ҲАМКОРӢ БО СОХТОРҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

6

Имрӯз (02.12.2025) вохӯрии навбатии сарпарасти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Қурбонов бо хатмкунандагони факултетҳои филологияи тоҷик, филологияи рус, забонҳои Осиё ва Аврупо, журналистика ва фалсафа дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки раёсати Донишгоҳ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд.

Дар ин вохӯрӣ, аз ҷониби Далер Қурбонов ба муҳиммияти риояи қонунгузорӣ, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ ва нақши ҷавонон дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ диққат дода шуд. Таъкид шуд, ки ҳар як шахс бояд дар робита ба масъалаҳои сиёсӣ фаъол ва ҳушёр бошад, то ки тавонад бо омилҳои хавфнок ва хатарҳои эҳтимолӣ муқобила кунад.

Илова бар ин, муҳиммияти саҳмгузорӣ дар татбиқи стратегияҳои гуногуни сиёсӣ ва фарҳангӣ, ки ба таҳкими суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори кишвар мусоидат мекунанд, аз ҷумла тавассути мусоидат дар соҳаи илм ва маориф, инчунин пешгирӣ аз хатарҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, дар вохғрӣ баррасӣ гардид.

Ҳамин тавр, дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки хатмкунандагон, ки дар соҳаҳои гуногуни илму фарҳанг ва таҳқиқот фаъолият хоҳанд кард, масъулияти бузург доранд барои риояи қонунҳо ва мусоидат дар рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа.