеае, ки ба хурофоту таассубҳои диниву мазҳабӣ дода мешавад ва аз моҳияти дину оинҳои миллӣ бехабар мемонад, ҳеҷ вақт дар ташаккулёбии тафаккури миллӣ ва ҳифзи арзишҳову муқаддасоти миллӣ нақше гузошта наметавонд. Бе Ваҳдати миллӣ ягон ҷомеаро хушбахту осоишта тасаввур кардан мумкин нест. Ваҳдати миллӣ мафҳумест, ки бо садо доданаш осоиштагӣ, сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ, сарҷамъии ҷомеа ва миллату давлат фаҳмида мешавад. Таҳкими аркони давлатиро бе рушди фарҳанг, вусъати худоогоҳии шахсу ҷомеа дар ташаккули тафаккури миллӣ ва мустаҳкамии онро дар ҷаҳонбинии наслҳои бедору худоогоҳ ва ватанпарвару миллатдӯсти он дидан номумкин аст.

Дар ниҳоят метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ ба ҳайси як асолати маънавии халқ, симои дурахшони таъриху фарҳанг ва дигар арзишҳои моддиву маънавии миллати тоҷик аст, ки тӯли ҳазоросолаҳо мавҷудияти онро нигоҳ дошт. Бинобар ин ҳар як фарди ҷомеаи моро зарур аст, ин муқаддасотро монанди чор унсури ҳаётан муҳим нигоҳ дораду аз ҳаргуна манфиатҳои шахсӣ волотар гузорад. Имрӯз мардуми моро мебояд, ки дар омӯхтани худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бештар камари ҳиммат банданд, зеро сипари ҳар як миллат, пеш аз ҳама огоҳии ӯ аз “Кӣ будан” ва “ Кӣ боқӣ мондан”-и он миллат вобастагии муҳим дорд. Қобили тазаккур аст, ки ҳеҷ як қавму миллат таърих ва мавҷудияти хешро наметавонад бе муттаҳидӣ, ваҳдати воқеӣ, ҷонфидоиҳо баҳри ба дастоварии сулҳу оромӣ ва фардои нек нигоҳ дорад. Ин аст, ки Саъдии Шерозӣ мефармояд:

Мӯрчагон гар бикунанд иттифоқ, Шери жаёнро бидаронанд пуст.

Имрӯз ҳар яки моро мебояд ин арзиш ва асолатҳои миллиро аз ҳама гуна манфиатҳо дида, бештар ҳифз намоед. Ҳимоя накардани ин муқаддасот, боиси нобудӣ ва азбайнравии фарҳанг, ҳаёти осоишта ва ваҳдату сарҷамъӣ ва нобудии халқу миллат оварда мерасонад. Ваҳдат ва ҳувияти миллӣ арзишҳое мебошанд, ки онҳоро наметавон ба ягон чиз (молу сарват) муқоиса ва харидорӣ кард. Вазъи имрӯзаи ҷаҳонӣ бо вусъатёбии ифротгароию терроризми динӣ-сиёсӣ, куштори бераҳмонаи мардуми бегуноҳ, хатару таҳдиддҳои биологию кимёвӣ, фарҳангию идеологӣ ва ғайра рӯ ба рӯ асту амният ва ҳаёти осоиштаи башарро ба ташвиш овардааст. Бинобар ин ҳар якеи мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлоли давлатӣ ва ғояи асосии давлатдории миллӣ маҳсуб намоем ва онро миёни ҷомеа, ба хусус наслҳои ҷавон баҳри бақои амният ва сулҳу суботи давлат тарғиб созем.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ ганҷина ва сарватест, ки онро танҳо бо роҳи якдигарфаҳмӣ ва андешаи мусолиҳатомез ба даст овардан мумкин аст. Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик баракати зиёде ба бор овард ва оварда истодааст. Нишонаҳои онро метавон дар сарҷамъии халқи тоҷик аз парокандагиву дурӣ аз Ватан, гузаштан аз гуноҳи якдигар, пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мушоҳида намуд. Аслан вақте, ки мафҳуми Ваҳдати миллӣ ба гӯш мерасад, пеш аз ҳама хизматҳои содиқонаву софдилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини ба сари давлат омаданашон, аз минбари баланд гуфтанд: “Ман ба Шумо сулҳ меоварам”, сипас “баргардонидани охирин гуреза бар ватан” ва сарҷамии миллатро ба забон оварданашон, ба хотир мерасад.

Бигузор Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азиз бегазанд ва дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ садои ширини тифлакон, фазои сулҳу субот ва амнияту осоиштагии сартосарӣ пойбарҷо бошад.

Қаландарзода М.И. -дотсенти кафедраи диншиносии факултати фалсафаи ДМТ