ФАЛСАФАИ ИҶТИМОӢ

835

Имрӯз (02.12.2020) дар кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа дар мавзӯи «Таҳқиқоти соҳаи сиёсии ҷомеа ҳамчун мавзӯи фалсафаи иҷтимоӣ» мизи гирди умумидонишгоҳии илмию назариявӣ баргузор гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии мудири кафедаи умумидонишгоҳии фалсафа н.и.ф., дотсент Ф. Аминов ва сардори шуъбаи ахбори илмию техникии донишгоҳ Абдуллозода Р. оғоз ёфт.

Баъдан муаллими калони кафедра Т.Остонақулов оид ба «Консепсияи давлати тавоно ҳамчун алтернативаи рушди плюрализми сиёсӣ» ва И.Зуҳуриддинов доир ба «Шакли идоракунии мувофиқ барои давлатҳои Осиёи Миёна» суханронӣ намуданд. Нишаст бо суолу ҷавоб хотима ёфт.