
Имрӯз (15.11.2025) дар толори Шурои олимони факултети фалсафа бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ, баргузор гардид.
Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии муовини декани факултет оид ба таълм Раҳимов Д. ифтитоҳ ёфта, вобаста ба нақши таърихии Иҷлосия, хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа таъкид намуданд.
Дар идомаи ҳамоиш дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ Абдулҳақов М. ва дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ Амондуллоев Б. вобаста ба масъалаи мазкур суханронӣ намуданд.
Устодон баён доштанд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ барои миллати тоҷик такягоҳи эҳёи давлатдорӣ гардида, маҳз дар ҳамон марҳала роҳандозии сиёсати давлатдорӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар оғоз ёфт. Ҳамчунин, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи ваҳдати миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни кишвар зикр гардид.







