Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдат падидаетс, ки бо тамоми раванду ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ робита ва пайвасти ногусастанӣ дошта, ҳамчун қисми ҷудонопазири шуури ҷамъиятӣ ва ғояи меҳварӣ амал менамояд. Асоси ваҳдати миллиро умумияти арзишҳо, ки ба аксари кулли бошандагони кишвар наздиканд ва ҷомеаро дар умумияти ягона муттаҳид месозанд, ташкил медиҳад.
Ваҳдати миллиро касоне дарк мекунанд, ки дар руҳияи суннату анъанаҳои халқи хеш, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои волои умумибашарӣ тарбия гирифта, ба камол расидаанд, ба таври мунтазам ва пай дар пай дар бораи ҷомеа, тафаккури созандаю гуманистӣ, табиат ва ҳифзи он, илму техника ва технологияи самараноки тарзи ҳаёти солим дониш, малакаю маҳорати зарурӣ ҳосил намуда, фаъолияти муҳими зарурии бунёдкориро дар доираи манфиатҳои инсони комил ва давлати мутамаддин амалӣ мегардонанд. Одамоне ваҳдатовар мегарданд, ки эҳтироми ҳалқи хеш ва халқҳои дигарро дар заминаи арзишҳои эътирофгардидаи башарият ба ҷо меоваранд. Маҳз ваҳдати миллӣ омили муайянкунандаи роҳи ягонаи пешрафти Тоҷикистон гардида, арзишҳо ва афзалиятҳои ҷомеаи тоҷикро шакл дода, қавитар гардонид ва пояи устувории давлатдории тоҷикон шудааст.
Ваҳдати миллӣ замина ва решаҳои аслии худро аз чунин саҳифаи заррин ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик – яъне рӯзи ба имзо расидани Созшпномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дарёфт намуд, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расид ва пайёми ҷонбахше буд аз фарорасии сулҳи деринтизор.
Ҳосил шудани созиш ва эътимоди тарафайн, барқарор гардидани сулҳу субот барои дар муддати нисбатан кӯтоҳ гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард.
Осоиши халқ, рушди давлат, таҳкими пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, обрӯи байналхалқии мо, пеш аз ҳама, ба таъмини волоияти қонун дар саросари мамлакат вобаста мебошад, Фаъолияти тамоми ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳон ҷамъиятӣ, муассисаҳои динӣ, умуман ҳар як шаҳрванд бояд фақат дар чорчӯбаи Конститутсия сурат гирад. Танҳо дар ҳамин ҳолат, мо метавонем ҷомеаи воқеан демократию мутамаддин бунёд намоем ва сазовори чунин ҷомеа бошем.
Мардуми тоҷик пас аз он ки фоҷиаи сахти ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар кард, ба шинохти ҳастии хеш рӯ овард, зарурати ваҳдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлати миллиро беш аз пеш дарк намуд. Ин сарчашмаи асосӣ ва омили муҳимтарини расидан ба ваҳдати миллист. Ҳамзамон мо, ҳар як фарди соҳибақл бояд дарк намояд, ки расидан ба ваҳдати миллӣ амали якрӯзаву дурӯза нест, марҳилаи давомдорест ва расидан ба он саъйу кӯшиши ҷомеаро талаб мекунад.
Устуворшавии арзишҳои демократӣ ва ниҳодҳои демократӣ, бо такя ба фаъол гардонии амал ва мавқеи созмонҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, такмилу тақвияти механизми таъсири ҷомеа ба шахс ва рафтори ӯ, тарбияи маърифати баланди сиёсии шаҳрвандон ва санъати идораи ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар руҳияи арзишҳои меҳанпарастӣ ва эҳтиром доштани мероси маънавии ниёгон, устуворшавии адолати иҷтимоӣ василаҳои воқеии расидан ба ваҳдати миллианд.
Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои худро дошта, ба қадр, муҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург мебошад. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд: «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Асоси ваҳдати миллии мо ягонагии ҷомеаи Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигар ақаллиятҳои миллӣ ё ба таври дигар шаҳрвандоне мебошанд, ки решаҳои этникии худро ҳамчун намояндаи фарҳанги дигар миллатҳо эҳсос мекунанд. Тавре ки бармеояд, дар Тоҷикистон ақаллиятҳои миллӣ аз ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ бархурдоранд ва ҳеҷ монеаи сунъие барои онҳо вуҷуд надорад. Яъне, дар сатҳи муносиботи байни ақаллиятҳои миллии сокинони кишварамон фазои мусоиди ваҳдатофаре ҳукмрон аст. Аз ҷиҳати дигар мустаҳакамии ваҳдати миллӣ аз гуфтаҳо бар меояд, гуфтугӯи фарҳангҳо ва таҳаммулпазирии онҳо дар доираи як давлати миллӣ ба ҳисоб меравад. Аслан худи мавҷудияти як умумияти фарҳангии гурӯҳҳои гуногуни этникӣ, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, натиҷаи ҳамин руҳияи таҳаммулгароии миллати мо аз тарафи Президенти кишвар амалӣ кардани сиёсати ваҳдати миллӣ мебошад.
Ормонҳои миллати мо чун озодӣ, истиқлолият, ватандӯстиву инсондӯстӣ, озодфикриву илмдӯстӣ, ваҳдати милливу дӯстии байни миллатҳо, таҳаммулгароиву фарҳанговарӣ аз он ғояҳо ва омилҳое мебошанд, ки метавонанд устувории ҷомеаи моро таъмин намоянд.
Ҳамин тариқ ваҳдати миллӣ оғози ба ҳам омаданҳо, даст кашидан аз ҳамагуна каҷрафторию ҷинояткориҳо, рӯ овардан ба муттаҳидию ҳамдигарфаҳмӣ дар бунёди давлати навин ва соҳибистиқлол ба шумор меравад, ки амалҳо ва шаклҳои мухталифи фаъолияти одамонро дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ фаро мегирад.
Cатторзода С.Н. дотсенти кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ