Давлат ҳамчун ниҳоди сиёсӣ дорои рамзҳои ифодасозандаи моҳият ва хусусиятҳои худ мебошад. Дар ин асно дар бораи рамзҳои давлатӣ нишон, парчам ва суруди миллӣ гуфтан мункин аст, ки онҳо бевосита ба ҳамагон маълумоти мухтасареро оид ба кишвар пешниҳод мекунанд. Парчам ҳамчун воситаи шинохти давлат дар бештари вақт ба сифати механизми ташаккули ҳувияти милливу сиёсӣ баромад намуда, вазифаҳои гуногунро дар низоми сиёсӣ иҷро мекунад.
Пеш аз ҳама, Парчами давлатӣ ҳамчун рамз якчанд вазифаҳои меҳвароро барои пойдории суҳу субот дар ҷомеа иҷро мекунад. Аввалан, он ба ташаккули шуури сиёсӣ, худшиносии миллӣ ва ҳувияти шаҳрвандӣ таъсир мерасонад. Дар ин бобат, хусусияти парчамро аз нигоҳи ташаккули худшиносиву ҳувият баҳо додан зарур аст, ки бештар бо шинохти миллӣ ва давлатӣ пайвандӣ дорад. Он рамзи арзишҳои миллӣ, таърих ва фарҳанги миллати алоҳида аст. Баъдан, парчамҳо ба ташаккули ғояи ягонаи сиёсӣ, ки ба таҳкими робитаи халқу кишвар мусоидат мекунад, равона карда мешавад. Парчам дар чунин ҳолат ба одамон дар дарки ҳодисаҳои таърихӣ ва ҳаёти сиёсӣ ёрӣ расонида, имконият медиҳад, ки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ муносибати худро ба арзишҳо ва муносибатҳои сиёсӣ пайдо намоянд. Аз ин рӯ, ифтихор аз парчам омиле ба ҳисоб меравад, ки шинохти миллат ва дарки ягонагии он, мансубияти шахс ба кишвари алоҳида, ҳолати равонии ҷомеаро инъикос мекунад.
Парчам ҳамчун танзимкунандаи ҳаракат ва рафтори одамон вазифаи меъёриро метавонад дар дӯш дошта бошад. Дар ин маврид он ҳамчун ифодасозандаи меъёрҳои ҳуқуқиву ахлоқӣ баромад мекунад ва рафтори одамонро ба низом меорад. Амали мазкур дар асоси дарки воқеият, бо ёрии ғояҳои сиёсиву таърихӣ, тасаввурот, эътиқод ва қоидаҳо ба амал меояд. Он ба одамон имконият медиҳад, ки муносибаташонро дар раванди иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ муайян намоянд.
Парчам метавонад ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва сиёсӣ вазифаи арзишӣ ва тарбиянамоиро дар уҳда дошта бошад. Ба сифати арзиш эътироф гардидани парчам, вазифаҳои дигари онро маълум менамояд. Муттаҳиднамоӣ дар зери парчам асоси арзишии парчамро ташкил мекунад. Парчам вазифаи муттаҳид намудани умумиятҳои иҷтимоиро дар заминаи нишондодҳои умумӣ, ягонагӣ, садоқат ба ватан, умед ба оянда ва ғайра ба амал мебарорад. Вазифаи тарбиявии парчам дар он аст, ки дар зеҳн ва қалби шаҳрвандон эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва муттаҳидиву ваҳдатро бедор менамояд.
Парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ ба шаҳрвандон оид ба соҳиби давлат ва Ватан будани онҳо хотиррасон мекунад. Парчам, ва овезон шудани он дар чорабиниҳои сиёсӣ ба тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз Ватан мусоидат мекунад. Баланд бардоштани парчам дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, дар маросимҳо ва муассисаҳои мухталиф муҳаббати шаҳрвандонро ба Ватанро бедор намуда, онҳоро ба ояндаи нек ва боумед ҳидоят мекунад. Эҳтиром ба парчам маънои эҳтиром ба давлат, қонун ва рамзҳои миллиро дорад. Парчам ҳамаи миллатҳо ва қавмҳои сокини кишварро зери як рамз муттаҳид месозад ва тарбияи ваҳдат ва ягонагиро дар дӯш дорад. Тарбияи эҳтиром ба қонун ва давлат ва инчунин ба арзишҳои дигарро маҳз парчам ифода карда метавонад. Он нишонаи гузашта, имрӯз ва ояндаи миллат мебошад. Ҷилои рангҳои парчам ва фаҳми он ба тарбияи ахлоқӣ ва ташаккули ҳувияти таърихиву сиёсӣ ва шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.
Хулоса, парчамҳо рамзҳое мебошанд, ки давлатҳо ва миллатҳоро ифода мекунанд. Онҳо як ҷузъи муҳими фарҳанг ва таърихи мо ба ҳисоб рафта, таҷассумкунандаи арзишҳои миллӣ, ифодакунандаи хусусиятҳои сиёсии системаи ҷомеа ва дурнамои инкишофи кишвар мебошанд. Дар ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти милливу шаҳрвандӣ онҳо таъсир расонида, боиси шукӯҳи ифтихор ва ягонагии мардуми кишварҳои мухталиф мегарданд. Парчам ҳамчун рамз на танҳо таъриху фарҳанг, балки ваҳдату ифтихори миллиро ифода мекунанд. Бинобар ин халқу миллатҳо масъулияти эҳтиром ба парчамро ҳамчун масъулияти шаҳрвандии хеш ҳисобида, барои ободиву рушди кишвари худ сахмгузор мебошанд.
Муродова Нигина,мудири кафедраи сиёсатшиносии ДМТ







