МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ

12

(дар ҳошияи “Ҳафтумин мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. 15/16.11.2025)

Имрӯз Осиёи Марказӣ ба фазои муколамаи пурсамари дипломатӣ, ташаббусҳои созанда ва ташаккули робитаҳои нави ҳамкорӣ табдил ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Рӯзҳои 15-16-уми ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҳафтумин мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар он раисони ҷумҳуриҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва ҳам раиси Ҷумҳурии Озорбойҷон, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон аллакай соли сеюм аст, ки дар мулоқотҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок мекунад.

Рӯзномаи чорабинӣ масъалаҳои тақвияти минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, инчунин, татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак дар самтҳои афзалиятнокро дар бар мегирад. Дар бораи масъалаҳои мубрами сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҳамчунин, дар натиҷаи вохӯрии машваратӣ қабули бастаи назарраси ҳуҷҷатҳои бисёрҷониба даст омад.

Бояд зикр кард, ки ташаббуси баргузории машваратҳои мунтазами сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби раис Ҷумҳурии Узбекистон дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии СММ дар моҳи сентябри соли 2017 пешниҳод шуда буд. Мулоқоти аввал соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуда буд.

Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон зимни суханронии худ, қайд намуд, ки сарони кишварҳои Осиёӣ Марказӣ бо узвияти комили Ҷумҳурии Озарбойҷон дар қолаби мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёӣ Марказӣ мувофиқат кардаанд.

Инчунин, бо таърихи хондани ин иҷлосия, таъкид намуданд, ки бо пайвастани Ҷумҳури Озарбойҷон ба ин сохтор, ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ ба рушди пойдор мусоидат намуда, ба мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ такони тоза хоҳад бахшид.

Шавкат Мирзиёев ҳафтумин мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказиро “марҳилаи наве аз ҳамгироии минтақавӣ” эълон намуд ва гуфт, ки “кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тули ин чанд соли гуфтугӯ ба шарикони воқеъӣ расидаанд”.

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев қайд намуд, ки “… марзҳо боз шуданд. Ҳамкориҳо дар соҳаи энержӣ, ҳамлу нақл, иқтисод ва тиҷорат рушд ёфтааст ва бисёре аз масоили минтақавӣ ҳал шудааст. Пешниҳод мекунам, ки ин нишаст (Ҳафтумин мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёӣ Марказӣ) ба як ниҳоди доими таҳти унвони “Ҷомеаи кишварҳои Осиёӣ Марказӣ” табдил шавад ва барои он дабирхона, Шӯрои роҳбарон ва намояндагони вижа муайян шавад”.

Ҳафтумин мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини сулҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва баррасии таҳаввулоти минтақа ва ҷаҳон, махсусан Афғонистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳафтумин мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дидор ва дар бораи равобити дуҷониба ва бисёрҷониба, мулоқот намуданд. Дар ин мулоқот вазъияти кунунӣ ва дурнамои равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон мавриди барраси қарор гирифт.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ин мулоқот аз даъват ва истиқболи гарми Президенти кишвари мизбон қадрдонӣ намуда, ду тараф раванди рӯ ба рушди гуфтугӯҳои сиёсии миёни ду кишварро мусбат арзёбӣ карданд.

Дар раванди гуфтугӯҳо, рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва баҳрабардории пурра аз зарфиятҳои мавҷуд, дар бахшҳои энергия, саноат, кишоварзӣ ва фановариҳои навин ба унвони меҳварҳои аслии мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Инчунин, ишора ба ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии ду кишвар, натиҷаи мусбат ва созандаи ин равандро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд ва таъкид намудаанд, ки равобити илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ҷойгоҳи муҳиме дар муносибатҳои ду кишвар дорад.

Масоили марбут ба амнияти минтақавӣ ва муборизаи муштарак бо терроризм, экстремизм ва ҳамчунон гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфта аз дигар меҳварҳои гуфтугӯ буданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ ва мулоқотҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули назар карданд.

“Ин қадами стратегӣ, комилан бо манофеи мардуми мо, ки ба таври мустақим бо таърихи муштарак, пайвандҳои ҷовидонагӣ, қаробати маънавӣ ва фарҳангӣ пайванд хӯрдаанд, мутобиқат доранд”, қайд намуданд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар тули раёсати Ҷумҳурии Узбакистон беш аз 20 рӯйдоди муҳимми таърихию сиёсӣ дар ин формат баргузор шудааст, ки соҳаҳои мухталифи ҳамкориро дар бар гирифтааст.

Дар ҳамоиш доираи васеи масъалаҳои мубрами робитаҳои кишварҳои минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими заминаи муносибатҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ, ҳамчунин, масъалаҳои рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуд.

Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақш ва мавқеи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки минбари он бо эътимод мавқеи худро ҳамчун иштирокдори муҳимми равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ устувор мегардонад.

“Дар ин зимн муносибатҳои байнидавлатӣ таҳким меёбанд ва мо тамосҳои худро бо шарикони хориҷӣ фаъолона пеш мебарем”, изҳор доштанд дар робита ба ин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчуунин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои дар гузашта бадастомадаро заминаи мусоид барои густариши маҷмуи ҳамкории судманд арзёбӣ намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва ҳамгироии минтақавӣ дар доираи ҳамин қолаб мебошад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имзои Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ин санад уҳдадории муштараки ҷонибҳоро ба пешбурди пайвастаи рӯзнома, ки дар асоси принсипҳои шарикии баробарҳуқуқ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва эътимод асос ёфтааст, возеҳ тасдиқ менамояд.

Пешвои миллат, иброз доштанд, ки имрӯз Осиёи Марказӣ ба фазои муколамаи пурсамари дипломатӣ, ташаббусҳои созанда ва ташаккули робитаҳои нави ҳамкорӣ табдил ёфтааст.

Ҳамчунин, изҳор гардид, ки ин тамоюли созанда ба мо имкон медиҳад, ки иқтидори минтақаи худро ба манфиати наслҳои оянда самаранок истифода намоем.

Ҳамчунин, Пешвои миллат зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки барои рушди ҳамгироии истеҳсолӣ, таҳияи механизми минтақавии ҳамкории саноатӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахши энергетика, таҷдиди долонҳои роҳи оҳан, васеъ намудани нақлиёти ҳавоӣ ва омехта, иқдомҳои муштараки созанда зарур аст. Дар ин робита пешниҳод намуданд, ки фазои ягонаи нақлиётӣ ва логистикии Осиёи Марказӣ ташаккул дода шавад. Истифодаи самараноки имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишварҳои минтақа зарур шумурда шуд.

Бо дарназардошти аҳаммияти рӯзафзуни иқтисоди рақамӣ ва зарурати таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар ин соҳа, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад. Ба андешаи Сарвари давлати мо вазифаи ин марказ таҳияи барномаҳои тадқиқотӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои калидии ҳамкорӣ хоҳад буд.

Бо истифода аз фурсат Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии СММ ҷиҳати қабули Қатъномаи махсус таҳти унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, изҳори сипос намуданд.

Илова бар ин, гуфта шуд, ки таъсиси як платформаи ягонаи рақамӣ барои рушди тиҷорати электронӣ, ки имрӯз ба неруи пешбарандаи иқтисодиёт табдил ёфтааст, мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Таъкид гардид, ки татбиқи ин ташаббус на танҳо ҳамгироии иқтисодиро тақвият медиҳад, балки ба афзоиши фаъолияти тиҷоратӣ ва гуногунсозии ҷараёнҳои тиҷорат дар минтақа мусоидат хоҳад кард.

Дар фароварди ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз номи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Дар ниҳоят, ҳафтумин мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, марҳилаи муҳиме дар рушди ҳамгироии минтақавии Осиёи Марказӣ дар замони пурталотуми бархӯрдҳои геополитикӣ ва геостратегии ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад.

Масъуд СУЛАЙМОНЗОДА,муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети фалсафаи ДМТ