БАРРАСИИ ҶАҲОНБИНИИ СИЁСӢ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ

28

Имрӯз (01.10.2025) дар назди кафедраи сиёсатшиносии факултети фалсафаи ДМТ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми сиёсии олам” баргузор гардид, ки дар кори конференсия сардори Шуъбаи ахбори илмию техникии ДМТ Абдуллозода Р.А., декани факултети фалсафа, д.и.с., профессор Сафарализода Х.Қ., профессори кафедраи сиёсатшиносии ДМТ Зокиров Г. Н., сарходими илмии шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.с. Каримов Ш.Т., д.и.ҳ., профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Абдуҳамитов В.А., унвонҷӯйи мактаби олии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймонов У. М., д.и.с., профессор, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДМТ Муродова Н. С. ва дигарон иштирок ва маъруза намуданд.

Дар кори конференсия мавзуъҳои гуногун баррасӣ шуданд, аз ҷумла “Тамоюлҳои асосии рушди демократии олами муосир”, “Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави ҷаҳонӣ”, “Осиёи Марказӣ дар арсаи байналхалқии асри XXI: ташаккули актори стратегӣ”, “Ҷавобгирии маъмурӣ барои маҷбур кардан ба диндорӣ: масъалаҳои татбиқ”, “Вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии муҳоҷирони меҳнатӣ ва таъсири он ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Мақом ва нақши тамаддун дар низоми сиёсии ҷаҳонӣ”.