
Имрӯз дар кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдории муосири Тоҷикистон” баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ин ҳамоиш муҳокимаи амиқи ҷойгоҳ ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар раванди таҳким ва рушди давлатдории муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёфт.
Иштирокчиёни мизи мудаввар дар фазои озоди илмӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзуъ – аз ҷумла таъсири ваҳдат ба ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа – мубодилаи афкор намуданд.
Мудири кафедра, дотсент Гиеев Қ.Ҳ., бо сухани ифтитоҳӣ чорабиниро оғоз намуда, доир ба зарурати таҳқиқи амиқи мавзуъ ва нақши он дар таҳкими истиқлолият ва суботи миллӣ ибрози назар кард.
Сипас, дотсентон Сафарова С. ва Заҳруддинов И. бо маърӯзаҳои илмӣ ва пурмуҳтавои худ баромад намуданд. Маърӯзаҳои онҳо ҷанбаҳои муҳими масъала, аз ҷумла нақши Ваҳдати миллӣ дар таъмини суботи сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангиву таърихиро дар бар гирифтанд.